АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Тоҷикистон маркази ҷалби сармоягузорони туркӣ дар Осиёи Марказӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Туркия кишварест, ки яке аз аввалинҳо шуда, истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард ва 27 сол аст, ки пешрафти онро пайгирӣ менамояд. Дар натиҷаи рушди босуботи макроиқтисодӣ дар ҳарду кишвар тиҷорат ва имкониятҳои сармоягузорӣ боло рафта истодааст. Аъзогии Тоҷикистон дар Ташкилоти Умумиҷаҳонии Савдо (ТУС) муносибатҳои тиҷоратиро озод намуда, онро боз ҳам шаффоф кардааст.

   Имруз Туркия дар байни кишварҳое, ки ба Тоҷикистон содирот мекунанд, ҷои якум ва аз рӯи воридоти мол дар байни дигар кишварҳо дар ҷои чорум меистад. Ин кишвар яке аз ширкаткунандагони асосӣ дар савдои хориҷаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар соли 2017 содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон 233226,9 млн. доллари ИМА ва воридот 1053368,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил намудааст.

    Вобаста ба ин барои дастгирии бахши хусусӣ бояд ҳамкориро идома дода, имкониятҳои кории дуҷонибаро баррасӣ ва муҳити тиҷоратиро васеъ намоем.

   Қадами дигаре, ки дар робитаҳо ва рушди савдо дар минтақа нақши калон мебозад, ин амали намудани Созишномаи савдои имтиёзнок мебошад, ки Тоҷикистон бо сатҳи пасти таварруму захираҳои бойи табиӣ метавонад, барои сармоягузорони туркӣ ҷалбкунанда бошад. Бо роҳи амалӣ намудани сармоягузории якҷоя Туркия метавонад ба Тоҷикистон таҷриба ва технологияеро, ки дар соҳаҳои гуногун аз худ кардааст, пешниҳод кунад. Аз ҷумла, технологияи муосир дар соҳаҳои автомобилсозӣ, телекоммуникатсия, истеҳсоли молҳои истеъмолии истифодаи дарозмуддат, бофандагӣ, электронӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати ҳарбӣ, соҳаи фармасевтика ва ғайраро метавон дар корхонаҳои муштарак роҳандозӣ намуд.

   Чорабиниҳои иқтисодӣ дар ҳарду кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки имкониятҳои онҳо хеле васеъ аст. Роҳе, ки имрӯз бояд ҳарду ҷониб тай кунанд, ин ба роҳ мондани муносибатҳои нави муштарак, пешбурди ҳамкориҳои дуҷониба ва амалӣ намудани имкониятҳои ҷойдошта дар лоиҳаҳои мушаххас мебошад.

   Байни Туркия ва Тоҷикистон арзишҳои умумӣ мавҷуданд. Яке аз онҳо осори шоир ва мутафаккири бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аст, ки саршори андешаҳои сулҳпарвариву таҳаммулгароӣ мебошад. Ҳар ду кишвар дорои анъанаҳои умумии таърихӣ, ҳамдигарфаҳмии умумии динӣ, ирфонӣ мебошанд, ки ин имконияти ҳусни тафаҳумро эҷод мекунад.

   Дар шӯрои соҳибкорӣ DEIK Туркия ва Тоҷикистон саъю талоши худро барои мустаҳкам намудани муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва боло бурдани сармоягузории мутақобилан судманд равона сохтааст.

   Дар баробари ин, ба ғайр аз дӯстӣ дар муносибатҳои сиёсӣ, Тоҷикистон имкониятҳои хуби инфрасохторӣ барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Туркия аст. Барои ҳамин намояндагони доираҳои тиҷоратии Туркия ва Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳарчи зудтар ҳаҷми гардиши молро байни ду кишвар боло бурда, онро то 1 млрд. доллари ИМА расонанд.

   Дар ҳамкориҳои дуҷониба диққати махсусро бояд ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, об, саноати истихроҷи маъдан ва энергетика равона сохт. Ҳам барои Туркия ва ҳам барои Тоҷикистон амалӣ намудани лоиҳаи “Як насл - як роҳ”, ки ба эҳёи Роҳи бузурги абрешим равона карда шудааст, хеле муҳим мебошад. Метавон гуфт, ки Тоҷикистон яке аз ииштирокчиёни муҳими ин лоиҳа мегардад, ки баҳрҳои Каспий, Сиёҳ ва Миёназаминро бо ҳам пайваст намуда, ҳамзамон ҳамгироии иқтисодиии глобалии Осиёи Миёнаро таъмин менамояд. Дар панҷсолаи охир ҳаҷми савдои дуҷониба ба сатҳи баланд расида, дар соли 2013 он ба 655 млн. доллари ИМА баробар буд. Ба он нигоҳ накарда, ки дар давраи мазкур ҳаҷми савдои Тоҷикистон ва Туркия дар ҷои чорум буд. Дар соли 2016 ҳаҷми умумии савдои дуҷониба то 313.9 паст шуд. Дар соли 2017 ҳаҷми савдо ба 12, 75% зиёд гашта, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2016 354 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Пастшавии ҳаҷми умумии савдо бо Тоҷикистон бо тағийротҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ алоқаманд мебошанд, ки соли 2014 ба вуқӯъ омаданд. Ин тағийротҳо ҳамчунин таъсири худро дар савдои дуҷониба бо Туркия расониданд.

   Бо дарназардошти динамикаи тиҷорати дуҷониба метавон қайд кард, ки иқтисодиёти Тоҷикистон ва Туркия метавонад имкониятҳои дуҷонибаи худро барои боло бурдани ҳаҷми савдои умумӣ истифода барад.

   Молҳое, ки дар соли 2017 аз Туркия ба Тоҷикистон ворид шудаанд асосан дастмолҳои гигиенӣ, уребчаҳои кӯдакона, маҳсулоти заргарӣ, гӯшти паранда ва воситаҳои муҳаррики нақлёт буд. Таҳқиқи маҳсулоте, ки аз Туркия ворид шудаанд, нишон дод, ки онҳо асосан молҳои ниёзи мардум ва масолеҳи сохтмонӣ мебошанд. Дар соли 2017 51 фоизи содироти Туркия ба Тоҷикистон маҳсулоти ниҳоии истеъмолӣ ташкил дода, танҳо 40 фоиз ба маҳсулоти фосилавӣ рост меояд.

   Дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Туркияву Тоҷикистон саҳми Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) хеле калон аст. Агентӣ, ки намояндаи расмии агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои техникӣ ва рушд мебошад. Чун 25 декабри соли 1991 ИҶШС барҳам хӯрд ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қавқоз мустақилият ба даст оварданд. Бо мақсади ҳамоҳангсозӣ, амалисозӣ ва афзалиятҳои сиёсати хориҷии Туркия дар ин минтақаҳо соли 1992 Раёсати агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ созмон дода шуд.

   TIKA лоиҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар кишварҳои рушдкунанда амалӣ менамояд. Пеш аз ҳама дар кишварҳое, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба Туркия наздик мебошад, таҷрибаҳои худро дар нуқтаҳои гуногуни ҷуғрофиии минтақа амалӣ менамояд.

   Фаъолияти TIKA тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ, маориф, тандурустӣ, манзил, саломатии модар ва кӯдак, чорводорӣ, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт, туризм, обтаъминкунӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

   Ин созмон таҳти шиори “Адолат барои ҳама”, “Озодӣ барои ҳама”, “Ободии ҷаҳон” амал намуда, дар минтақаҳои аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ ва таърихию фарҳангии ба мо наздик, лоиҳаҳои худро дар асоси ҳамкориҳо амалӣ месозад.

   Ҳангоми дастгирӣ бо мақсади рушд ва ёрии башардӯстона TIKA ба таҷрибаи худ такя намуда, муносибати наверо амалӣ менамояд, ки он модели рушди навъи туркӣ ном дорад. Ин муносибат асосан дар асоси хоксорӣ, эмпатия дар муносибат бо ҳамкорон, шаффофияти идоравӣ ва якдигарфаҳмӣ амалӣ мешавад.

   Фаъолияти TIKA дар Тоҷикистон рӯз аз рӯз васеъ гашта, пеш аз ҳама дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, хоҷагии қишлоқ, туризм, табъу нашр, мубориза бо бекорӣ, омӯзиши касбӣ, рушди имкониятҳои институтсионалӣ ва ёрии башардӯстона равона шудааст. Дар ин давра муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ босуръат рушд мекунад.

   Хулоса, муносибатҳои Туркияву Тоҷикистон дар марҳалаи рушд қорор дошта, дар он на танҳо манфиатҳои иқтисодӣ, балки масъалаҳои фарҳангӣ низ нақши асосиро мебозанд. Барои иқтисодиёти Тоҷикистон, ки рушди рӯзафзуну босубот дорад, муносибатҳои тиҷорӣ ва умуман ҳамкориҳои иқтисодӣ метавонанд, муфиду созанда бошад. Ҳамкориҳо дар соҳаи воридоти технологияи наву замонавӣ барои тараққиёти саноат дар Тоҷикистон хеле зарур аст. Ҳамчунин, дар соҳаи  туризм низ густариши ҳамкориҳо бо Туркия манфиатбахш аст. Омӯзиши таҷрибаи Туркия дар ин самт бисёр муҳим буда, ба рушди соҳаи туризм дар кишвар мусоидат менамояд.

   Манбаъҳои истифодашуда:

   Рӯзномаи Туркия: 29 Ekim Cd. No: 3 Vizyon Park 1. Plaza Ofis 41 Yenobosna – Istanbul /Turkey.

   История таджикско - турецкого сотрудничества: http://www.dissercat.com/content/istoriya-tadzhiksko-turetskogo-sotrudnichestva.

   Таджикистан - Турция: по пути дружбы и сотрудничества: http://www.tajik-gateway.org/wp/?p=4329&upm_export=pdf

   https://www.tourprom.ru/news/37909/

Яқубҷон Мадумаров,

корманди Институт

БОЗГАШТ