АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ТОҶИКИСТОН: РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ

Муаллиф: Шаҳлохон Муродалӣ

Расм

(тарҷума аз забони арабӣ)

ТОҶИКИСТОН: РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ

(дар партави мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

бо аҳлим илму маориф рӯзи 30 майи соли 2024)

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунон дигар давлатҳои ҷаҳон рушди илмии ҳамаҷонибаро аз ҳадафҳои стратегии худ қарор дода, баҳри амалӣ шудани он қадамҳои устувор ба пеш мегузорад, зеро аз шаҳрванди бафарҳангу донишманд таҳкими истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, худшиносии миллӣ ва таъмини рушду устувори кишвар вобастагӣ дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл дар мулоқоти худ бо аҳли илму маориф тадбирҳо ва гомҳое, ки давлат барои сарпарастии ин бахши стратегии ҳаётан муҳим меандешад, таъкид карданд.

Аз ҷумла, дар давоми солҳои охир якчанд конунҳо, аз қабили “Қонун дар бораи илм ва сиёсати давлат оид ба илм ва технология”, “Қонун дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, “Қонун дар бораи фаъолияти инноватсионӣ” барои дастгирии илмҳо, аз ҷумла илмҳои академӣ ва бахшҳои мухталифи он қабул гардиданд.

Дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба омӯзиши амиқи таърих, сафарбаркунии дастовардҳои ниёгон ба манфиати ояндаи пешрафту шукуфоӣ равона карда шудаанд, зеро “миллати аз гузаштаи худ кандашуда ҳамчун киштии бе қутбнамост сарсону саргардон дар баҳри ноумедӣ ва олимону зиёиён посдорони хотираи миллӣ буда, фарҳангу илмро аз насл ба насл интиқол медиҳанд, аз тариқи пажуҳиши таърих, таҳлили ҳозира ва назар ба оянда дар таҳкими худшиносӣ ва арзишҳои миллӣ саҳм мегузоранд”.

Бешубҳа, рушди соҳаи илму маориф барои омодасозии насли ояндаи тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар, ки рисолаи волои рушду пешрафт аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлати тоҷикон ба шумор меравад. Татбиқи ин вазифа нақшаву барнома ва тарҳҳои бузург, таҳияи конунҳоеро, талаб мекунад, ки масъулияти волидайн, ҷомеа ва давлатро дар таълиму тарбия, бинои муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистон то муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таъмини таҷҳизот ва воситаҳои таълимиро муқаррар мекунад.

Имрӯз дар Тоҷикистон наздик ба 4 ҳазор муассисаи таҳсилоти умумӣ бо таҳсили ҳатмии 11 сол ба ивази 9 соли пештар ҷиҳати амиқтар омӯхтани илму дониш, ки дар он беш аз 130 ҳазор муаллим аз хатмкунандагони донишкадаву донишгоҳҳо фаъолият доранд, ки насли наврасро дар ватандӯстӣ ва илмпарварӣ таълим медиҳанд. Ҳамчунин дар кишвар шумораи донишгоҳҳо дар пойтахт ва дигар шаҳрҳо ба 40 расидааст, ки бузургтарини он Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон бо устодону теъдоди зиёди факултаҳову шуъбаҳо мебошад, миқдори зиёди донишкада ва коллеҷҳои тахассусии техникӣ ва касбӣ, ки бо толорҳои дарсӣ, навтарин таҷҳизоти таълимӣ беназир мебошанд.

Воқеан, ин ҳама қасрҳои илму маориф натиҷаи таваҷҷуҳи давлат аст, то илму маорифро пояи рушду пешрафт намуда, дар дили насли наврас муҳаббати илму донишро ҳамчун фариза ҷойгир кунад. Аз ин ҷост, ки ҳазорҳо ҷавонони  Тоҷикистон дар дохили кишвар ва машҳуртарин донишгоҳҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Россия, Чин ва давлатҳои Ғарб талаби илм мекунанд, ки он нишонаи хайр аст.

Ҳамчунин аз нишонаи хайр аст, ки дарТоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат байни хонандагони тамоми марҳилаҳои муассисаҳои таҳсилотӣ озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мегарданд, ки он дар дили насли ҷавон меҳри китобу мутолиа, донишомӯзӣ, ба хусус  илмҳои табиӣ ва дақиқ, риёзиётро ҷо дода, навоварию ихтироъкориро барои ҳамқадами тамаддуни илмию тахнологӣ шудан ташвиқ мекунад.

Дар пойтахт бузургтарин китобхонаи миллӣ бо 6 млн китоб, ки бо намои зебои худ таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб мекунад, бунёд карда шуд. Дар кишвар зиёда аз 70 китобхонаи марказӣ, 1290 шуъбаи китобхона бо 16 млн нусхаи китоб, наздик ба 4 ҳазор китобхонаи наздимактабӣ ва 76 китобхонаи бачагона, ки калонтарини он китобхонаи ба номи Мирсаид Миршакар дар пойтахт мебошад, ва теъдоди зиёди китобхонаҳои шахсӣ фаъолият доранд.

Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон бо илму дастовардҳо ва инноватсияҳои илмию технологӣ дар сафи давлатҳои мутараққӣ қарор хоҳад гирифт.

Манбаъ: https://syriahomenews.com/%d8%b7%d8%a7%d8%ac%d9%8a%d9%83.../

Шаҳлохон Муродалӣ,

ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ