АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар қаринаи ҳамгироии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  

Созмони Ҳамкории Шанхай (минбаъд: СҲШ) - созмони байналмилалиест, ки моҳи июни соли 2001, бо имзои эъломияи дахлдор аз ҷониби  Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон   таъсис дода шуд. Ин созмон дар заминаи иттиҳодияи сиёсии қаблан мавҷудаи «Панҷгонаи Шанхай»: Хитой, Россия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ташкил шуд.
Ҳадафҳои СҲШ аз таҳкими эътимоди тарафайн, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек дар байни кишварҳои узв, дар соҳаи ҳарбӣ,  мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм, ташвиқи ҳамкориҳои муассири байни онҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, экологӣ ва ғайра, талошҳои муштарак барои ҳифз ва таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақа, барои сохти низоми нави байналмилалии демократӣ, одилона ва оқилонаи сиёсӣ ва иқтисодӣ иборат мебошад.
Дар нишасти сарони давлатҳои Санкт-Петербург дар моҳи июни соли 2002 Оинномаи Созмони Ҳамкории Шанхай ба имзо расид  ва он 19 сентябри 2003 эътибор пайдо кард. Аз моҳи январи соли 2004 СҲШ ҳамчун як созмони комилҳуқуқи байналмилалӣ фаъолият мекунад.  Мақомоти доимии он:  котиботи СҲШ, ки дорои вазифаҳои маъмурӣ ва техникӣ мебошанд, дар Пекин бо сардории Котиби Генералӣ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ (RATS) дар Тошканд фаъолият доранд.
Дар айни замон, созмон аз 8 давлати аъзо (Хитой, Ҳиндустон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, 4 давлати нозир (Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларусия), 6 шарики муколама (Туркия, Шри - Ланка, Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа ва Непал  иборат аст.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар меҳвари СҲШ
     Тоҷикистон ва Ҳиндустон на танҳо дар шакли дуҷониба, балки дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили СҲШ ҳамкориҳои густурда доранд. Чуноне аз таърихи СҲШ маълум аст, Ҳиндустон дар ибтидо аъзои СҲШ набуд. Ҷумҳурии исломии Покистон дар давоми соли 2005, барои гирифтани мақоми узви комилҳуқуқи СҲШ тариқи каналҳои гуногун хоҳиш ва дархостҳои худро иброз дошт. Вақте ки Хитой ба фаъолона таблиғ кардани Покистон барои узви СҲШ шурӯъ кард, Россия эълон кард, ки розигии худро танҳо дар сурате медиҳад, ки ба Ҳиндустон низ чунин мақом дода шавад. [1] Пас аз як давраи музокирот ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар соли 2005, Ҳиндустон ва Покистон аъзои нозирони ин созмон шуданд.   
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон заминаи муҳимми ҳамкориҳои судманд, бахусус дар доираи СҲШ вуҷуд дорад. Мавқеи умумии ҷонибҳо ҳамчун шарикони баробарҳуқуқ ва дарозмуддат аз ҳамкории самараноки Ҳиндустон ва Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.
14 ноябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон А.Б. Ваҷпейӣ баргузор гардид. Сарвари давлат Э. Раҳмон қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақши Ҳиндустон дар Осиёи Маркзӣ муносибати нек дорад. Ҷонибҳо аз вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон, сатҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишварҳои худ изҳори қаноатмандӣ намуданд.[2]                
Қайд шуд, ки муколамаи доимии сиёсӣ байни ду давлат дар бораи мушкилоти асосии ҳаёти байналмилалӣ вуҷуд дошт ва дар оянда низ идома меёбад. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳимми байналмилалиро баррасӣ карданд. Қарор дода шуд, ки намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Деҳлӣ кушода шавад ва хати доимии ҳавоии миёни ду кишвар ба роҳ монда шавад. Ин чораҳо имкон дод, ки муносибатҳои Ҳиндустону Тоҷикистон дар сатҳи олӣ инкишоф ва ҳамкории байни халқҳои Ҳиндустону Тоҷикистонро тақвият ёбад.
 Сарвазири Ҳиндустон А.Б. Ваҷпейӣ қайд кард, ки сафари ӯ ба Тоҷикистон марҳилаи навро дар муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон оғоз мебахшад. Баъди анҷоми гуфтушунидҳо, роҳбарони ду кишвар эъломияи муштаракро оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ба имзо расониданд, ки моҳияти он чунин буд: ҷонибҳо минбаъд низ ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ, эҳтироми истиқлолияти кишварҳои дигар, дахлнопазирии ҳудуд, дахолат накардан ба корҳои дохилии ҳамдигар ва эътирофи ҳуқуқҳои умумии қабулшудаи байналмилалиро идома медиҳанд.[3] Қайд гардид, ки ҳамкории ду кишвар омили муҳимми нигоҳ доштани сулҳу осоиш дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Ҷонибҳо боарзиш будани нақши мусбати Шӯрои СҲШ дар ҳалли масоили минтақавиро қайд карданд. Ба мавқеи ҷаҳонии Ҳиндустон ва наздикии он ба Осиёи Марказӣ, иштироки фаъоли Ҳиндустон дар ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ, таваҷҷуҳ карда, Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки агар Ҳиндустон мехоҳад, ки узви СҲШ шавад, Тоҷикистон ин иқдоми Ҳиндустонро дастгирӣ хоҳад кард.
Рӯзҳои 4 - 6 июли соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо сарвазири Ҳиндустон М. Сингҳ мулоқот намуда, самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустонро баррасӣ намуданд.[4] Ҳамзамон, дар таърихи 29 августи соли 2008 дар доираи ҷаласаи навбатии Шӯрои СҲШ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва Вазири нафту гази Ҷумҳурии Ҳиндустон М. Деора мулоқот намуда, масъалаҳои ҳамкориҳои васеи Тоҷикистон ва Ҳиндустонро дида баромаданд.[5] Муносибат бо Ҳиндустон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дониста шуда, баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар ҳавасмандӣ изҳор гардид.
3 июли соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон С.М. Кришна аз натиҷаи бист соли муносиботи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ шуд ва масъалаҳои дурнамои ҳамкории сиёсӣ, амниятию низоми ду кишвар баррасӣ гардид.[6] Қайд гардид, ки дар муддати бист сол 35 созишномаву ёддоштҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравии миёни ду кишвар баимзорасида, новобаста аз пурра истифода нагардидани захираҳои мавҷуда ба густариши ҳамкориҳо таккони тоза бахшид.  Оид ба ҳамкории байналмилаливу минтақавии ду кишвар, пеш аз ҳама дар доираи СҲШ ва оид ба танзими низому амният дар Афғонистон гуфтугӯи муфид доир шуд.
  Моҳи сентябри соли 2014 ҳангоми ташрифи Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон С. Свараҷ ба Тоҷикистон дар вохӯрии сарони СҲШ дар Душанбе ва мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳо баррасӣ шуданд.
Дар ҳошияи ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои СҲШ, 24 июни соли 2016 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва Сарвазири Ҳиндустон Н. Модӣ мулоқот ва ҳолати кунунии ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустонро баррасӣ карданд.[7] Э. Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон чун муассиси СҲШ, кӯшиши Ҳиндустонро барои пайвастан ба созмон дастгирӣ менамояд. Дар ҷараёни сӯҳбат татбиқи амалии лоиҳаҳо, барномаҳои муштарак дар соҳаҳои мухталиф аз самтҳои манфиатбахши ҳамкориҳо дониста шуд. Ҳамзамон амну суботи минтақа, мубориза зидди таҳдидҳои ҷаҳонӣ дар мулоқот матраҳ гардид.
Ҳамзамон 24 июни соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ бо Сарвазири Ҳиндустон Н. Модӣ татбиқи лоиҳаҳо, барномаҳои мушаххаси муштарак дар ҳама соҳаҳо аз ҷумла тандурустиро аз самтҳои афзалиятноку манфиатбахши робитаҳо арзёбӣ карданд.[8]
9 июни соли 2017 Ҳиндустон ба узви СҲШ пазируфта шуд.[9] Русия ва Тоҷикистон ба қабули Ҳиндустон ба сафи аъзои комилҳуқуқи СҲШ дар соли 2017 ба андозаи зиёд саҳм гузоштанд, ки ин дар муносибатҳои дуҷониба ҷанбаи нав зам кард ва имкони ба даст овардани таҷрибаи ҳамкориҳоро дар доираи чунин як ташкилоти минтақавии муҳим фароҳам овард, ки ба туфайли иштироки чор қудрати ҳастаӣ (Русия, Чин, Ҳиндустон, Покистон) метавонад хусусияти иттифоқи ҳарбиро ба даст орад ва дар Осиё дар муқобили НАТО вазни муқобил гардад.
 
Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар доираи СҲШ
Самтҳои асосии ҳамкорӣ дар байни аъзоёни СҲШ таҳти сарпарастии ҷаласаи вазирони иқтисод ва савдо: мусоидат ба муҳити мусоид барои савдои молҳо ва хидматҳо, иқтисодиёти рақамӣ, навоварӣ, мусоидат ба рушди паркҳои технологӣ ва стартапҳо, дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна, рушди минтақаҳои дурдаст ва деҳот, ҳамкории байниминтақавӣ, дастгирии иштироки занон дар иқтисодиёт муайян шудааст.
Ҳиндустон дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили аъзои СҲШ соли 2003 барномаи махсуси «Фокус: ИДМ» -ро роҳандозӣ намуд, ки вазифаи он коркарди дарозмуддати стратегия ва тактикаи маблағгузорӣ ва инкишофи муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ мебошад. Дар масъалаи фаъолгардонии ин барнома Шӯъбаи инкишофи сармоя ва савдои Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон бо тамоми сафоратхонаҳо, инчунин бо сармоягузорони хориҷӣ ҳамкорӣ карда, ташаббус ва иштироки онҳо дар лоиҳаҳои гуногунро дастгирӣ менамояд.
26 октябри соли 2005 дар вохӯрии аъзоёни ҳукуматҳои СҲШ сарвазири Ҳиндустон А.Б. Ваҷпейӣ қайд кард, ки мақсади Ҳиндустон – гузоштани нақши фаъол дар СҲШ, инкишоф додани савдои байниминтақавӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, махсусан дар соҳаи энергетика, инкишофи коридорҳои нақлиётӣ, ки тавонад, ба қадри ҳол роҳҳои савдоиро ба Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъмин намояд, мебошад.
Иқтисоди рушдкардаи Ҷумҳурии Ҳиндустон, мавҷуд будани технологияҳои баланди истеҳсолӣ ва иқтидори сармоягузорӣ барои инкишоф додани ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳу сифати нав асос мегузорад. Барои ҳамин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо соҳибкорони Ҳиндустон, алалхусус дар соҳаҳои инноватсионӣ, аз ҷумла истеҳсол ва барномасозии компютерӣ, дорусозӣ ва дигар самтҳо афзалият медиҳад.
 
Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар мубориза ба муқобили терроризм ва экстремиз дар меҳвари СҲШ
Дар доираи СҲШ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориҳои густурда доранд. Дар самт байни ду кишвар созишномаҳои алоҳидаи муштарак низ ба имзо расидааст. Дар нахустин вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон 14 феврали соли 1993 дар Ҳайдаробод мубориза ба муқобили терроризм мавриди гуфтугӯи тарафҳо қарор гирифта, дар заминаи он ҳамкориҳо дар ин самт бетаъхир ҷараён доранд. Ду кишвар кӯшиш менамоянд, ки дар  мубориза ба муқобили бунёдгароии динӣ, терроризм, ифротгароӣ, сепаратизм ва дигар хатару таҳдидҳои ҷаҳонии замони муосир муборизаи дастаҷамъона баранд. Ҳамчунин сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва бунёдгароии исломӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба ҳам мувофиқ мебошад.     
17 декабри соли 2016 дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Н. Модӣ вазъ ва ояндаи муносибатҳои байни ду кишвар матраҳ шуд.[10] Масъалаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи СҲШ, ҳалли мушкилоти терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамзамон таъмин кардани амният ва суботи Афғонистон баррасӣ карда шуд. Дар поёни гуфтушунид Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҳиндустон оид ба ҳамкории дар соҳаи мубодилаи иттилоотии мақомоти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонии «расмикунонии» даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба имзо расонида шуд.
9 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва вазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Н. Модӣ мулоқот ва масъалаи ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд.[11] Э. Раҳмон қайд кард, ки ҳамкории ду кишвар дар доираи СҲШ омили муҳим дар тақвияти муносибатҳо мебошад. Ҳамзамон, масоили амниятии минтақавӣ, бахусус вазъи Афғонистон баррасӣ шуд.
  Машқҳои зиддитерористии кишварҳои аъзои СҲШ «Миссияи сулҳ-2020» аввалин маротиба бояд моҳи августи соли 2020 дар машқгоҳи «Юргин»-и вилояти Кемерово доир мегардид ва намояндагони қувваҳои ҳарбии ҳашт кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ва Ҳиндустон низ ширкат мекарданд.[12] Дар рафти машқҳои муштараки васеъ вазифаи тайёрӣ ва гузаронидани амалиёти зиддитеррористии гурӯҳҳои муштараки қувваҳо доир карда мешуд. Аммо бо сабаби бемории COVID-19 он доир нагардид. 
Аз соли 2002 дар ҳошияи ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарӣ кишварҳои аъзои СҲШ мунтазам машқҳои муштараки зиддитеррористӣ мегузаронанд, ки бузургтарини он «Миссияи сулҳ» буда, ҳар сол ду маротиба доир мешавад. Соли 2018 машқҳои байналмилалии СҲШ дар машқгоҳи Чебаркули вилояти Челябинск доир гардида буд.
Терроризм дар шаклҳои гуногун ба кишварҳои ҷаҳон, бахусус ба кишварҳои Осиё хавф дорад. Аз ин рӯ, ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар самти мубориза бо терроризм дорои аҳаммияти хос буда, дар роҳи маҳви ин падидаи номатлуб нақши калон дорад.
 
Хулоса
 Ҷумҳурии Ҳиндустон имрӯз бо тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити дипломатӣ дорад. Дипломатияи фаъол буд, ки Ҳиндустон ба СҲШ ворид гардида, имиджи онро боло бурд. Воридшавии Ҳиндустон ба минтақаи Осиёи Марказӣ на танҳо дар мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аҳаммиятнок аст, инчунин дар ҳалли масъалаҳои калидии сиёсати ҷаҳонӣ нақш гузошта метавонад. Зеро Ҳиндустон дар қатори 9 кишвари дорои яроқи ҳастаӣ ба клубҳои ҳастаӣ ворид гардидааст.
 То воридшавии Ҳиндустон ба СҲШ ин созмон дар миқёси ҷаҳон маъмулан ҳамчун “клуби худкомаҳо” шинохта мешуд ва боиси коҳиши нуфузи созмон буд. Аз он, ки Ҳиндустон кишвари демократитарин дар байни кишварҳои СҲШ мебошад, боиси болоравии имиҷи созмон гардид. Кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд аз таҷрибаи гузариши Ҳиндустон аз ҷомеаи анъанавии ғайридемократӣ ба арзишҳои муосири демократӣ ва шаҳрвандӣ истифода кунанд.
 Ҳиндустон воридшавӣ ба СҲШ-ро барои инкишофи фаъоли тиҷорат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус бо Тоҷикистон истифода мебарад. Аммо, гардиши молу коло миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон қонеъкунанда нест. Сабаби он мавҷуд набудани роҳҳои мусоиди ҳамлу нақли молу маҳсулот мебошад. Дар ин самт чораҷӯии сарони кишварҳо саривақтиву зарурӣ мебошад. Зеро гардиши молу маҳсулот ба фаровонии бозори истеъмолии ду кишвар ва вазъи некаҳволии халқҳо мусоидат мекунад.
 Хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон ва дар оянда воридшавии Эрон ба СҲШ боиси рушди ҳамкориҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон дар ҳама самтҳо мешавад. Пеш аз ҳама тиҷорат байни Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ, ки ҳоло 1 миллирад долларо ташкил медиҳад, метавонад ба 170 млрд. доллар баробар шавад. Ба истифода додани бандари Чобаҳори Эрон ба густариши тиҷорат мусоидат хоҳад кард. Ҳиндустон бо Афғонистон муносибати хуб дорад ва ҳамзамон дар ҳалли низоъ ва бӯҳронҳо таҷрибаи кофӣ дорад ва метавонад ба оромии Афғонистон мусоидат кунад. Аммо дар ҳоли ба дасти Толибон гузаштани ҳукумати Афғонистон вазъият шояд тағйир наёбад ва бадтар ҳам шавад. Зеро Ҳиндустон дар мубориза ба муқобили Толибон борҳо мубориза кардааст. Воридшавии Эрон ба СҲШ барои ба эътидол омадани амнияти Афғонистон умедворкунанда мебошад. Эрон бахусус дар қисмати ғарбии Афғонистон таъсири бештар дорад ва мехоҳад тиҷоратро дар ин қисмат густариш диҳад ва доираи онро минбаъд ба дигар қисматҳо ва берун аз он бо Осиёи Марказӣ вусъат бахшад.
         Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар доираи СҲШ ҳамкориҳои созанда доранд ва дар таъмини сулҳу амну субот, густариши иқтисоду тиҷорат байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, беҳдошти некуаҳволии халқҳои минтақа ва ҷаҳон саҳми назаррас мегузоранд.  

 Адабиёт 
 
[1] Зыгарь М., Лантратов К., Сафронов И. Шестерка выходит «блоком». //Коммерсант. – 2006. – 04. – 27 (№ 45).
[2]Двери Таджикистана всегда открыты для доверительного сотрудничества с Республикой Индия [Электронный ресурс]. URL: http://today.tj/politika/19411  (дата обращения: 23.04.2019).
[3] Эъломияи муштарак дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон [Матн] //Садои мардум. -2003.- 20 ноябр. -№122 (16 22).
[4]Дипломатия Таджикистана: вчера и сегодня. В двух томах. Том 1. (Под общей редакцией Хамрохона Зарифи). Серия: Внешняя политика Таджикистана [Тест]. -Душанбе: Ирфон, 2009. -С.124.
[5]Мулоқот бо Вазири нафту гази Ҷумҳурии Ҳиндустон Мурли Деора [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj . (санаи истифодабарӣ: 22. 04.2019).
[6]Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Соманахалли Малайя Кришна [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj (санаи истифодабарӣ: 10. 03.2018).
[7]Мулоқот бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj (санаи истифодабарӣ: 25. 12.2018).
[8] Мулоқот бо Сарвазири Ҳиндустон [Манбаи электронӣ]. URL: http://mfa.tj (санаи истифодабарӣ: 20.12.2017).
[9]Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай [Матн] //Садои мардум. - 2017. – 13 июн. -№70 (3707).
[10] Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон [Матн]// Ҷумҳурият.-2016.-19 декабр.- № 248 (23070).
[11]Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj (санаи истифодабарӣ: 11.08.2018).
[12]Учения ШОС «Мирная миссия-2020» впервые пройдут в Сибири [Электронный ресурс]. URL: https://aif.ru/society/army (дата обращения: 4.01.2020).

Турсунов Т.Х. - ходими пешбари Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИ Тоҷикистон, н.и.т., дотсент.

БОЗГАШТ