Тоҷикистон ва Қирғизистон - шарикони стратегӣ

Муаллиф: Достиева Дилафруз

Расм

(Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 08-09 июли 2025)

     Аз саҳифаҳои таърих ба ҳамагон маълум аст, ки тоҷикон аз қадимулайём бо ҳамсоягони хеш муносибати дустонаву бародарона дошта, дар асоси арзу эҳтиром ба арзишҳои бузурги  ахлоқии  инсонӣ умр ба сар мебурданд. Тоҷикон ва қирғизҳо низ аз чунин ҳамсоягоне ҳастанд, ки  бо риояи ойинҳои неки ҳамсоядорӣ ҳамзистӣ зиндагӣ карда, ҳамчун дӯсту бародар бо ҳам муносиботи хуби инсонӣ доштанд. Доир ба ойини ҳамсоядорӣ дар миёни мардуми соҳибдилу соҳибхиради тоҷик сухану зарбурмасалҳои пурҳикмате мавҷуданд, аз қабили “аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар аст” ва ё “хона нахар, ҳамсоя бихар”,  ки ин аз иззату эҳтироми мардуми шарифи тоҷик  нисбат ба ҳамсояву ҳамсоядорӣ мебошад.

     Равобити Тоҷикистону Қирғизистон бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд. Тавре маълум аст,  муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 14 январи соли 1993 оғоз гардида, ҳамкориҳо дар ҳоли густариш қарор доранд. Бар асоси ҳамин муносибатҳои дуҷониба  миёни ду кишвар Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Шӯрои  вазирони  корҳои  хориҷӣ таъсис ёфта буданд. Мавриди зикр аст, ки   санадҳои асосие, ки самтҳои умдаи  ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар онҳо принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудаанд, Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон  (12 июли соли 1996), Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи  муносибатҳои ҳамсоягии нек  ва шарикӣ  (26 майи соли 2004), Протокол оид ба муайянсозии хатти марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон  (декабри соли 2024) ва Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон (13 марти соли 2025).

     12-13 марти соли равон зимни сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон руйдоди муҳиму фараҳбахш ва таърихӣ барои мардумони ҳар ду кишвар он гашт, ки пас аз панҷ соли қатъ гардидани муносибатҳо равуои дуҷонибаи  заминӣ ва  ҳавоӣ аз нав фаъол гардид.

     Дар доираи сафари давлатии Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  дар маҷмуъ 16 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳаётан муҳим ба имзо расида буданд. Метавон гуфт, ки баъд аз имзо расидани созишномаҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои  тиҷорату  саноат, роҳу нақлиёт, энергетика, гумрук ва ғайра ба марҳали сифатан нав ворид шуда, дар ояндаи  наздик аллакай самараҳои хешро ба бор хоҳанд овард.

     Афзун бар ин  аст, ки дар соли соли 2025 корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи CASA-1000 дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расиданд. Неруи барқи сабз  дар фасли тобистон аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон интиқол меёбад. Дар доираи татбиқи Лоиҳаи CASA - 1000 бунёди объектҳои нави энергетикӣ аз қабили хатти баландшиддати барқии 500 кВт аз зеристгоҳи “Датка” дар Қирғизистон то зеристгоҳи “Суғд 500 кВт” дар Тоҷикистон бо дарозии тақрибан 480 км ба анҷом расид.

     31 марти соли 2025 сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қиризистон дар маросими оғози фаъолияти хатти “500 кВ Датка-Суғд” дар доираи лоиҳаи CASA-1000 дар шакли видеоконфронс иштирок намуданд. Акнун марҳалаи нави татбиқи лоиҳаи минтақавии CASA-1000 оғоз ёфт. Роҳбарони  кишварҳо қайд карданд, ки ин лоиҳа аҳамияти хосса дорад, зеро он низомҳои энергетикии ду кишварро муттаҳид намуда, амнияти энергетикиро тақвият бахшида, ба хотири рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми назаррас мегирад.

     8-9 уми июли соли 2025 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон,  Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат гирифт, ки ин мулоқот марҳалаи муҳим дар болоравии сатҳу сифати муносибатҳои ду кишвар ба шумор меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ҳамкориро  дар шакли дуҷониба ва дар чаҳорчӯби бисёрҷониба муфассал баррасӣ намуданд. Инчунин ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ, содагардонии расмиёти ҳамлу нақли бор, ҳалли масоили марбут ба рушди логистика ва рақамикунонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Роҳбарони ду давлат фароҳам овардани шароити мусоидро ҷиҳати рафту омади  мардум, интиқоли бор ва хидматрасонӣ, тақвият бахшидани кор ва таҷдиди низоми фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадиро муҳим арзёбӣ намуданд. Гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Қирғизистон «Тоҷварон-Қарамиқ» миёи ноҳияҳои Лахш ва Чон- Алай, ки аз ҷониби сарони давлатҳо ба таври маҷозӣ боз шудааст, равобити дуҷонибаро тавсеа дода,  убури сарҳадро содатар намуда, ба рушди беҳтари ҳамкории наздимарзӣ  мусоидат мекунад. Ҷонибҳо судмандии саъю талоши тарафайнро ҷиҳати зиёд кардани шумораи парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳои муофирбар,  инчунин хатсайрҳои автобусҳо, аз ҷумла байни минтақаҳои наздисарҳадӣ, тасдиқ намуданд.

     Бо итминони комил метавон гуфт, ки пас аз боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани муносибатҳои неки дуҷониба ба рушду пешрафти ҳамкориҳои ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшанд.

Достиева Дилафруз

ходими хурди илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ