Қобили зикр аст,ки Тоҷикистон ва Муғулистон робитаҳои назарраси тиҷоратӣ надоранд, зеро ҳарду кишвар таъминкунандагони ашёи хом мебошанд. Бино ба маълумоти идораи омори Тоҷикистон, ҳаҷми умумии табодули коло миёни Тоҷикистону Муғулистон дар панҷ моҳи аввали соли 2025 ҳамагӣ ҳудуди 172 ҳазор долларро ташкил додааст, ки кулли ин маблағ аз ҳисоби воридоти маҳсулот аз Муғулистон ташаккул ёфтааст. Дар соли 2024 гардиши мол миёни ду кишвар 50,8 ҳазор долларро ташкил дод, ки аз ин миқдор 43,5 ҳазор доллар воридот аз Муғулистон ва 7,3 ҳазор доллар содирот аз Тоҷикистон будааст. Саноати коркард, бахусус саноати сабуку хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо аз самтҳои ояндадори ҳамкориҳои ду кишвар ном бурда шуд.
Рӯзи 23 июли 2025 президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд. Дар доираи сафар форуми иқтисодӣ миёни ду кишвар ва як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил карда мешаванд.