АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Тоҷикистон  ва  Россия дар мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ дар чорчӯбаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд  аз соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ ҳамкориҳои густурдаи худро бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ тадриҷан ба роҳ монда, дар доираи ҳамкорӣ бо онҳо ва дар чаҳорчӯбаи онҳо мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд. Сарзамини тоҷикон аз асри 19-ум бо Россия дар фазои умумии геополитикӣ, сиёсӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ қарор дорад.  Вусъат додани муносибатҳо бо Россия дар асоси баробарӣ, шарикии стратегӣ дар бахшҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳангиву иттилоотӣ, илму маориф ва самтҳои дигар имрӯз ҳам ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, омили муҳими таъмини сулҳу суботи минтақавӣ мебошад [8].
Кишвари мо нақши созандаи Россияро ҳангоми ҳаллу фасли низои дохилӣ дар Тоҷикистон ва истиқрори сулҳу субот дар сарзамини мо аз ёд набурдааст. Мо дар оянда низ робитаҳоро дар тамоми бахшҳои ҳамкорӣ таҳким хоҳем бахшид. Табиист, ки барои тақвияти бештари  муносибатҳои иқтисодӣ ҷидду ҷаҳд хоҳем кард [2]. Муносибатҳои Тоҷикистону Руссия айни замон дар чаҳорчӯбаи шарикии стратегӣ ташаккул ёфта истодааст. Протокол дар бораи муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Руссия ҳануз соли 1992 дар ш.Душанбе ба имзо расида буд. Муносибатҳои ду давлат дар асоси Шартнома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки тарафайн, ки 25 майи соли 1993 имзо шуда буд, боз ҳам бештар вусъат ёфтанд. Баъдан, Шартнома дар бораи ҳамкории иттифоқчиён, ки моҳи апрели соли 1999 ба имзо расида буд ба имзо расид, ки саҳифаи нави густариши шарикии ҳарду давлатро ба сатҳи нав баровард. Ҳамин тариқ, дар раванди созишҳои тарафайн дар марҳалаи пасошуравӣ миқдори зиёди аҳдномаҳо ва шартномаҳо ба имзо расида буданд. «Дар натиҷаи ба имзо расидани созишномаҳои тарафайн байни Россия ва Тоҷикистон, Россия ба Тоҷикистон барои сохтан ва мустаҳкам намудани Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат кумаки бузург намуд. Аз вақти эълон шудани истиқлолият, кадрҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии ҳарбии Россия тайёрии ҳарбӣ мегузаранд. Барои мисол аз соли 1993 то соли 2007 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар зинаҳои гуногун 2 шартнома, 21 созишнома, 5 аҳднома, 5 протокол ва 25 созишномаҳои иловагӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ба имзо расида буданд. Ин ҳуҷатҳо таҳкурсии ҳуқуқи муносибатҳои тарафайнро гузошт. Қувваҳои ҳарбии Тоҷикистон бо Россия дар доираи СААД ҳамкорӣ менамоянд, ки он барои мубориза бо таҳдидҳои ҳарбӣ ташкил шудааст» [2].
Бояд қайд намуд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Федератсияи Россия инчунин дар доираҳои ИДМ, ЕврАзЭС ва   СҲШ вусъат меёбанд. Осиёи Марказӣ барои Федератсияи Россия минтақаи муҳими геополитикӣ боқӣ мемонад ва ба вазъи босуботи минтақа ҳавасманд аст. Ноустувории Осиёи Марказӣ ба мақсадҳои миллии Россия таъсироти манфӣ мерасонад. Устуворӣ ва нигоҳдории фазои ягонаи иқтисодӣ дар минтақа дар чорчӯба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС)  барои Осиёи Марказиро яке аз бозори фурӯши молҳои Россия кунонидан ва молҳои хоҷагии қишлоқ ва саноатиро ба Россия содирот намудан хизмат мекунад. Инчунин ин минтақа ва мавқеи ҷуғрофии он (иқтидор ва потенсиали хуб) барои рушди ҳамкории Россия бо чунин мамлакатҳои бузург ба мисли Ҳиндустон ва Хитой мебошад [2].
Ҳамкориҳои Россия ва Тоҷикистон решаҳои таърихӣ доранд: «Робитаҳои Тоҷикистону ва Россия ба муносибатҳои дутарафаи анъанавӣ, сиёсӣ, кооперативӣ, илмӣ-техникии ҳанӯз дар доираи собиқ иттиҳодияи дербоз ташкилшуда асоснок мешавад. Бояд қайд кард, ки Россия яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар соҳаи иқтисод ва тиҷорат ба шумор меравад. Россия аз ҳисоби ҳаҷми мубодилаи мол мақоми дувумро касб намуда, дар воридоти молҳои худ ба ҷумҳурӣ ҷои аввалро устувор нигоҳ медорад. Ба ҳиссаи ӯ 15,2% гардиши ҳамаи молҳои берунаи ҷумҳурӣ таалуқ доранд» [3]. Ҳамин тариқ, ҳамкориҳои Тоҷикистону Руссия ҳамаи соҳаҳои ҳаётӣ, асосан иқтисод, сиёсат, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Барои таъмини бехатарӣ дар минтақа ва, махсусан, барои мудофиаи сарҳадҳои ҷанубии ИДМ соли 2002 Созишнома дар бораи амнияти дастаҷамъи ба имзорасида буд. Баъдан дар асоси он СААД ташкил шуда.
Дар чорчӯбаи СААД  масъалаҳои бехатарии комплексӣ дар фазои авруосиёӣ, барҳамдиҳии таъсири терроризми байналхалқӣ, муқобилият бар зидди воридшавии экстремизми диннӣ дар Осиёи Миёна ва тамоми фазои авруосиёги, инчунин ба зиёдшавии фурӯши ғайриқонунии маводи мухадир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ пешбинӣ карда мешаванд. Проблемаҳои номбаршуда масъалаҳои асосӣ ба шумор мераванд, ки на танҳо ҷумҳурии моро дар бар мегиранд, инчунин масъалаҳои ҳалнашуда дар тамоми фазои авруосиё боқӣ мемонанд. Дар чорчӯбаи СААД дар ҳар як хамоиш аз тарафи сарони давлатҳо ҳаракатҳои муттаҳиди бештар барои устувории бехатари комплексӣ дар минтақа иҷро мешаванд [5].
Мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ, экстремизми диннӣ, ҷудоихоҳӣ ва дигар таҳдидҳои муосир дар танҳои ғайриимкон аст. Тоҷикистон дар ин самт, пеш аз ҳама бо Россия ва дигар мамлакатҳои ИДМ ҳамкорӣ дорад. Махсусан ин ҳамкориҳо дар чорчӯбаи СҲШ ва СААД ба назар мерасанд. Масъалаҳои вобаста ба фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир алоқамандбуда ба омили ноустуворкунандаи минтақа, хатарзо ба ҷамеаи шаҳрвандӣ ва бехатарии миллӣ табдил ёфтааст. Ҳамин тариқ, яке аз самтҳои муҳим ва аввалияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза ба фурӯши ғайриқонунии маводи мухадир ва ҷинояткорӣ дар ин соҳа мебошад [6].
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташвиши ҷамъияти ҷаҳонӣ дар бораи баландшавии наркоҷинояткорон ва хатарнокии онҳо дар системаи иқтисодиёт ва саломатии инсон пурра розӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи авали истиқлолияти худ ҳамаи ташабусҳои оқилона ва муҳимро, ки барои муқовимати мубориза ба фурӯши ғайриқонунии маводи мухадир ва нашъамандӣ равона шудаанд дастгирӣ мекард ва то ҳол низ дастгирӣ мекунад. Ин проблемаҳо доимо дар мадди назари роҳбарони давлатҳо мебошанд [5].
Дар баробари ин диққати махсус ба мустаҳкамгардонии ҳамкориҳо бо мамлакатҳои алоҳида дар мубориза бо фурӯши ғайриқонунии маводи мухадир дар чорчӯбаи созишномаи дутарафаи байниташкилотӣ дода мешавад. Созишномаҳо ва шартномаҳо дар бораи ҳамкорӣ бо Оҷонсии назорати маводи мухадири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин соҳа ба имзо расида буданд. Дар чорчӯбаи СААД бо мақсади мутобиқати муборизаи зиддинашъамандӣ дар фазои баъдишуравӣ инчунин Шурои мутобиқати роҳбарони идораҳои салоҳиятдор  бар мухолифати фурӯши ғайриқонунии маводи мухадир ташкил шуда буд.
 Чуноне, ки қайд кардем, муҳофизати сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистон пеш аз ҳама кафолати  муҳими талоши бобарор бо терроризми байналхалқи ва мубориза бар наркоҷиноятӣ ба шумор меравад. Масоҳати умумии сарҳадҳои Тоҷикистону Хитой ва Тоҷикистону Афғонистон ба 1863 км мерасад [12]. Дар асоси созишномаи дутарафа сарҳадбонони тоҷик «аз ҳамкасбони русии худ 13 шаҳракҳои ҳарбӣ, постбонгоҳҳо ва комендатураҳои сарҳадӣ қабул намуданд. “Хизматчиёнии ҳарбии Тоҷикистон инчунин посбонгоҳҳои тирандозии штатӣ ва мусаллаҳкунии гурӯҳӣ, ҳама намуд таҷҳизотҳои техники мудофиаи сарҳади давлатӣ, асбобҳои оптикӣ, радиостанцияҳо, инчунин нақлиёти автомобилӣ дар ҳаҷми зиёда аз 800 млн. рубли русӣ қабул намуданд. Декабри соли 2005 ба сарҳадбонони тоҷик роёгон 2 чархболи МИ-8МТ супурданд ва моҳи ноябри соли 2006 боз 4 чархболи дигар ба Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон супурда шуда буд” [8].
Муносибатҳои байнидавлатӣ бо Россия баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ва баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба санҷишҳои мураккаб истодагарӣ намуд. Дар он давраи мураккаб Россия нақши асосиро бозид – дар танзими ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ миёнарав буд. [13] Дар Саммити охири СААД, ки 15 сентябри соли 2015 дар Душанбе баргузор гардида буд, Президенти Россия Владимир Путин Тоҷикистонро «шарики стратегии Москав» номид ва қайд намуд, ки ин мамлакат ҳамеша метавонад ба кумаки Россия боварӣ дошта бошад. Инчунин Президенти Россия В.В. Путин гуфт:
«Тоҷикистон –шарик, иттифоқчии мост. Мо мебинем, ки дар ин ҷо, дар Тоҷикистон мардум ба проблемаҳо, бо сайрҳои муайян, кушиши ҷунбонидани вазъият дучор мешаванд. Мехостам якбора гӯям, ки мо ин таҳдидҳоро комилан мувофиқ баҳогузорӣ менамоем ва шумо ҳамеша метавонед ба кумак ва дастгирии мо боварӣ дошта бошед» [12;59]. Тамоюли  номусоид ва воқеаҳои талхи дар як қатор мамлакатҳои араб сарзада, ки чун «баҳори араб» ва «давлати исломӣ» номгузорӣ шудаанд, аз давлатҳои осиёимиёнагӣ ҳӯшёрӣ нишон додан ва тайёр будан ба зарбазаниро ба паҳншавии чунин хатарҳо талаб менамоянд. Ба назари мо тоҷикон алакай ин «таърихи талх»-ро санҷида истодаанд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба туфайли саъю кушиши роҳбари давлат ва миёнаравии хирадмандона аз тарафи Россия, ки ихтилофҳо ба тарафи маҷрои осуда равона шудааст, боз истода шуд. Аз ин рӯ «саҳнаҳои нави таҳдид» дар Тоҷикистон иҷронашаванда мебошанд. Тоҷикистон сиёсати ҳамдигарфаҳмиро бо ҳама давлатҳои минтақа дорад ва бо ин ислоҳотҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ мегузаронад, то ки давлатро ба устувории иҷтимоӣ барад ва сатҳи осудаҳолии мардумро баланд гардонад. Дар саммити СААД , ки 15 снтябри соли 2015 Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон инчунин қайд намуд: «Рӯйдодҳои дар минтақа буда дар маҷмӯъ,  ва қисман дар Афғонистон аз мо иҷроиши амалҳои дуруст ва бетаъхиро барои ҳаёти ороми мамлакат ва халқамон талаб менамоянд». [11]
Хулоса  яке аз омили эътимодӣ устуворӣ дар Тоҷикистон фаъолияти муассири ҷумҳурӣ дар чорчӯбаи СААД ва дар дигар ташкилотҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ки доираи васеъи масъалаҳо дар соҳаҳои бехатари дорад ба шумор меравад. Дар ин соҳа ба ҳамкориҳои наздик бо Россия, ки дар шахсияти он Тоҷикистон иттифоқчии боваринокро ба мубориза бар зидди терроризм ва нигоҳдории устувории дохилӣ инъикос намудан мукин аст. Мо дар оянда низ робитаҳоро дар тамоми бахшҳои ҳамкорӣ таҳким хоҳем бахшид. Қабл аз ҳама табиист, ки барои тақвияти бештари муносибатҳои иқтисодӣ ҷидду ҷаҳд хоҳем кард. 

Адабиёт

1.Алимов Б.Х.  Россия ва Тоҷикистон; Инкишофи муносибатҳои стратегӣ дар солҳои истиқлолият. Паёми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, савдо ва сиёсати тоҷикистон; №4. (56).2013.с. 187.
2.Грыбовский А.Б. Становление и развитие военно-политических отношений России со странами Центральной Азии / А.Б. Грыбовский. –М: Наука, 2003. - С. 83-84.
3.Договор о дружбе, сотрудничестве и взаимной помощи между Республикой Таджикистан и Российской Федрераций. г. Москва. – Апр. 1999 г. /  Договор о статусе и условиях пребывания российской военной базы на территории Республики Таджикистан от 16 апреля 1999 г. – С.145.
3.Зейналов  Э. (из выступлений на ' конференции) / Э. Зейналов, С. Олимова // Центральная Азия. - 1997. -№ 6 (12). – С.12 -15.
4.Зайченко В.М. Общественный контроль над военной сферой в Республике Таджикистан / В.М. Зайченко.- М; Наука, 1998. –С.18.
5.Корякин В.М. Введение в теорию военного права / В.М. Корякин // Российский военно-правовой сборник, 2006. - № 9. - С.121.
6.Мансуров У.А. Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи иқтисодиёт (ҷанбаи байналхалқи-ҳуқуқӣ) //Паёми ДСКР, 2009. –Ҷ. 9, №4.–  С.60.
7.Саҳифаи нави дипломатияи тоҷик /зери назари Ҳамрохон Зарифӣ.– Душанбе: Ирфон. – 2013. –С.29.
8.Соглашение между Республикой Таджикистан и Российской Федерацией по вопросам совместного планирования, применения войск (сил) в интересах обеспечения взаимной безопасности от 27 августа .2000 г.
9.Федерацией от 25 мая 1993 г. // Сборник двусторонних договоров, соглашений. -М., 1994.
10.Ярашев З.М. Проблемаҳои мубориза бо нарко-ҷиянояткорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  / З. М. Ярашаев //Номаи Донишгох. серияи илмҳои гуманитарӣ. – 2015. –№1 (42). – С.26.
11.Elaheh Koolaee ( Tabarestani)  Politics and Government in Central Eurasia / Koolaee Elaheh. – Tehran: Po1icl sinse, 1389. –Рg. 232.
12.Marat Erica . Moscows Efforts to Strenghtеn Grip on CSTO and Seek Greater Ideological Unity/ Erica Marat.  –CACI Analyst, 2008. – Рg. 165.
 
Фарҳод Розиқов - н.и.т., дотсент,
мудири Кафедраи минтақашиносии хориҷии ДМТ.
Мирзоев Ҳ.Т., ходими илмии Институт
 

БОЗГАШТ