(дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон,8-12 октябри 2025)
Дастёбӣ ба соҳибихтиёрии давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти васеи на танҳо бунёди давлатдории миллӣ, балки ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва барқарор намудани муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро бо кишварҳои дуру наздик фароҳам овард. Ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия яке аз самтҳои асосӣ ва авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз оғози соҳибистиқлолӣ инкишофи пайгирона дошта, амалан тамоми соҳаҳои ҳаёт: сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат, саноат, ҳарбӣ – техникӣ, гуманитарӣ, энергетика, мудофиаи шаҳрвандӣ, илму фарҳанг, маориф ва ғайраро дар бар мегиранд.
Рушд ва раванди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 23 апрели соли 2014 чунин баён намуда буданд: «Тавсеаву рушд ва густариши муносиботи дарозмуддату босуботи Тоҷикистон бо шарики асосии стратегии мо – Федератсияи Русия низ аз ҳадафҳои асосии мост. Аслан сатҳ, мазмун ва муҳтавои равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русияро на танҳо манфиатҳои геополитикӣ ва прагматизми иқтисодӣ, балки ҳамчунин заминаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва пайвандҳои инсонӣ муайян месозанд.
Ҳарчанд мо сатҳу муҳтавои равобити худ, дараҷаи эътимод ва боварии тарафҳоро бо Федератсияи Русия хеле баланд арзёбӣ менамоем, рушду густариши минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаи судманд бо ин кишвар, устувортар ва амиқтар намудани пайвандҳои иқтисодӣ ва алоқаҳои фарҳангӣ, қавитар сохтани ҳамкориҳои сиёсиву низомӣ ва низомиву техникӣ бо ин давлати дӯст аз самтҳои афзалиятноки равобити Тоҷикистон бо Русия аст ва чунин хоҳад монд».
Робитаҳои Тоҷикистон ва Русия ба принсипҳои эътимоду боварӣ, ҳусни тафоҳум ва шарики озмудашуда асос ёфтааст. Чунин сатҳи робитаҳои давлатӣ пеш аз ҳама натиҷаи муколама ва машваратҳои доимии роҳбарони сиёсии ҳар ду мамлакат аст.
Сарони ҳарду давлат мунтазам дар доираи сафарҳои давлатӣ, корӣ дар форумҳои байналмилалӣ боздиду мулоқотҳо ба амал оварда аз рӯи муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба табодули назар менамоянд. Ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 1999 ба Русия ба муносибатҳои шарикии стратегии ду мамлакат заминаи мустаҳкам гузошт. Дар ҷараёни сафари расмӣ ду санади хеле муҳим – Аҳднома дар бораи ҳамкориҳои ҳам иттиҳодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба асри ХХI нигаронидашуда ва Аҳднома дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. То ба ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ягон давлати хориҷӣ чунин аҳдномаҳоро имзо накарда буд.
Ин ва дигар омилҳо боиси ба шарики стратегӣ табдил ёфтани робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия гардиданд.
Дар таҳкими муносибатҳои иттиҳодӣ ва шарикӣ тақвият ва рушди робитаҳои дуҷониба нақши пешбарандаро сарони давлатҳо мебозанд. Намунаи барҷастаи чунин муносибатҳо ташриф ва сафарҳои расмӣ ва давлатии онҳо ба кишварҳои якдигар аст. Ин сафарҳо хусусияти доимӣ гирифта, аксаран бо натиҷаҳои назаррас анҷом меёбанд. Аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон апрели 2001, июни 2004, июли 2007, октябри 2007, августи 2013, феврали 2014, ва солҳои 2019 ва 2025 ба Русия сафарҳои расмӣ анҷом доданд. Сафарҳои Президенти Русия В.В.Путин ба Тоҷикистон ноябри соли 1999, июли 2000, октябри 2001, апрели 2003, октябри 2004, августи 2008, сентябри 2011, октябри 2012, феврали 2017 ва солҳои 2020, 2024 ва 2025 сурат гирифтанд. Ин сафарҳо ва ташрифот ҳам аз нигоҳи фосилавӣ ҳам аз нигоҳи муҳтаво хеле беназир буда аз сатҳи баланди робитаҳои дӯстона гувоҳӣ медиҳанд. Дар ҷараёни ин ташрифот масъалаҳои муҳими баҳамсозии Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои ҳарбӣ ва сарҳадот, таъмини амнияти минтақа, тавсеаи алоқаҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардида, як қатор созишномаҳо оид ба тадбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми соҳаи гидроэнергетика ва фулузоти ранга, истихроҷи газ, нафт ва канданиҳои фоиданок ба имзо расиданд.
Санаи 8 октябри соли 2025 Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. 9 октябр маросими бошукуҳи истиқболи Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом ороста шуда буд, баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд. Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт. Вуруди Владимир Путин ба Душанбе аз гулчанбаргузорӣ дар назди пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз ёфт. Ҳамчунин дар идомаи сафари давлатӣ Шоми Дӯстӣ бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия дар боғи Ирами Душанбе дар сатҳи хело баланд баргузор гардид. Дар рафти Шоми Дустӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик ба Президенти Федератсия Русия муаррифӣ карда шуд. Дар навбати худ Президенти Федератсияи Русия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нодири “Тоҷикон”-ро , ки дар баробари китоби устод Боборҷон Ғафуров арзиши илмии баланд дорад ва дар Федератсия Русия чоп шудааст туҳфа карданд.
Дар идомаи сафар Музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Русия сипас дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт. Гуфтушунидҳои сатҳи олии Тоҷикистону Русия доираи васеи масоил аз соҳаҳои энергетика, бахшҳои гуногуни саноат, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ то илму маориф ва амнияту мудофиаро фаро гирифтанд. Дар ин замина ба омода намудани кадрҳо ва мутахассисони дараҷаи баланди соҳаҳои гуногун ва ҳамчунин, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва густариши робитаҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Имконоти тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои истихроҷи маъдан ва саноати коркард, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ ва тавлиди масолеҳи сохтмонӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт. Густариши долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таъмини устувории шабакаҳои боркашонӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти иқтисодиёти рақамӣ ва татбиқи технологияҳои нав дар мадди назар қарор гирифт. Ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқу мудофиа ва хадамоти махсуси ду кишвар дар самти таъмини амният, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва идеологияи радикалӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таҳдидҳои киберӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ бо қаноатмандӣ таъкид гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар суханронии худ зикр намуданд, ки “Русия барои Тоҷикистон яке аз шарикони асосии сиёсию иқтисодӣ мебошад”, дар идома чунин қайд намуданд, ки “мо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ҳамчунин, дар бахши амният ҳамкории наздик дорем”. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки аз ҷаласаи чанде пеш баргузоршудаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, бисёр масъалаҳо дар доираи кори ин комиссия ҳалли худро меёбанд.
Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ маросими имзои санадҳои дуҷониба баргузор шуд, ки зимни он 16 санади нави ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ ва миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистону Русия имзо ва табодул карда шуданд.
Зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарики стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин имзо гузоштанд.
15 санади дигари ҳамкорӣ инҳоянд:
- Нақшаи чорабиниҳо оид ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2025-2030;
-Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД Коргоҳи мошинасозии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахси ҳуқуқии ваколатдори Федератсияи Русия оид ба таъсиси Парки саноатии Тоҷикистон ва Русия.
-Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи русиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия.