Дар солҳои охир мушкили норасоии об дар Осиёи Марказӣ хеле шиддат ёфтааст. Тибқи маълумоти маркази таҳлилии байналмилалии New Lines Institute, дар 40 соли охир таъминоти об ба ҳар сари аҳолӣ зиёда аз се маротиба коҳиш ёфтааст — аз 8400 то 2500 метри мукааб дар як сол. Албата сабабҳои ба вуҷуд омадани ин мушкилотҳо гуногунанд:
Афзоиши аҳолӣ — дар охири давраи шӯравӣ дар панҷ ҷумҳурӣ 49 млн нафар зиндагӣ мекарданд, ҳоло зиёда аз 80 млн. То соли 2050 шумора метавонад аз 100 млн гузарад.
Рушди иқтисодӣ — саноат ва кишоварзӣ оби зиёд талаб мекунанд.
Тағйирёбии иқлим — ҳарорати миёна дар минтақа ду баробар зудтар аз сатҳи ҷаҳонӣ боло меравад.
Инфрасохтори кӯҳна — ҳангоми обёрии заминҳо то нисфи об талаф меёбад.
Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев гуфтааст, ки то соли 2050 бинобар хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ тақрибан 5 миллион муҳоҷири дохилии “иқлимӣ” пайдо шуда метавонад.
Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки роҳи осони ҳал вуҷуд надорад. Об кам аст ва манбаъҳо маҳдуданд. Дигарон мегӯянд, агар квотаҳои гирифтани об риоя шаванд ва ҳамкорӣ миёни кишварҳо беҳтар гардад, дар кӯтоҳмуддат метавон аз буҳрони ҷиддӣ пешгирӣ кард. Аммо дар миёнамуҳлат вазъият душвор боқӣ мемонад.
Яке аз сабаби асосие, ки панҷ Президентҳои давлатҳои Осиёи Марказиро дар Шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҳам овардааст кушиши чораандеши намудан нисбати ҳаллӣ мушкилоти баҳри Арал мебошад. Чун масъала фарогир ва глобалӣ ҳаст ҳаллу фасли он низ кӯшишҳои дастҷамъона ва глобалиро тақозо дорад. Яъне, дар ҳалли масоили обу иқлим аз як даст садо намебарояд. Хушкшавии баҳри Арал фоҷиаи экологиест, ки на танҳо ба минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдиду хатар эҷод мекунад, балки таҳдиду хатараш ҳам умумибашарист.
Ҳамчунин интизор меравад, ки дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон масъалаҳои марбут ба баҳри Арал ва экология низ баррасӣ шаванд. Аз ҷумла, коҳиши сатҳи оби баҳри Арал биёбоншавии қаъри он, зиёд шудани тӯфонҳои чангу намак, таъсири манфӣ ба саломатии аҳолӣ ва кишоварзӣ, инчунин ҳамкории минтақавӣ барои барқарорсозии экосистема муҳокима мегардад.
Агар муҳити экологӣ солим бошад, пас инсоне, ки дар ин гуна муҳит ба сар мебарад саломатии хуб дошта метавонад. Ин вобастагии ҳамешагии инсону муҳит ва табиату ҷамъият аст. Баҳри Арал дар қаламрави ду ҷумҳурии Осиёи Марказӣ — Узбекистон ва Қазоқистон ҷойгир аст. Ду дарёе, ки аз кӯҳҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон сарчашма мегиранд – Сир ва Ому оби худро то баҳри Арал мебаранд. Дар ҳавзаи ҳарду дарё заминҳои кишоварзӣ хеле зиёданд ва онҳо аз оби ҳамин дарёҳо обёрӣ мешаванд, ба миқдоре, ки аз меъёрҳои қабулшуда ба маротиб зиёд аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати яке аз муассисони Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) аз соли 1993 инҷониб дар беҳтар намудани вазъи экологии баҳри Арал саҳм мегузорад. Дар таҳия ва амалӣ намудани барномаи чоруми ҳавзаи баҳри Арал (АС – 4) ва барномаи минтақавии экологии рушди устувор фаъолона иштирок менамояд.
Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ва экология барои кушиши пешгирӣ азфоҷиаи баҳри Арал бевосита мусоидат менамояд. Эътимод бар он дорем, ки Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал роҳҳалҳое пешниҳод менамоянд, ки аз таҳдиду хатарҳои экологии баҳри Арал пешгирӣ менамоянд.
ДАВЛАТОВ Зубайдулло,
ходими калони илмии шуъбаи ИДМ – и
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ