ТОҶИКИЯТ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ - ПОЯҲОИ БАҚОИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Муаллиф: Холназаров Назар

Расм

        Тоҷикият, ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ – се пояи аслии  бақои миллат ва давлатдории мо ба ҳисоб мераванд. Ин се  поя монанди се ҳалқаи заррини як занҷир пайвандгари гузашта, имрӯз  ва фардои миллати тамаддунофари тоҷик мебошанд.Тоҷикият, ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ - се омили муҳими давлатдорӣ ва давлатсозии имрӯзаи мо тоҷикон ва тоҷикистониён буда, аз муҳимтарин дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ба шумор рафта, равшангари роҳ ва усулҳои расидан ба Ваҳдати миллӣ ва орзуву омоли мустақилияти давлату миллати тоҷик мебошад.

         Масоили ҳувияти миллӣ, тоҷикият ва худшиносӣ зодаи андешаҳои меҳварии сиёсӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва илмии замони муосир буда, истиқлолияти давлатии моро комилтару ҷозибаноктар намуда, онро аз ҳама тараф таҳкиму тақвият мебахшад.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2021 дар Паёми навбатии худ ба Шурои Олӣ чунин иброз дошта буданд: “Миллати дорои ҳувияти миллӣ ҳеҷ гоҳ аз роҳи худ намегардад, зеро маҳз тавассути ҳувият миллат метавонад дар муқобили таҳдидҳои замони муосир устувор монад.”

         Дигар масъалаи муҳиме, ки боиси ифтихори мо гардидааст, ин тоҷикият ва ё тоҷик будани мост. Тоҷикон дар тӯли таърихи ҳазорсолаҳо тоҷикияти хешро ҳифз намуда, бо доштани забони ширини худ, ба зарбаҳои шадиди таърих тавассути илму фарҳанги бою ғании хеш ҷавоб гардонида, худро ҳамчун мерос то ба мо расонидаанд.

         Мо тоҷиконро  мебояд, ки аз тоҷик буданамон ифтихор намоем, зеро миллати тоҷик миллати тамаддунофар, соҳибилм, соҳибкитоб буда, дар пешрафти илму фарҳанги ҷаҳон тавассути фарзандони боилму бофарҳангаш саҳми босазое гузоштааст. Имрӯзҳо номи бузургмардоне, аз қабили: Устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Ал-Берунӣ, Ал-Хоразмӣ,  Умари Хайём, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум ва садҳои дигарро дар ҷаҳон медонанду мешиносанд ва аз асарҳои илмиву адабӣ ва тарбиявии  онҳо истифода менамоянд.

          Дар яке аз суҳбатҳояшон Президенти кишвар ҳамчун кафили ҷомеаи беш аз 10 миллион нафараи тоҷикон иброз доштаанд, ки “Ман аввал тоҷикам ва баъд аз он мусалмон”. Ин фармудаи Президенти муҳтарами Тоҷикистон маънои хеле амиқ дошта, барои ҷавонони тоҷик ҳамчун дастурамал бояд пазируфта шавад. Ба хусус, барои он ҷавононе, ки ҳоло аз бетаҷрибагӣ худро ба ҳар тараф задаву ба ҳарфи ғалати унсурҳои ҷиноӣ ва бегонагони бадхоҳ гӯш додаву ба роҳҳои нодурусте, ки оқибаташ пушаймонист, мераванд.

         Омили дигаре, ки дар шинохт ё ҳуввияти миллӣ ҷойи махсус дорад, ин худшиносӣ мебошад. Дар миёни мардум ифодаи хубе ҳаст, ки  чунин гуфта мешавад: “То худро нашиносӣ, Худоро натвон шинохт”. Худшиносӣ ба таърих, адабиёт, оила, ватану ватанпарастӣ, инсондӯстӣ, эҳтироми волидайн, ҷой дар ҷомеа ва дигар омилҳо вобастагии зич дорад.

         Худшиносӣ, ки бо ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ иртиботи ногусастанӣ дорад, дар тӯли таърихи бисёрҳазорсолаамон шахсиятҳо - қаҳрамонҳои халқиеро аз қабили: Темурмалик, Спитамен, Ибни Муқаннаъ, Восеъ ва даҳҳо нафарони дигарро ба дунё овардаву тарбия намудааст, ки дар шароити имрӯза шинохти шахсият ва омӯхтани корномаи онҳо барои ҷавонон аз аҳамият холӣ намебошад.

          Ҷавонон ва аҳли зиёро  зарур аст, ки масоили тоҷикият, ҳувияти миллӣ ва худшиносиро аз оила сар карда ба таври мудаввом биомӯзанд ва  боз биомӯзонанд, зеро мо дар замоне умр ба сар бурда истодаем, ки хатару таҳдидҳои идеологӣ, ба монанди: ифротгароӣ, ҷаҳонишавии фарҳанг, халалпазирии забон, ивазшавии арзишҳо ва дигар омилҳое рӯйи кор омадаанд, ки метавонанд ба пояҳои ҳуввият зарба ворид  намуда, онро заифу камаҳамият гардонанд.

                                                        

Холназаров Н

ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики 

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

БОЗГАШТ