АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

«Тоҷикон дар асарҳои шарқшиноси маҷористонӣ Арминий Вамберӣ»

Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону

Расм

10 феврали соли 2022 бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари илмии маҷозӣ ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон  баргузор гардид.

  Дар мизи мудаввар таҳти унвони «Тоҷикон дар асарҳои шарқшиноси маҷористонӣ Арминий Вамберӣ» олимон ва коршиносон аз Академияи илмҳои Маҷористон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд.

  Суханронии мудири шуъбаи осори хаттии кутубхонаи Академияи илмҳои Маҷористон доктори илмҳои таърих Агнес Келеченӣ хело ҷолиб буд. Агнес Келеченӣ роҷеъ ба осори хаттии “Хусрав ва Ширин” и Низомии Ганҷавӣ, ва нодиртарин осори хаттии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ “Калила ва Димна” ро нишон дод.

  Дар ин нишаст доктори илмҳои филологӣ Давид Сомфай Кара, туркшинос, ходими илмии Институти мардумшиносии Академияи илмии Маҷористон суханрони намуданд

  Аз ҷониби олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессори Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикситон Абдунабӣ Сатторзода ва докторҳои илмҳои таърих профессор Иброҳим Усмон ва мудири шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ доктори илмҳои таърих профессор Санавбарбону Воҳидова, ходими хурди илмии Шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институт Фарзонаи Юсуфӣ иштироки фаъолона доштанд.

  Зимни мулоқот уфуқҳои таҳқиқотҳои ховаршиноси маъруфи маҷористонӣ Арминий Вамбери дар фазои тамаддунӣ хело гуногунҷанба мебошад. Ӯ аз кӯдакӣ ба илму дониш хело шавқи зиёд доштааст. Арминий Вамбери шахсияти боистеъдод ва фавқуллода буд. Дар синни 20 солагӣ аллакай донандаи 30 забони хориҷӣ гардид, ҳам забонҳои шарқӣ ва ҳам забонҳои ғарбӣ.

  Суҳбати илмӣ роҷеъ ба тадқиқот дар бораи Осиёи Марказӣ аз ҷониби Арминий Вамберӣ, ки солҳои 1862-63 бо маблағи Академияи илмҳои Маҷористон ба минтақаи Осиёи Марказӣ сафар дошт, сурат гирифт. Аз ҷумла, Вамберӣ дар эҷодиёти худ забони тоҷикиро ҳамчун забоне шинохтааст, ки дар асри XIX ҳам нафосати аввалияи худ ва ҳам нафосати гуфтори ашъори Рӯдакиро нигоҳ доштааст. Инчунин дар ҷои дигар қайд мекунад, ки тоҷикон аз рӯи аслу насаби худ ба қабилаҳои хело қадим - бохтариҳо, суғдиҳо ва дигарон нисбат доранду дар манотиқи Осиёи Марказӣ сукунат доштанд.

  Ва ҳамҷунин дар таҳқиқотҳои Арминий Вамбери қайд мекунад “Тоҷикон сокинони бумии тамоми шаҳрҳои Осиёи Миёна мебошанд. Дар Бухоро аз хама бештар, дар ин ҷо тоҷикон аз асли худ фахр мекунанд”. Нуқтаи муҳим ин аст, ки баъд аз сафараш Арминий Вамбери қайд менамояд, ки дар Хуҷанд деҳотҳои Ғӯлакандоз ва Қистақӯз аҳолии аввалияи форсҳо зиндагӣ доранд, ки лаҳҷаи онҳо наздик ба лаҳҷаи форсии миёна аст. Инчунин Ӯ қайд менамояд, ки лаҳҷаи мардумони Зарафшон нафосати аввали гуфтори ашъори Рудакиро то ба имрӯз нигоҳ доштанд.

  Назми оламафрӯзӣ Рудакӣ, ки 1155 сол муқаддам гуфтааст, имрӯз ҳам нафосату ҷозибаи худро гум накардааст.

Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,

Амир наздат шодмон ояд ҳаме.

Амир моҳ асту Бухоро осмон,

Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.

Амир сарв асту Бухоро бӯстон,

Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме.

  Арминий Вамберӣ аввалин сайёҳи аврупоӣ буд, ки тақрибан тамоми Осиёи Марказиро давр зада, тасвир кардааст. Ба ӯ муяссар шуд, ки ба гӯшаю канорҳои дурдасти Шарқ сафар карда, дар бораи он ба таври мафтункунанда накл кардааст.

  Таҳқиқоти бисёрқутбии ховаршиноси маҷористонӣ дар фазои тамаддун аз он иборат аст, ки муаллиф дар бораи асосҳои дини мусулмонӣ, урфу одатҳои маҳаллӣ ва забонҳои шарқӣ, пеш аз ҳама забонҳои халқҳои Осиёи Марказӣ бохабар буд. Аз ин рӯ, дар Аврупо, ки бо Осиёи Миёна кам ошно буданд, асари А.Вамбериро бо шавқу ҳавас пазируфтанд. Қайдҳои ӯ дар бораи мардумон сарзаминҳои номаълум, иқлим ва манзараи Осиёи Марказӣ тасаввуроти равшантар дод. Китоби А.Вамбери бо асолати худ, ҳамчун як асари беҳтарини мардумшиносӣ, шавқовар, қабул карда шуд.

  «Сайёҳат ба Осиёи Миёна» яке аз ёдгориҳои барҷастаи адабиёти таърихӣ, ҷуғрофӣ ва мардумшиносии қарниXIX мебошад. Вамбери шароити табиию экологӣ, хусусиятҳои ҳаёти ахолии Туркманистон, хонигарии Хева ва аморати Бухоро, ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳоро ба таври зинда ва равшан тавсиф кардааст.

  Ҳамин тарик, дар таҳқиқоти А.Вамбери, асолати тафаккур, дарки мушкилотҳои Осиёи Миёна, махсусан таъриху фарҳанги мардуми тоқик нақши калидиро бозид. Мероси ӯ дар кишварҳои гуногун, халқҳои гуногун, ки бо асолат, ва нобиғаи худ фарқ мекунанд, онҳоро дар фазои ягонаи тамаддун муттаҳид мекунад.

Санавбарбону Воҳидова

Мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико

доктори илмҳои таърих, профессор

БОЗГАШТ