АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

“Тоҷикон” дар Сурия

Муаллиф: Шаҳлохон Муродалӣ

Расм

Хушхабар расид, ки Нашриёти Баал дар шаҳри Димишқ, Ҷумҳурии Арабии Сурия, шоҳасари фарзанди баруманди Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”-ро дар ду ҷилд ба забони арабӣ аз чоп баровард.

Китобро ба забони арабӣ адиб ва мутарҷими шинохтаи Сурия д-р Иброҳим Истанбулӣ бино ба дархости Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз асли русӣ ба забони арабӣ баргардонидааст.

Шоистаи ёдоварист, ки тарҷумаи осори як силсила адибони бузурги Россия, аз ҷумла Расул Ғамзатов ва дигар нависандагони Доғистон ба забони арабӣ ба қалами д-р Иброҳим Истанбулӣ тааллуқ дорад.

Китоби “Тоҷикон” ба забони арабӣ зери назар ва бо муқаддимаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон арабшинос Назруллоҳи Назар нашр шуда, дар муқаддимаи он аз ҷумла омадааст: “Лоҷарам, хонандаи араб бо таърихи халқи тоҷики куҳанбунёд ҳанӯз тавассути китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”, ки ду маротиба дар Қоҳира солҳои 2009 ва 2011 дар чор ҷилд дар нашриёти Дору-л-фикри-л-арабӣ ба табъ расида буд, бори нахуст шинос шудааст ва акнун чопи ин китоб фурсати дигареро ба хонандаи араб барои шиносоии амиқтар муҳайё месозад”.

Ҳамчунин муаллифи муқаддима ба таваҷҷуҳи хонандаи араб мерасонад, ки китоби “Тоҷикон” дар даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аҳамияти беандоза касб карда, бо ташаббуси Сарвари давлат ба забони тоҷикӣ нашр ва ба ҳар хонадон эҳдо карда шуд. Ҳамзамон маъракаи тарҷумаи он ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони арабӣ оғоз шуда, соли 2023 дар Тоҷикистон Соли бузургдошти китоби “Тоҷикон” ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров эълон гардид.

Дар муқаддима ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ барои сарпарастии тарҷумаи китоб, ба Директори таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш Каримзода У.Н. ва Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ниёзӣ Ё.Б. барои ҳамкорӣ дар тасҳеҳ ва тадқиқи номҳо ва истилоҳоти таърихию ҷуғрофӣ изҳори миннатдорӣ карда шудааст.

Ноширон ба унвони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва нома фиристода, хабар додаанд, ки чопи якуми тарҷумаи ин шоҳасарро ба муносибати Соли бузургдошти китоби “Тоҷикон” ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун армуғон ба Соҳиби ташаббуси тарғиби он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебахшанд.

Хабарро омода кард:

Шаҳлохон МУРОДАЛӢ,

ходими хурди илмии шуъбаи

Шарқи Наздик ва Миёнаи

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 

БОЗГАШТ