АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

“Тоҷикона мепӯшем” фарҳанги муосири либоспӯшӣ нишон аз тамаддуни бостонии тоҷикон

Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул

Расм

Дар ибтидо бояд иброз намуд, ки барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мояи ифтихор аст, ки миллати мо ҳувияти худро дар бозиҳои геополитикӣ ҳифз намуд. Ҳар як фарди худшиноси миллат мебояд дар риояи ҳифзи асолати миллӣ саҳим бошад. Таҳдиди хатари аз байн рафтани фарҳанги миллии либоспӯшӣ, рӯ овардан ба маданияту фарҳанги либоспӯшии аҷнабиён ва тақлиди кӯр-кӯронаи он барои насли ояндаи миллат фоҷиаовар мебошад. Аз ин ҷост, ки нақши иқдоми “Тоҷикона мепӯшем” дар ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва зиндагии рӯзмарра аҳамияти беназир дорад. Дар ҷомеаи муосир тарзи либоспӯшиҳои гуногун ба чашм мерасад. Либоспӯшӣ ҳам дорои хусусиятҳои хос мебошад. Риояи талабот ба либоспӯшӣ дар замони муосир дар доираи ахлоқ, одоб, этика, эстетика ва маданият сурат мегирад. Дар ҷумҳурӣ ва махсусан дар пойтахт тарзҳои гуногуни либоспӯшӣ мушоҳида мегардад, яке либоси аврупоӣ ва дигаре либоси миллиро эътироф менамояд. Сокинони душанбешаҳр ва меҳмонони дохилию хориҷӣ имрӯзҳо либосҳои рангоранги миллиро ба бар намуда, дар хиёбону гулгаштҳо сайру гашт менамоянд. Мавриди зикр аст, ки бонувони тоҷик ва тоҷикистониён дорои интихоби васеи либосҳои зебову рангоранг буда, чунин либосҳоро ҳам барои рӯзҳои иду маъракаҳо ва ҳам барои истифодаи ҳаррӯза дар кору фаъолияти хеш метавонанд фармоиш диҳанду ба бар намоянд. Либосҳои зебову шинами миллии тоҷикона ва мутобиқ ба замони муосир аз қабили чакан, атласу адрас зинатбахш буда, ба ҳусну одобу рафтори ҷавонзанону бонувон ҳусне дар ҳусн зам менамояд. Баргузории чунин иқдомҳо ба монанди “Тоҷикона мепӯшем” шаҳодат аз ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Ва чунин иқдомҳо дар навбати худ метавонанд пеши роҳи ҳамагуна тақлиду бегонапарастиро бигирад, ҳисси баланди ватандӯстиро, ки яке аз рукнҳои ҳувияти миллии мардуми тоҷик аст боз ҳам тақвият бахшад. Миллати тамаддунпарвари тоҷик соҳиби таърих ва фарҳанги бою ғанӣ мебошад ва арҷ гузоштан ба либоси миллӣ қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ба нангу ори тоҷик мебошад. Либосҳои миллии занонаи тоҷикӣ дорои ороиш, нақшу нигори хоса мебошанд. Ҳамаи ин шоҳкориҳое, ки дар чакан бо дастони гулрезу гулбези бонуи тоҷик, рӯи матоъи якранг гулрезӣ шуда, баъдан ба воситаи сӯзану риштаҳои пахтагину абрешимӣ дӯхта мешаванд, шаҳодат аз завқи баланду фарҳанги волои тоҷикона мебошад, ки аз аҷдодони гузаштаамон ба мо мерос мондааст. Дар шароити ҳассосу пурпечу тоби ҷаҳонишавӣ нигоҳ доштани анъанаву урфу одат, маърифати оиладорӣ, роҳ надодан ба воридшавии фарҳанги бегона аз ҷониби занону бонувони тоҷик ба воситаи иқдомҳои “Тоҷикона мепӯшем”, тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин васоити пешгирӣ аз ҳамагуна хавфу хатари замони муосир маҳсуб меёбад. Дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ мо бояд пеш аз ҳама ба хотири суботи кишвар ва оромии ҷомеа саъю талош намоем. Зан - модари тоҷик неруи созанда ва чашмаи хушкнашаванда, барои пешравию сарбаландии миллат ва кишвари маҳбуби хеш ҷонфидоиҳо намуда, дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маданӣ, илмию техникӣ ва ҳуқуқӣ саҳми арзандаву содиқона дорад. Ҳамзамон, арҷгузории воқеӣ ба арзишҳои миллӣ, хусусан эҳёи суннатҳои беҳтарини таърихиву фарҳангӣ, ба мо маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ муяссар гардиданд. Бинобар ин бар зидди зуҳуроти бешарафонаи бегонапарастӣ, тақлиду таассуб, зоҳирпарастӣ, хурофот, ки аз падидаҳои номатлубу вабои аср ба шумор мераванд, муборизаи беамон бурда, диққати аҳли ҷомеа, ҷавонон, занону бонувонро ба тарғиби ойинҳои муқаддаси аҷдодӣ равона намудан ба мақсад мувофиқ аст. Нақши иқдоми “Тоҷикона мепӯшем”, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, мақсад ва мароми он арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, таблиғу тарвиҷу фарҳанги миллӣ ва либоси миллӣ, махсусан атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ мебошад. Дар ин ҳошия Шӯрои занони АМИТ, Кумитаи иттифоқи касаба, КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ, Шӯрои олимони ҷавони АМИТ, Институтҳо ва марказҳои илмӣ - тадқиқотии АМИТ, аз ҷумла занону бонувон, магистрони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ санаи 12-уми майи соли 2023 дар саҳни ҳавлии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иқдоми миллӣ таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем” баргузор намуда, бо ҳисси баланди ифтихори миллию ватанпарастӣ фаъолона иштирок карданд. Боиси зикр, ифтихор ва шарафмандӣ аст, ки занону бонувон ва магистрони Институти Осиё ва Аврупои АМИТ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фарҳанги волои аҷдодӣ ва маданияти либоспӯширо бо нозукиҳои томи тоҷикона намоиш доданд.

Умед аст, ки ҷавонони садоатманди тоҷику тоҷикистонӣ, модарону хоҳарони гиромӣ, занону бонувони хирадманд, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, омӯзгорону толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва устодону донишҷӯёни тамоми макотиби олии кишвар, кормандону ходимони идораву муассисаҳои кишвар аз ин иқдоми ватандӯстона, ки нишондиҳандаи маданияти волои мардуми фарҳангсолору хирадманди тоҷик аст, дарси ибрат омӯхта, дар кори парвариши насли наврас, ки масъалаи ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон мебошанд ва дар кору пайкор, фаъолияти минбаъдаи хеш низ барои пойдории унсурҳои миллӣ дар сару либос, махсусан атласу адрас ва чакан саҳмгузор бошанд. Ҳамзамон, дар рагу пайванд ва тафаккуру шуури азизонамон маскан додани эҳсоси муқаддаси ватандӯстӣ, фарҳанги либоспӯшӣ тибқи расму ойини ниёгонамон - нишон аз бақои миллату давлат маҳсуб меёбад. Имрӯз зан-модари тоҷик қодир аст, гузаштаро омӯзаду ояндаро бисозад, мусаллам аст, ки ин вазифаи ҷониву қарзи имонии ҳар як фарди худшиносу худогоҳи миллати бостонии тоҷик мебошад. Ҳамаи моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон, нуфуз пайдо кунанд.

 

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна,

Раиси Шӯрои занони ИОМДОА АМИТ, 

ходими пешбари илмии

шуъбаи Осиёи Марказӣ

БОЗГАШТ