АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ТОҶИКСИТЕЗИИ ТОЛИБОН ВА ОҚИБАТҲОИ ХАТАРНОКИ ОН БАРОИ АФҒОНИСТОН

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Баъди суқути давлати миллии тоҷикон - Сомониён ва  сари қудрат омадани сулолаҳои бегонатабор, на танҳо аҳволи Хуросони бузург, балки аҳволи Мовароуннаҳру Эрон низ ба куллӣ дигаргун гашт ва қудрати сиёсӣ, низомиву иқтисодӣ дар ин сарзаминҳо ба дасти аҷнабиён афтод ва мардуми бумии ин сарзаминҳо, соҳибони ҳақиқии ин се минтақа–Эрону Хуросону Мовароуннаҳр (тоҷикҳо ва форсҳо) дарбадару беватану бехонумон ва мутеи ғосибгарони бегонатабор гаштанд. Минбаъд, ба хусус мардуми Хуросон (тоҷикони Афғонистони имрӯза) дар ватани худ овораю ғариб гаштанд, ба кӯҳу дараҳо панаҳ бурданд ва аз як гӯша ба гӯшаи дигари Хуросонзамин ва берун аз он фирор намуданд.
  Бидуни шак аз ибтидо қавми тоҷик соҳиби асливу мардуми бумии сарзамини имрӯзаи Афғонистон, ки қаблан қисмате аз Хуросони бузург буд, маҳсуб мешаванд. Маҳз тоҷикон дар ин сарзамини аҷдодии хеш фарҳангу тамаддуни ҷаҳонгире бунёд кардаанд, ки далели он адабиёти ҳазорсолаи мондагор ва илму ҳикмат аст, ки бо забони форсии тоҷикӣ (дарӣ) эҷод гардидааст.
  Ба ақидаи афғоншиносони ватаниву хориҷӣ ташаккули афғонҳо (паштунҳо) ба сифати халқи воҳид ба асрҳои XI-XII рост меояд. Маскуншавии паштунҳо дар Хуросон (Афғонистони имрӯза) дар асрҳои XV-XVI оғоз гардида «муҳоҷирати бузург»-и афғонҳо (паштунҳо) ба лашкаркашиҳо ва ҷангҳои хонумонсӯзи Чингизхону баъдан Темури Ланг (асрҳои XIII-XIV) рост меояд. Дар қарни XVII дар Хуросони Бузург кашмакашиҳову даргириҳои шадид оғоз шуданд ва қавмҳои паштуне, ки дар кӯҳҳои Сулаймон зиндагӣ мекарданд, ба ин сарзамин сарозер шуданд. Мардуми тоҷик, ки аз азал соддаву меҳмоннавозу муросокор буд, ин ақвоми кучии бенаворо пазируфта, дар ҳудудҳои худ роҳ доданд. Бо мурури замон онҳо дар ин сарзамин худӣ шуданд ва ҷой гирифтанд, дар асри XVIII бошад худро таҳҷоӣ эҳсос кардаву дар асри XIX бо кӯмаки қудратҳои беруна мавқеи тоҷиконро танг карда, қудратро комилан ба дасти худ гирифтанд. Тадриҷан сарзамини аҷдодии тоҷикон зери султаи онҳо қарор гирифт ва дар замони Амонуллохон дар натиҷаи дасисаҳои русҳову инглисҳо машҳур бо “Бозии Бузург” давлате ба вуҷуд омад, ки имрӯз бо номи Афғонистон ёд мешавад. Аз ибтидо то кунун ин давлати сохта (ҷаълӣ) буда ҳуввияти он низ ҷаълӣ мебошад. Дар ин давлати сохта (ҷаълӣ) паштунҳо «аксарият» унвон шуданду тоҷикон ба “аққалият” мубаддал гаштанд. Тоҷикони Хуросону Мовароуннаҳр бузургтарин қурбонии ин дасисаи аср бо номи “Бозии Бузург” гаштанд ва ин фоҷиаи бузурги миллати куҳанбунёди тоҷикон имрӯз ҳам идома дорад.
  Саволи мантиқие бармеояд, ки чаро маҳз паштунҳо дар ин “Бозии Бузург” ба Русия ва Инглистон писанд омаданду дастгирӣ ёфтанд на тоҷикон? Бояд иқрор шуд, ки қабоили паштунҳо дар муқовиматҳову даргириҳои асри XIX ва аввали асри ХХ дар Афғонистон тавонистанд худро қавми аввал ё аксарияти аҳолии ин кишвар муаррифӣ намоянд. Бо ҳамин сабаб ҳам дар замони Инглисҳо, ҳам Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам Амрико паштунҳо ба сифати аксарияти аҳолӣ ва ё қавми аввал мавриди ҳимояи ишғолгарони хориҷӣ қарор гирифтанд ва имрӯз низ аз ин пуштибонӣ бархурдоранд. Мусалламан дар ин давраҳо тоҷикон аз сари қудрат барканор ва ба ҳошия ронда шуданд.
  Таблиғу тарғиби бесобиқаи идеяи бузургманишии (носионолизми) паштунӣ, гумроҳӣ ва ҷаҳолату эътиқоди динии мардум ба ҳадде қавмҳои соддаи ғайрипаштун, ба хусус тоҷиконро фирефтаи худ карда буд, ки онҳо дар пурсиш миллаташонро пинҳон мекарданд, худро мусалмон, кобулӣ, ҳиротӣ, балхӣ, бадахшӣ ва ғайра муаррифӣ мекарданд, ба ҳеҷ ваҷҳ ба тоҷик будани хеш иқрор намешуданд. Ҳатто қабилаҳое пайдо шудаанд, ки забонро гум кардаанд, аммо гуфтаанд, мо тоҷик будем аз тарси паштуҳо худро паштун муаррифӣ кардем ва мехоҳем ба асли худ баргардем.       Касе аз тарс ҷуръати ошкоро аз миллати худ хабар доданро надошт, зеро онҳоро қавмгароёни соҳибдавлати паштун, ки қудрат дар дасташон буд, нобуд мекарданд.  
  Сиёсати табъизи қавмӣ ва ба давлати яккақавмӣ табдил додани Афғонистон ҳанӯз ҳам идома дорад. Дар Афғонистон ба тадриҷ тамоми рамзҳои давлатиро символи паштуҳо кардаанд. Парчам символи паштуҳост. Суруди миллӣ бо забони пашту аст, ки барои 80 дарсади мардум нофаҳмо мебошад. Номҳои шаҳру ноҳияҳо, ки тоҷикиву ӯзбекӣ буданд, бо паштуи тағйир дода шуданд. Тавре ки медонем тоҷикон бузургтарин қавм дар Афғонистон ба ҳисоб мераванд, ки ҳуқуқашон поймол гардидааст. Дар замони ҷумҳурият тоҷиконро сохтакорона ба чандин қавмҳои алоҳида тақсим карданд. Яъне тоҷиконро вобаста ба маҳалли зист тақсим карда, аз онҳо қавмҳои дигар сохтанд ва ба рӯйхат гирифтанд. Толибон сиёсати нотсиёнолизми паштунсолории онҳоро идома дода мехоҳанд фоҷеае, ки дар Осиёи Марказӣ нисбати тоҷикон рух дода буд, такрор намоянд. Масъалаи қавмӣ дар Афғонистон бахусус байни паштунҳову тоҷикон доғтар гаштааст. Агар тоҷикон натавонанд аз ифтихору ҳуввияташон дифоъ кунанд онҳоро аз саҳнаи смёсии Афғонистон ҳамчун миллати бумиву соҳибдавлат барканор хоҳанд кард. Мусаллам аст, ки мухолифат бо тоҷикон ин пуружаи байналмиллалӣ аст, асрҳо боз идома дорад ва боиси таассуф мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбатӣ он бетарафиро ихтиёр намудааст.
  Аммо хатарноктар аз ҳама барои Афғонистон ва фарҳанги боландаи мардуми он, кинаварзӣ ва бадбинии ҷоҳилонаи Толибон нисбат ба забони форсии тоҷикӣ (дарӣ) мебошад, ки ахиран ба шиддат ва ба таври густурда пеш бурда мешавад. Барои маҳдуд намудану ба ҳошия баровардани забон форсии тоҷикӣ (дарӣ) дар тамоми арсаҳо ва дар кулли идороти давлатӣ, кӯшишҳои сареҳ ва душманонаеро ба роҳ андохтаанд, ки хатароти ҳалокатабореро барои фарҳанг ва ҷомеаи фарҳангии форсизабонони Афғонистон дар қибол хоҳад дошт. «Толибон»-и ҷоҳилу гумроҳ намедонанд, ки ба ҳошия бурдани забони форсии тоҷикӣ (дарӣ) дар Афғонистон, бештар аз ҳама ба дигар забонҳои кишвар ба хусус забони паштунӣ латма ворид менамояд.
  Ин ҳуҷуми аввалин ба фарҳангу тамаддун ва забони форсии тоҷикӣ (дарӣ) нест. Таърих шоҳиди таҳоҷуми ваҳшиёнаи арабҳо, туркҳо, муғулҳо, инглисҳо ва дигар ишғолгарон ба ин забону тамаддуни бостонӣ мебошад. Лекин ин тамаддуну ин забон дар муқобили ин таҳоҷумҳо пойбарҷо монда аз байн нарафтааст. Гузашта аз ин ба забони дарбор ва дарбори ишғолгарон мубаддал гаштааст. Забони форсии тоҷикӣ (дарӣ) муносибтарин ва қавитарин забони ифҳому тафҳим дар кулли минтақа будааст. Забони форсии тоҷикӣ (дарӣ) дарвоқеъ ниҳод ва намоди як ҳувияти сиёсии тамаддунӣ мебошад. Мутаассифона, бо густариши нуфузи Русияи таззорӣ ва Британияи Кабир шурӯъ аз авохири қарни XIX барномаи порсизудоӣ ва нобудии фарҳанги он дар ду масири Шарқ, яъне Ҳиндустону Афғонистони кунунӣ оғоз шуда ва то ҳанӯз идома дорад.
  Толибони гумроҳу ҷоҳил намедонанд, ки забони форсии тоҷикӣ (дарӣ) садсолаҳо боз забони дувуми тамоми ҷаҳони ислом ва забони мусаллати минтақа мебошад. Форсӣ на танҳо забон, балки як таърих, як тамаддун ва як фарҳанг аст ва дар ҳошия бурдани он ғайриимкон мебошад. Афғонистонро бе забони форсии тоҷикӣ (дарӣ) тасаввур кардан ғайриимкон аст ва танҳо забони форсии тоҷикӣ (дарӣ) омили асосии муттаҳидкунандаи тамоми ақвоми Афғонистон, омили тамомияти арзӣ ва ягонагии он мебошад. Бидуни ин забон ин кишвар ногузир таҷзияву тақсим ва пора-пора хоҳад шуд. Нодида гирифтани ин воқеият оқибатҳои мағшуше барои Афғонистон ба бор хоҳад овард.

Судуров С.А.
ходими калони илмии
шуъбаи Осиёи Марказӣ

БОЗГАШТ