АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ТОЛИБОН КИСТАНД ВА ЧАРО ДУБОРА БА ҚУДРАТ РАСИДААНД?

Муаллиф: Қудратов Комрон

Расм

Аз хуруҷи саросемагӣ ва бетартибонаи Амрико баъд аз музокирот бо ҳаракати «Толибон» дар Доҳа маълум буд, ки ин сиёсати ҳаракати «Толибон» дар бунёди аморат дар Афғонистон тағйир наёфтааст. Ба ин нигоҳ накарда ИМА мехостанд, бо кадом роҳе, ки набошад аз Афғонистон шоиста хориҷ шаванд.

Тибқи Созишномаи Доҳа ИМА уҳдадор гардиданд, ки то 11 сентябри соли 2021 тамоми нерӯҳояшро аз Афғонистон берун кунанд. Баъди ин «Толибон» ба ҷои музокира бо ҳукумати Афғонистон, ҳамлаҳои худро бештар карданд. Дар пайи ин ҳамлаҳо гурӯҳи «Толибон» аксари манотиқи кишварро ба тасарруфи худ дароварданд ва дар ҳузури нерӯҳои Амрико вориди Кобул шуданд ва боз ҳокимиятро дубора ба даст гирифтанд.

Пас аз ҳузури ҳаракати «Толибон» дар Афғонистон дар расонаҳои иттилоотӣ, оид ба «Толибон» гӯё ки тағйир ва таҳаввул карда бошанд, фарогир буданд ва аҷиб он аст, ки дар расонаҳои кишварҳои ИДМ низ ин раванд дида мешуд. Ба назари коршиносон ва таҳлилгарон, ин як амал ё сухани нодонӣ дониста мешуд, ки на ба илм, на ба таҷриба ва на ба воқеият рост намеомад ва бо гузашти зиёда аз якуним сол манзара ба ҳолати интизориаш ё пешинааш баргашт.

Якуним сол пеш бозгашти «Толибон» ба ҳамон давраи ваҳшиёнаи дар қудрат будани онҳо ишора мекард, ба истиснои бархе аз баёнияҳои нармшуда, ки дар расонаҳо аз ҷониби «Толибон» дар ин давра дар Афғонистон ироа шуда буд. Ҳеҷ гуна тағйироте дар идеология ё сиёсати бераҳмонаи пешгирифтаи «Толибон» мужда намедиҳад. Ба андешаи коршиносон «қувваи идеологӣ, характери ташкилӣ ва усулхои кории онҳо дар як муддат тағйир намеёбад. Дар акси ҳол, наметавон тасаввур кард, ки дар расонаҳо, сиёсати пешгирифтаи «Толибон», ки комилан тағйири шакл накардааст ва на мантиқ ва на воқеият наздикӣ дорад аз ҷониби баъзе аз давлатҳо дастгирӣ меёбад. Ин ҷараён хеле хатарнок аст, бо ин гурӯҳ набояд рӯякӣ ва дар соддагӣ рафтор кард.

Чанде пеш зимни суханронӣ дар назди уламои ислом Мавлавӣ Ҳайбатулло Охунд, роҳбари ҳаракати «Толибон» гуфт, “ҷиҳоди ҷангҷӯёнаш танҳо дар қаламрави Афғонистон хотима нахоҳад ёфт ва истиқрори шариат дар Афғонистон, танҳо марҳалаи аввали ҷиҳоди муваффақи «Толибон» аст”. Ба гуфтаи вай, дар оянда «Толибон» ва уламои афғон муваззафанд, ки тамоми ҷаҳонро ба сӯи мудирияти шариат раҳнамоӣ кунанд.

Бояд гуфт, ки «Толибон» то ҳол чеҳраи воқеии худро ба ҷомеа ошкоро нишон надодаанд ва паси парда андешаи ҷаҳонии ҷиҳод ва ташкили “Хилофати исломӣ” доранд. Изҳороти амири «Толибон» яке аз ошкорсозиҳои андешаҳои пасипардагии онҳо дониста мешавад.

Қобили зикр аст, ки баъзе чизҳоеро, ки қаблан ҷомеаи ҷаҳон ва созмонҳои байналмиллалӣ ба ҳаракати «Толибон» пешниҳод карда буданд пазируфта шудааст ё не? Ин савол саволҳои зиёдеро дар бораи ояндаи Афғонистон ва «Толибон» ба миён меорад. Оё «Толибон» метавонанд худро инкишоф диҳанд, то бо мантиқи таърих ва тавозуни қудрат дар ҷаҳон ҳамзистӣ кунад? Ё ба зудӣ нокомии қаблии худро такрор мекунанд? Оё метавонанд чархи таърихро бозгардонанд? Ё дигаргуниҳои бузурги инсонӣ ва тараққиёти технологии ба амал омадаро истифода баранд, ё сарфи назар кунанд? Ба ин саволҳо зиёда аз якуним сол мешавад, ки посух диҳанд.

Ҳаракати «Толибон» ва сенарияҳои ояндаи он пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама идеяи табдили «Толибон» ба ҳаракатӣ таҳаммулпазирӣ, ҳамзистӣ ва сулҳу осоиштагӣ, вале ҷонибдорони ин андеша он қадар боварӣ надоранд, зеро таърих, ҷуғрофиё, нажодпарастӣ, андешаи динӣ-мазҳабӣ онҳоро намегузорад, ки гузашт кунанд. Ҳувияти мазҳабӣ, фарҳангӣ ва сиёсии «Толибон» аз ин сенария пуштибонӣ намекунанд, воқеияти онро инкор мекунанд ва имкони ба таври ҷиддӣ шинохта шудани «Толибон»-ро аз байн мебаранд.

Аз нигоҳи таърих, ҷунбиши «Толибон» пас аз хурӯҷи артиши Шӯравӣ аз Афғонистон дар охири солҳои ҳаштодум ва аввали солҳои навадум бо сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон арзи ҳастӣ кардааст. Ҳаракати «Толибон» пас аз олуда шудан ба хуни халқи афгон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ шакл гирифтааст. Дар ин давра ҷунбиши «Толибон» бо ҷунбишҳои "исломии ифротӣ" ҳамкорӣ намуда, аз созмонҳои экстремистиву террористӣ пуштибонӣ дидааст. Ин раванд дар доираи сафарбаркунии густурда барои тасарруфи қудрат дар кишвар ва баъд аз он идома дошт. Ҳама дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли ҷанги шаҳрвандӣ ва тақсимоти Афғонистон буданд ва ҳаракати «Толибон» аз ин истифода намуда ба қудрат расид.

Ҳаракати «Толибон» як ҷунбиши исломӣ буда, пайрави мазҳаби суннист ва аз назари ақидаву усул ва фуруъи дин ба “Девбандӣ” пойбанд аст. Ҳаракати «Толибон» аз нигоҳи мутаҳаммили мазҳабӣ ифротгаро ва аз ҷиҳати уммати марҳума қавмпараст (паштун) мебошад. Аммо арзиш ва хатари он на аз мансубияти қавмӣ ва ақидаи диниаш, балки аз идеологияи ифротиаш, иртиботи наздики он бо “ҳаракатҳои бунёдгароӣ” ва “ташкилотҳои сиёсии исломӣ”, аз қабили “Ихвон-ул-муслимин”, “Ал-Қоида”, “Ансоруллоҳ”, “Акрамия”, “Лашкари Тайиба”, “Ҷундуллоҳ” ва ғайра бармеояд. Ҳар гуна нодидагирӣ нисбат ба ин ҳаракат, бо ҳар сабаб, ба ҷустуҷӯи роҳҳои мушкили мубориза бо он мусоидат мекунад.

Яке аз интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ин буд, ки дар Афғонистон ҳукумати ҳамашумул таъсис дода мешавад. Баъди ғасби Афғонистон «Толибон» ваъда дода буданд, ки ин шартро иҷро мекунанд, аммо дар саросари ҳукумат қориву муллову мавлавии қавми паштуро вазиру сарпарасту фармондеҳ ва ҳатто масъули корҳои техникиву хоҷагидорӣ таъин карданд, ки натиҷаи он фалаҷи идоравӣ чизи дигаре буда наметавонад. Ба ғайр аз ин «Толибон» дар Афғонистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро манъ карданд, ҷое барои фаъолияти сохторҳои маънавию фарҳангӣ боқӣ намонданд, мактабҳоро бастанд, ба ҷойи муассисаҳои фарҳангӣ тамрингоҳҳои ҷиҳодиву муассисаҳои таҳсилоти низомӣ таъсис доданд. Артиш ва пулиси миллиро комилан аз байн бурданд ва то ҳол аъзои артишу пулиси собиқро мавриди таъқиб қарор додаанд. Ба ҷойи он афроди таълимнодида ва мактабнарафтаро қабул кардаву духтаронро аз рафтан ба мактаб манъ ва кӯдаконро пушти курсиҳои таълими ҷиҳодӣ шинонидаанд. Ҳосили ин сиёсати қавмӣ ин буда, ки Афғонистонро фақру бекории саросарӣ, гуруснагии фалокатбор, заҷру шиканҷаи мардум, таъқиб ва қатли оммавӣ, худсариву беқонунӣ, норизоятӣ ва фирор аз кишвар фаро гирад.

Бо гузашти зиёда аз якуним сол ҳукумати «Толибон»-ро ҳеҷ кишваре ба расмият нашинохт, роҳбари ин гурӯҳ ба қудратҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор дод, ки агар ҳукумати «Толибон»-ро ба расмият нашиносанд, онҳо дар фикри интиқоли ҷиҳод аз марзҳои Афғонистон хоҳанд буд.

Дар солҳои 90-уми асри гузашта танҳо се кишвари ҷаҳон ҳукумати «Толибон»-ро ба расмият шинохта буд, инҳо Ҷумҳурии Исломии Покистон, Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб буданд. Ин ҳаракат ба зудӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ душманӣ карда, дар паҳлӯи терроризм ва террористон қарор гирифт ва бо мероси ифротгароёна ва суханрониҳои радикалии худ боқӣ монд.

Ҳодисаҳои 11-уми сентябри соли 2001 дар ИМА воқеияти ҳаракати «Толибон» ва пуштибонии онро аз терроризми байналмилалӣ нишон дод ва амнияти ҳамагониро ба хатар рӯ ба рӯ сохт. Ҳодисаҳои 11-уми сентябр ҷаҳонро ба ҳайрат овард ва ҷомеаи башариро такони равонӣ дод. Сарвазири Англия ин ҳодисаро “эълони ҷанг” ёд кард. Раиси ҷумҳури Амрико ин воқеаро “ҳамлаи мусаллаҳона” хонд. Чанде баъд Кохи Сафед масъулияти рӯйдоди хунини 11 –уми сентябри соли 2001- ро бар шабакаи “Ал-қоида” ва Усома ибни Лодан пайванд дод, ки фаъолияти ин созмони террористӣ ва роҳбари он дар қаламравӣ Афғонистон қарор дошт ва боиси ҳамлаи Амрико ба Афғонистон дар соли 2001 гардид, ки он то соли 2021 хуруҷи саросемагии Амрико анҷом ёфтааст.

Дар тӯли 20 соли ҳузури неруҳои байналмиллалӣ, афзалиятҳои ИМА танҳо шиорҳое буданд, ки амали воқеӣ ё судманд надоштанд. Инҳо шиорҳое ба мисли "демократия" ва "интихобот" бо қуттиҳои раъйдиҳӣ буданд, ки барои мутақоид кардани интихобкунандагони амрикоӣ хидмат мекарданд, аммо барои пуштибонӣ аз як гуфтугӯи муассири нави динӣ ва шаҳрвандӣ дар Афғонистон ҳеҷ коре накардаанд.

Пас аз суқути «Толибон» дар соли 2001 бо дастгирӣ ва фишори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Афғонистон дар асоси арзишҳои демократияи либералӣ ташаккул ва рушд ёфт. Интиқоли қудрат дар асоси арзишҳои демократия, яъне мардумсолорӣ, озодии баён ва васоити ахбори омма, ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи занон, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои шаҳрвандӣ сурат мегирифт ва «Толибон» ин арзишҳоро ҳамчун василае, барои расидан ба ҳадафҳои худ бидуни эътиқод истифода карданд.

Назми ҳуқуқӣ ва сиёсие, ки дар конфронси Бонн ва дар асоси сарқонуни Афғонистон ташаккул ёфт, бо воқеияти аслии ҷамъияти Афғонистон мувофиқ набуд. Ба ин маъно, ки ба ҷои ҳалли мушкилоти Афғонистон, боиси буҳрони сиёсӣ дар кишвар шуд. Тибқи сарқонуни Афғонистон, президент ба ҳайси Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ ва роҳбари ҳукумат дар шохаҳои иҷроия, қонунгузорӣ ва судӣ салоҳият дорад, аммо ноиби президент, ки ба мисли президент бо раъйи мардум интихоб мешуд, ҳеҷ гуна салоҳияти дар қонун муайяншударо надошт. Дар баробари ноиби президент низоми Афғонистон монеъи пайдоиши ҳизбҳои қудратманд мегардид.

Интихоботҳои президентие, ки дар Афғонистон бар хилофи конститутсия, иродаи мардум барпо гардида ва бо фишори Амрико ба анҷом мерасиданд, танҳо хушунати миллиро барпо мекарданд, ҳеҷ заминаи ҳуқуқӣ надошт. «Толибон» қонунияти ҳукуматро зери суол бурда, бо ин ҳукумат ба таври ҷиддӣ музокира накарданд, зеро ҳукумат на бо раъйи мардум, балки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида таъсис ёфтааст. Набудани заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсии ҳукумат яке аз омилҳои бунёдии бозгашти «Толибон» ба қудрат буд.

Стратегияи ИМА дар Афғонистон аз ибтидо дар пояҳои ноустувор сохта шуда буд - ба ҷои таъмини дастаҷамъии намояндагони тамоми халқҳои кишвар дар қудрат ва иқтисодиёти кишвар ва манфиатҳои миллии он ИМА танҳо ба як гурӯҳ – паштунҳо такя мекард. Инчунин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико манфиатҳои «Толибон»-ро қонеъ карда, дар чаҳорчӯби созишномаҳои махфӣ дастгирӣ меёфтанд. Дар дубора ба қудрат омадани «Толибон» инчунин тафриқаи дохилӣ, фурӯпошии сохтори ҳокимияти давлатӣ ва баргузории интихоботҳои президентии тақаллубӣ нақши муҳим бозидаанд. Дар натиҷа, дар солҳои ахир дар ин кишвар дар робита ба ҳукумати Афғонистон «буҳрони эътимод» авҷ гирифт ва «Толибон» дар ҷомеа маҳбубияти бештар пайдо карданд. Маҳз ҳамин буҳрони эътимод ба «Толибон» имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳ ба чунин муваффақиятҳои назарраси низомӣ ноил шаванд ва воқеан ба сари қудрат расидани онҳоро дар Афғонистон таъмин кунанд.

Ҳеҷ кас ҳуқуқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои амалӣ кардани манфиатҳои худ ва дифоъ аз амнияти худ баҳс намекунад, зеро он як кишвари сармоядорист, на хайриявӣ. ИМА бо шиорҳои хушку холӣ, ки ба мардуми Афғонистон ҳеҷ манфиате надошт, ҷонибдорӣ мекард ва барои бунёди ояндаи нав аз ақалиятҳои ин кишвар пуштибонӣ накард, танҳо барои нигоҳ доштани нақши худ дар Афғонистон талош кардааст.

Хуруҷи неруҳои ИМА аз Афғонистон ва ба ҳаракати «Толибон» супурдани Афғонистон як тасмими ғайримуқаррарӣ ва иштибоҳ нест, балки дар заминаи сиёсати пешгирифтаи ИМА сурат гирифтааст, ки дар даҳсолаи охир бо ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо «Толибон» амалӣ гардидааст. Созишнома бо «Толибон» ва мавқеи Афғонистон дар он як тасмими воқеии ИМА будааст.

Ба ҳам пайвастани либерализми ғарбӣ бо ҳаракатҳои бунёдгаро дар 10 соли охир омили муҳими таъсиргузор ба Афғонистон ва минтақа будааст. Дастгирии ҳаракатҳои бунёдгаро барои ба даст овардани қудрат дар баъзе кишварҳои Ховари Миёна ва Шарқи Наздик дар ҷараёни ҳодисаҳое, ки бо номи "Баҳори Араб" маъруфанд, як тасмими возеҳи пуштибонӣ аз фундаментализми динӣ мебошад. Ба ҷои қабули моделҳои созанда дар ҳалли амиқи масъалаҳои сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Афғонистон тасмимгириҳои ИМА баръакс будааст.

Ниҳоят, дигаргуниҳои умдае, ки имрӯз дар минтақа ва ҷаҳон дар натиҷаи тавозуни неруҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба амал меоянд, ҳатман таҷдиди назар гарданд. Ба қудрат расидани ҳаракати «Толибон» бо тамоми ифротгароӣ ва ваҳшонияташ дар Афғонистон ҷуз як ҳалқаи силсилаи тамоюлҳои сиёсӣ чизи дигаре нест ва он таҳлили амиқро тақозо мекунад.

 

Қудратзода Комрон Абдунабӣ

 

н.и.т., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва

Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

Ҳамидова Сарвиноз Фарруховна

 

ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва

Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ