АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ТСЗЯН ТСЗЕМИН - СЕЮМИН ПЕШВО ВА ЯКЕ АЗ БУЗУРГТАРИН РОҲБАРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Тибқи иттилои Ҳизби Комунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Агентии иттилоотии Синхуа, санаи 30 ноябри соли 2022 соати 12:30 собиқ раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзян Тсземин дар синни 96-солагӣ дар Шанхай аз олам даргузашт. Тсзян Тсземин соли 1993 раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб гардида соли 2003 ин мақомро тарк кард.
  Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
  “Муҳтарам ҷаноби Раис, Хабари даргузашти сиёсатмадор ва ходими шоистаи давлатӣ, собиқ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзян Тсземин боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
  Дар иртибот ба ин мусибати гарон ҳамдардӣ ва таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Раис, мардуми дӯсти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамаи наздикону пайвандони марҳум иброз менамоям.”
  Маҳз дар замони роҳбарии Тсзян Тсземин равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин босуръат рушд кард. Агар дар оғози роҳбарии Тсзян Тсземин, яъне дар соли 1993 ҳаҷми гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 8,9 миллион долларро ташкил медод, пас дар солҳои охири роҳбарии ӯ, яъне дар соли 2003, ба 38,8 миллион доллар расидааст.

                                                                                

  Ин нуқтаро низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи изҳори тасаллият қайд намудааст: “Ҷониби Тоҷикистон нақши шодравонро дар роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи равобити дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ сидқан эҳтиром мегузорад. Ба шарофати талошҳои пайвастаи ӯ муносибатҳои созандаи ду кишвари дӯст ҳамаҷониба густариш ёфта, ба сатҳи сифатан нав бардошта шуданд. Мулоқоту тамосҳои сермаҳсули худро бо ҷаноби Тсзян Тсземин бо некӣ дар ёд дорам”.
  Тсзян Тсземин роҳбари барҷастае буд, ки аз тарафи тамоми ҳизб, аз тарафи тамоми армия ва халқи сермиллати мамлакат обрӯю эътибори баландро соҳиб гардида буд. Тсзян Тсземин марксисти бузург, инқилобчии бузурги пролетарӣ, сиёсатмадор, шахсияти ҳарбӣ, дипломат, муборизи бошарафи замон барои идеалҳои коммунизм, роҳбари барҷастаи корҳои бузурги сотсиализм бо хусусиятҳои чинӣ буд. Вай аслиҳаи дастаи роҳбарикунандаи насли сеюми КМ ҲКҶМЧ ва асосгузори асосии идеяҳои муҳими “намояндагии сегона” буд.
  Чунин хизматҳои барҷаста ва хислатҳои шахсии ӯро на танҳо халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин балки роҳбарони сатҳи байналмилал низ эътироф намудаад. Аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд менамояд: “Ҷаноби Тсзян Тсземин бо фаъолияти доманадору сермаҳсули худ дар мансабҳои гуногуни баланду муҳими давлатӣ хусусияту муҳтавои як давраи комили рушди Ҷумҳурии Мардумии Чинро таҷассум намуда, дар дохили кишвар ва берун аз он соҳиби иззату эҳтиром ва обрӯву эътибори баланд гардида буд”.
  Тсзян Тсзэмин аз овони ҷавонӣ хуб таҳсил намуда, аз паи ҳақиқат буд, инчунин идеяҳои ватандӯстӣ ва инқилоби демократиро пайгирӣ менамуд. Вақти таҳсили донишгоҳӣ дар фаъолиятҳои ватандӯстонаи зидди Япония фаъолона иштирок намуда, ҷаҳонбинии марксистии худро ташаккул дод, инчунин интихоби роҳи ҳаётро ба охир расонда ниҳоят идеалҳо ва эътиқодҳои ҳаётиро баҳри озодии миллӣ ва хушбахтии халқ маъкул донист. Тсзян Тсзэмин дар соли 1947 баъди хатми донишгоҳи Шанхай "Тсзяотун" дар заводе ба кор даромад, инчунин дар мактаби шабонаи ҷамъияти ҷавонон дар байни коргарон ва ҷавонони касбӣ бо таблиғоти инқилоб машғул шуд. Дар соли 1949 вай коргаронро барои гузарондани чорабиниҳо барои муҳофизати завод дар давраи тайёрӣ ба озод кардани Шанхай сафарбар намуд.
  Тсзян Тсзэмин 17 августи соли 1926 дар Янчжоу дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Бобояш мутахассиси тибби суннатии Чин буда, наққошӣ ва хаттотиро дӯст медошт. Падараш шеър менавишт, дар синни 28-солагӣ дар ҷанги зидди Япония вафот кардааст. Тсзян Тсзэмин дар соли 1946 ҳамчун донишҷӯ ба сафи Ҳизби Коммунист дохил шуд. Донишгоҳи нақлиёт ва коммуникатсияи Шанхайро бо ихтисоси муҳандиси барқ хатм кардааст. Дар давоми 30 сол вай аз муҳандиси оддӣ то вазири саноати электронӣ расид.
  Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда дар солҳои «инқилоби маданӣ» Тсзян Тсзэмин ба «азнавтарбиякунии меҳнатӣ» дучор шуд, вале ба деҳот бадарға нашуда, балки мансаби ӯро паст карданд. Соли 1985 раиси шаҳри Шанхай ва баъди ду сол котиби якуми Кумитаи ҳизбии шаҳр таъин гардид.
  Маҳз хислатҳои шахсӣ ва андешаҳои созанда ба Тсзян Тсзэмин кӯмак намуд, ки дар зинаҳои маъмурии идораи давлатӣ зуд боло раванд:
  • Солҳои 1980-1982 дар вазифаҳои роҳбарикунандаи Кумитаи давлатии назорати воридоту содирот ва корҳои сармоягузории хориҷӣ фаъолият намудааст. Яъне таъсис ва фаъолияти аввалин минтақаи махсуси иқтисодии Чин (ММИ) дар Шенчженро назорат мекард;
  • Солҳои 1982-1985 вазири саноати электронии Ҷумҳурии Мардумии Чин;
  • Соли 1982 — аъзои КМ ҲКҶМЧ интихоб шуд;
  • Солҳои 1985-1987 раиси шаҳр ва раиси кумитаи ҳизбии шаҳри Шанхай таъин гардид.
  Тсзян Тсзэмин аз соли 1989 то 2002 котиби генералии Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва аз соли 1993 то 2003 раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин буд. Ӯ пас аз саркӯбии бераҳмонаи майдони Тянанмен дар моҳи июни соли 1989 ба раҳбарии ин кишвари сераҳолии ҷаҳон оғоз кард.
  Тсзян Тсзэмин ислоҳот ва сиёсати вусъат додани алоқаҳои шаҳрҳои калонтарини мамлакатро бо ҷаҳони берун пеш гирифт. Вақте ки дар моҳи апрели соли 1989 дар Шанхай ошӯбҳои зиддиҳукуматӣ сар заданд, Тсзян Тсзэмин тавонист низоъро бидуни истифодаи нерӯҳои ҳарбӣ ҳал намояд. Ин корнамоии Тсзян Тсзэминро роҳбари Чин Дэн Сяопин ба назар гирифта, ӯро вориси худ таъин кард.
  Яъне соли 1989 Тсзян Тсземин ба ҷои Чжао Тзян, ки аз тазоҳуроти тазоҳургарон дар намоиши донишҷӯён дар майдони Тянанмен пуштибонӣ мекард, котиби генералии Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Мардумии Чинро иваз кард. Пас аз ин, ҷаноби Чжао аз қудрат барканор ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.
  Соли 1993 Тсзян Тсземин раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин гардид. Вай дар сиёсати худ ислоҳоти Дэн Сяопинро давом дод. Тсзян Тсземин иқтисоди Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар ҷаҳон ба ҷои ҳафтум овард, ки ин яке аз корнамоиҳои ӯ мебошад. Дар замони Тсзян Тсземин Ҷумҳурии Мардумии Чин ба СУТ шомил шуд. Тсзян Тсземин назарияи «се намояндагӣ»-ро ба барномаи ҳизбӣ Коммунист дохил кард, ки мувофиқи он Ҳизби Коммунистӣ «намояндаи манфиатҳои қувваҳои пешқадами истеҳсолкунанда»-и халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин эълон карда шуд ва соҳибкорон ҳамчун қувваҳои истеҳсолкунанда дар баробари коргарон ва деҳконон қисми асосии онҳо буданд.
  Яъне дар соли 2000 бо ташаббуси Тсзян Тсземин маҳдудиятҳо барои ба ҳизб дохил шудани соҳибкорон ва намояндагони дигар табақаҳои ҷомеа, (ки аз рӯйи анъана ба пролетариат мансуб нестанд,) бардошта шуд.
  Инчунин аз ҷумлаи муваффақиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар замони Тсзян Тсземин ин узвияти Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Созмони умумиҷаҳонии Тиҷорат дар соли 2001 ва ҳаққи мизбонии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин мебошад. Тсзян Тсземин 14 ноябри соли 2002 расман аз вазифаи Котиби Генералии КМ Ҳизби Коммунистии Чин истеъфо дод ва 15 марти соли 2003 вазифаи роҳбарии ҶМЧ-ро низ тарк кард.
 
Талбаков Саидаҳтам,
ходими хурди илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ