АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Tucker Carlson Tonight

Муаллиф: Шамсиддин Каримов

Расм

Субҳи душанбеи 24 апрел расонаҳои иттилоотии дунё хабари аз кор озод намудани яке аз ситораҳои намоёни шабакаи телевизионии Fox News Такер Карлсонро пахш намуданд, ки доираи беш аз панҷмиллионаи ҳаводорон ва алоқамандони барномаҳои маъруфи ӯро дар Амрико ва берун аз он ба ҳайрат андохт. Карлсон аз ҷумлаи беҳтарин мубассирони ширкати Fox News маҳсуб мешавад, ки инак беш аз панҷ сол инҷониб дар қуллаи шуҳрати наттоқони сиёсии шабакаҳои телевизионии Штатҳои Муттаҳидаи Амрико қарор дорад. Тибқи хабари Bloomberg[1], бо пахши ин хабар арзиши саҳмияҳои шабакаи телевизионии Fox News ба андозаи 5% поён рафт ва ба ширкати мазкур беш аз 700 млн. доллар хисорот ворид намуд. Тибқи як хабари дигар, Fox News аллакай бештар аз як миллиардро дар асари чунин амал аз даст додааст[2].

Карлсон дар ширкати Fox News беш аз 14 сол аст, ки фаъолият менамояд. Аммо шуҳрати ӯ пас аз рӯи кор омадани барномаи маъруфи Tucker Carlson Tonight ба таври назаррас боло рафт. Дар давоми панҷ соли ахир ҳамарӯза расо соати 8 бегоҳ барнома-шоуи Карлсон бинандагони бешумори оинаи нилгунро аз тариқи шабакаи Fox News бо рӯйдодҳои тозаи на фақат Амрико, балки ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиву низомии тамоми ҷаҳон шинос мекард. Рейтинги Карлсон ва ҳамзамон бо ӯ шуҳрати шабакаи телевизионии Fox News низ пайваста боло мерафт. Албатта, Карлсон шахсияти оддӣ нест ва мавқеъу диди сиёсии ӯ на ҳамеша писанди ҳукуматдорон будааст. Масалан, ӯ тарафдори андеша ва рафтори президенти собиқ Доналд Трамп буд ва пайваста аз ӯ дифоъ мекард. Баръакс, мавқеи ҳизби демократӣ, махсусан маъмурияти президент Ҷо Байденро ба зери тозиёнаи танқид мегирифт. Гоҳо суханҳоеро мегуфт, ки дар фазои расмии Амрико қобили қабул нестанд. Масалан, дар моҳи апрели соли 2022 сиёсати дастгоҳи Байденро дар мавриди кӯмакҳои молӣ ба Украина танқид намуда, талаб намуд, ки ин амал бояд тафтиш шавад ва шаффофият дар маблағгузориҳо таъмин карда шавад. Президент Зеленскийро дар ҳамин замина “диктатор дар либоси варзишӣ” ном бурд. Ва ё дар мавриди анҷоми қазияи Украина изҳор дошт, ки роҳи ягонаи ҳалли масъала ин эътирофи Донбасс ва Қрим ҳамчун қисмати ҷудонопазири Россия мебошад[3]. Карлсон дар мавриди мушкилоти дохилии ҷомеаи Амрико, масъалаҳои марбут ба муҳоҷирон ва нажодпарастиву аққалиятҳои ҷинсӣ низ мавқеи мухолиф ба сиёсати расмии Амрико дошт.

Инак, бехабар аз ӯ, Карлсонро аз кор озод карданд. Чаро? Маълум, ки Карлсон ҳамчун журналисти касбӣ ҷойгоҳи арзандаи худро зуд ба даст меорад. Масалан, Владимир Соловёв аллакай даъват кардааст, ки Карлсон ба шабакаи телевизионӣ ва барномаҳои ихтисосии ӯ ба ҳайси мушовир ва ё барандаи барномаҳо марҳамат намояд: "Муҳтарам Такер! Матбуоти Америка охирин садои хиради худро гум кардааст. Мо бо камоли майл ба шумо ҷойи корро ҳамчун коршинос ё баранда пешниҳод хоҳем кард, агар чунин пешниҳод барои шумо ҷолиб бошад”, - омадааст дар Soloviev.Live Telegram.

Мушкилот сари ин нест. Мушкилот дар он аст, ки дар яке аз кишварҳои пешрафта ва демократии ҷаҳон журналистро барои озодии сухан ва мавқеъгирии усулиаш, ки мухолифи андеша ва аъмоли ҳукуматдорони расмист, аз кор сабукдӯш кардаанд. Ин як амали ғайридемократӣ ва ғайриқобили қабул аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тарафдорони арзишҳои аслии демократияро нигарон кардааст. Воқеан, дар арафаи интихоботи нави Амрико, дубора эълон шудани номзадии Байден ба курсии Президенти ШМА чунин кирдору рафтор ба вазъи умумии авзои сиёсии на танҳо Амрико, балки тамоми ҷаҳон бетаъсир нахоҳад монд.

 

Шамсиддин КАРИМОВ,

сарходими илмии

шуъбаи Аврупо ва Америка

26.04.2023

 


[1] Tucker Carlson’s Fox News Exit Erases $507 Million in Value // https://www.bloomberg.com/news/articles/2023-04-24/tucker-carlson-s-fox-news-exit-wipes-out-690-million-in-value?srnd=premium-middle-east&leadSource=uverify%20wall     

 

[2] Что стоит за увольнением Такера Карлсона // https://www.vesti.ru/article/3322185

[3] https://www.gazeta.ru/army/news/2023/03/14/19966987.shtml

БОЗГАШТ