ҲУҚУҚИ ИНСОН БА ЭНЕРГИЯ ВА МУШКИЛОТИ ҶАҲОНИИ ТАДБИҚИ ОН

Муаллиф: Сангинзода Дониёр

Расм

        Ҳуқуқи инсон ба энергия ҳамчун қисми ҳуқуқ ба ҳаёти муносиб, саломатӣ ва муҳити зисти солим шинохта мешавад. Ин ҳуқуқ дар санадҳои байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ таҳким ёфтааст. Дар соли 2022 Маҷмаи Умумии СММ бо Қатъномаи A/RES/76/300 аз 28 июли соли 2022 бо номи "Ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти тоза, солим ва устувор" ҳуқуқ ба муҳити зисти тоза, солим ва устуворро эълон кард, ки ин ҳуқуқро ба дастрасӣ ба энергияи тоза ва устувор васеъ мекунад. Ин қатънома, ҳарчанд ҳатмӣ нест, давлатҳоро водор месозад, ки сиёсатҳои харобкунандаро пешгирӣ кунанд ва дастрасӣ ба ҳавои тоза, оби бехатар ва иқлими устуворро таъмин намоянд, ки инҳо бевосита ба энергияи тоза (аз ҷумла барқароршавандаҳо) алоқаманд аст. Ин ҳуқуқ ба мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи ҳуқуқҳои осебпазирон, аз ҷумла занон ва духтарон мусоидат мекунад.

        Ҳуқуқи инсон ба энергия ҳоло ҳамчун ҳуқуқи мустақил эътироф нашудааст, аммо он ҳамчун ҷузъи ҳуқуқҳои дигар – ҳуқуқи ҳар як фард ба сатҳи кофии зиндагӣ (моддаи 11 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз 16 декабри соли 1966), ҳуқуқ ҳар як инсон ба сатҳи олитарини дастраси саломатии ҷисмонӣ ва равонӣ (моддаи 12 ҳамин Паймон), ҳуқуқ ба муҳити зисти солим (Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ A/RES/76/300 аз соли 2022) ва ҳуқуқ ба рушд шинохта мешавад. Гузориши Коршиноси махсуси СММ A/80/188 (соли 2025) ин алоқамандиро боз ҳам равшантар мекунад: “дастрасӣ ба энергияи арзон, боэътимод, устувор ва тоза”, ки унсури муҳими ҳифзи ҳуқуқҳои инсон аст.

         Намудҳои энергияро аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ метавон ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим кард:

1. Энергияҳои анъанавӣ (сӯзишвориҳои фоиданок – fossil fuels). Инҳо ангишт, нафт ва гази табиӣ мебошанд, ки ҳоло ҳам асоси низоми энергетикӣ мебошанд. Ин намудҳо боиси партоби газҳои гулхонаӣ ва моддаҳои заҳрнок мешаванд, ки ҳуқуқ ба муҳити зисти солим ва саломатиро вайрон мекунанд. Масалан, истифодаи ангишт боиси миллионҳо маргҳои бармаҳал аз бемориҳои нафаскашӣ мешавад (гузориши Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ). Дар ҳолатҳои гузариш аз ин энергияҳо давлатҳо вазифадоранд, ки ҳуқуқҳои кормандон (ҳуқуқ ба меҳнат – моддаи 6 Паймон) ва ҷомеаҳои маҳаллиро ҳифз намоянд, то бекорӣ ва нобаробарӣ ба вуҷуд наояд (Принсипҳои роҳнамои СММ оид ба тиҷорат ва ҳуқуқҳои инсон).

2. Энергияҳои барқароршаванда ва тоза (renewable and clean energy). Инҳо энергияи офтобӣ, бодӣ, гидроэнергетика (барқ), геотермалӣ, биомасса ва энергияи ҳастаӣ мебошанд. Ин намудҳо ҳуқуқ ба муҳити солим ва дастрасии устувор ба энергияро таъмин мекунанд. Онҳо партоби кам доранд ва ба мубориза бо тағйирёбии иқлим мусоидат мекунанд. Аммо лоиҳаҳои бузург (масалан, НБО-ҳои калон) метавонанд ҳуқуқҳои мардуми бумӣ ва маҳаллиро вайрон кунанд – кӯчонидани маҷбурӣ, вайроншавии экосистемаҳо ва таъсир ба ҳуқуқ ба ғизо ва об (гузориши A/80/188). Аз ин рӯ, ҳар лоиҳа бояд бо арзёбии ҳамаҷонибаи таъсири ҳуқуқӣ ва ширкати ҳақиқии ҷомеаҳо анҷом шавад.

         Дар гузориши A/80/188 бо номи "Равиши бар асоси ҳуқуқи инсон ба гузариши энергетикӣ", ки аз ҷониби Коршиноси махсуси СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва тағйирёбии иқлим Элиза Моргера таҳия шуда, дар моҳи июли соли 2025 ба Маҷмаи Умумии СММ (ҷаласаи 80-ум) пешниҳод гардид, дастрасӣ ба энергия ҳамчун унсури муҳим барои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ҳуқуқ ба саломатӣ ва ҳаёти муносиб тавсиф шудааст. Ин гузориш таъкид мекунад, ки давлатҳо вазифадоранд, ки гузариши энергетикиро бар асоси ҳуқуқҳои инсонӣ ба роҳ монанд, бо ҳифзи ҳуқуқҳо аз таъсири манфии рушди энергияҳои барқароршаванда ва истихроҷи маъданҳои зарурӣ аҳмият диҳанд. Давлатҳо бояд қонунҳои миллӣ дар бораи иқлим, энергия, табиат ва ҳуқуқҳои инсонро ҳамоҳанг созанд, арзёбиҳои ҳамаҷонибаи таъсири ҳуқуқӣ ва экологӣ гузаронанд ва ҳамкории байналмилалиро барои тақсимоти одилонаи фоидаҳо таъмин намоянд. Элиза Моргера таъкид кардааст, ки ҳуқуқҳои инсон роҳи асосӣ барои гузариши одилона ва устувори энергетикӣ мебошанд. Вай тавсия медиҳад, ки давлатҳо таъсири пурраи давраи ҳаёти энергияҳои барқароршаванда ва истихроҷи маъданҳоро ба одамон ва экосистемаҳо арзёбӣ кунанд, ҳалҳои энергетикиро бо ширкати ҳақиқии ҷомеаҳо ва фаъолияти илми олимони маҳаллӣ ва коршиносонӣ таҷрибавӣ таҳия намоянд ва истихроҷи маъданҳоро ба ҳадди зарурӣ маҳдуд созанд, то ба соҳаҳои зараровар ба иқлим мусоидат накунад. Давлатҳо вазифадоранд, ки нобаробариро дар истеҳсол ва дастрасӣ ба энергия ҳал кунанд, таъсири манфиро пешгирӣ намоянд ва ҳуқуқҳоро ба ғизо, об ва муҳити зисти солим ҳифз кунанд, ки инҳо аз лоиҳаҳои энергетикӣ таъсир мебинанд.

        Дар маҷмӯъ, ин санадҳои байналмилалӣ ва таҳлили гузориш таъкид ба он аст, ки дастрасӣ ба энергияи арзон, боэътимод ва тоза ҳуқуқи асосии инсон аст, ки бо ҳуқуқ ба рушд, ҳифзи муҳити зист, саломатӣ ва баробарӣ алоқаманд мебошад. Онҳо ҳамчунин мушкилоти тадбиқро, аз ҷумла таъсири манфӣ ба гурӯҳҳои осебпазир (занон, кӯдакон, мардуми маҳаллӣ ва кормандон), ҳалли одилонаи гузариш аз сӯзишвориҳои фоиданок ва ҳамкории байналмилалиро барои ноил шудан ба ҳадафҳои устувор зикр мекунанд. Ин таҳлил нишон медиҳад, ки ҳуқуқ ба энергия на танҳо масъалаи техникӣ, балки унсури муҳими адолати иҷтимоӣ ва экологӣ аст.

         Дар ҷаҳоне, ки бо тағйирёбии иқлим мубориза мебарад, энергияи тоза дар кам кардани партови газҳои гулхонаӣ нақши муҳим дорад ва ҳамчунин ба ҳалли мушкилоти дастрасӣ ба манбаъҳои боэътимоди энергия кӯмак мерасонад. Дар соли 2024 бозори энергетикии ҷаҳонӣ бо афзоиши талаботи рекордӣ ва мушкилоти мураккаб рӯбарӯ шуд, ки на танҳо иқтисодиёт, балки ҳаёти ҳаррӯзаи миллиардҳо одамонро таҳти таъсир гузошт. Тибқи гузориши Агентии Байналмилалии Энергетикӣ (International Energy Agency, IEA) талаботи умумии энергия дар соли 2024 ба 2,2% афзоиш ёфт, ки аз миёнаи 1,3%-ии солҳои 2013-2023 баландтар аст ва талабот ба барқ 4,3% афзоиш пайдо кард. Ин афзоиши калонтарин дар таърихи энергетика буда, асосан аз сабаби гармшавии глобалӣ, ки соли 2024 гармтарин сол дар таърих буд ва талабот ба кондитсионерҳо хароҷоти барқро то 20% афзоиш дод, инчунин аз густариши марказҳои маълумот ва зеҳни сунъӣ сарчашма мегирад.

        Партови гази диоксиди карбон (CO₂) ба 37,8 миллиард тонна расид, ки бо афзоиши 0,8%-ии истеъмоли сӯзишвориҳои фоиданок (аз ҷумла ангишт дар Осиёи рушдкунанда) шидидтар шуд. Ин мушкилот бо норасоии дастрасӣ ба энергияи тоза ва устувор муттаҳид шуда, таъсири манфии амиқ ба саломатии инсон, иқтисод ва иҷтимоиёти ҷомеа доранд. Тибқи гузориши соли 2025 маркази таҳлилии Ember дар соли 2024 зиёда аз 40% барқи ҷаҳон бидуни сӯзондани сӯзишвориҳои фоиданок истеҳсол шудааст. Аммо партови диоксиди карбон ба сатҳи рекордии худ расидааст  ва ҳавои гарм талаботи умумиро ба барқ афзоиш додааст. Ин маънои онро дорад, ки истифодаи нерӯгоҳҳои барқӣ, ки бо сӯзишвориҳои фоиданок кор мекунанд, афзоиш ёфтааст. Энергияи офтобӣ ҳамоно бо суръати баланд рушд мекунад. Дар се соли охир ҳаҷми энергияи аз Офтоб гирифташуда ду баробар шудааст. Имрӯз дар ҷаҳон афзоиши талабот ба барқ ҳанӯз ҳам аз афзоиши манбаъҳои энергияи барқароршаванда вобаста аст. Бинобар ин гарчанде ки саҳми энергияи экологии тоза то 40,9% афзоиш ёфт, ҳаҷми газҳои гулхонаӣ ҳанӯз коҳиш наёфтааст. Истеҳсоли барқ аз сӯзишвориҳои фоиданок, аввалан ангишт, ки 34% тамоми энергияи истеҳсолшударо ташкил дод ва газ (22%), дар маҷмӯъ 1,4% афзоиш ёфт. Партови ҷаҳонии диоксиди карбон дар соли 2024 ба сатҳи рекордии 14,6 миллиард тонна расид. Қисми назарраси ин афзоиш ба кишварҳои Осиёи зудрушдкунанда, хусусан Ҳиндустон ва Чин рост омад, ки афзоиши иқтисоди онҳо талаботи бештари энергетикӣ дорад.

         Яке аз мушкилоти калидӣ норасоии дастрасӣ ба энергия аст. Дар ҷаҳон тақрибан 685 миллион нафар одамон бе барқ зиндагӣ мекунанд ва 450 миллион нафар одамон бо барқи ноқулай рӯбарӯянд, ки аксаран дар минтақаҳои дурдаст, ноустувор ва даргири низоъҳо зиндагӣ мекунанд. То соли 2030 агар суръати кунунӣ идома ёбад 685 миллион нафар одамон ҳанӯз бе барқ мемонанд ва 1,8 миллиард нафар ба сӯзишвориҳои ифлос барои пухтупаз такя мекунанд. Сӯзишвориҳои ифлос ин намудҳои сӯзишворӣ мебошанд, ки ҳангоми сӯзондан миқдори зиёди газҳои гулхонаӣ (хусусан диоксиди карбон — CO₂, метан — CH₄), моддаҳои ифлоскунанда (мисоли оксидҳои сулфур SO₂, оксидҳои нитроген NOₓ, зарраҳои сахт PM2.5 ва PM10) ва моддаҳои заҳрнокро ба атмосфера партоб мекунанд. Ин сӯзишвориҳо асосан ба тағйирёбии иқлим, ифлосшавии ҳаво ва мушкилоти саломатӣ мусоидат мекунанд.

         Гузариши ба энергияҳои барқароршаванда пешрафт дорад, ки дар соли 2024 барқи тоза ба 40% расида, истифодаи нерӯи офтоб 29% афзоиш ёфт, аммо мушкилот дар инфрасохтор, сармоя ва амният вуҷуд дорад. Тибқи Индекси Гузариши Энергетикии соли 2025 65% кишварҳо пешрафт нишон доданд, аммо амният (бо вобастагии ба воридот ва шабакаҳои ғайримувофиқ) бетағйир мемонад ва 90% сармояи тоза ба кишварҳои пешрафта ва Чин равона мешавад, дар ҳоле ки 80% афзоиши талабот дар кишварҳои рушдкунанда рух медиҳад. Геосиёсат ва офатҳои табиӣ, ба монанди гармшавии рекордӣ нархҳоро ноустувор мегардонанд ва талаботро афзоиш медиҳанд. Дар соли 2025 камшавии захираҳои об яке аз мушкилоти асосии глобалӣ аст, ки аз тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, истифодаи нодурусти об дар кишоварзӣ ва саноат сарчашма мегирад.

        Тибқи гузоришҳои СММ ва Бонки Ҷаҳонӣ ҳарорати баландтар боронҳоро ғайримуқаррарӣ мекунад, пиряхҳо об мешаванд ва бухоршавӣ аз обанборҳо афзоиш меёбад, ки ин ба ҳаҷми об дар дарёҳо ва обанборҳо таъсири манфӣ мерасонад. Дар ҷаҳон зиёда аз 2 миллиард нафар бо норасоии об рӯбарӯянд ва то соли 2050 ин рақам метавонад афзоиш ёбад. Гидроэнергетика, ки тақрибан 14-16% барқи ҷаҳониро таъмин мекунад  аз ҳама бештар ба ин камшавӣ осебпазир аст, зеро истеҳсоли барқ аз ҳаҷми ҷоришавии об ва сатҳи обанборҳо вобаста аст. Дар соли 2023-2025 хушксолӣ дар Чин, Ҳиндустон, ИМА, Канада ва Ветнам боиси коҳиши истеҳсоли гидроэнергетика шуд (зиёда аз 100 кВт. соат камшавӣ) ва кишварҳо маҷбур шуданд ба сӯзишвориҳои фоиданок (ангишт ва газ) гузаранд, ки партови CO₂-ро афзоиш дод.

       Тағйирёбии иқлим яке аз омилҳои асосии таҳдидкунанда барои соҳаи энергетика аст. Тибқи гузориши солонаи Агентии Байналмилалии Энергетика таҳти унвони “Дурнамои Ҷаҳонии Энергетика 2025” ҳарорати баландтар, ҳодисаҳои экстремалӣ (гармӣ, хушксолӣ, тӯфонҳо) ва камшавии захираҳои об ба истеҳсол, интиқол ва талаботи энергия таъсири манфӣ мерасонанд. Соҳаи энергетика масъули зиёда аз 75% партови газҳои гелхонаӣ аст, аммо худ низ аз тағйирёбии иқлим зарар мебинад.

       Дар кишварҳои Осиё, ки талабот ба энергия бо суръати баланд афзоиш меёбад, мушкилоти асосӣ ба иқтисод ва иҷтимоёт рабт дорад. Дар Ҳиндустон гузариш ба энергияҳои барқароршаванда бо хатари бекоршавии кормандон дар соҳаи ангишт ва вобастагӣ ба сӯзишвоии фоиданок рӯбарӯ аст. Масалан тақрибан 400 миллион нафар ҳанӯз дастрасӣ ба барқ надоранд ва хароҷоти интегратсияи энергияҳои барқароршаванда баланд аст. Дар минтақаи Шимолу Ҷануби Шарқии Осиё ҳадафи 23%-ии саҳми энергияҳои барқароршаванда то соли 2025 эҳтимолан ноил намешавад, зеро саҳми онҳо дар соли 2022 танҳо 15,5% буд ва мушкилот дар иҷрои сиёсатҳои миллӣ ва нақшаҳои рушди қувваи барқ вуҷуд дорад. Ҳамчунин, камбуди молиявӣ калон аст. Масалан Индонезия ва Ветнам барои ноил шудан ба ҳадафҳои ташаббуси байналмилалии Шарикии Гузариши Одилонаи Энергетикӣ (JETP) Индонезия ба 66,9 миллиард ва Ветнам ба 135 миллиард доллар ниёз доранд, аммо аз 70% то 89% он иҷро намешавад, ки ин бо маҳдудиятҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ вобаста аст. Дар Ҷумҳурии Узбекистон тобистони (июл-август) соли 2025 қатъи зиёдёди барқ дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳо сабт шудааст, ки соатҳо аҳолӣ бе барқ монданд, ҳатто беморхонаҳо, кӯдакистонҳо ва муассисаҳои давлатӣ. Дар Ҷумҳурии Қирғизистон реҷаи фавқулодда дар соҳаи энергетика аз 1 августи соли 2023 то 31 декабри соли 2026 эълон шудааст. Ҳадафи асосӣ андешидани чораҳои фаврӣ барои баромадан аз буҳрони энергетикӣ, ки аз тағйирёбии иқлим, камшавию ҷоришавии об дар ҳавзаи дарёи Норин (аз ҷумла обанбори Тӯхтогул), норасоии қувваҳои истеҳсолӣ ва афзоиши босуръати талабот ба энергия сарчашма мегирад. Қирғизистон 90-95% барқашро аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ (гидроэнергетика) истеҳсол мекунад. Обшавии пиряхҳо ва хушксолӣ боиси пастшавии сатҳи об дар обанборҳо шудааст. Масалан, дар обанбори Тӯхтогул (асосӣ манбаъ) сатҳи об ба ҳадди рекордӣ паст расидааст. Дар ҳоле, ки истеъмоли барқ аз 17,2 миллиард кВт/соат дар соли 2023 то 19 миллиард то соли 2026 афзоиш меёбад. Камбудӣ дар соли 2023 — 3 миллиард кВт/соат, то соли 2026 — 5-6 миллиард мешавад. Покистон ва Афғонистон бо дастрасии паст ва ноустувори барқ рӯбарӯ ҳастанд. Покистон дастрасии расмӣ баланд дорад, аммо қатъиҳои зуд-зуд ва нархҳои гарон мушкилот эҷод мекунанд. Афғонистон бошад, вобастагии калон ба воридот ва инфрасохтори заиф дорад, ки дастрасиро хеле паст нигоҳ медорад. Дар тобистон ва зимистон соатҳо бе барқ мондан маъмул аст, хусусан дар деҳот ва минтақаҳои шимолӣ. Зиёда аз 70-80% барқ ба Афғонистон аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон ворид мешавад (тақрибан 800 МВт). Дар соли 2025 Эрон бо буҳрони шадиди энергетикӣ рӯбарӯ шуд, ки бо қатъиҳои васеи барқ, камбуди газ ва об алоқаманд аст. Ин буҳрон аз феврал оғоз шуда, то ҳол идома дорад ва ба миллионҳо нафар одамон дар шаҳрҳо ва деҳот таъсир гузошт. Қатъи барқ ҳаррӯза 3-4 соат (баъзан бештар) давом карданд, ки боиси басташавии мактабҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо гардид.

       Дар Аврупо, ки пешсафи гузариши энергетикӣ аст, мушкилот ба нархгузории баланд ва амният таъминӣ рабт дорад. Дар соли 2025 саноати аврупоӣ бо нархҳои баланди энергия, рақобати ҷаҳонӣ ва коҳиши талабот рӯбарӯ аст, ки бо бастани корхонаҳо ва бекорсозиҳо боиси деиндустриализатсия мешавад. Хатари нархҳои барқӣ панҷ баробар афзоиш ёфтааст ва вобастагии ба воридот (аз Русия аз 40% то 10% коҳиш ёфтааст) ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад, ки байни кишварҳо нобаробарӣ эҷод мекунад. Масалан Фаронса ва Шветсия пешсафанд, аммо Маҷористон ва Италия дар ҷустуҷӯ. Инфрасохтори барқӣ барои интегратсияи энергияҳои барқароршаванда кофӣ нест ва дар соли 2024, 11% истеҳсоли барқии навъҳои тағйирёбанда дар Ирландия сабт шудааст, зеро қобилияти интиқол ва нигоҳдорӣ намерасад. Дар соли 2025 яке аз бузургтарин қатъи барқ дар таърихи Аврупо рӯй дод. Қатъи барқи Нимҷазираи Иберӣ 28 апрели 2025 сурат гирифта ва ин ҳодиса асосан Испания ва Португалияро фаро гирифт, ки миллионҳо одамонро бе барқ гузошт ва қисман ба ҷануби Фаронса, Андорра ва ҳатто баъзе минтақаҳои дигар таъсир расонд. Ин қатъи барқ яке аз бузургтаринҳо дар зиёда аз 20 соли охир дар Аврупо буд ва боиси ҳалокати ҳадди ақал 8 нафар (аз сабаби сӯхторҳои шамъ ё заҳролудшавӣ аз генераторҳо) гардид.

       Африқо бо норасоии дастрасӣ ба энергия рӯбарӯ аст. Тақрибан 600 миллион нафар аҳолии ин минтақа барқ надоранд ва ин мушкилот бо таъсири иҷтимоӣ ва иқтисодӣ шидидтар мешавад. Дар Африқои Ҷанубӣ гузариш аз ангишт ба энергияи барқароршавандаҳо беш аз 100 ҳазор ҷойҳои корӣ ва аҳолии вобаста ба онро таҳдид мекунад, дар ҳолате, ки айни ҳол бекорӣ 33%-ро ташкил медиҳад. Африқо ба сармояи энергия ниёз дорад, аммо нисфи аҳолӣ (720 миллион нафар) аз хатҳои интиқол дур мебошанд ва талафоти барқӣ миёна 16% аст (муқоиса бо 9% ҷаҳонӣ). Дар Африқои Ғарбӣ талафоти интиқол ва тақсимот то 35% мерасад. Ин мушкилот ҳуқуқи аҳолиро ба энергияи тоза ва барои рушди иқтисодӣ таҳдид мекунанд. Нигерия бузургтарин давлати камбуд аз барқ дар ҷаҳон буда, тақрибан 86 миллион нафар бе барқ  зиндагӣ мекунанд. Дастрасӣ 70-80% буда, қатъ зуд-зуд ва вобастагии ба генераторҳо аст, ки зарари иқтисодӣ солона миллиардҳо доллар мебошад. Дар Ҷумҳурии Демократии Конго 79 миллион нафар бе барқ буда, дастрасӣ паст (20-22%) аст. Дар Эфиопия 56 миллион нафар одамон бе барқ мебошанд.

       Дар ИМА талабот ба барқ бо суръати рекордӣ афзоиш меёбад,  аммо навъҳои энергияи барқароршаванда (116 кВт лоиҳаҳо) бо таъхирҳои пайвастшавӣ ба шабака ва мухолифати сиёсӣ рӯбарӯ аст. Навъҳои энергияи барқароршаванда то 2030 танҳо нисфи талаботро фаро мегиранд. Дар Амрикои Лотинӣ интегратсияи системаҳои энергетикӣ ва молиявӣ мушкил аст ва ҳукуматҳо ба молияи иқлимӣ ва инноватсияҳои технологӣ ниёз доранд, то гузариши одилона таъмин шавад. Дар ИМА шабакаи барқӣ барои афзоиши 57%-ии инфрасохтор то 2035 кофӣ нест ва талафоти навъҳои энергияи барқароршаванда бо нархҳои баланди фоиз ва мухолифати маҳаллӣ афзоиш меёбад. Дар соли 2025 ИМА бо қатъиҳои зиёди барқ рӯбарӯ шуд. Мушкилот бо сабаби ҳавои шадид (тӯфонҳо, гармӣ), афзоиши талабот ба барқ (аз  марказҳои маълумот ва афзоиши аҳолӣ), инфрасохтори кӯҳна ва гузариш ба энергияҳои барқароршаванда вобаста буда, тибқи гузоришҳои Вазорати Энергияи ИМА хатари қатъи барқ афзоиш истодааст ва дар баъзе минтақаҳо (ҷанубу ғарб, соҳилҳои шарқӣ ва шарқӣ) вақти қатъи барқ то 12-18 соат мерасад. Инҳо ҳуқуқи дастрасӣ ба энергияро барои аҳолӣ ва иқтисодиёт таҳдид мекунанд.

      Бозори глобалӣ дар соли 2024 афзоиши 2,2%-ии талабот ба энергияро нишон дод, ки аз миёнаи 1,3% (2013-2023) баландтар аст ва талаботи барқӣ 4,3% афзоиш ёфт, ки 35% афзоиши умумиро ташкил медиҳад. Дар гузориши солонаи Дурнамои Ҷаҳонии Энергетика 2025 талабот ба нафт то 2050 афзоиш меёбад (то 113 миллион баста дар рӯз) ва сармояи энергияи барқароршавандаҳо ба 2 триллион доллар мерасад, аммо партови гази гулхонавӣ рекордӣ (37,8 миллиард тонна) мебошад. Навъҳои барқароршавандаи энергия (хусусан офтобӣ) суръаттарин афзоиш доранд, аммо мушкилот дар шабакаҳо, сармоя ва геосиёсат вуҷуд дорад. Ин вазъ таъкид мекунад, ки барои тадбиқи ҳуқуқи инсон ба энергия ҳамкорӣ ва сармояи одилона зарур аст. Ин мушкилот таъсири бевосита ба ҳаёти одамон доранд. Дар самти саломатӣ 2,1 миллиард нафар одамон (асосан занону кӯдакон) ба дуди хонаводагии ифлос аз сӯзишвориҳои нопок дучор мешаванд, ки боиси бемориҳои нафаскашӣ ва маргҳои зиёд мешавад. То соли 2030 22% аҳолии ҷаҳонӣ аз ин хатар эмин намемонанд. Бе барқ клиникаҳо ваксинаҳо нигоҳ дошта наметавонанд, оби тоза барои гигиена таъмин намешавад ва мубориза бо пандемияҳо мушкил мешавад. Дар таҳсил ва иқтисод бе барқ кӯдакон шабона вазифаи хонагии худро анҷом дода наметавонанд, занону духтарон соатҳо барои гирифтани об сарф мекунанд ва тиҷоратҳои хурд рақобатпазир намемонанд. Камчинии   энергия дар ҷаҳон имкониятҳои баромадан аз фақрро маҳдуд мекунад, бекорӣ ва нобаробариро афзоиш медиҳад ва қобилияти мубориза бо тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ ва ҳавои гармро коҳиш медиҳад. Дар минтақаҳои рушдкунанда афзоиши талабот ба барқ барои саноат рушдро дастгирӣ мекунад, аммо афзоиши партовиҳо ва нархҳои баланд деиндустриализатсия ва муҳоҷиратро ба вуҷуд меорад, хусусан дар Аврупо ва Осиё. Барои ҳалли ин мушкилот соли 2026 бояд соли афзоиши сармояи одилона, беҳбуди инфрасохтор ва ҳамкории байналмилалӣ эълон гардад, то ба ҳадафи 7-уми Рушди Устувор (Таъмини дастрасӣ ба энергияи арзон, боэътимод, устувор ва муосир барои ҳама) ноил гардем ва таъсири манфиро ба одамон кам намоем.

       Бар асоси таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба энергияи тоза ва устувор (мувофиқи Қатъномаи A/RES/76/300 ва гузориши A/80/188), мушкилоти глобалӣ (аз ҷумла камбуди дастрасӣ, партови CO₂, камшавии об ва қатъиҳои барқ дар минтақаҳо) ва таъкид ба гузариши одилонаи энергетикӣ (бо ширкати ҷомеаҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳо) барои ҳалли мушкилот 3 пешниҳоди асоснокро манзур менамоем:

1. Афзоиши сармоягузории байналмилалӣ ба энергияҳои барқароршаванда ва инфрасохтори энергетикӣ. 90% сармояи энергияҳои тоза ба кишварҳои пешрафта ва Чин равона мешавад, дар ҳоле ки 80% афзоиши талабот дар кишварҳои рушдкунанда аст, ки ин нобаробариро афзоиш медиҳад ва ҳуқуқ ба дастрасӣ ба энергияро таҳдид мекунад. Созмонҳои байналмилалӣ бояд барномаҳои монанди Шарикии Гузариши Одилонаи Энергетикӣ (Just Energy Transition Partnership – JETP)-ро васеъ кунанд, токи то соли 2030 ҳар сол 4,5 триллион доллар ба энергияҳои тоза (офтобӣ, бодӣ) бо таъмини кӯмакҳои молиявӣ ва таълимӣ барои гурӯҳҳои осебпазир (занон, коргарон дар соҳаи ангишт) сарф шавад.

2. Ҳамоҳангсозии қонунҳои миллӣ бо ҳуқуқҳои инсон ва сиёсатҳои иқлимӣ бо арзёбии ҳамаҷониба.  Давлатҳо вазифадоранд, ки қонунҳои миллӣ дар бораи иқлим, энергия ва ҳуқуқҳои инсонро ҳамоҳанг созанд (гузориши A/80/188) то таъсири манфии лоиҳаҳои энергетикӣ (аз ҷумла камшавии об ба гидроэнергетика ва нобаробарӣ дар дастрасӣ) пешгирӣ шавад. Давлатҳо бояд то соли 2030 арзёбиҳои ҳамаҷонибаи таъсири ҳуқуқӣ ва экологӣ барои ҳама лоиҳаҳои энергетикӣ (аз истихроҷи маъданҳо то гузариш аз сӯзишвориҳои фоиданок) бо ширкати ҳақиқии ҷомеаҳо ва мардуми маҳаллӣ ҷорӣ кунанд.

3. Таъмини ҳамкории байналмилалӣ ва рушди иқтидор барои ҳалли камбуди дастрасӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим. 685 миллион нафар одамон дар ҷаҳон бебарқанд ва камшавии об ба гидроэнергетика таъсир мерасонад, ки ин ҳуқуқ ба саломатӣ ва ҳаёти муносибро таҳдид мекунад. СММ ва кишварҳои пешрафта бояд барномаҳои монанди Ҳадафи 7-уми Рушди Устувор (SDG7)-ро тақвият диҳанд, то то соли 2030 ҳамкории байналмилалӣ барои рушди иқтидори кишварҳои рушдкунанда (аз ҷумла Африқо ва Осиё) дар энергияҳои тоза ва ҳалли камшавии об (масалан, нигоҳдории об дар обанборҳо) таъмин шавад.

 

САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад

муовини директори Институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

 

БОЗГАШТ