АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Уфуқҳои нави робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

Давлати Қатар яке аз давлатҳои рушдёфтаи ҷаҳон аст, ки аз рӯи захираҳои гази табиӣ дар ҷойи 3-ум, содиркунандаи гази табиӣ ҷойи 6-ум ва таъминкунандаи бузурги нафт ва маҳсулоти нафтӣ ҷойи 21-умро дар ҷаҳон ишғол мекунад. Доштани робитаҳои бисёрсамта бо чунин кишвари сарватманди Халиҷи Форс дар шароити имрӯза барои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад.

Бояд хотиррасон кард, ки муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор шуданд. Моҳи ноябри соли 2012 Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ва моҳи майи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа боз шуданд.[1] Ба андешаи мо муносибатҳои ду кишвар дар сатҳи олӣ, баланд ва дипломатӣ дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дохилии давлатҳо дар сатҳи дипломатӣ, дуҷониба, аз ҷумла самти сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳанг, маориф, илм ва ғайра, ва бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, байниминтақавӣ ва минтақавӣ хуб ба роҳ монда шудааст, ки дар он саҳми роҳбарони кишварҳо ва дипломатон назаррас мебошад.

Бояд зикр кард, ки Қатар дар самти афзалиятноки дипломатияи дуҷонибаи Консепсияи сиёсати хориҷии кишвари мо ҷойгоҳи хосса дорад ва дар он чунин зикр гардидааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истиқбол аз алоқамандии кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс, аз қабили Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар, Давлати Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, ба сармоягузории лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, ки аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ доранд, ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақаи мазкур саъй менамояд. Ба манзури таҳкими муносибатҳо бо ҷаҳони араб Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ густариш хоҳад дод”.[2] Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар асоси эҳтироми ҳамдигар, равобити дӯстӣ ва шарикии судманди гуногунҷанбаро роҳандозӣ намуда, пайваста пеш мебаранд. Миёни Тоҷикистону Қатар муколамаи созандаи сиёсӣ ба роҳ монда, самтҳои афзалиятноки тамоми маҷмӯи муносибатҳои ҷонибҳо мебошад.

Дар соли 2024 аввалин сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои араби ба Қатар оғоз ёфт. Чи тавре ки дар Паёми солонаи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ суханронӣ намуда, дар дурнамои сиёсати хориҷии кишвар чунин қайд карда буданд: “Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хосса дорад. Чунин рӯйкарди ба оянда нигаронидашуда асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар ин росто, мо ҳамкории худро бо кишварҳои ҷаҳони ислом боз ҳам густариш мебахшем”.[3] Дар мавриди рушди самтҳои сиёсати хориҷӣ махсусан бо давлатҳои мусулмонӣ қайд карданд, ки мо ҳамкории худро бо кишварҳои ҷаҳони ислом боз ҳам густариш бахшем. Сафари давлатии Пешвои миллат маҳз ба Давлати Қатар оғоз гардид. 21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ба Давлати Қатар сафар карданд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Давлати Қатар Ҳасан ибн Абдуллоҳ ал- Ғоним, раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ, Мудири бахши сармоягузории ширкати “Диёри Қатар” Аҳмад Муҳаммад Тайиб, Раиси Шӯрои мудирони ширкати энергетикии “Небрас” Муҳаммад Носир ал-Ҳоҷирӣ, Мудири иҷроияи Фонди Қатарии рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ ва Раиси бахши сармоягузории Фонди давлатии сармоягузории Қатар Шайх Файсал ибн Сонӣ Оли Сонӣ мулоқот карданд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба чунин самтҳо диққат намуданд:

- робитаҳои байнипарлумонӣ. Дар мулоқот густариши робитаҳои байнипарлумонии ду кишварро муҳокима карда, нақши парлумонҳо ва гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро дар самти фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии муносиботи байнидавлатии ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф муҳим арзёбӣ намуданд. Зимни мулоқот ҳамчунин дигар ҷанбаҳои ҳамкории байни давлатҳо, тавсеаи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишвар, ҷалби сармояи қатарӣ ва иштироки ширкатҳои давлативу хусусии Қатар дар тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар баррасӣ гардид.[4]

- Тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ. Масоили ҳамкорӣ ҷиҳати рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни ду кишвар баррасӣ карда шуд. Баргузории Форумҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таъсиси “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” омили муҳими густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ гардид. Ҷонибҳо оид ба истифодаи имконияту иқтидорҳои бузурги Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятноки саноат, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, роҳҳои транзитӣ ва бахши сайёҳӣ табодули андеша карданд. Дар мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи ин пешниҳодҳо барои густариш додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳо саҳми босазо мегузоранд.[5] Масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар арсаҳои гуманитариву фарҳангӣ низ мавриди муҳокима қарор доштанд.

- амалисозии лоиҳаи бунёди шаҳраки “Диёри Душанбе”. Масоили ҳамкорӣ бо ширкат дар самти амалисозии лоиҳаи бунёди шаҳраки “Диёри Душанбе” ва як қатор иншооти муҳим баррасӣ гардид. Татбиқи саривақтии марҳилаҳои дигари бунёди шаҳрак дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе зарур шумурда шуд. Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки бо дарназардошти беҳтар шудани шароити иҷтимоию иқтисодӣ талаботи аҳолии кишвар ба инфрасохтори замонавӣ, аз ҷумла манзилҳои зист ва таъсиси марказҳои савдои замонавии бузург дар Тоҷикистон афзоиш меёбад. Ҷалби сармояи ширкати қатарӣ ҷиҳати бунёди иншооти иҷтимоӣ ва рушди зерсохтори сайёҳӣ дар кишвари мо барои ҷонибҳо судманд арзёбӣ гардид.[6] Рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории байни кишварҳоро муҳим арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия мебошад. Ҳукумати кишвар бо мақсади рушди “Иқтисоди сабз” “Стратегияи рушди “Иқтисоди сабз” барои солҳои 2023 - 2037” -ро қабул намудааст. Дар Тоҷикистон бо мақсади истеҳсоли нерӯи барқ аз дигар сарчашмаҳои барқароршаванда, ба монанди манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Аз ҷониби Давлати Қатар даъват ба амал оварда шуд, ки имконияти сармоягузорӣ дар ин соҳаҳоро омӯхта, дар татбиқи амалии лоиҳаҳои афзалиятнок ба манфиати ду ҷониб ва ҷиҳати густариши ҳамкориҳо байни кишварҳо саҳми босазо гузоранд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуоти мавриди таваҷҷуҳ андешаронӣ карданд.[7]

-гидроэнергетикӣ. Ҷонибҳо оид ба имконияту иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ва баҳрабардорӣ аз ин неъматҳо ба манфиати ҳар ду давлат табодули андеша карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки кишвари мо барои рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳо бо Давлати Қатар дар соҳаҳои саноату энергетика таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисоди сабз “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023-2037”-ро қабул намудааст. Тоҷикистон имкон дорад 100 фоиз бо “энергияи сабз” таъмин гардад. Бо дарназардошти захираву имкониятҳои бузурги соҳаи гидроэнергетика, пешниҳод гардид, ки ҷониби Қатар дар татбиқи тарҳҳои муҳими соҳа барои манфиати ду кишвар саҳм гузорад. Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар кишвар таъсиси “Фонди муштараки иқтисодию сармоягузорӣ” зарур шумурда шуд. Дар охири мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи ин пешниҳодҳо барои густариш додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни ду кишвари дӯст саҳми босазо мегузоранд.[8]

Ҷонибҳо масоили рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳоро дар соҳаҳои саноату энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки дар самти ҷалби сармояи Қатар ба Тоҷикистон имкониятҳои бузург мавҷуд ҳастанд. Аз ин рӯ, пешниҳод карда шуд, ки ҷониби Қатар дар татбиқи чанде аз тарҳҳои афзалиятнок ба манфиати ҳар ду ҷониб иштирок намояд. Дар рафти мулоқот масоили баҳрабардорӣ аз иқтидори бузурги транзитии Тоҷикистон дар минтақаи АвруОсиё, энергияи таҷдидшавандаи кишвари мо, ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, муҳокима карда шуд. Бо дарназардошти имконияту иқтидори Тоҷикистон, сармоягузории ҷониби Қатар дар кори таъсиси марказҳои тақсимоти яклухт ва логистикӣ ҷиҳати коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар барои ду ҷониб боманфиат арзёбӣ гардид. Ҳамчунин зимни мулоқот пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” таъсис дода шавад.[9]

Пас аз анҷоми мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар дар ҳузури сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Аз рӯйи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ 9 санад имзо шуд:

-Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқдулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати мудофиаи граждании Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар;

- Барномаи аввалини амал дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ тибқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ барои солҳои таҳсилӣ (2024/2025-2025/2026-2026/2027).

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар барои солҳои 2024-2026;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди осорхона байни Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар;

- Изҳороти муштарак дар бораи рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Давлати Қатар;

- Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди молиявии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти танзимкунандаи фаъолияти хайриявӣ дар Давлати Қатар;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти минтақаҳои озоди Қатар;

22 январ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар баргузор гардид. Зимни суханронӣ Пешвои миллат зикр намуданд, ки ҳадафи мулоқоти имрӯза муаррифии бештару хубтари имконияти воқеии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду давлати ба ҳам бародар мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба вазъи кунунии иқтисодии Тоҷикистон ва арсаҳои алоҳидаи ояндадори ҳамкорӣ, аз ҷумла роҳҳои рушди минбаъдаи соҳаҳои стратегии иқтисоди мамлакат андешаронӣ карданд. Дар ҳамин ҳол соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ бахшҳои афзалиятнок маънидод гардиданд. Ҷалби сармоя ба соҳаҳои гуногуни иқтисод ва рушди соҳибкорӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар Тоҷикистон мутобиқ ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, имкониятҳои васеи сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, василаҳои марбут ба имтиёзҳои андозу гумрук ва кафолатдиҳӣ фаъолона истифода мегарданд. “Имрӯз дар кишвари мо зиёда аз 720 лоиҳаи сармоягузориҳои давлатӣ ба маблағи беш аз 13,8 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст.”

Таъкид гардид, ки узвияти Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ гувоҳи мутобиқ будани қонунгузории мо ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои ду давлат номида шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дорои сарватҳои фаровони табиӣ, бахусус об ва канданиҳои фоиданок мебошад. Зимни суханронии пурмуҳтаво Президенти мамлакат ҳамчунин оид ба имконоти фарохи сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозӣ андешаронӣ карданд.

Таъкид шуд, ки истифодаи самараноки имкониятҳое, ки дар бахшҳои зикргардида мавҷуданд, ворид намудани технологияҳои муосир ва ҷалби сармояро тақозо менамояд. Дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунад ва дар онҳо барои сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин оид ба имконоти васеи ҳамкорӣ бо ширкатҳои қатарӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, зерсохтори нақлиётӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, авиатсияи гражданӣ ва сайёҳӣ, бахусус саёҳати кӯҳнавардӣ, экологӣ ва беҳдоштӣ андешаҳо баён карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодҳои сармоягузорони қатариро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар самтҳои афзалиятноки зикргардида бодиққат омӯзад ва дастгирӣ намояд.

 

Соҳиби Баҳруло,

мутасаддии кор бо магистрон ва докторантони Phd

 


[1] https://mfa.tj/tg/main/view/134/munosibathoi-tojikiston-bo-qatar

[2] https://mfa.tj/tg/main/view/988/konsepsiyai-sijosati-khorijii-jumhurii-tojikiston

[3] http://prezident.tj/node/32191

[4] http://prezident.tj/node/32344

[5] http://prezident.tj/node/32346

[6] http://prezident.tj/node/32348

[7] http://prezident.tj/node/32352

[8] http://prezident.tj/node/32350

[9] http://prezident.tj/node/32354

БОЗГАШТ