АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

УФУҚҲОИ НАВТАРИНИ МУНОСИБАТҲОИ ДУҶОНИБАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону

Расм

УФУҚҲОИ НАВТАРИНИ МУНОСИБАТҲОИ ДУҶОНИБАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

30 июли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд. Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ доир ба ҷанбаҳои мухталифи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари бародар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Зикр гардид, ки арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунии ду кишвари ҳамзабон заминаи устувори муносиботи дуҷонибаро ташкил медиҳанд. Зимнан аз раванди таҳкиму густариши робитаҳои парлумонӣ ва фаъолияти Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ изҳори қаноат карда шуд. Таъкид гардид, ки робитаҳои мақомоти қонунгузор дар фароҳам овардани заминаи мусоид барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат нақши муҳим доранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи муколамаи созандаи байни манфиатовар арзёбӣ намуда, аз Муҳаммад Боқири Қолибоф даъват намуданд, ки ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон муносиб ташриф биёранд.

Дар доираи чорабинии марбут ба маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ доир ба таҳким ва густариши бемайлони робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории муваффақонаи интихоботи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро ба Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, изҳори бовар намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати нави Эрон муносибатҳои ду кишварро боз ҳам рушд хоҳанд дод. Дар идомаи суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муштаракоти таърихию фарҳангии мардумони дӯсту бародари ду кишвар ва алоқамандии ҷонибҳо ба тавсеаи робитаҳо дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ ёдовар шуда, “азму иродаи устувори ҷониби Тоҷикистонро ба идомаи ин раванд” таъкид доштанд. Бо ибрози қаноатмандӣ аз густариши бемайлони робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ, бахусус тайи солҳои ахир, ҳарду ҷониб изҳори умед намуданд, ки ин раванди самарабахш минбаъд ҳам идома хоҳад дошт. Дар вохӯрӣ ҳамчунин доир ба як зумра масоили байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи андеша сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат муҳтарам Масъуди Пизишкиёнро ба муносибати оғози фаъолияташон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, ба он кас хоҳони комёбиҳо шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамчунин, аз Масъуди Пизишкиён даъват намуданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон бо боздиди расмӣ ташриф биёранд.Инчунин Пешвои муаззами миллат дар маросими савгандёдкунии иштироки бевосита доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки кишварҳои мо дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро минбаъд ҳам густариш хоҳанд дод.

Зимни суҳбат ҳарду ҷониб аз вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, энергетика, саноат, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва тандурустӣ, илму маориф ва фарҳанг изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки ин раванди судбахш дар оянда низ бояд идома ёбад.

Ба андозаи панҷ маротиб афзоиш ёфтани табодули мол, ки тайи солҳои ахир ба назар мерасад, бозгӯй аз иқтидори бузурги ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бародар номида шуд.

Дар ин робита таъмини фаъолияти бештари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва истифодаи муассир аз Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва Шурои муштараки соҳибкорони ду кишвар зарур дониста шуд.

Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои обу энергетика, нафту газ, технологияҳои муосир ва ҷалби сармоя ба ин самтҳо алоқамандӣ зоҳир намуданд.

Ҷониби мо ба истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Бандар-Аббос ва Чобаҳор барои ҳамлу нақли молу маҳсулоти Тоҷикистон изҳори манфиатдорӣ намуд.

Ҳарду ҷониб иқдоми лағви низоми раводидро барои рафтуомад миёни ду кишвар ба муҳлати то 30 рӯз рӯйдоди муҳим номида, изҳори бовар намуданд, ки он ба рушди сайёҳӣ ва умуман робитаҳои дуҷонибаи мардумони ду кишвар мусоидати фаъол хоҳад дошт.

Таҳкими ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва киберӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Сарони ду давлат ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор анҷом доданд.

Мавриди зикр аст, ки ду давлатро ҳамзабонӣ, ҳамфарҳангӣ, тамаддуни муштарак ва мероси ғании пешина, новобаста аз вазъи сиёсии дохилию хориҷии кишварҳо ду миллатро ба ҳам мепайвандад. Ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистону Эрон ҳанӯз дар охирҳои асри XX оғоз гардидааст. Ҷумҳурии Исломии Эрон бори нахуст истиқлоли Тоҷикистонро пазируфта, 9-уми январи соли 1992 марҳилаи нави муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд.

Воқеъаҳои муҳимми таърихи байни кишварҳо ин аст, ки сафари охири собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон шодравон Иброҳим Раиси ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ташриф оварда ҳамкориҳо дар заминаи саноат, маъдан, фанновариҳои ҷадид, транзит ва нафт густариш ёфтанд. Зиёда аз ин, ҳамкориҳои дуҷониба дар байни Тоҷикистону Эрон дар самтҳои улуми дақиқу техникӣ, аз қабили нано, биотехнология, тавлидоти петрокимиё, тавлиди доруҳои нав барои муолиҷаи беморони саратонӣ, таҷҳизоти пизишкии пешрафта ҷиҳати амали ҷарроҳии магз, доруҳои кимиёвӣ ва мукаммилҳои рушди тавлидоти кишоварзӣ тавсеа дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки рушди ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои хориҷӣ, дар асоси моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», яъне ташкили ҳамкории фарҳангии байналмилалӣ, барқарор намудани робитаҳои фарҳангӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалии соҳаи фарҳанг ба роҳ монда шуда, равобити фарҳангию адабӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи баланд қарор доранд. Зеро густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба дар байни Тоҷикистону Эрон бар шарикии табиии стратегӣ асос ёфтаанд.

Ногуфта намонад, ки аз 11 то 13 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе симпозиюми бахшида ба “Шашмақом” баргузор гардид, ки дар он ҳунармандон аз кишварҳои Эрон, Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон ширкати фаъолона намуданд.

Дар ҳамин радиф намояндагони Вазорати фарҳанг аз 8 то 18 майи соли ҷорӣ дар 35-умин Намоишгоҳи китоби Теҳрон ширкат намуда, зиёда аз 150 номгӯи китобҳои илмӣ, бадеӣ, таърихи ва донишномаиро ба намоиш гузоштанд. Аз тарафи хонандагони Теҳрон китобҳои тозаи тоҷикӣ хело хуб пазируфта шуданд.

Робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Эрон беш аз пеш густариш ёфта, миёни ду кишвар Комиссияи муштараки байнидавлатии иқтисодиву тиҷоратӣ амал мекунад, ки фаъолияти назаррасе дорад. Нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар он самтҳои асосии ҳамкориҳои миёни идораву муассиса ва созмону ширкатҳои ду кишвар мушаххас карда шуданд, дар густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон бузург мебошад. То имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз 15 ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуда, дар ин замина айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 150 ширкати эронӣ фаъолият мекунанд.

Яке аз самтҳои муҳимми ҳамкориҳои Тоҷиикистону Эрон дар соҳаи энергетика буда, татбиқи протокол оид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» мебошад, ки соли 1995 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидаст. миёна дар ҳавзаи дарёи Варзоб дар мадди назари ҷонибҳо қарор доранд.

Дар соҳаи нақлиёту роҳсозӣ ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар бунёди нақби «Истиқлол» («Анзоб») ва лоиҳакашии нақби «Хатлон» («Чормагзак») ва сохтмони марҳилаи дуввуми роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар ба чашм мерасад ба охир расидааст. Дар замони Истиқлол масоили муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардида ва ҳамзамон санадҳои муфиди ҳамкориҳои соҳавӣ оид ба маориф, мудофиа, саноат, кишоварзӣ, сохтмон ва гайра ба имзо расиданд. Ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ низ назаррас аст. Мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон санадҳои дуҷониба ба имзо расонида, афзоиши табодули толибилмони ҷонибҳо пайваста мушоҳида мешавад.

Тоҷикистону Эрон ҳамчунин дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, нозири Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай фаъолиятҳои муштарак доранд ва пайваста аз мавқеи ҳамдигар дар ин созмонҳо дифоъ мекунанд. Иҷрои бархе аз тарҳҳои иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон дар чорчӯби барномаҳои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) сурат мегиранд.

Марҳилаҳои таърихие ки дар муносибатҳо таъсир гузошт ва ба рушди ҳамкориҳои бисёрсамтаи ду кишвар мусоидат кард, ки чунин давраҳо дар бар мегирад:

-Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин кишваре мебошад, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳанӯз соли 1992 ба расмият шинохт;

-муносиботи дипломатӣ байни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг моҳи январи соли 1992 барқарор шуд.

-дар Душанбе сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба фаъолият шурӯъ намуд, ки нахустин сафорати давлати хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

-18 июли соли 1995 тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафорати кишвари дар шаҳри Теҳрон ифтитоҳ гардид.

-июли соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон сафари расмӣ анҷом доданд, ки зимни ин сафар «Ёддошти тафоҳум перомуни густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон» ба имзо расид

Ногуфта намонад, ки дар тӯли 33 соли истиқлолият Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон 15 бор сафари давлатӣ, расмӣ ва корӣ доштанд. Сафарҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар сатҳои олӣ буд, ки сатҳи робитаҳои гуногунҷабҳаи ду давлатро ба вуҷуд оварданд. Дар ин муддат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумзурии Исломии Эрон санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва илм-маориф ба имзо расид. Айни замон тибқи маълумотҳои зиёда аз 180 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Шартномаҳои байни кишварҳо дар бунёди асосҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба нақши ҳалкунандаро иҷро истодааст. Бояд қайд кард, ки санадҳои имзошуда ба таҳкими робитаҳои дарозмуддат мусоид карда, амалишавии онро ба тариқи лоиҳаҳо инъкос мекунем.

Дар тули Истиқлоли Тоҷикистон муносибатҳои Эрону Тоҷикистон на ҳама вақт ҳамвор буд лекин тафаккури солиму ҳамдигар фаҳми байни ду кишвар ниҳоят ғалаба кард. Нақши шодравон собиқ Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раиси дар ин раванд хело назаррас буда. Ҳангоми сафарашон чунин ибрози ақида намуда буданд: “Амнияти Тоҷикистон, амнияти Эрон аст. Боварии мо ин аст, ки ҳар гоме, ки дар ҷиҳати пешрафт дар кишвари Тоҷикистон бардошта мешавад. иззати ҳамаи мост. Дар ин ҷиҳат аз ҳеҷ ҳамкорие дареғ нахоҳем дошт.”

Ногуфта намонад, низоми раводид барои рафтуомад миёни ду кишвар ба муҳлати то 30 рӯз рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро барои рушди ҳамкориҳои ду кишвар ин иқдоми нек инчунин такони бузурге аст. Бо эътимоди комил гуфта метавонем, ки дар оянда самтҳои афзалиятнок барои ҳарду кишвар, дӯстию бародари ҳамдигарфаҳмӣ дар ояндаи наздик дар соҳаҳои муҳими байнидавлатӣ ва байни ду халқҳои куҳантамаддун саҳифаи беназири муносибатҳо арзёбӣ мешаванд.

Санавбарбону Воҳидова,

мудири шуъбаи Аврупои

Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 доктори илмҳои таърих, профессор

Бознашр: https://amit.tj/tj/ufukkhoi-navtarini-munosibatkhoi-duchonibai-chumkhurii-tochikiston-va-chumkhurii-islomii-eron

БОЗГАШТ