АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҳунарҳои мардумӣ дар Бадахшон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ба ифтихори “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

    Соли 2018, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст, саҳифаи наве дар таърихи Тоҷикистон кушод. Ин ибтикор натанҳо фарҳангу анъанаҳои халқи тоҷикро эҳё менамояд, балки метавонад Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ созад.

    Албатта, ҳунарҳои мардумӣ метавонад ҳам муаррифгари фарҳанг бошад ва ҳам сатҳи зиндагии мардумро баланд бардорад. Аз ин лиҳоз, аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 апрели соли 2014 ироа шуда буд, ёдовар шавем: «Ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуӣли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи занон ва оила, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бори дигар супориш дода мешавад, ки доир ба тақвияти низоми ягонаи омӯзиши касбии шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳунарҳои дастӣ ва дигар намудҳои косибӣ, барои занону духтарони хонашин ва бо ҳамин роҳ паст намудани шиддати бекорӣ чораҳои зарурӣ андешанд».

    Вазифадор кардани вазорату корхонаҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар шаҳодати баланд бардоштани зисту зиндагии моддии шаҳрвандон ва инчунин иқтисодиёти давлат мебошад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳар фарди соҳибҳунару соҳибкасби ҷомеаи мо метавонад тавассути ҳунари ба ёдгормондаи авлодӣ ҳаёти худ ва наздиконашро беҳтар созад.

    Албатта инсоне, ки соҳибкасб аст, соҳиби эҳтиром ва лоиқи таҳсини ҳамагон ба ҳисоб меравад. Ба ин хотир, меҳру муҳаббат нисбат ба ҳунарҳои аҷдодӣ ва арзишҳои миллии хеш ин ифтихори ҳар шахс ба ҳисоб меравад.

     Ҳунарҳои мардумӣ яке аз аносири муҳими ин ё он минтақа маҳсуб ёфта, ба рушду пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ таъсири мусбии худро мерасонад.

    Лозим ба ёдоварист, ки шуарои бузурги мо дар баробари илм андӯхтан аз хурдӣ ба касбу ҳунар шуӣл доштаанд. Масалан, Устод Рӯдакӣ ҳам ҳунари ӯдсозиро дошт ва ҳам ҳунари рӯднавозӣ, Хайём ҳунари хаймадӯзиро касб намуда буд.

    Дар айни замон мардуми меҳнатдӯсти тоҷик натанҳо ҳунари мардумиро аз насл ба насл мерос мондаанд, балки онро давра ба давра сайқал медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳунармандон тавонистанд, ҳунарҳои бештари худро тавассути васоити технологияи муосир ба роҳ монанд. Ба вижа, нассоҷӣ, қолинбофӣ, чинисозӣ ва дигар аз шумури чунин ҳунарҳоянд.

    Ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи он дар тамоми навоҳиву манотиқи Тоҷикистон дорои арзишҳои худ буда, ҳар кадом нозукиҳои хоси худро доранд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар баробари дигар манотиқи Тоҷикистон низ ҳунарҳои мардумии арзишмандро соҳиб аст ва таърихи хеле куҳан дорад.

    Дар ВМКБ мавзеъҳое ҳастанд, ки мардуми он бо номҳои мухталиф, ба мисли шуӣнониҳо, ишкошимиҳо, язгуломиҳо, рушониҳо, бартангиҳо, вахониҳо, мунҷониҳо  зиндагӣ мекунанд. Онҳо натанҳо ба забонҳои мухталиф суҳбат мекунанд, балки маросимҳои суннативу ҳунарҳои хоси худро доранд.  

    Бадахшон бо ҳунарҳои мардумӣ ва мавзеъҳои таърихии худ натанҳо дар дохил, балки берун аз он дар хориҷи кишвар густурда шудаанд. Ба мисли, Ямчун – қалъаест дар ноҳияи Ишкошим. Қалъаи мазкур ба асри III пеш аз милод – асри VI милодӣ мансуб аст. Қаҳқаҳа – номи қалъаест дар ноҳияи Ишкошим ҷойгир аст. Чашмаи Носири Хусрав – дар ноҳияи Шуӣнон дар Поршинев ва 8 км аз маркази шаҳри Хоруӣ ҷойгир аст. Ҳар мавзеи таърихӣ ривоятҳои халқӣ ва асоси илмии худро дорад. Бинобар ин коршиносон ба ин назаранд, ки бо рушди зербинои бозори кӯҳнавардӣ ва бостоншиносӣ, Бадахшон метавонад ба унвони як макони мавриди таваҷҷӯҳи кӯҳнавардони ҷаҳон қарор гирад.

    Дар ҳунари хӯрокпазӣ ҳам мардуми Бадахшон маҳорати хуб доранд ва ба пухтани хӯрокҳои қадимӣ шавқу рағбат доранд. Ноххъухъпа (навъи хӯрокест, ки аз зардолуи хушк тайёр карда мешавад), ширчой, махбоҷ, боҷ, ош, ширруӣан, пихът, хихъц, амо:ч, ша:т, қандба:т, килехъсак ва ӣайраҳо.

    Дар баробари дигар ҳунарҳои мардумии Бадахшон либостайёркунӣ низ аз қадимулайём дар байни халқ маълуму маъруф буд. Масалан, тоқӣ, гилем, ка:фхъ, по:пухъ, ҷири:б (ҷуроби бадахшонӣ) ва ӣайра.

    Инчунин, мардум аз масолеҳи мухталиф асбобҳои лозимии рӯзгор тайёр намуданд, ки бузургтаринашон чид ё хонаи помирӣ мебошад, ки тамоми афроди сайёраро бо зебогиву латифии худ дар ҳайрат мондааст. Ё ин ки намад (навъи қолинест, ки аз пашми гӯсфанд тайёр карда мешавад), пиле:с (навъи қолинест, ки аз пашми буз тайёр карда мешавад), пӯстак, чалакак, ча:рх, ӣӯ:ӣъцак (зарфи махсусест, ки аз гил сохта мешавад), шап, циму:д (барои кашонидани ашёҳо), гъач, чапа:р, анҷа:м, сипарен, спо:рнюӣ (олоти махсусест, ки барои шудгор кардан истифода мекунанд) ва ӣайра. Ҳанӯз ҳам дар баъзе навоҳи Бадахшон аз сабаби надоштани қувваи кории техникӣ, ба вижа трактор аз ҳамин усул истифода мекунанд.

    Паёми имсола ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ, дурнамои масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар буда, дар он таҳлилу барқарории масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла, қавӣ гардонидани робитаҳои бисёрсамта бо кишварҳои дунё, ҳифзи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда, рушди соҳаи сайёҳӣ пешбинӣ шудааст.

     Паёми навбатӣ, ки ду самти афзалиятноки ҷомеа-ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳиро дар бар мегирад, таърих, фарҳанг ва маданияти тоҷиконро ба сайёҳон талқин менамояд. Маҳз сайёҳон анъанаву ҳунарҳои мардумии моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд. Ҳар эҷодиёти ҳунарие, ки дорои зебогии эстетикӣ ва сифати баланди хоси худ мебошад, натанҳо ҷойгоҳи дохилии худ, балки берунаро низ баланд мебардорад. Ҳар сайёҳе, ки аз Тоҷикистон дидан мекунад, аввал аз меҳмоннавозии мардум, баъдан аз ҳунари мардумӣ суҳбат мекунад.

    Афроди зиёди хориҷӣ, ба вижа Амрикову Аврупо, Канадаву Россия, Ҷопону Чин, Ҳиндустону Покистон, Эрону Афӣонистон ва дигар манотиқи дунё дучор мешавем, ки дар хонаҳои худ ашёҳои зиёди ҳунарҳои мардумии тоҷикиро чун ёдгорӣ ҳифз кардаанд.

Гулмоҳ Шозиёева

котиби илмии

ИОМДОА АИ ҶТ

БОЗГАШТ