АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҳунарҳои мардумӣ – муаррификунандаи миллат

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.
   Дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омадаанд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале расидан ба ҳадафҳои пешниҳодшуда як сол басанда нест”. Аз ин рӯ, се сол паи ҳам “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.    Ин иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми Тоҷикистон як руҳияи тоза бахшид. Зеро Тоҷикистон яке аз кишварҳои сайёҳӣ ба шумор рафта, сайёҳон аз кишварҳои хориҷӣ ба мамлакати мо сафар менамоянд ва аз ҳунарҳои мардумӣ, фарҳангу маданияти миллат бохабар мешаванд. Роҳбари давлат дар Пайёми ахири худ қайд карданд: “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои бо шуғл фаро гирифтани аҳолии меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мо ба ҳисоб меравад.”
   Дар ин иқдоми пешгирифта оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо мактаби ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил ва ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин мактабҳо аз рӯӣ усули анъанавии миллӣ шогирдон тарбия меёбанд.
   Тавре маълум аст, сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, пеш аз ҳама диққати онҳоро кӯҳҳои сарбафалаккашида ва табиати буҳиштосои он ҷалб мекунад. Ин аст, ки бештари ҳунарҳои мардумии мо дар деҳот мавҷуданд. Кандакорӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, табақтарошӣ, оҳангарӣ, чакандӯзӣ, заргарӣ ва дигар ҳунарҳоро мардуми деҳот то ба имрӯз оварда расонидаанд. Бо эълон гардидани ин солҳо барои мардуми кӯҳистон шароит фароҳам омад, ки ҳунарҳои хешро бештар инкишоф диҳанд.
   Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ яке аз анъанаҳои қадимаи миллии тоҷикон буда, муҳаққиқ П.А. Гончарова онро дар радифи дигар усулҳои шогирдтайёркунӣ баррасӣ намудааст. Тадқиқоти ӯ ба зардӯзӣ – яке аз ҳунарҳое, ки густариши васеъ дорад, бахшида шудааст. Муҳаққиқ нуқтаи ҷолиберо қайд мекунад, ки зардӯзӣ дар қадим аслан ҳунари мардон буд, зеро дар рӯӣ матоъҳои дурушту ғафс, ба монанди бахмал сӯзан задан лозим меомад. Ҳоло бошад, занҳои ғаюру ҷасур ва ҳунарманди мо ин касбро аз худ намуда, дар либосҳои миллиамон ин ҳунарро истифода менамоянд. П.А. Гончарова дар бораи ташкили устохонаҳои зардӯзӣ, тарзи қабул ва хатми шогирдон, ки дар ин замина як қатор маросим роиҷ буд, маълумот медиҳад.
   Дар он солҳо садҳо нафар зардӯзи моҳир ба духтани либосҳои қиматбаҳои дарбориён машғул буданд ва фақат як қисми ночизи маҳсулоти онҳо ба бозор бароварда мешуд. Либосҳои бо зардӯзӣ ородода – ҷомаҳои мардона, камзулҳо, шалворҳо, пойафзол, тасма, каллапӯшҳо, ҷиҳози аспҳо танҳо бо фармоиши амир ва пайвандони ӯ омода мешуданд. Дигар ҳеҷ кас, ҳатто шахсони воломақом ба чунин фармоиш ҳуқуқ надоштанд. Танҳо дар вақтҳои муайян ин гуна либосҳо аз тарафи худи амир туҳфа мешуданд. Дар он замон ҳунарҳои мардумиро пос медоштанд ва ба қадри ҳар як ҳунарҳое, ки аз гузашта ба онҳо боқӣ монда буд, мерасиданд ва ба мардуми оддӣ ҳатто иҷозати истифода бурдан ҳам намедоданд.
   Бо мурури замон берун аз дарбор низ устохонаҳо ташкил шуданд, ки дар онҳо ба ҳунармандон оқсақол, яъне сардори зардӯзон роҳбарӣ мекард. Тамоми кор, аз ҷумла, хариду фурӯши маҳсулот, қабули шогирдон танҳо бо иҷозати оқсақол иҷро мешуданд. Барои дар вақти таингардида иҷро шудани фармоишҳои ҳатмӣ оқсақол ба ҳамаи устохонаҳои гирду атроф корро тақсим мекард. Оқсақол барои меҳнаташ музд намегирифт, ба ӯ фақат туҳфа аз тарафи дарбор супорида мешуд. Аъзои ташкилоти сехҳои зардӯзӣ шахсе шуда метавонист, ки курси дарозмуддат ва душвории ин ҳунарро аз усто омӯхта, барои фаъолияти мустақилона аз устодаш ризоият гирифта бошад.
   Имрӯз бо мурури замон ин намуди ҳунармандӣ аз нав эҳё шуда, ҳар кас метавонад, дилхоҳ ҳунарро озодона иҷро карда, зиндагияшро пеш барад. Мардуми кишвар ҳунарҳои аҷдодонамонро то ба имрӯз оварданд. Барои боз ҳам вусъат ёфтани ҳунарҳои мардумӣ, Пешвои миллат боз се соли дигар имтиёз доданд, ки ҳунарҳои миллати тоҷик бояд аз байн наравад ва ҳамеша дар пайи рушду инкишоф бошад.
   Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар самти ташаккул ва барқарор сохтани шуури нави таърихию фарҳангии ҷомеа дар арафаи таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ инсонпарварона мебошад. Зеро ба ин васила ҳунармандони гузаштаи худро ба неки ёд карда, ҳунари онҳоро бори дигар мавриди омӯзиш қарор дода, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоем. Бигзор ҳунари онҳо писанди сайёҳони дохиливу хориҷи гардад ва маҳсули бо меҳр парваридаи онҳо муаррифгари давлату миллати тоҷикон бошад.
   Хулоса, барномаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣро тавре ба роҳ монда метавонем, ки гузаштагон ба мо мерос монда буданд. Зеро ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат ба шумор мераванд, ки ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқамандӣ доранд. Дар роҳи инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ё санъати дастӣ муаммоҳои гуногун вуҷуд доранд, ки ҳатто бархе аз онҳо дар кишварамон қариб аз байн рафта истодаанд. Бинобар ин, ҳоло зарурати ҳалли масъалаҳои марбут ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ба миён омадааст, ки метавонем ин заруратро, сарҷамъона бартараф созем.
   
   Р
ӯихати адабиёти истифодашуда:
  1. Гончарова, П.А. Санъати зардузии Бухоро. Нашриёти ‚Адабиёт ва Санъат ба номи Г. Гулом/ П.А. Гончарова.- Тошканд, 1986. 110 с.
  2. Нақши анъанаҳои миллӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ. Дадобоев: https://cyberleninka.ru/article/n/na-shi-anana-oi-mill-dar-e-yoi-unar-oi-mardum.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. http://www.president.tj/node/17985.
  4. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Саёҳат САИДОВА,
корманди Институт

БОЗГАШТ