АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҳунарпешае, ки дар бештар аз 300 филм нақш бозидааст

Муаллиф: Раҷабов Ҳабибулло

Расм

Яке аз ҳунарпешаҳои машҳури Ҳиндустон, ки дар бештар аз 300 филм нақш бозидаасту аслан бо нақшҳои манфиаш дар хотири тамошобинон мондааст, Амриш Пурӣ мебошад. Амриш Лал Пурӣ 22 июни соли 1932 дар шаҳри Ҷоландҳар, ки дар музофоти Панҷоб воқеъ аст, дар оилаи шахси миёнаҳол таваллуд шудааст. Волидайни ӯро ашхоси доро гуфтан маҳол аст.. Илова бо Амриш Пурӣ дар оила боз чор фарзанди дигар буданд. Бародари калонии Амриш - Мадан Пурӣ низ мисли Амриш ҳунарпеша аст. Дар хурдӣ Амриш Пурӣ ба физика ва химия шавқ доштааст, лекин ба санъат ҳам қобилияти эҷодӣ доштанашро қайд мекарданд. Ба Амриш ба навохтани най, аксбардорӣ ва кори театр бисёртар маъқул будаст. Ӯ инчунин орзу доштаст, ки ҳунарпешаи кино шавад. Ба фаъолияти ҷамъиятӣ машғул шудан ҳам барояш хуш омада будаст. Пас аз хатми мактаби миёна Пурӣ дар як коллеҷи гуманитарӣ дар пойтахти тобистонаи Ҳиндустони Бритониё, шаҳри Симла (музофоти Ҳимчал-Прадеш) таҳсил карда, пас маълумоти олиро дар факултети сиёсӣ ва иқтисодии донишгоҳи дар ҳамин Симла буда гирифтааст. Вақте ки аввалин дафъа қувваи худро дар офаридани нақше дар кино месанҷад, муваффақ намешавад, пас хулоса мекунад, ки аз уҳдаи ин кор намебарояд ва барои ҳамин дар Вазорати меҳнат дар Бомбей ба кор даромада муддати 20 сол дар он ҷо иҷрои вазифа мекунад. Вале ҳамаи ин солҳо вай орзуи ҳунарпеша шуданро аз сараш дур намекунад. Пас Амриш Пурӣ бо назди раиси Мактаби миллии драмаи Деҳлии Нав, коргардон ва ҳунарпеша Иброҳим Алқозӣ рафта, нозукиҳои санъати театриро меомӯзад. Чун дониш ва таҷрибаи бой ҳосил мекунад, онгоҳ дар театри Притви дар Мумбай ба кор медарояд. Дар замони дар театр фаъолият карданаш Амриш Пурӣ нақшҳои зиёдеро дар пиесаҳои Молер, Артур Миллер ва дигар драматургҳои шинохтаи Аврупову Амрико иҷро кардааст. Хусусиятҳои ҳамин касб, дар шакле, ки ҳиндуҳо ба роҳ мондаанду ривоҷ ёфта писанди тамошобинон шудааст, ӯро маҷбур мекунад, ки таҳсилашро дар Академияи мусиқӣ, рақс ва драма идома диҳад. Нозукиҳои санъати театриро аз худ намуда, Амриш ба зудӣ ҳунарпешаи маъруфи театри Ҳинд мешавад ва ин аз нигоҳи филмофарон пинҳон намемонад. Дар синни 38-солагӣ, яъне соли 1971 ӯ барои офаридани нақше ба филми "Решма ва Шера" даъват мешавад ва нақши Раҳматхонро барҷаста иҷро намуда, ин ҷо ҳам маъруф мешавад ва мавқеи худро дар кино ҳам қавӣ месозад. Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш вай дар ду филм: “Бҳай-бҳай” (1956) ва “Прем Пуҷарӣ” (1970) нақш бозидааст, лекин ин ба ин нақшҳои ӯ касе эътибор надодааст. Пас ӯ дар солҳои 1979-1980 дар якчанд филм ҳунарнамоӣ кардааст, аз ҷумла дар филмҳои “Аз ма ва аз ту” ва “Яъне душман” Лекин ба ҳар ҳол ӯро ҳамчун ҳунарпешаи боистеъдод танҳо пас аз он пазируфтанд, ки вай дар соли 1980 нақши феодал Вир Пратап Сингҳро дар филми Саттираҷу Лакшми Нараян, бештар бо номи Бапу маъруф аст, "Панҷгонаи мо" бозид.

1986 Амриш барои нақши сеюмаш бонуфузтарин ҷоизаи синамои Ҳиндро гирифт. Он дар филми Субҳаш Рай "Ҷанги ман" (Meri jang, 1985) нақши адвокат Тҳакрали бераҳму беинсофро бисёр олӣ бозидааст. Гарчанде ин нақши дуюмдараҷа буд, вале Пуриро хеле машҳур кард. Пурӣ ҳар соле аз 8 то 12, 14 филм ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 1986 дар як филм –филми “Боз як Искандар” якбора ду нақшро иҷро кардааст, ки яке Шерхон ва дигараш Диловархон мебошад. Дар филми “Ҷаноби Ҳиндустон” нақши Могамборо иҷро намуда, соҳиби ҷоиза шудааст. Дар филми “Душманони муҳаббат” (1987) дар нақши Шаҳбозхон ҳунари худро нишон додааст. Ин далел хеле ҷолиб аст, ки дар кадом филме, ки нақши ҷоҳил бошад, ҳатман Амриш Пуриро даъват мекарданд. Соли 1991 нақши Чуния ном шахсро дар филми “Савдогар” иштирок намуда, шарафманди ҷоизаи “Филмфаре”, шудаст, ки барои иҷрои нақши “Беҳтарин бадкирдор” дода мешавад. Ҳамин гуна ҷоизаро ӯ боз дар филмҳои “Таҳалака”(нақши генерал Донг, 1992), “Карае Арҷун” (нақши Тҳакур Дурҷан Сингҳ), “Койла” (нақши Раҷа Саҳаб), ва “Подшоҳ” (нақши Сураҷ Сингҳ Таппар) гирифтааст.

Дар ҳамосаи машҳури мардуми Ҳинд “Рамаяна” қаҳрамони манфӣ деви даҳсар Равана мебошад, ки дар ҷоҳилӣ, бадкирдорӣ ва мардумозорӣ мисл надорад. Чун ин ҳамосаро соли 1991 ба навор гирифтанӣ мешаванд, дар нақши Равана аз Пурӣ беҳтар ҳунарпеша пайдо намешавад.

Охирин филме, ки дар он Амриш Пурӣ нақш бозидааст ин филми “Садак 2” (“Каччӣ Садак”, коргардон Маҳеш Бҳат) мебошад. Дар ин филм вай нақши зиндонбонро бозидааст. Дигар нақшҳоро Санҷай Датт, Приянка Бозе, Олиа Бҳат, Адитя Рой Капур, Гулшан, Гровер, Ҷишу Сенгупта, Пужа Бҳатт, Анил Ҷорҷ, Моҳан Капур ва Марканд Дешпанде иҷро кардаанд. Миёни ин гулдастаи ҳунарпешаҳои кино Амриш Пурӣ бо ҳамон истеъдоди фавқулодаи симои разилро разил нишон додан фарқ мекард. Бисёр тамошобинон бо шунидани он, ки дар ин ё он филм Амриш Пурӣ нақш бозидааст, махсус таваҷҷуҳ намуда, ба тамошояш мерафтанд. Филми “Садак 2”,   пештар, яъне то соли 2006 ба навор гирифта шудааст, вале хеле машҳур фақат ҳамон вақт шуд, ки бори аввал 28 августи соли 2020 ба намоиши умумиҷаҳонӣ роҳ гирифт.

Ин ҳунарпешаи бемисл боз дар як қатор филмҳое, ки ба забонҳои телугу, каннада, тамилӣ, малаяламӣ ва маратҳӣ ба навор гирифта шудаанд, нақшҳои хотирмон иҷро кардааст. Дар маҷмӯъ, Амриш Пурӣ ки то охири умраш дар олами кино ҳунарнамоӣ кардааст. Вай соҳиби 4 ҷоиза барои беҳтарин нақши манфӣ, 9 ҷоиза барои беҳтарин нақши дуюмдараҷа ва 9 ҷоиза барои дигар филмҳо шудааст. Ӯро инчунин сазовори Ҷоизаи давлатии Маҳараштра кардаанд. Дар ҷашнвораи Сидней иҷрокунандаи “Беҳтарин нақши мардона” ва дар ҷашнвораи синамои Сингапур, “Бехтарин актёри театр” дониста шудааст Вай дар мақоми президенти Ассотсиатсияи ҳунармандони телевизиони Ҳиндустон низ кор кардааст. Амриш Пурӣ бо вуҷуди он, ки дар филмҳо, аслан нақши бадкирдорҳо ва ҷоҳилонро иҷро кардааст, дар байни дӯстдорони киноҳои ҳиндӣ ҳамчун санъаткори беҳамто маҳбубият ҳосил карда буд. Вай соли 2003 ногаҳон беҳол шуда меафтад ва сараш зарбаи сахт мехӯрад. Пас аз табобати тӯлонӣ соли 2005 аз олам чашм пӯшидааст. Гарчанле Амриш Пурӣ, аслан нақши ашхоси ҷоҳилу бадкирдорро иҷро намуда бошад ҳам, худ шахсе буд басо ҳалим, меҳрубон ва дилсӯз. Дар олами кино шояд бисёр кам ҳунарпешаҳо ёфт шаванд, ки ҳамеша дар филмҳо нақшҳои манфӣ офарида, боз ҳамчун ҳунарпешаи маҳбуб шинохта шуда бошанд.

Раҷабов Ҳабибулло,

сарходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ