Масъалаи ҳувият яке аз мавзӯъҳои муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, миллӣ, динӣ ва фикрии ҷаҳони муосир буда, ҳамеша ҳамчун меъёри асосии муайянкунандаи ҳастии миллатҳо хизмат кардааст. Дар ҷомеаҳои гуногун, ки дорои таърихи куҳан ва фарҳанги ғанианд, масъалаи ҳувият нисбат ба дигар арзишҳои миллӣ мавқеи меҳварӣ дорад. Аз инҷост ки дар ҷомеаҳои ҳувиятмеҳвар саволи “мо кистем?” ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Миллате, ки аз решаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии худ огоҳ нест, наметавонад дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи устуворро сазовор гардад. Ҳувияти халқи тоҷик низ ҳамчун як миллати куҳанбунёд, натиҷаи равандҳои тӯлонии таърихӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Ҳувият яке аз мафҳумҳои калидии худшиносии миллатҳо ба шумор рафта, он маҷмӯи арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ, динӣ ва фикриро дар бар мегирад. Ҳувияти миллӣ дар раванди тӯлонии таърих ташаккул ёфта, ҳамчун омили асосии пойдории миллатҳо хизмат кардааст. Он ҳамчун “ҷавҳари маънавӣ” миллатро муттаҳид месозад ва аз таъсироти манфии бегона муҳофизат мекунад.
Дар ин замина, ҳувияти халқи тоҷик дорои хусусиятҳои вижа буда, он бар ду боли асосӣ: давраи пеш аз исломӣ (тамаддуни ориёӣ) ва давраи баъди исломӣ (тамаддуни исломӣ) устувор аст. Дар тамоми давраҳои таърихи халқи тоҷик, ин ду давра на танҳо якдигарро инкор накардаанд, балки дар ҳамбастагӣ, симои пурраи ҳувияти миллати тоҷиконро шакл додаанд ва дар ҷараёни таърих бо ҳам омехта шуда, як низоми воҳиди ҳувиятиро барои халқи тоҷик ба вуҷуд овардаанд.
Давраи пеш аз исломӣ дар ташаккули нахустин тамаддунҳои ориёӣ, пайдоиши давлатдории қадима, рушди фарҳанг, забон ва ҷаҳонбинии миллӣ алоқаманд аст. Қаламрави аҷдодии тоҷикон дар баробари тамаддунҳои бузурги ҷаҳонӣ, аз ҷумла Бохтари қадим, Суғди қадим, Хоразм ва Марв, маркази илму фарҳанг ба шумор мерафт. Ин давраи хеле дуру дароз буда, таърихи беш аз панҷ ҳазорсолаи халқи тоҷикро таҷассум кардааст ва аксарияти арзишҳои ин давра то имрӯз ҳамчун меҳвари арзишии ҳувияти миллати тоҷикро ташкил додааст. Аз ҷумла, Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада, маншури Куруши Кабир, Авесто ва ғайраҳо.
Забон яке аз унсурҳои муҳимтарини ҳувияти пеш аз исломӣ мебошад, ки хотираи таърихии халқи тоҷик бо он нигошта шудааст. Забонҳои эронии қадим, аз ҷумла авестоӣ, паҳлавӣ, суғдӣ ва бохтарӣ асоси забони форсӣ-тоҷикии имрӯзаро ташкил медиҳанд. Тавре дар боло ишора кардем, осори хаттии Авесто на танҳо манбаи динӣ, балки ойинаи тафаккур, ахлоқ, ҷаҳонбинӣ ва низоми арзишҳои аҷдодони тоҷикон маҳсуб мешавад.
Ба ақидаи мо, бо ворид шудани ислом ба сарзаминҳои таърихии тоҷикон, давраи нави ташаккули ҳувияти миллӣ оғоз ёфт. Дар ин масир ислом на танҳо дини нав, балки низоми фарогири ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, бо анъанаҳои маҳаллӣ даромехта, шакли тозае аз ҳувияти тоҷиконро ба вуҷуд овард. Қабули ислом барои тоҷикон маънои аз даст додани ҳувияти пеш аз исломиро надошт, балки он ба ғановатманд гардидани фарҳанг ва тафаккури миллӣ мусоидат намудааст.
Халқи тоҷик дар тамоми давраҳои ташаккули тамаддуни башарӣ бо тафаккури илмии оламгир, ҷаҳонбинии фавқулодаи инсонӣ ва фарҳанги баланди гуманистиву созандагӣ нашқи меҳварӣ доштаанд. Ин тамоюл бо гузашти ҳазорсолаҳо ҳамчун василаи муҳим дар гуфтугӯи тамаддунҳо нақши муҳим бозидааст. Ғановати фарҳангӣ, тамаддунӣ, илмиву фалсафӣ ва забониву таърихии халқи тоҷик дар ҷаҳони мутамаддин арзишмандӣ ва аҳамияти худро аз даст надодааст. Ворисони ин тамаддуни бузург дар ҳазорсолаи сеюм низ, бо руҳияи баланди сулҳгароӣ, иқдомҳои башардӯстона ва иродаи созандаву бунёкорона дар ҷаҳон мақоми махсусро касб кардаанд.
Дар асри XXI, ки ҷаҳонишавӣ бо суръати баланд тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсониятро фаро гирифтааст, масъалаи ҳувияти миллӣ ҳамчун омили асосии бақо, устуворӣ ва пешрафту ҳастии ҳар як миллат аҳамияти беш аз пеш пайдо кардааст. Таърихи чандинҳазорсолаи пурғановат ва тамаддунсолории тоҷикон, дар ин асри ҷадид асоси ҳастии давлатӣ, ваҳдати ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои маънавии миллат гардидаанд. Дар шароити муосир, ки таъсири фарҳангҳои бегона, рушди технологияҳои иттилоотӣ, рақамӣ ва тағйиротҳои шадиди иҷтимоӣ хосияти рӯзмарраи ҷаҳониянд, ҳифз ва тақвияти ҳувияти тоҷикӣ ба масъалаи рақами як мубаддал мегардад. Дар шароити босуръати ҷаҳонишавии фарҳангҳо, бархурди тамаддунҳо, пешгӯи нашавандагии сиёсати байналмилалӣ, ҷанги сарди ҷадид ва рақобатҳои носолими қудратҳои ҷаҳонӣ, ҳувият ва асолати миллӣ дар меҳварӣ ин бархурдҳо қарор мегирад. Хатари заифшавии ҳувиятҳо хеле воқеӣ буда, дар заминаи рақобату бархурдҳои носолим он вазифаҳои худро иҷро карда наметавонад.
Дар шароити ҳозира мо бояд аз догмаҳои асримиёнагӣ даст кашем ва дар ҳазорсолаи сеюм, асри илму фановарӣ ва рушди бесобиқаи технологӣ талош намоем, то ки ҷойгоҳи Тоҷикистон, мавқеъ ва обруву эътибори он аз мавҷуда бештар гардад. Ин тамоюл танҳо бо рушди иқтисодӣ, тақвияти худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳою устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ, таҳкими ҳувияти шаҳрвандии тоҷикӣ имконпазир аст. Мардуми Тоҷикистон, шаҳрвандони он ва дар маҷмӯъ тамоми тоҷикони ҷаҳон бояд дидгоҳи давлатмеҳвар, ҷаҳонбинии тоҷикӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ дошта бошанд.
Дар боло тавре, ки зикр кардем, догмаҳои асримиёнагӣ то ҳол дар ҷаҳонбинӣ, тафаккур ва шуури ҷамъиятии баъзе қишрҳои ҷомеаи мо реша дошта, боиси заиф шудани асосҳои ҳувияти миллӣ мегарданд. Масалан, тоҷик будан ва ё мусулмон будан, ҳоло ҳам масъалаи баҳсӣ дар тафаккури мо мавҷуд буда, ҳамчун сангаре дар роҳи худсозӣ ва худшиносии миллӣ қарор дорад. Фитнаи аҷнабиён инак, беш аз ҳазор сол мешавад, ки ҳамчун абзори тафриқаи милливу мазҳабӣ ва сабаби асосии костагии ҳувияти халқу миллатҳо ба шумор меравад. Барои раҳоӣ аз ин фитнаи хашин ва доми таърихии асримиёнагие, ки зери ин фитна сохтаанд, бояд тарбияи ватандӯстӣ ва шаҳрвандиро дар пояи ифтихори миллӣ ва тоҷикияту тоҷикмеҳварӣ ба роҳ монем. Хушбахтона, дар ин самт қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ”(декабри соли 2024) қабул шудааст, ки дар муқобили фитнаҳои аҷнабиён, ҷанбаҳои манфии ҷаҳонишавии фарҳанг, гуфтугӯи нобаробари тамаддунҳо ва амали “қонуни ҷангал” дар сиёсати ҷаҳонӣ чун сангаре мусоидат намуда истодааст.
“Тоҷик будан дар ин саро душвор аст” аммо бояд, мо насли ояндаи худро дар руҳияи тоҷикмеҳварӣ ва ифтихор аз тоҷик будан тарбият намоем, то ки арзишҳои бегона ва ақидаву идеологияҳои ғайр ҷойгузини он нашавад.
Арабҳо, ки худро соҳиби аслии дини ислом ва аз насли паёмбар медонанд, худро аввал “араб” ва баъд “мусулмон” мешуморанд. Аммо миллатҳои дигаре, ки давра ба давра дини исломро пазируфтанд ба гирдоби фитнаҳои диниву мазҳабӣ гирифтор шуда, то имрӯз дар он ботлоқи маънавӣ ғутавар боқӣ мондаанд. Аз нуқтаи назари мо, гирифтор шудани халқу миллатҳо ба ин “вабои ақидавӣ”, гувоҳи сатҳи паси худшиносӣ, хиёнати муллоҳову ба ном пешвоёни динӣ ва сатҳи пасти маърифати динии мардум ба шумор меравад. Сатҳи паси худшиносӣ омилест, ки халқу миллатҳоро аз худшиносӣ, озодӣ, адолат ва истиқлолхоҳӣ дур менамояд. Минбаъд он боиси ассимилятсияи ҷисмониву маънавӣ шудани онҳо гардидааст. Мутаассифона муллоҳо ва пешвоёни динӣ дар бештар аз ҳазор соли таърихи халқи тоҷик, мавқеъ ва нақши муаасир доштанд. Ин тамоюл боис шуд, ки халқи тоҷик пас аз фурупошии давлати мутамаркази Сомониён, дигар соҳиби давлати мутамаркази миллӣ нагардиданд.
Фитнаи асримиёнагӣ маҳз бо иштироки муллоҳо ва ба ном пешвоёни динӣ дар тафаккур, шуур ва ҷаҳонбинии тоҷикон реша давонидааст. Шиорҳои “муъмин бародари муъмин”, “дар дин миллат мавҷуд нест”, “мо ҳама миллати мусулмонем” ва ғайраҳо, аз ҷониби онҳо ва аҷнабиён таҳия ва таҳмил гардиданд, ки то имрӯз дар фаҳмиш ва тафаккури баъзе аз нафарон боқӣ мондааст.
Сатҳи пасти маърифати динӣ, “кур-курона тақлид кардан ба арабҳо” (либоспӯшӣ, одатҳо) аз дигар сабабе ба шумор меравад, ки теша андар решаи ҳувият, мавҷудияти миллату давлат зада истодааст. Дар тафаккури мардуми оддӣ руҳониён ва аҷнабиён тавонистанд, худро “пешво” ва амалу кирдори бади худро “муқаддас” гардонида, аз дини мубини ислом, ки дини ростин ва ахлоқ аст, суистифода намуданд. Ин гуфтаҳо давраи асримиёнагии Аврупоро ба ёд меоварад, ки пешвоёни дини насронӣ низ тавонистана буданд, худро “сояи Худо дар руйи замин” ва амалҳои худро ҳақ бароваранд. Ин давра дар таърихи Аврупо “сакрализатсия” ном дорад. Хиёнати онҳо то ҷое расид, ки пешвоёни дини насронӣ аз замин истода, “заминҳои ҷаннатро мефурухтанд”, “бегуноҳии инсонҳоро шаҳодатнома медоданд”, “барои маҳбубияти калисоҳо дар таҳхона маконҳои дилхушӣ бунёд мекарданд”, “заминҳои васеъву серҳосили Аврупоро дар даст доштанд” ва “бонуҳои зебои Аврупоро дар хизмати худ қарор дода буданд”, ки ин боиси динбезорӣ ва динситезӣ дар Аврупо гардид. Ин давра дар таърих раванди “секуляризатсия” ном гирифтааст, ки соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, давлат, сиёсат, маданият, маориф, ҳуқуқ, муносибатҳои миллӣ аз таъсири дин ва калисо дур карда шуданд.
Диндорони хурофотӣ ва ба ном пешвоёни хиёнатпеша барои қонеъ кардани талаботи худ аз дини ислом суистифода намуда, тухми хушунат, бадбинии нажодиву миллиро миёни халқу миллатҳо коштанд, ки то имрӯз онҳо барои сохтани давлати комили миллӣ азият мекашанд. Бо иштироки онҳо дини ислом сиёсӣ гардида, минбаъд боиси тафриқаҳои зиёд гардид, ки то имрӯз бештар аз 500 равияҳои нав дар ислом шакл гиранд. Мақоли “тафриқа андозу ҳукм рон” дар инҷо дар амалия истифода гардид, ки кишварҳои мусулмон то имрӯз аз он ранҷ мекашанд.
Хушбахтона, бо ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар соли 1991, пас аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи давлатдории миллиро пеш гирифт, ки масъалаи эҳёи арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама арзишҳои тамаддуни ориёӣ, зинда кардани ҳофизаи таърихӣ, ҳифзу муаррифии шахсиятҳои адабиву фарҳангӣ дар авлавияти сиёсати давлатӣ қарор гирифтанд. Агарчӣ дар Конститутсияи кишвар расман дар барои давлати миллӣ чизе гуфта нашудааст, аммо дар бештар аз 30 моддаи он унсурҳои давлати миллӣ дарҷ гардидаанд, ки онҳоро Конститутсия ва давлат кафолат медиҳанд. Эълон гардидани соли 2006 “Соли тамаддуни ориёӣ” ва соли 2009 “Соли бузургдошти Имоми Аъзам” аз қадамҳои устувори давлатӣ ба шумор мерафт. Баъдан дар даҳсолаҳои минбаъдаи истиқлолият ин раванд идома ёфта ба масъалаи асосии рӯзномаи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотираи таърихи халқи тоҷик эҳё шуда, шахсиятҳои адабиву фарҳангии миллат муаррифӣ гардиданд, арзишҳои миллӣ эҳё шуданд, нақши забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ба маротиб боло рафт, фарҳанги либоси миллӣ шакл гирифт, ҷаншҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон баъди ҳазорсолаҳо боз бар ҳаёти мардуми тоҷик ворид гардиданд, китоби “Қуръони маҷид” бо забони тоҷикӣ тарҷума шуда, ба мардуми шарифи Тоҷикистон пешкаш гардид, китоби “Тоҷикон” - и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома” - и Ҳаким Фирдавсӣ ба тамоми оилаҳои мардуми тоҷик, ҳамчун туҳфаи Президент тақдим гардиданд, ки мислашро таърих дар ёд надорад.