АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ВАҲДАТ- БАҚОИ МИЛЛАТ

Муаллиф: Шамсиддин Каримов

Расм

ВАҲДАТ- БАҚОИ МИЛЛАТ

“... 27-уми июни соли 1997 санади сарнавиштсоз – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба шарофати он дар кишвар заминаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ гузошта шуд. Имрӯз ҷашни ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузургу таърихии халқамон ба яке аз ҷашнҳои умумимиллии мо ва рамзи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарифи тоҷик табдил ёфтааст. Ҳамчунин, бо ифтихор иброз медорам, ки ваҳдат дар баробари арзишҳои истиқлолу озодӣ ва ватану миллат ҷузъи таркибии хираду андешаи сулҳҷӯёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми Тоҷикистон ва равшанибахши роҳи пурифтихори созандагиву ободгаронаи аҳли ҷомеа гардидааст”. Э. Раҳмон.

Яке аз муҳимтарин ва мушкилтарин масъалаҳое, ки дар раванди ташаккул ва таҳкими низоми нави давлатдории миллӣ ба миён меояд, ин таъмини фаъолияти муназзами рукнҳои асосии давлатдорӣ, ниҳодҳои мухталифи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад. Ба ибораи дигар, зарур аст, ки бо ҳар роҳу восита вертикал – аз поён то боло ташаккул ва такомул ёбад, сохторҳои давлатӣ ва кормандони он фаъол ва барои амалӣ сохтани барномаҳои мавриди назар пайваста ва хастанопазирона кӯшиш ба харҷ диҳанд. Дар атрофи давлати ҷавон ва роҳбарияти сиёсии он ҷамъ овардан, муттаҳид ва мутааққид сохтани тӯдаҳои васеи мардум, қишрҳои гуногуни он низ дар радифи ҳамин гуна масъалаҳои муҳими сиёсии тақдирсоз ва таъхирнопазири давлат қарор доштанд. Барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистони солҳои 90-уми қарни гузашта ин масъалаҳо бамаротиб рангу оҳанги мушкилтару мураккабтар ва хатарзотарро ба худ касб намуданд, чун кишварро фазои ноорому нобасомониҳои ҷанги таҳмилӣ пурра фаро гирифта буд. Воқеан ҳам, «андешаву мафкураи халқ амалан ду тақсим шуда буд ва ҷавонони бетаҷрибаву гирифтори эҳсосот бо дастури хоҷагони дохиливу хориҷии хеш ба майдонҳо баромада, вазъиятро боз ҳам мураккаб месохтанд. Яъне, дар кишвар ба ҷои қонун ва  низому тартибот бенизомиву бесарусомонӣ ҳукмрон буд. Тамоми шохаҳои ҳокимият — аз мақомоти марказӣ то зинаҳои маҳаллӣ аз фаъолият бозмонда, бисёре аз роҳбарони онвақта дар чунин шароити ҳассос иродаи сиёсӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва азму ҷасорати роҳнамоӣ кардани мардумро аз даст дода буданд»[1].

Дар ҳақиқат, он солҳои мушкил барои мардуми тоҷик як имтиҳони камолот ва фарҳанги сиёсии мерос аз ниёгони ҳазорсолаи хеш ҳам буд. Ба ибораи Пешвои миллат, “...майлу иродаи қатъӣ ва ақлу хиради мардуми шарифи Тоҷикистон боис гардид, ки ҳама дар атрофи Ҳукумат муттаҳид шуда, бо вуҷуди вазъи бисёр мураккаб ва мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоии он рӯзҳо ба барқарорсозии баъдиҷангии минтақаҳои осебдида, зина ба зина обод кардану пешрафта гардонидани Ватан, давлат ва осоиши ҳар як хонадони мамлакат бо азму талоши ватандӯстона оғоз намоянд”[2].

Аз тарафи дигар, дар ин раванди мушкил ва бесобиқа насли нави сиёсатмадорон ва роҳбарони арзандаи миллӣ низ ба майдон омаданд ва ба камол расиданд. Дар сафи пеши ин зумра бузургони миллат, бешубҳа, роҳбари ҷавону боирода ва содиқ ба миллату арзишҳои аслии ниёгон ва таърихи пурғанои мардуми тоҷик Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт, ки маҳз садоқат ба идеалҳои миллӣ ва ҷасорати фавқулода беҳамтои сиёсиаш кишварро ба сулҳу субот ва оромӣ расонд, миллатро аз вартаи марг ва нобудӣ наҷот дод. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми тоҷик беҳтарин ва пурарзиштарин неъмати зиндагӣ – сулҳу сафо ва осоиши рӯзгорро ба бор овард ва ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои муаззами миллат ба таври арзанда тақдир шуд.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба яке аз аъзои фаъол ва ташаббускори низоми муносибатҳои байналмилалии замони муосир мубаддал гашта, сазовори обрӯву эътибор ва эътирофи шоиставу арзанда гаштааст. Мушкилот ва камбуди замони нобасомониҳо пайваста ва ба таври мунтазам ҳаллу фасл мешаванд ва Тоҷикистон сол то сол вазъи дохилӣ ва мақому ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ беҳтар месозад. Имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ва умедбахш ба сӯи ояндаи шукуфони миллат пеш меравад, ки аз пурсамартарин меваҳои ваҳдати миллист. Дар ҳақиқат, “сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун омилҳои муттаҳидсозандаи мардуми тоҷик имкон фароҳам оварданд, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад”.

Дунё имрӯз тағйир меёбад. Раванди ташаккул ва такомули низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар фазои ноором ва ниҳоят печидаи сиёсӣ сурат мегирад, бешубҳа, мушкилиҳои навро эҷод хоҳад намуд. Ин чолишҳо саросари ҷаҳонро фаро гирифтаанд, ки Тоҷикистон низ дар ҳамин радиф аст. Дар ин муборизаҳои беамон миллатҳое дастболо хоҳанд шуд, ки иттиҳод ва ваҳдати ногусастанӣ доранд. Мо ҳамчунин як иттиҳод ва ваҳдати миллиро дорем. Он бақои мост ва мо онро бояд ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва ҳаргиз набояд аз даст диҳем.

Каримов Ш.Т.,

сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон


[1] Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ

[2] Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ. 26.06.2023.

БОЗГАШТ