АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ваҳдати миллӣ – ҷавҳари ҳастии миллат

Муаллиф: Мирзоев Ҳабибҷон

Расм

  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳоряки даврони Истиқлолияти давлатӣ дастовардҳои зиёде ба даст овард, ки муҳимтарин ва бузургтарини он ин расидан ба сулҳу оштӣ мебошад. Гузашта аз ин бисёре аз комёбиҳои имрӯзаи кишвар аз баракати ҳамин сулҳу оштӣ аст. Созишномаи мазкур аз лиҳози арзиши фавқулодаи худ ба Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар аст. Агар яке ба сарзамини бостонии мо ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёриро овард, дигаре сулҳу сафо, оромиву осудагӣ ва оштии ваҳдатро дубора барқарор намуд.

  Тоҷикистони азизи мо дар остонаи ду ҷашни бузург,  21- солагии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва 26 солагии иҷлосияи таърихии ХVI-Шӯрои олӣ қарор дорад. Ин ду санаи таърихӣ ба ҳам пайвандии амиқи узвӣ дошта, дар сарнавишти миллати тоҷик нақши азим бозидаанд. Маҳз дар Иҷлосияи  ХVI - Шӯрои Олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардид, корвони сулҳи тоҷикон оростаи сафар гардид, ки пешвои роҳнамо ба раҳбари Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов (насаби вақти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)  ин корвони умедро сарвари менамуд, ки  дар он вақтҳо ватани азизи мо дар оғуши ҷанги бародаркуш қарор дошт.  Оташи ҷанг ҳамаро ба коми худ фурӯ мебурд. Муқовимат дар кишвар  севуним сол ё 1171-рӯз  идома дошт. Хавфи аз миён рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва халалдор шудани тамомияти арзии он рӯз аз рӯз бештар мегардид.  Бародар бо бародар теғ мекашид садҳо одамони бегуноҳ, пиру ҷавон, занону духтарон, ваҳшиёна кушта шуданд, садҳо кӯдакон ятиму бепарастор монданд, ҳазорҳо хонаву корхонаҳо харобу валангор шуданд. Ҳазорҳо нафар мардуми бегуноҳ хонабардуш шуда, тарки ватан менамуданд. Шумораи гурезагон ва фирориёни иҷборӣ рӯз ба рӯз афзуда, теъдоди онхо дар соли 1992 ба 900-ҳазор расида буд. Дар ҷумҳурӣ аксари сохторҳои давлатӣ фалаҷ ва корношоям гардида буд. Амнияти нафақат шаҳрвандон балки худи ҳукумат низ таъмин набуд, бедодгарӣ, анархия, хараҷу мараҷ ҳадду ҳудуд надошт. Кор ба он дараҷа расида буд, ки чанд нафар силоҳ ба дастон бинои ҳукумат ва парламентро ишғол намуда, якчанд муовини сарвазир (Ҳ.Саидмуродов) вакилони халқ (Адолат Раҳимова, Мирзобек Мирзобадал, Азизбек Шарипов) ва дигаронро гаравгон гирифта буданд. Раёсат ва ҳукумати ҷумҳурӣ дар шахси ду роҳбари аввал ва аъзои ҳукумат натавонистанд, ки вазъи фоҷиабори  кишварро ба эътидол оваранд. Дар чунин шароите, ки ҳаёти мардум зери хатар қарор дошт ва давлат ба вартаи ҳалокат мерасид дар Қасри Арбоби Хуҷанд Иҷлосияи 16 шӯрои Олӣ даъват карда шуд. Масъалаи аввали Иҷлосия интихоби раҳбари давлат ва ҳайъати нави ҳукумат ба ҳисоб мерафт. Дар Иҷлосия Вакили халқ, Раиси комиҷроияи вилояти Кулоб  Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов Раиси Шӯрои Олӣ-Сарвари давлат интихоб шуданд. (Дар он вақт ваколатҳои Президенти мамлакат ба зимаи Раиси Шӯрои Олӣ вогузор шуда буд). Дар нахустин суханронии худ Сарвари тозаинтихоби ҷумҳурӣ савганди садоқат ба халқу ватан хурда, ба парчами давлатӣ арҷгузорӣ карда, изҳор карданд, ки «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард, то як тоҷик дар ғурбат аст, ором нахоҳам шуд. Дар ин роҳ ман тайёрам  ҷони худро нисор созам.» Ин суханҳои самимии Сарвари давлат аз қалби пурмеҳр ва дардноки ӯ берун омад ва ба дидаи пурнам ва ба дили пурғами мардум нишаст. Дар ин рӯзҳо тамоми мардум ба умеди сулҳ ба қасри арбоби Хуҷандшаҳр дида медӯхтанд. Иштирокчии кӯҳансолтари 16 Шӯрои Олӣ ду карат Қаҳрамони сотсиалистӣ, раиси номии колхози ноҳияи Пролетар  Абдуғафур Самадов дасти Раиси навинтихоби Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмоновро бо меҳри падарона фишурда чунин гуфт *Писарам умеди тамоми Тоҷикистон ба шумост. Шуморо мо дар давраи мушкилу сарнавиштсоз роҳбари мамлакат интихоб намудем дили ҳамаи мо гувоҳӣ медиҳад, ки пои қадами Шумо файзбор меояд*. Дар ҷавоб роҳбари ҷавони мамлакат Э.Ш. Раҳмонов бо одоби тоҷикона даст болои сина гузошта гуфтаанд, ки *Падар як роҳ моро ба мурод мерасонад ин сулҳу салоҳ аст. * Аз лаҳзаҳои аввалини фаъолияти худ Сарвари тозаинтихоби давлат ба эҳёи рукнҳои фарсудаи давлатдорӣ шуруъ карда, пояҳо ва шохаҳои давлатиро аз нав барқарор месохтанд, Давлатсозӣ кори осон набуд. Бунёди давлати демократӣ ҳуқуқбунёд ягона ва давлати дунявӣ, чунин буд мароми ҳукумати нав бо сарварии Э. Ш. Раҳмонов. Пайваста ба ин Сарвари давлат роҳи дарёфти сулҳ ва ваҳдати  миллиро меҷустанд. Интихоби сарвари нав суханҳо ва қадамҳои аввалини  ӯро  дар саҳнаи сиёсӣ ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон бо қаноатмандӣ истиқбол намуд.  Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Бутрос Бутрос Ғолий дар барқияи табрикии худ сарвари нави давлат Э. Ш. Раҳмоновро табрик ва ба кори иҷлосия муваффақият орзу намуд.

  Барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар эҷоди сулҳ, ва оштии миллӣ роҳбари нав пайваста талош меварзид, тадбирҳо меандешид ва заминаи ҳуқукии оштии миллиро ба миён меовард. Яке аз нахуст иқдомҳо дар ин кор қабули қонун дар бораи авфи умумӣ буд, ки мутобиқи он шахсоне, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ  ва интизомӣ кашида шуданд ва дар даргириҳои мусаллаҳона, ширкат намудаанд ва онҳое, ки яроқҳои худро  месупоранд авф карда мешуданд. Иқдоми дигар қонун дар  бораи гурезаҳо буд, ки иҷлосия қабул намуд ва барои таъмини гурезагон бо манзил ва ҷойи собиқаи корашон мусоидат менамуд. 

  Даъватҳои такрор ба такрори Сарвари давлат ҷиҳати баргардонидани  гурезаҳо ба ватан, силоҳафканӣ ва даъват ба ҳаёти осоишта тадриҷан самараи нек ба бор меовард. Рӯз ба рӯз сафи бозгаштагон зиёд ва тухми кинаву адоват байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ барчида мешуд. Сарвари давлат суббот ва осоиши ҷомеа ва давлатсозиро на бо роҳи зӯроварӣ ва фишор, балки бо роҳи музокирот, гуфтушунид, диду боздидҳо муроҷиатномаву суханрониҳо ба амал мебаровард. Вай дар яке дар аввалин изҳорот ба сифати усули аслии фаъолияти роҳбарии Тоҷикистон изҳор намуда буд: «идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст, мо ягон масъалаи принсипиалии ҷомеаамонро бо роҳи зӯрӣ ва тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем, муроду мақсадамон, бунёдкорӣ асту бас». Ҳанӯз дар ҷараёни иҷлосия Сарвари давлат ба  СММ ва сарони кишварҳои Россия ва баъзе давлатҳои ИДМ муроҷиат карданд, ки ба  Тоҷикистон нерӯҳои сулҳҷӯй фиристода шаванд.  Сарвари давлат 12 декабри соли 1992, июни соли 1993, 26 июни соли 1993 16 январи соли 1994 ба халқи Тоҷикистон муроҷиатнома ироа намуданд. Дар муроҷиатномаҳои худ ба халқи Тоҷикистон  Э. Раҳмонов мароми сулҳҷӯёнаи ҳукумати Тоҷикистонро возеҳ баён намуда, мардумро ба сулҳу ваҳдат, ҳамдигарбахшиву ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамуданд.

  Сарвари давлат тарҳи сулҳ ва ваҳдати миллиро миёни мардум дар мулоқоту вохӯриҳояшон бо аҳолии манотиқи даргир, ба намояндагони кишварҳои Россия ва дигар кишварҳои дӯст, ҳамчунин дар мулоқот бо намояндагони созмони бонуфузи ҷаҳонӣ Созмони Милали Мутаҳид пешниҳод ва толиби сулҳ будани ҳукумати Тоҷикистонро қотеъона ироа менамуданд.  Бо ҳамин мақсад соли 1993-1994 Э. Раҳмонов бо сарвазири Россия В.С.Черномирдин, бо вазири корҳои  хориҷии Россия С.Иванов ҷонишини вазир В.Адамишен бо намояндаи Президенти Қирғизистон   Ф. Қулов бо намояндагони СММ Л. Бота, Перес Балон вохӯриҳо ва мулоқотҳои судманд анҷом доданд.

  Вақте, ки дар манотиқи гуногуни кишвар даргириҳо дар авҷ буданд Сарвари давлат Э.Ш. Раҳмонов ду сафари хеле муҳим анҷом доданд: аввалан моҳи августи соли 1993 ба манотиқи будубоши гурезаҳо дар сарҳади Афғонистон, дуюм ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Дар ҳолате, ки амнияти касе таъмин набуд, лаҳзаҳои хатарнок ва фоҷианок ҳамаҷоро фарогир буд, ин сафарҳои сарвари давлат иқдоми хеле бебокона ва аз ниятҳои поки сулҳофариниши сардори давлат башорат медод. Чунин сафарҳоро Сарвари давлат Э.Раҳмон ба хотири сулҳсозӣ ва оштии миллӣ минбаъд низ борҳо анҷом доданд.

  Фаъолияти ҳамарӯза ва пайгиронаи сарвари давлат дар роҳи дарёфти сулҳ ва оштии миллӣ дере нагузашта самараи некро ба бор овард. Иттиҳоди мухолифин низ даъвати ҳукумати Тоҷикистонро пазируфта, барои оғози гуфтушунидҳо розигӣ дод. Пас аз вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои муқаддамотӣ байни намояндагони ҳукумат ва мухолифин барои даъват намудани музокирот мувофиқа ба амал омад. Музокироти сулҳи тоҷикон апрели соли 1994 дар Москва оғоз ёфт. Музокироти сулҳи тоҷикон пеш аз ҳама бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат ва ҳукумати Тоҷикистон бо далолати кишвароҳои хайрхоҳ Россия, Афғонистон ва дархосту миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид оғоз ёфт. Музокироти сулҳи тоҷикон, ки беш аз се сол ҷараён гирифт аз 8-давра иборат аст. Дар ҳамаи ин давраҳо марҳила ба марҳила маҷмӯи масъалаҳои роҳҳои ҳалли бозгашти гурезаҳо ва таъмини онҳо бо ҷойи кор ва манзил масъалаи оташбас ва масъалаи сохтори конститутсионӣ ва масъалаи роҳҳо ва усулҳои татбиқи санадҳои қабулкардаи музокирот баррасӣ мегардиданд. Дар музокироти давраи аввал  аз ҷониби ҳукумат Вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ш. Зуҳуров (роҳбар) И. К. Усмонов, А. Азимов, Б. Абдуллоев, С. Салимов, Ш. Шарипов, Р. Ҳошимов, Э.Ғоибов, Ш. Мирзоев, У. Холдоров дохил буданд. Ҷониби мухолифинро А. Тураҷонзода (роҳбар) М. Ҳимматзода, А.Сатторзода, Х. Холиқназаров, З. Саидов, Ҳ. Сангинов ва Б. Сафаров намояндагӣ мекарданд. Дар тамоми рафти музокирот бо тағйиротҳои ҷузъӣ ҳайати тарафҳо аз ҳаминҳо иборат буд. Давраи дуюми музокироти сулҳи тоҷикон аз 18 то 28 июни соли 1994 дар ш.  Теҳрон давраи сеюм аз 20-уми октябр то 1-ноябри соли 1994 дар Исломобод, давраи чорум аз 22-май то 1-уми июни соли 1995,  давраи  панҷум аз се марҳила иборат буда, аз 30-ноябри соли 1995 то 31-июли соли 1996, дар ш. Ашқобод, давраи шашум аз 5 то 19-уми январи соли 1997 дар ш.  Теҳрон, давраи ҳафтум аз 26 феврал то 8-марти соли 1997 дар ш. Москва, давраи ҳаштум аз ду марҳила иборат аз 9-уми апрел то 28-майи соли 1997 дар ш. Теҳрон баргузор гардид. Раванди музокироти сулҳи тоҷикон дар се шакл ҷараён дошт. Шакли аввали музокирот, ки ба он аз ҷониби ҳукумат дар давраҳои гуногун Ш. Зуҳуров, А.С.Достиев, М. Убайдуллоев, Т.Назаров ва аз ҷониби мухолифин А. Тураҷонзода роҳбарӣ мекарданд. Намуди дигари музокирот машварат дар сатҳи баланд буд. Машварат дар сатҳи баланд вақте сурат мегирифт, ки раванди музокирот ба бунбаст ва мушкилоте рӯ ба рӯ гардидааст ва барои рафъи ин мушкилот машварати сатҳи баланд доир мегардид. Машварат дар доираи маҳдуд иштирокчиён ва аз рӯи масъалаҳои маҳдуди ҳалталаб даъват мегардид. Ҳамагӣ чунин шакли музокирот ду маротиба доир гардидааст. Машварати аввал 12-17 сентябри соли 1994 бо иштироки роҳбарон А.С. Достиев ва А.Тураҷонзода ва дуюмин машварат 19-26 апрели соли 1995 дар ш. Москва бо иштироки роҳбарон М. Убайдуллоев ва А. Тураҷонзода баргузор гардиданд.

  Дар раванди сулҳи тоҷикон мулоқоти сатҳи олӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва роҳбари Иттиҳоди нерӯи мухолифини тоҷик баргузор мегардид. Ин сатҳи олии музокирот буда, умдатарин масъалаҳо мавриди гуфтушунид қарор мегирифт.

  Аввалин мулоқоти сатҳи олӣ бо иштироки Э.Ш.Раҳмонов ва С.А. Нурӣ 17-19 майи соли 1995 дар шаҳри Кобул баргузор гардид. Мулоқотҳои минбаъда дар сатҳи олӣ 19-июни соли 1995 дар ш. Теҳрон 10-11 декабр дар хосдеҳи Афғонистон, 19-23 декабри соли 1996 дар Москва, 21-22 феврали соли 1997 дар Машҳад, 16-18 майи соли 1997 дар Бишкек доир гардиданд. Мулоқоти охири сатҳи олӣ  дар қасри Кремли шаҳри Москва 27-июни соли 1997 баргузор гардид, ки дар он санади сарнавиштсози  миллат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Он вақт Президенти ҶТ ва роҳбарони ИНОТ ба хулосае омада буданд, ки «тоҷикон худашон бояд ҳалли масъалаҳои марбут ба Ҷумҳуриро бо роҳи муколама ва гузаштҳои дутарафа ҳал намоянд». Созишномаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов ва раҳбари Иттиҳодияи мухолифини тоҷик С.А. Нурӣ дар ҳузури Президенти Федератсияи Россия Б.Н.Елтсин, намояндаи махсуси СММ Г. Д. Меррем ва намояндагони кишварҳои нозир Эрон, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон    ба имзо намуданд. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҷанг хотима гузошт, ки он ҷони беш аз 150 ҳазор сокинони кишварро рабуда, 120 ҳазор хонаву манзил, корхонаву муассисаҳои макотибу кӯдакистонҳоро харробу валангор сохта буд. Ҷанг ба иқтисоди мамлакат беш аз 7 млрд. доллари ИМА зарари моддӣ расонид.

  Имзои Созишномаи сулҳ бузургтарин воқеаи сарнавишсози тоҷикон дар фарҷоми асри ХХ ба ҳисоб меравад. Баъди ҳазор соли суқути давлати Сомониён хиради азалии халқи тоҷик боло гирифт ва пеши роҳи фаноёбии давлати миллии мо гирифта шуд. Меъмор ва асосгузори ин сулҳи наҷотбахши миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чун пешвои барҳақи миллат дар лаҳзаҳои ҳасоси таърихӣ зуҳур карда, давлатро аз марзи суқут раҳонида, миллати  парешони тоҷикро  ба сулҳу суббот ва  ваҳдати ягона  расонид.

  Сулҳи тоҷикон аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ баҳои баланд гирифта, чун модели нодири сулҳофарӣ  дар ҷаҳон пазируфта шуда  ташвиқ карда мешуд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиш ва истифодаи дигар низоъҳои минтақавӣ тавсия мегардад. Муншии умумии Созмони милали Муттаҳид Кофи Анан ба сулхи тоҷикон баҳои баланд дода, изҳор намуд: «тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ва ҷаҳониён ба армуғон оварданд». Сулҳи тоҷикон нишон дод, ки ҳама гуна низоъҳои мусаллаҳ ба сулҳ анҷом меёбад, факат бояд: 1) манфиати умумимиллӣ, умумидавлатӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гуруҳӣ, қавмӣ, ҳизбӣ бояд муқаддамтар  ҳисобида шавад. 2) ба музокироти сулҳ ҳарду тараф майлу хоҳиш ва ҳавасмангӣ  нишон диҳанд. 3) тарафҳои даргир бояд ба истиқболи якдигар рафта, гузаштҳо намоянд. 4) созмонҳои ҷаҳонӣ дар гуфтушунидҳои тарафҳои даргир нақши фаъоли довариро ба душ гиранд. Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон барои хомӯш кардани низоъҳо ва оғози музокироти тарафҳои даргир талош намуда, ба натиҷаҳои музокирот таъсиргузор бошанд.

  Созишномаи умумии сулҳ ва истиқрори ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, ки барои миллати тоҷик сарнавиштсоз буд, аз шахсиятҳои сиёсӣ ва давлатии хориҷӣ, ки дар раванди дарёфти сулҳ ва оштии миллӣ  дар кишвари мо саҳми бевосита доштанд, аз қабили намояндагони вижаи дабири кули СММ  Исмат Катанӣ (Ироқ), Ливияву Бота (Руминия), Дарко Шилович (Югославия), Рамиро Перис Барон (Уругвай), Герд Дитрих Меррем (Германия), Ян Кубиш (Чехословакия), Иво Петров ва Владимер Сотиров (Булғория), Раиси Ҷумҳурии исломии Афғонистон доктор Бурҳониддини Раббонӣ ва вазири дифои  кишвар  Аҳмадшоҳи Масъуд, Президенти Федеретсаияи Россия Б.Н Елтсин, Намояндагони вижаи Дабири кули СММ  дар музокироти сулҳ Владимир  Горяев (Украина), доктор Арне Зайферт (Германия) ва дигарон ёд оварем ва изҳори сипос намоем. Халқи тоҷик ҳаргиз  номи онҳо ва хидматашонро дар роҳи расидан ба сулҳ ва оштӣ фаромӯш нахохад кард.

  Сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ вақте устувор ва бебозгашт мешавад, ки агар онҳо ба фарҳанги сулҳи чомеа табдил ёбад. Барои он, ки аз таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон сабақҳои даркориро гирифта бошем, то ба дигар иштибоҳоти солҳои 90-ум рох надиҳем, бояд онро ҳаматарафа омӯхт ва дар мактабу донишгоҳҳои олӣ таълим дод. Ҳанӯз ҳам барои ҳаматарафа омӯхтани раванди сулҳи тоҷикон фурсат ва имконоти вуҷуд дорад, зеро аксари шоҳидони бевосита ва иштироккунандагони он воқеаҳо ва раванди сулҳи оштии миллӣ, ки имрӯз манбаи асосӣ ва ягонаи  боэътимод мебошанд, дар қайди ҳаётанд.

  Имрӯзҳо заминаи мусоид барои таъсиси Маркази таҳқиқие расидааст, ки ташаббускори гирдоварӣ, таҳқиқу тадқиқ  ва таъбу нашри  ин маводи парешон вале хело арзишманд  машғул шавад. Ин амал барои дарки дурусти равандҳои масири истиқлолият дар кишвар, аз ҷумла  раванди сулҳу оштӣ ва таълиму тарғиби он ба шогирдон ва ҷавонони кишвар мусоидат хоҳад кард.

  Бигузор дар фазои осоишта  ва сулҳу ваҳдат бо сиёсати пешгирифтаи  давлату ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  роҳнамоии  Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои  муаззами миллат Эмомалӣ  Раҳмон созандагиву бунёдкорӣ  дар кишвари мо пойдор, файзу баракат, ободиву осоиш насиби ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ гардад.

 

Мирзоев Ҳабибҷон

ходими хурди илмии Институт

БОЗГАШТ