Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас ва беҳамто аст. Ва ҳамаи мо вазифадорем, ки чун гавҳараки чашм онро ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халал созад. “Ташаккули ғояи ваҳдату ягонагӣ яке аз вазифаҳои умдаи ҳар як миллати соҳибистиқлол мебошад, таъкид мекунад Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, зеро беандешаи устувори ваҳдати миллӣ ва дақиқ муайян кардани ҳадафу роҳи таърихии ҳар як халқ идомаи ҳаракати огоҳонаи он ба сӯи дастовардҳои шоистаи сиёсӣ ва иқтисодӣ, иҷтимоӣ мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст. Зуҳури падидаи ваҳдати миллӣ аслан марбут ба ташаккули давлати миллист, зеро маҳз дар доираи давлати миллӣ зарурияти ба даст овардани эҳсоси уммияти ягонаи сиёсии мардум, ки дар як воҳиди маъмурӣ зиндагӣ доранд, боло меравад. Бинобар ин ваҳдат хусусияти миллиашро танҳо дар доираи ташаккули давлати миллӣ пайдо мекунад ва мавриди татбиқ қарор медиҳад.
Яъне нақши давлат дар таҳкими ваҳдати миллӣ меафзояд, зеро он ба таъмини рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва пешрафти фарҳанги миллӣ манфиатдор аст. Аз ин рӯ ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободии ватани азизамон мебошад. Яке аз суханони ибратомӯзи Пешвои миллат ин аст, ки “Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад. Вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки ба заҳмати созандаи ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар фарди банангу номуси миллат бояд зарурати таърихӣ ва рисолати аслии худро дар он бинад, ки ваҳдат ва ризояти миллии мо пояндаву ҷовидон бошад, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ зери ин сиёсат муттаҳид шуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва созандагиви ободкории Ватан, фаъолона ширкат намояд”.
Тоҷикему, якдилу ҷонем
Партави як субҳи тобонем
Шуълаи як моҳи шамъафрӯз
Нури як хуршеди тобонем
Ваҳдати мо, иқтидори мо
Ваҳдати мо ифтихори мо
Ҳамватан ҳастему хурсандем
Ҳамтои решшапайвандем
Бо тамоми мардуми дунё
Ҳамдаму ғамхору дилбандем
Ваҳдати мо - иқтидори мо,
Ваҳдати мо - ифтихори мо
Тоҷикистон, хоки аҷдодӣ
Марзу бахту кишвари шодӣ,
Аз парешонӣ ту эмин бош
Дар қабои сабзи озодӣ
Ваҳдати мо- иқтидори мо
Ваҳдаи мо- ифтихори мо
Қурбонов Ҳоким
ходими хурди илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлтаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ