Ваҳдати миллӣ – нӯшдоруи миллат!

Муаллиф: Исозода Дилбар

Расм

    Эъмори ҳар давлатро бе муҳобот бидуни оромиву субот тасаввур намудан ғайри имкон аст. Вале бо амри тақдир барои баъзе аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ он дар майлонҳои куллан ноозмуда рӯи кор омад, ки таърих мисолашро ёд надорад.

    Саволе ба миён меояд, ки чаро маҳз дар Тоҷикистон бо чунин мизон корбаст шудани воқеаҳо ба миён омад. Ҷавоби наздики инро мо дар нобаҳангом, ғайричашмдошт зуҳур намудани муносибатҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пайдо намуданамон мумкин аст. Дар мавридҳои аввал иддае аз мардум чунин ранг гирифтани авзои сиёсиро таҳаммул карда наметавонистанд ва умед ба он доштанд, ки давлати интернатсионалӣ бозмегардад. Гуё ҳамаи ин вокунише аст,  ба чанд муддате. Авзои иқтисодӣ бошад дар кӯтоҳтарин муддат бо халалдор гардидани фишангҳои ҳафтодсолаи собиқ давлати Шуравӣ яку якбора фурӯ рехта, нобасомониҳоро ба миён овард. Дар буҷаи давлат як тин ҳам намонда буд, ба қавле ҳама чиро аз сифр шуруъ кардан лозим меомад.

    Тоҷикистон ки аз ҷиҳати хусусиятҳои геополитикӣ нисбати дигар давлатҳои пасошуравӣ фарқ мекард, аз ин ҳисоб дар ин майлон бештаран хисорот медид.

    Низоъҳои ќавмӣ, мазҳабӣ, мањалгароӣ дар он ҳанӯз барвақттар возеҳтараш дар замони карахтиҳои сиёсӣ зуҳур намуда, пайк меҷустанд. Ба як маънӣ ҳаракати демократихоҳона, гуногунандешї дар ҷомеа, ҳизб ва ҳаракатҳои гуногун аз қабили: «Ҳизби наҳзати ислом», «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва ғайра пайдо шуда ба фаъолият шуруъ намуданд. Чӣ тавре, ки дида мешавад бо боз гардидани шароити барои худ мувофиқ ҳар яке дар амалӣ намудани барномаҳои худ талош менамуданду даъвоҳо пеш меоварданд. Дар кишвари ба мо ҳамсоя Ӯзбекистон бошад, ин майлон дар тобиши ҳаракатҳои соф хусусияти динӣ дошта бо номи «Адолат», «Ислом», ва ғайра роҳандозӣ шуд, ки он дар Андиҷон, Фарғона ва дигар минтақаҳо ба зудӣ саркӯб карда шуданд. Дар Тоҷикистон бошад аз сабаби фарроҳ будани ақидаҳо он ба оқибатҳои нохуш оварда расонид, ки амалашро мо ҳамагон хуб дар ёд дорем.

     Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ 35723 хона вайрон даҳ миллиард, хисороти пулӣ, 25000 бе саробон, 53000 бепадар, 150000 - 200000 маҳкуми марг шуданд. Гузашта аз ин 60000 ба Афғонистону 195 ҳазор ба давлатҳои собиқ Шуравӣ фирорӣ шуданд. Шояд ин қисмат буд, ё ки сабақи нави таърих, ки дар билоди мо тоҷикон боди бисёр ҳам тезу тунд вазид. Ҳарчанд бисёре аз мусофирон ба ватан баргашта бошанд, ҳам вале фисади каме аз онҳо дар Русия, Ҷопон, Куриё, Қатар, Яман ва кишварҳои дигар сокин шуда, имрӯз робитаҳои қавӣ бо ватани худ Тоҷикистон доранд. Мувофиқи маълумотҳои дақиқ он ҳангом 79% мусофиронро дар ин ё он кишварҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медоданд, ки аз он 39%-ро мардони аз 40 то 50 сола ташкил менамуданд. Чуноне ки аз далелҳо бармеояд, бо вуҷуди ҷангу ҷидолҳои дохилӣ мардум дар пешрафт ба ободии ватан ҷаҳду талош менамуданд. Вале ногуфта намонад, ки қисмате аз онҳо тибқи гузориши рӯзномавии собиқ сафири мухтор ва фавқулодаи Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов дар муддати 1 сол 4 ҳазор тољикон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Хушбахтона чанде нагузашта нерӯи солим боло гирифт, асолати аҷдодӣ дар дилу дидаҳо равшанӣ овард. Аз  16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи тақдирсози 16-ум доир гардид, ки он пайки наве  дар мазҳари армонҳои миллат буд.

    Фарзанди барӯманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон пуштибонии ин марзу бумро дар сангинтарин марҳила ба дӯши худ гирифт ва изҳор дошт, ки барои халқу ватан, барои осудагӣ ва ободии он донишу қувваи худро дареғ намедорад. Маҳз ҳамин  ҷонфидоӣ ва диловарии ӯ буд, ки дар дили миллионҳо тоҷику тоҷикистониён шуълаи умеду орзуҳо аз нав фурӯзон гардид. Дар Тоҷикистон сапедӣ бар сиёҳӣ пирӯз меомад. Соли 1994 бо созмон дода шудани музокироти тољикон марҳилаи нав ба вуҷуд омад. Дар ин замина ќадам ба ќадам барои иҷрои мақсадҳои ниҳоӣ шароит муҳайё мегардид. Ниҳоят 27 июни соли 1997 барои муттаҳид гардидани тоҷикон дар шаҳри Москва байни ҳукумати қонунии Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва сардори мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ санади ояндасози миллат ба имзо расид.

    Яке аз дастоварди бузурги ин санади таќдирсоз ба кори азнавсозӣ ҷалб гардидани 6890 силоҳдор ва дар ободонии ватан камари ҳиммат бастани онњо ба шумор меравад, ки он дар ҷаҳон эътироф ёфтааст.

    Ваҳдати миллӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат шодиву фараҳ овард. Он чун нушдорӯе дар ҷисму ҷонҳои хаста рӯҳу тавон бахшид, ки самарашро ҳамарӯз мо бо чашми ақл мушоҳида мекунем. Шукрона имрӯз Тоҷикистон натанҳо ободу зебо мегардад, балки дар пешрафти башарият гомҳои устувор дорад, ки аз самари ин санади тақдирсоз замина гирифтааст. 

 

Исозода Дилбар

ходими хурди илмии Шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ