Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои асосии ҳар ҷомеаи мутамаддин ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон, ки пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 роҳи душворе пеш гирифт, тавонист бо сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти кишвар ва дастгирии мардум, ваҳдати миллиро ҳамчун асоси сулҳу субот ва рушди давлатдорӣ барқарор кунад. Ин таҷриба метавонад намунаи хубе барои кишварҳои Ховари Миёна бошад, ки имрӯз дар шароити буҳрон ва ихтилофҳои сиёсиву мазҳабӣ қарор доранд. Дар ин роҳи мураккаб ва пурошӯб, шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат нақши муҳим ва таърихӣ бозид.
Ваҳдати миллӣ дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои калидии рушди давлатҳо ва таъмини амнияту суботи дохилӣ ва байналмилалӣ ба шумор меравад. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон, ки пур аз таҳдидҳо ва нооромиҳои сиёсиву иҷтимоӣ аст, ваҳдати миллӣ на танҳо як мафҳуми ботинӣ, балки як ояндасоз ва пойдоркунандаи давлатҳо ба ҳисоб меравад.