АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Вакилони Маҷлиси намояндагон як қатор созишномаҳоро баррасӣ намуданд

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Имрӯз ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020», Созишномаи қарзӣ, Созишномаи қолабӣ, Созишномаи агентӣ ва Созишномаи кумаки техникии грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба лоиҳаи муштараки «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф», Созишнома оид ба ворид намудани тағйирот ба созишномаҳо вобаста ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии  Рушд барои мубориза бо вируси COVID-19, Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Барномаи вокуниши фаъол ба COVID-19 ва дастгирии қисми хароҷоти буҷет,  Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ — иқтисодӣ», Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ — иқтисодӣ»,  Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Инкишофи барвақти кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон», гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни гузориши худ иброз намуд, ки   дар ин давра бо вуҷуди таҳдид ва сирояти бемории коронавируси нави COVID-19 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро босамар идома дода, як қатор корҳоро ба сомон расонданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба Маҷлиси намояндагон беш аз 55 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 5 қонуни мукаммал, 27 тағйиру илова ба қонуну кодексҳо ва 19 созишнома ворид гардида, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд.
То имрӯз ба хотири баррасии лоиҳаи қонуну кодексҳо, созишномаву протоколҳо 11 маротиба ҷаласаи Шӯро ва 9 маротиба ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон дар сатҳи зарурӣ гузаронда шуд.
Дар давоми иҷлосияи якум баъд аз омӯзиш ва баррасии масъалаҳо 197 қарори Шӯро ва 130  қарори Маҷлиси намояндагон қабул карда шуд.
Бояд иброз намуд, ки аз теъдоди умумии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 лоиҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 лоиҳа ва аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 5 лоиҳа манзур карда шудааст.
Сипас, аз рӯи ҳамаи масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
 
 

БОЗГАШТ