АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ваксин барои бемор нашудан аст

Муаллиф: Меҳр Собириён

Расм

Аз оғози пайдоиши ҳаёт дар рӯйи Замин бемориҳои сироятӣ вуҷуд доштанд. Вирусҳои наве, ки намудҳои алоҳидаи ҳаётро таҳдид мекарданд доимо пайдо мешуданд ва то дараҷаҳои муайян пешравӣ доштанд. Бемории сироятии COVID-19 низ аз ҷумлаи ҳамин вирусҳост, ки зиёда аз якуним сол боз дар саросари ҷаҳон вуҷуд дорад. Дар ин давраи кутоҳ ин беморӣ қариб 4.4 милиион инсонро нобуд кардааст.

Хушбахтона, имрӯз инсоният дар замоне қарор дорад, ки илми тиб зинаҳои баланди рушди худро тай мекунад. Донишу технологияҳои тиббии муосир имкон доданд, ки дар замони кутоҳ ваксини зидди бемории сироятии COVID-19 сохта шавад. Ин ваксинҳо дар заминаи донишҳое сохта шуданд, ки марказҳои илмии гуногун дар пайи омӯзиши коронавирусҳои пешин (SARS-2002 ва MERS-2012) андухта буданд. Вақти зиёд барои санҷиши ваксинаҳои зидди COVID-19 лозим буд. Аслан ҳар як ваксин бояд чор зинаи озмоиширо паси сар кунад, то барои истифодаи умумӣ иҷозат дода шавад. Якум, зинаи пеш аз клиникӣ мебошад, ки дар он ваксинро дар ҳайвонот месанҷанд ва муайян мекунанд, ки оё посухи имунитетро эҷод мекунад.

Дуюм зина, даври якум ном дорад, ки дар он ваксини аз озмоиши пешакӣ гузаштаро дар гурӯҳи хурди одамон озмоиш мекунанд. Бехатарии онро дар ин давра санҷида, оиди эҷод кардани посухи имунитет дар инсон маълумоти иловагӣ ҷамъоварӣ менамоянд.

Сеюм зина , давраи дуюм буда, дар он ваксинро дар садҳо инсон гузаронида, оиди бехатарӣ ва андозаҳои лозимии он маълумот мегиранд.

Зинаи охирин, давраи сеюм буда, дар он васини аз зинаҳои қаблӣ гузаштаро ба ҳазорон инсон гузаронида, бехатарӣ, таъсироти манфӣ дар дарозмуддат ва самаранокии онро бо методҳои махсуси оморӣ муайян мекунанд.

Ҳама ваксинҳои бемории сироятии COVID-19  ин озмоишҳои дурударозро паси сар кардаанд. Самараконӣ ва бехатарии онҳоро моҳҳо санҷидаанд. Ин дар ҳоле буд, ки дар ин моҳҳо садҳо ҳазор инсон аз ин беморӣ мемурданд. Аммо бо вуҷуди ин бохтҳо касе иҷозат намедод, ки ваксинҳои мавҷуда бе гузаштани ҳама озмоишҳои лозима истифода шаванд. Танҳо баъди гузаштани ҳама давраҳои озмоишӣ ваксинаҳо иҷозати истифодаи васеъро гирифтанд. Аз моҳи декабри соли 2020 ваксинаҳои зидди бемории сироятии COVID-19 истифода шуда истодаанд. Дар ин давра низ озмоишҳо идома ёфта, таъсири он ба саломатии инсон назорат карда мешавад. То имрӯз ҳеҷ далели хатарнокии онҳо пайдо нашудааст. Баръакс, додаҳои омории ин давра нишон медиҳанд, ки воқеан ваксинаҳои имрӯз дастрасбуда, ҳаёти инсонҳоро наҷот дода истодаанд. Самаранокии ин ваксинҳо хеле баланд мебошад.

Мутаасифона, дар миёни мардум ақидаҳои беасоси зидди ваксинкунӣ вуҷуд доранд. Баъзе одамони аз илм бехабар иддао мекунанд, ки ваксинакунӣ боиси бемориҳо ва ҳатто марг мегардад. Ин дар ҳолест, ки ҳадафи аслии ваксинкунӣ ин саломат будан ва зинда мондани инсонҳо мебошад. Ваксин барои бемор нашудан аст. Ваксин барои зинда мондан аст, на мурдан. Аҳёнан ҳодисаҳои мурдани одамон баъди ваксинкунӣ ба назар мерасад. Аммо ин ҳаводис ба ваксин дахл надошта натиҷаи дигар омилҳо мебошад. Умуман, ваксинкунӣ хатари гирифтор нашудан ба бемории сироятии COVID-19-ро аз байн намебарад. Вале пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки афроди ваксиншуда агар бемор шаванд, эҳтимоли ба беморхона афтидани онҳо то 90 дарсад камтар мешавад. Мару мир миёни ваксиншудаҳо бо 97 дарсад камтар аст. Ҳафтаи гузашта расонаҳо хабар доданд, ки аз 210 ҳазор гирифторшудагони рӯзона дар ИМА 90 дарсадашон афроди ваксиннашуда будаанд. Ин худ далели равшани зарурати ваксинкунӣ барои ҳар як шаҳрванд мебошад.

Иддаои бепояи дигаре, ки баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ пеш гузошта, мардумро аз гирифтани ваксин боздоштан мехоҳанд ин аст, ки гӯё тариқи ваксинкунӣ ширкатҳои дорусозӣ ба бадани мардум чипҳо ворид карда, ҳамаро дар оянда идора мекунанд. Ин як иддаои хеле содалавҳона аст. Ширкатҳое, ки дар сохтан ва истеҳсоли васеи ваксинаҳои бемории сироятии COVID-19 муваффақ шудаанд, доруҳои зиёди дигареро низ истеҳсол карда, дар бозорҳо мефурӯшанд. Агар онҳо ягон нияти бад дошта буданд, кайҳо тариқи доруҳои дигар метавонистанд онро амалӣ кунанд. Имрӯз ҳама аз доруҳои гуногун истифода мекунанд. Аз ситрамону парасетамол сар карда бо антибиотикҳои баландтаъсир ҳамарӯза аз ҷониби мардуми мо истифода мешаванд. Аммо то имрӯз ҳеҷ ширкате ба бадани мо чип ворид накардааст. Тариқи ваксин низ нахоҳанд кард.

Ваксинҳои зидди бемории сироятии COVID-19 дастоварди илм мебошанд. Имрӯз мо аз дастовардҳои илм зиёд истифода мекунем. Аз истифода телефонҳои дастӣ сар карда, то ба истифодаи автомобилу кампютеру ҳавопаймоҳо ҳама дастовардҳои илм ҳастанд, ки истифодаи онҳо зиндагии инсонро осон кардааст. Зиёд шудани аҳолии курраи Замин то ба  7.5 миллиард низ ба дастовардҳои илм рабти бевосита доранд. Бинобар ин, дар баробари бархурдорӣ аз дастоварҳои бешумори илм истифодаи бедиранг аз ваксинҳои зидди бемории сироятии COVID-19, баҳри ҳифзи соломатӣ ва ҳаёти худу наздикон, ҳатмӣ мебошад. Бехатарӣ ва самаранокии ваксинҳои дастрасро ҳам олимони соҳаи тиб ва ҳам оморшиносон тасдиқ мекунанд.

Расонаҳо хабар медиҳанд, ки дар Покистон мардум гирдиҳамоӣ ташкил карда аз ҳукумати ин кишвар хоста буданд, ки ваксинаҳои зидди бемории сироятии COVID-19-ро барои онҳо таъмин кунанд, дар Эрон ҳамарӯза шикояти мардум аз норасоии ин ваксинаҳо шунида мешавад. Ахиран, расонаҳо хабар доданд, ки як гурӯҳи фаъолони тайландӣ қасд доранд ҳукумати Тайландро, бо сабаби дуруст таъмин накардани ваксин ба аҳолӣ, ба додгоҳ кашанд. Дар ҳамин шароит, дар Тоҷикистони мо ваксинҳо барои ҳама хоҳишмандон дастрас ҳастанд. Сари вақт рафтану гирифтани ин ваксин вазифаи ҳар як шаҳрванди масъулиятшинос мебошад. Худ ва ҷомеаи худро танҳо бо гирифтани ваксин аз вабои асри нав раҳо карда метавонем.
 

Меҳр Собириён

23,08,2021

БОЗГАШТ