АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Варзишгарон парчамбардорони миллатанд!

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Имрӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва ҳайати шахсии милитсияи пойтахт, ҳамзамон муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони бозиҳои олимпии соли 2016 ва яке аз парчамбардорони миллати тоҷик Дилшод Назаров, Зиёев Субҳиддин Насриевич корманди Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд. Наухст чорабинии тантанавиро муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Ҳабибов Сайфулло Абдуллоевич оғоз бахшида, изҳор дошт, ки миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби рамзҳои давлатдорӣ махсусан парчам буданд, ки онро ҳамчун рамзи озодиву истиқлолхоҳӣ парафшон мекарданд. Дар тули таърих бо истифода аз парчам миллати тоҷик бо ҳам муттаҳид гардида, дар бунёди ҷомеаи озоду устуворгардонии пояҳои давлатдорӣ парчамро ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ истифода кардаанд.
  Ба таъкиди номбурда имрӯз низ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ ҳама он талошу заҳматҳои миллати куҳанбунёди тоҷикро дар бар гирифта, муаарифигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари олам мебошад. Махсусан ранги сурхи парчам имрӯз таҷассумгари шуҷоату далерӣ ва корнамоиҳои фарзандони қавииродаи миллати тоҷик буда, дар он шуҷоату фаъолияти шабонарӯзии кормандони милитсия низ инъикос ёфтааст.
Дар қисмати дигари чорабинии тантанавӣ фарзанди барӯманди миллати тоҷик Дилшод Назаров суханронӣ намуда, тассуроти худро ҳангоми парафшонии парчам дар бозиҳои олимпӣ иброз дошт.
  Чуноне номбурда таъкид намуд, ба даст овардани ғалаба дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва баланд гаштани парчаму садо додани суруди миллӣ орзу ва марому мақсади аввалиндараҷаи ҳар як варзишгар ба шумор меравад. Маҳз талошу заҳматҳои варзишгарон аст, ки ба ифтихори онҳо Парчами давлатӣ дар хориҷ аз кишвар парафшон гардида, суруди миллӣ садо медиҳад. Ин аст, ки варзишгаронро парчамбардорони давлату миллат мешуморанд.
Ҳамзамон иштирокчии дигари чорабинии мазкур Зиёев Субҳиддин Насриевич корманди Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масири таърихии парчам суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳифзу қадршиносӣ аз муқаддасоти давлатдорӣ махсусан парчам дар эҷодиёти ниёгонамон мавқеаи хосса дорад. Зеро дар тули таърих маҳз бо истифода аз ливо мардумон аз ҳастии хеш ва озодагиву истиқлолхоҳии худ дарак дода, зери як идеяву андешаи созанда сарҷамъ омадаанд.
  Қобили тазаккур аст, ки кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз ин мулоқот бо парчамбардори меҳан ва саволу ҷавобҳо ҳар кадоме ба худ ҷаҳони маънӣ бардоштанд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

http://dushanbepolice.tj/2021/11/варзишгарон-парчамбардорони-миллат-2/?fbclid=IwAR3nab-QevBnzwiSiHlxHBjWGdQJvbIIbIV9xnm5oOPGz3bm1l1f4lsKd8w 

БОЗГАШТ