АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ВАСФИ МОДАР, ЗАН ВА ХОҲАР АЗ ЗАБОНИ БУЗУРГОНИ АҲЛИ АДАБУ ШЕЪРИ ҶАҲОН (ба муносибати Рӯзи Модарон)

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Дар васфи модар, зану хоҳар хеле навиштаанду боз ҳам менависанд ва хоҳанд навишт. Месазад гуфт, ки тамоми адабиёти олам бо ҳар забону гӯишҳо дар бораи симои зан ва мавқеи ӯ дар ҷомеа мисолу масалҳои хуберо халлоқона баён кардаанд, ки дар байни онҳо олимону суханварони минтақаҳои Осиёву Аврупову Африқо, аз ҷумла Тоҷикистон, Ҳинду Покистон ва кишварҳои арабӣ низ мавҷуданд. Дар ҳақиқат лафзи “Модар” агар чанде як вожаи кӯчак ба назар мерасад, вале дар он бузургтарин маъниҳои ишқу ирфон, лутфу меҳрубонӣ ва фидокориву ҷасорат мавҷуд аст. Беҳуда нест, ки мегӯянд: “Зан-Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад. Ба қавли арабҳо;
الأم كلمة صغيرة وحروفها قليلة لكنّها تحتوي على أكبر معاني الحبّ والعطاء والحنان والتّضحية
  Дар ин зимн, Розия Озод яке аз модарони муборизе мебошад, ки ба миллати мо марди донишманду ҷасуреро ба мисли Бобоҷон Ғафуров тарбият карда, ба воя расониданд, ки имрӯз аз қаҳрамонони Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Ин модари меҳрубону азиз аз шоироне буданд, ки бо шеърҳояшон моро ба сӯи илму дониш ва худшиносӣ раҳнамоӣ мекарданд. Дар яке аз шеърҳояшон зери унвони “Насиҳат ба фарзанд” чунин мефармоянд:
Мекунам бо ту насиҳат, эй писарҷон, гӯш дор,
Модари пурдидаат гӯяд суханҳо, ҳуш дор.
  Дар ҷое дигар чунин мегӯянд:
Баҳри ҳифзи модари худ, баҳри ин мулки кабир,
Гар шавад лозим, бикун ҷони азизи худ фидо..

  Ҳамин тариқ, дар шеъри дигари худ зери увнони “Ба занони озод” модари меҳрубон чунин хитоб мекунад:

Омад иди бахту иқболи занон,
Ҳаштуми марти шарафноки азиз.
Мужда овард аз баҳор, эй дӯстон,
Субҳи ӯ дар кӯҳу дашти сабзхез.

  Яке аз маъруфтарину машҳуртарини шоирону файласуфони қарни гузашта Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба шумор меравад, ки дар маҷмӯаи урдуаш қисмате аз ашъорашро ба бузургдошти зан, зери унвони «Аврат» (зан) бахшидааст, ки бузургӣ, фарзонагӣ ва шарофати занро инъикос мекунад:
 
وجود زن سے ہے تصویر کائنات میں رنگ
اسی کے ساز سے ہے زندگی کا سوز ِ دروں
(علامہ محمد اقبال)

Вуҷуди зан си ҳе тасвири коинот ме ранг,
Иси ка соз си ҳе зиндаги ка сузи дарун.

  Яъне, аз вуҷуди зан тасвири коинот рангин мешавад ва аз ҳамин олиҳаи ҳусн зиндагиву сӯзи дарун пайдо мегардад. Симои дурахшони олам аз мавҷудияти зан буда, ба худ рангу бӯи хоси худро мегирад. Зеро ӯ ба мисли созест, ки метавонад раҳму шавқатро бедор карда, дили инсонҳоро гарм нигоҳ дорад.
  Ҳамин тавр, шоир ва файласуфи араб Абулъалои Мааррӣ, ки номи аслияш Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Сулаймон буда, соли 973 дар маҳаллаи Маарраи Сурия таваллуд шудааст ва санаи 1057 дунёро падруд гуфтааст, дар байни адибон ба Хайём-и араб ёд шуда, дар яке аз шеърҳояш чунин фармудааст:

العَيْـشُ مَاضٍ فَأَكْـرِمْ وَالِدَيْـكَ بِـهِ
والأُمُّ أَوْلَـى بِـإِكْـرَامٍ وَإِحْـسَـانِ
 وَحَسْبُهَا الحَمْـلُ وَالإِرْضَـاعُ تُدْمِنُـهُ
أَمْـرَانِ بِالفَضْـلِ نَـالاَ كُلَّ إِنْسَـانِ
https://mawdoo3.com/ ( 6-уми марти 2023)

  Яъне, зиндагӣ равону гузарон аст. Лиҳозо падару модарро эҳтирому қадрдонӣ бояд кард. Модар сазовори иззату эҳтиром аст. Ҳамлу нигоҳибини даврони ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ аз бузугртарин хидматҳои ӯст, ки бо фазли ҳамин ду кори модар ҳар як инсон ба воя мерасаду камол меёбад.
  Хулоса, лафзи модар шомили:

  М – меҳру муҳаббат
  О – озодиву ободӣ
  Д – дарду дармон
  А – ашку армон
  Р – раҳму рафоқат

  буда, арҷгузорӣ ва эҳтироми модар, зан ва хоҳар қарзи фарзандии ҳар яки мо мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд омодаи хидматашон бошему бо чашми хираду адаб онҳоро назар намоем. Бузургдошти Рӯзи Модар бо қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканоре ки дорад, муборак бошад. Бигзор ЗАН-МОДАР ҳамеша солиму саодатманду шарафманду ҷасур бошанд ва ҳамроҳи мардон Ватанро озоду орому обод нигоҳ доранд.
 
Мирсаид РАҲМОНОВ,
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
 

 

БОЗГАШТ