АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ВАТАНДӮСТӢ - МОҲИЯТ ВА МУҲИМИЯТИ ОН

Муаллиф: Шарифов Искандар

Расм

ВАТАНДӮСТӢ - МОҲИЯТ ВА МУҲИМИЯТИ ОН

Ватандӯстӣ (патриотизм), мисли дин ниёзҳои одамонро ба чизе бештар қонеъ мекунад, ки ҳаёти шахс метавонад ба он пайваст шавад. Ватандӯстӣ яке аз рукнҳои асосии муаррифии содиқ будан ба Ватан аст. Агар ватандӯстӣ  танҳо дар забони гуфтугӯӣ, маҷаллаву рӯзномаҳо, радиову телевизор бошад, пас он як  руҳияи ғуломӣ ба шумор меравад. Ватандӯстии ҳақиқӣ ва садоқат ба он танҳо дар руҳу ҷисми инсон тавлид мешавад ва он метавонад, қувваи қавӣ ва нерӯи созандаро тарбият намояд. Ватандӯстӣ мисли имони падариву модарӣ, аз лаҳзаи таваллуд оғоз меёбад, агар падару модар ватандӯст бошанд, вагарна баръакс. Зеро тарбияи ватандӯстӣ дар аввалин ячейкаи ҷамъият, оила сарчашма мегирад, баъдан боғча, мактаб, донишгоҳ. Қувваи тарбиякунанда ҳар қадаре, ки бузург бошад, натиҷаи дилхоҳ ба даст меояд, вагарна баръакс.

Вазифаи тарбияи ватандӯстиро дар ҷомеа бояд кӣ ба дӯши худ бигирад? Ба ин савол аз ҳар зовия ҷавоб гуфтан шояд. Чи тавре, ки дар боло зикр кардем, оила, боғча, мактаб, донишгоҳ..., аммо агар вазифаи тарбияро ин институтҳо нагиранд, тарбияи ватандӯстӣ вазифаҳои худро гум кунанд, дар ҷомеа шаклҳои нави тарғибот шакл гиранд, он вақт чӣ мешавад? Ҷавоби дақиқ додан мушкил аст. Дар кишварҳое, ки институтҳои оила, боғча, мактаб, донишгоҳ дар тарбияи ватандӯстӣ нигоҳи холиса дошта, мардум ва ҷамъият низ бетараф нестанд, ватандӯстӣ меъёри муайянкунандаи садоқат ба арзишҳои миллӣ, давлат ва манфиатҳои он мебошад. Таҷзияшавии вазифаҳо миёни ин иститутҳо тарбияи ватандӯстиро мушкил мекунад. Чунки агар тарбияи ватандӯстӣ дар оила шакл нагирад, боғча онро такмил надиҳад, мактаб тавсеа надиҳад, дар донишгоҳ пӯхта нарасад, ин гуна ватандӯстиро чӣ номид. Донишгоҳ сабаби пӯхта нарасидани онро бемасъулиятии мактаби миёна унвон кунад, мактаби миёна аз бемасъулиятии боғча гӯяд, боғча аз бемасъулиятии оила, пас масъулияти тарбия ва тарбияи ватандӯстиро кӣ ба дӯши худ бояд гирад.   Ҳама аз ин масъулияти пурарзиш худро дар канор мегиранд, сабаб чист? Сабаб ягона, сафи масъулиятшиносон кам шудааст ва сафи бефарқон дар ҷомеа афзудааст. Сафи бетарафон барои тарбияи ватандӯстӣ зиёд мешавад, аммо эҳтиёҷ ба ватандӯстон рӯз аз рӯз меафзояд. 

Ватандӯст кист? Ватандӯст он шахсест, ки бо андешаи солим, истиқлоли андеша ва руҳи созанда, давлату миллати худро аз вазъиятҳои ногувору қалтис баровардааст, мисли Эмомалӣ Раҳмон, Садриддин Айнӣ...

Ватандӯст он шахсест, ки бо илми худ, бо қалами худ ва осори худ ба ҷаҳониён ватанашро муаррифӣ мекунад, мисли Бобоҷон Ғафуров...

Ватандӯст он шахсест, ки бо шеъри худ, дафтари худ, девони худ ҷаҳониёнро дарси сулҳу ваҳдат меомӯзад, мисли Мирзо Турсунзода...

Ватандӯст он шахсест, ки ҷони худро сипар, санги Ватанро силоҳ ва дуои модаронашро мадад гирифта, зидди душманонаш меҷангад, мисли Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур...

Ватандӯст он шахсест, ки бо қувваи худ, тавоноии худ ва бедорхобиву ҳушёрии худ, сарҳаду якпорчагии ватанашро ҳимоя мекунад, мисли сарҳадбон, низомиён...

Ватандӯст он шахсест, ки бо зури дастон, меҳнати ҳалол ва заҳматҳои бузург парчами ватанашро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад, мисли варзишгарон...

Ватандӯсти воқеӣ пайрави Президенти худ, фарзанди содиқи Ватан – Модар, ҳофизи девони шоиронаш, парчамбардори ватанаш, ҳомии сулҳу ваҳдаташ,  вориси аҷдодонаш мебошад.

Пас ватандӯстӣ, ин муҳаббат ба Ватан, маҷмӯи дӯстдориҳо, тасаввуротҳо ва ақидаҳое мебошад, ки таърихан дар ҳар халқу миллатҳо вуҷуд дошта, то имрӯз ҳамчун як категорияи калидӣ боқӣ мондааст. Ва ҳамчун раванди маърифатӣ марҳилаҳои гуногунро сипарӣ намудааст. Аммо чаро имрӯз ниёз ба патриотизм меафзояд ва он бояд тақвият ёбад ва чаро дар шароити кунунӣ бояд ватандӯстӣ ба мафкураи табиии миллат табдил ёбад. Назари ин ҷониб атрофи ин масъала мусбат буда, муҳиммияти онро вобаста ба гуногунрангии олами сиёсӣ, пешгӯинашавандагии ҳодисаву равандҳои ҷаҳони имрӯза бисёр баланд арзёбӣ менамояд. Ба вуҷуд овардани қишри номусӣ, давлатмеҳвар, тоҷикмеҳвар, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ, ҳуввияту худшиносӣ доранд, бо тарбияи ватандӯстӣ муяссар мегардад. Ватандӯстиро метавон ҳамчун як навъ сиёсат, ки мазмунан муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ифтихор аз гузашта ва имрӯзи он, ҳомии манфиатҳои миллӣ, арзишҳои милливу таърихӣ маънидод кард. Имрӯз дар аксари кишварҳои ҷаҳон ватандӯстӣ муҳимтарин фазилати шаҳрвандӣ дониста мешавад. Аз ин рӯ, месазад, ки дар миёни шаҳрвандони мо, хонандагон ва дигар қишрҳои ҷомеа ин фазилатро ба фазилати универсалӣ табдил дод. Коркарди барномаҳои дарозмуддат барои мусоидат, тақвият ва универсалӣ намудани ватандӯстӣ  аз имконият дур нест. Қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз ҷумлаи чунин иқдомоте, ба шумор меравад, ки ҳадафҳои ноилшавӣ  ба ватандӯстии универсалиро дар марҳилаи кунунӣ метезонад. Ҳадафи аслии тарҳи ин қонун натанҳо имконият медиҳад, ки худшиносиву худогоҳӣ ва патриотизму эҳтиром ба давлату миллати хешро баланд мебардорад, ҳамзамон гаравиши ҷавононро ба ташкилотҳои ифротӣ, ҳаргуна амалҳои зиддидавлатӣ ва афзоиши бетарафиро коҳиш медиҳад.

Шарифов Искандар,

ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ