АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Вазъи коронавирус дар Ҳиндустон ва тасдиқи ваксинаҳо

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Коронавирус аввалин маротиба дар моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин ба қайд гирифта шуд ва хурӯҷ ёфт. Баъд аз чанд вақте маълум шуд, ки ин намуди вирус аз одам ба одам мегузарад. Хурӯҷи беморӣ оҳиста-оҳиста тамоми ҷаҳонро фаро гирифт.
Бисёр ширкатҳои дорусозӣ кушиш намуданд ҳарчӣ зудтар бар зидди ин беморӣ ваксина истеҳсол кунанд. Мутаассифона, дар моҳҳои аввали хурӯҷи ин беморӣ доруи махсус ва ягон ваксина вуҷуд надошт. Дар аввал вақте ки ваксина вуҷуд надошт, табобат аз таъин кардани терапияи нигоҳубин, риояи  гигиенаи шахсӣ ва дигар чораҳою пешбиниҳо, ки аз тарафи кормандони тиб тавсия дода мешуданд ба инобат гирифта мешуданд. Хушбахтона, ҳозир аз тарафи мамлакатҳои гуногун ва ширкатҳои бузурги дорусозӣ  ваксинаҳо бар зидди ин беморӣ бароварда шуданд. Ҳукумати Ҳиндустон ҳам мисли дигар кишварҳо чораҳои заруриро барои пешгирии коронавирус пиёда карда буд. Сарвазири мамлакат Норендра Модӣ ба шаҳрвандони кишвараш муроҷиат намуда, аз онҳо дархост намуд, ки барои пешгирии ин намуди сироят тамоми тавсияҳои табибон ва чораҳои пешгирифтаи ҳукуматро бечуну чаро иҷро намоянд. Ҳиндустон аз 24 марти соли 2020 аввалин бор дар кишвар реҷаи қарантинро эълон намуд. Бо вуҷуди чораҳои пешгирӣ кардани ин беморӣ  вазъи коронавирус дар Ҳиндустон ҳозир хеле нигаронкунанда аст, чунки вақтҳои охир сироят хеле зиёд шуда истодааст ва Ҳиндустон аз руи паҳншавӣ ва фавт аз ин беморӣ дар ҷаҳон баъди Америка дар ҷои дуюм қарор дорад.
Мувофиқи расонаҳо дар ҳоли ҳозир вазъияти коронавирус дар Ҳиндустон чунин аст.
Мувофиқи нишондодҳои Вазорати тандурустӣ дар кишвар дар ҳоли ҳозир 10,6 миллион беморони  COVID-19  ҳастанд,  10,2 миллион нафар табобат ёфтанд ва 211ҳазор нафар муолиҷа мегиранд ва теъдоди фавтидагон ба  152 ҳазор расидааст (22-уми январи 2021, https://coronavirus-monitor.info/country/india/).
Бо вуҷуди ин, Ҳукумати Ҳиндустон кӯшиш карда истодааст, ки хурӯҷи бемориро то ҳадди имкон назорат кунад.
Акнун ки ваксинаҳо истеҳсол шуданд, Ҳиндустон расман ду ваксинро бар зидди коронавирус тасдиқ кард. Мақомоти дахлдори оиди доруворӣ барои эмкунӣ ваксинае ки аз тарафи AstraZeneca бо ҳамроҳии донишгоҳи Оксфорд ва фирмаи Bharat Biotec истеҳсол мегардад тасдиқ намуд.
Сарвазири мамлакат Норендра Модӣ ин равандро давраи ҳалкунанда номид.
Имсол дар Ҳиндустон мувофиқи нақша бояд 300 миллион нафар ваксина гиранд.
Дар мадди аввал 90 000 кормандони тиб барои ваксина тайёр шуданд ва ин дар ҳолате ки аҳолии Ҳиндустон 1,3 миллиардро ташкил медиҳад.
Ваксинаи Oxford / AstraZeneca дар ҳудуди кишвар аз тарафи Институти Ҳиндустон оиди истеҳсоли ваксина, ки дар ҷаҳон калонтарин истеҳсолкунандаи доруворӣ мебошад истеҳсол карда хоҳад шуд. Вай дар як моҳ 50 млн. дозаро истеҳсол мекунад.  
Назоратчии генералӣ доир ба доруворӣ изҳор дошт, ки ин ваксина бехатар мебошад.
Адар Пунавалла, директори генералӣ дар мулоҳот бо ахбори BBC дар моҳи ноябри соли гузашта изҳор намуд, ки истеҳсоли ваксинаро то 100 млн. доз дар як моҳ бо иҷозати мақомоти дахлдор зиёд хоҳанд намуд.
Ваксина бо номи Ковишилд бо ду доз дар муддати аз 4 то 12 ҳафта гузаронда мешавад. Онро дар ҳарорати аз 2 ° C то 8 ° C нигоҳ доштан мумкин аст, яъне онро дар яхдони хонагӣ метавон нигоҳ дошт. Ин масъала барои Ҳиндустон, ки ҳарорати ҳаво хеле гарм аст аҳамияти махсус дорад.
Ин бисёр ваксинаи қулай барои чунин кишвари гарм мебошад, чунки баъзе ваксинаҳо ба монанди Pfizer / BioNTech, ки феълан дар бисёр кишварҳо истифода мешавад дар ҳарорати -70 ° C нигоҳ дошта мешавад. Ин барои Ҳиндустон, ки ҳарорати ҳаво дар тобистон то 50 дараҷа мерасад, мушкил аст.
Дар аввал тахминан 30 миллион корманди тиб, баъд кормандони пулис ва кормандони ҳолатҳои фавқуллода ваксина мегузаронанд. Сипас ба шахсони синну солашон аз 50 зиёд гузаронда хоҳад шуд.
16 январи соли 2021 3352 нуқтаҳои эмгузаронӣ кушода шуданд ва аллакай 300 ҳазор нафар ваксинаро гузаронданд.
Боварӣ ҳаст, ки ваксинагузаронӣ ба хуруҷи ин беморӣ хотима хоҳад гузошт.
 
Душанбиева Нигина,
корманди институт

БОЗГАШТ