ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА МУҒУЛИСТОН

Муаллиф: Достиева Дилафруз

Расм

Ба истиқболи сафари расмии президенти Муғулистон муҳтарам 

Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23-26 июли 2025

 

      Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаштан аз марҳалаи аввали пас аз истиқлол, ки даврони ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳои олам кушод ва бо эъломи “сиёсати дарҳои боз” равобити байналмилалиро бо дигар кишварҳо барқарор намуд. Ҷумҳурии Муғулистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 1992 муносибатҳои дуҷонибаи дипломатии худро оғоз намуд ва ҳамкориҳо дар ҳоли густариш қарор доранд. Бар асоси ҳамин муносибатҳои дуҷониба  миёни ду кишвар сафарҳои расмии роҳбарони давлат баргузор гардид.

       “Тоҷикистон  ҳамчун субъекти  комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ дар 34 соли Истиқлоли давлатӣ мудаввом сиёсати хориҷии дӯстонаро бо кишварҳои гуногуни дунё,бо  назардошти манфиатҳои миллии кишварамон ба роҳ мондааст.Дар ин радиф Муғулистон ҳамчун ҳамсоякишвар  дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон эътибори вижаи худро доро аст”[1].

       Тибқи  иттилои  Вазорати  корҳои хориҷӣ аввалин маротиба сафари расмии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Муғулистон  дар таърихи 23 марти соли 2009 сурат гирифта буд. Зимни ин  мулоқот  мавзӯъҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ - иқтисодӣ ва илмӣ-фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

       Дар доираи Шӯрои Сарони давлатҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе 11 сентябри соли 2014 вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти собиқи Ҷумҳурии Муғулистон Сахиагийн  Элбегдорж баргузор гардид, ки дар ин мулоқот масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд. Ҳарду  ҷониб аз ҳамгироии сиёсии ду кишвар дар масоили сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии онҳо ба имкону захираҳои фаровони мавҷуда роҳандозӣ нашудааст. Аз ин хотир, ба ташкил ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, ба хусус чорводорӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти он ба мисли гӯшту шир ва пӯсту пашм рӯй овардан лозим аст. Инчунин дар робита ба ҳамкории илмию фарҳангӣ таъкид гардид, ки олимону таърихнигорони ду кишвар бояд имкони дастрасӣ ва кор дар бойгониҳои ҳамдигарро дошта бошанд, зеро дар онҳо маъхазҳои ҳанӯз наомӯхташудаи таърихи асрҳои миёна хеле зиёданд.

       Мувофиқи дигар санадҳои Вазорати корҳои хориҷӣ  26 апрели соли 2019  мулоқоти дуҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга ба амал омад ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки  масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар ҳошияи Форуми дуюми сатҳи байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” омили муҳими таҳкими робитаҳо арзёбӣ  мегардад. Тоҷикистону Муғулистонро ҳамгироии сиёсии ду кишвар дар масоили сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай, бо ҳам муттаҳид месозад. Инчунин пешниҳод гардид, ки  ба хотири таҳкими муносиботи дуҷониба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо истифода аз имкону захираҳо ҷоннок карда шавад.

       Ниҳоят 17 апрели соли 2025  машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон ба амал омад, ки атрофи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн муҳокима гардид.

       7 майи соли 2025 ҷаласаи аввали Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Муғулистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардида, дар раванди ин нишаст ҷаласаи гурӯҳи кории муштарак дар соҳаи кишоварзӣ миёни вазоратҳои ду кишвар ташкил гардида, ёдошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар ин самт ба имзо расид.Ҳарду  ҷониб масъалаҳои содироти меваю сабзавот ба Муғулистон, табодули таҷриба ва ташкили сафарҳои кории муштарак дар соҳаҳои растанипарварӣ, боғдорӣ, токпарварӣ ва чорводориро низ баррасӣ карданд.

       Мувофиқи нишондиҳандаи маълумоти омории Тоҷикистон, ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Муғулистон дар панҷ моҳи соли 2025 ҳамагӣ ҳудуди 172 ҳазор долларро ташкил медиҳад.  Ин нисбат ба соли 2024, ки гардиши мол миёни ду кишвар 50,8 ҳазор доллар буд   (43,5 ҳазор долар воридот аз Муғулистон ва 7,3 ҳазор долар содирот) чандин маротиба бештар аст.

       Инчунин ҳар ду кишвар дорои захираҳои бузурги маъданӣ аз қабили тилло, мис ва ангишт буда, дар ояндаи наздик дар ин самт метавонад ҳамкориҳоро густариш диҳанд.

23 июли соли ҷорӣ сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат гирифт, ки ин мулоқот марҳалаи муҳим дар болоравии сатҳу сифати муносибатҳои ду кишвар ба шумор меравад.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ин мулоқоти корӣ имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ин нуқтаи ниҳоят муҳим дар муносибатҳои тарафайн мебошад:

“— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

— Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва алоқаи Муғулистон дар соҳаи рақамикунонӣ;

— Ёддошти тафоҳум дар самти пешгирӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ” ва Корхонаи давлатии “Академияи Э-Муғулистон”;

— Ёддошти тафоҳум миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Муғулистон;”[2]

Умед бар он дорем, ки бо имзои санадҳои нави ҳамкорӣ робитаҳои дуҷониба тақвият меёбад ва уфуқҳои васеъро барои робитаҳои дипломатӣ ҳар ду ҷониб бозкушоӣ менамояд.

 

Достиева Дилафруз

ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва

Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ