АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Япония суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

7 июл суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Япония Тосимитсу Мотэги баргузор гардид.
 
Тавре дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ибтидо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Япония бинобар талафоти ҷониву хисороти зиёди моддӣ бар асари обхезӣ ва ярч дар ҷануби Япония изҳори ҳамдардӣ кард.
 
Дар рафти суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар заминаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
 
Мусоҳибон зимни арзёбии ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва тиб, бар аҳаммияти идомаи ҳамёрӣ ва иқдомҳои муштарак ҷиҳати пирӯзӣ бар ҳамагирии COVID-19 таъкид карданд.
 
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз кумакҳои Япония барои соҳаҳои зерсохторӣ, тандурустӣ, беҳдошт, некӯаҳволии ҷомеа, омӯзиш ва рушди малака дар доираи Кумаки расмии рушд (ODA) изҳори сипос намуд.
 
Ёдоварӣ шуд, ки маориф ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои муҳимми рушди стратегӣ дар Тоҷикистон мебошад, мутахассисони кишвари мо дар давраҳои гуногуни бозомӯзӣ дар Япония таҳсил мекунанд. Дар ин замина лоиҳаи Стипендияи рушди захираҳои инсонии Барномаи кумаки Япония (JDS) дар бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисодиёт ва мудирият, инчунин Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии  Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта истодаанд.

БОЗГАШТ