ВИКТОР ОРБАН ВА ҲИЗБИ Ӯ ДАР ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ ПИРӮЗ ШУД

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Дар интихоботи парлумонии Маҷористон Партияи Халқии Христиан-Демократии “ФИДЕС”, ки онро сарвазири Маҷористон Виктор Орбан раҳбарӣ менамояд, пирӯз шуд.
  Пас аз коркарди варақаҳои интихоботӣ Партияи Халқии Христиан-Демократии “ФИДЕС” 67,84% овозро ба даст овард. Ногуфта намонад, ки сарвазири Маҷористон Виктор Орбан маротибаи чорум пай дар пай дар интихоботи парлумонӣ ғолибиятро ба даст овардааст. Пирӯзии Виктор Орбан ҳанӯз аз ҷониби Комиссияи Марказии Миллии Интихоботӣ ба таври расмӣ сабт нашудааст, аммо ин танҳо як расмият аст.
  “ФИДЕС” дар интихобот чунон пирӯзии бузургро ба даст овард, ки то имрӯз ҳамто надошт. Мо ғалаба кардем! Биёед, ба Аврупо паём фиристем: ин гузашта нест, ин ояндаи умумии аврупоии мост"- мегӯяд, сарвазири Маҷористон, Виктор Орбан.
  Иттиҳодияи Аврупо ба ин назар аст, ки Виктор Орбан ниҳодҳои демократиро дар кишвараш тахриб менамояд ва дар давоми 12 соле, ки Виктор Орбан дар сари қудрат буд, вай тавонист дар асл конститутсияро аз нав таҳия намояд, одамони худро ба вазифаҳои баландмартабаи мақомоти судӣ таъйин намояд ва қоидаҳои интихоботро тағйир диҳад. Виктор Орбан аз соли 2010 инҷониб дар сари қудрат мебошад. Ин чорумин маротиба аст, ки Виктор Орбан пай дар пай интихоб шудааст ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ӯ кори худро дар сиёсат хуб медонад ва пеш мебарад. Ӯ як шахси сиёсатмадорест, ки дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
  Тааҷҷубовар нест, ки Виктор Орбан пирӯзиро ба даст овард, чун мавқеи ӯ дар дохили кишвар ҳоло ҳам хеле қавӣ аст, шарҳ медиҳад Александр Стикалин, ходими пешбари Пажӯҳишгоҳи славяншиносии Академияи илмҳои Русия. Мухолифон, ки аз нерӯҳои мухталифи сиёсӣ иборатанд, натавонистанд дар баробари Виктор Орбан бартарияти худро нишон диҳанд ва, аз ин рӯ, мағлуб шуданд. 4 апрели соли 2022 барои мардуми Маҷористон ва худи Виктор Орбан як рӯзи муҳиме шуд, ки дар таърих хоҳад монд. Виктор Орбан боз барои чор соли оянда дар мақоми сарвазири кишвари Маҷористон боқӣ хоҳад монд.

Юсуфӣ Фарзонаи Шуҳрат
ходими хурди илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка

                    Манбаҳои интернетӣ:
1.https://news.rambler.ru/world/48417817-orban-obyavil-o-pobede-svoey-partii-na-parlamentskih-vyborah-v-vengrii/
2.https://mir24.tv/news/16503179/alyans-viktora-orbana-vyigral-parlamentskie-vybory-v-vengrii
https://www.bbc.com/russian/news-60978271

БОЗГАШТ