АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Воқеияти бархурдҳои мазҳабӣ дар пасманзари бозиҳои геополитикӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

Расм

  (чанд мулоҳиза дар ҳошияи китоби тозаи ҳиндшиноси маъруфи тоҷик Ҳабибулло Раҷабов “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимоти Ҳиндустон дар асарҳои нависандагони Ҳинд”)

  Гузаронидани нишасту конфронс ва семинар-машварату маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ ва фаннӣ-ихтисосӣ аз ҷумлаи механизм ва ба истилоҳ, роҳкорҳои муассири илмӣ-назариявӣ ва амалӣ-эҷодӣ дар ростои шинохти чеҳраҳои матраҳи миллию фаромиллӣ, ошноӣ бо фарҳангу тамаддуни минтақавию ҷаҳонӣ, дарки авзои сиёсию мафкуравию геополитикӣ, ташхиси масири бархурдҳои тамаддунӣ, ҳифзи ҳувият ва манофеи миллӣ, муаррифии шоистаю боистаи меросу арзишҳои асили қавмию бумӣ ва амсоли инҳо маҳсуб мешавад. Дар ин замина, дар пажуҳишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо ҷалби донишмандону коршиносон ва насли ҷавонони муҳаққиқон семинар-машваратҳои илмӣ-амалӣ доир гардида, аз ин тариқ раванди бедории фикрӣ дар ҷомеаи илмии тоҷик таҳкиму тақвият меёбад.

  Бад-ин манзур, 20 декабри соли ҷорӣ, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳузури доираи муҳаққиқону коршиносон семинар-машварати илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Масоили ҳиндшиносӣ ва таҳдиду чолишҳои имрӯзӣ” баргузор гардид. Дар доираи семинар-машварат, ҳамчунин монографияи ба тозагӣ интишорёфтаи сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ-Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд” (муфассал ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022. -272 с.) як навъ рӯнамоӣ-муаррифӣ ва ба истилоҳ, презентатсия шуд.

  Семинар-машварати илмӣ-амалиро директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёрмуҳаммад Ниёзӣ ифтитоҳ карда, иҷмолан роҷеъ ба шахсияти ҳиндшинос Ҳабибулло Раҷабов ва мероси илмии ӯ изҳори назар кард. Баъдан устод Ҳабибулло Раҷабов дар мавриди зуҳуру нуфузи ҳиндшиносӣ дар минтақа, вазъи ҳиндшиносии муосир ва таҳдиду чолишҳои имрӯзӣ суҳбати ҷолиби ихтисосӣ анҷом дода, аз ҷумла таъкид кард, ки омӯзишу мутолеа ва таҳлилу арзёбиҳои илмӣ-ихтисосии кишвари Ҳиндустон имкон фароҳам меоварад, ки доираи донишу биниши мо дар заминаи шинохти ин мамлакати афсонавӣ васеъ гардад. Аз тарафи дигар, тарҷума ва пахшу нашри осори нависандагону адибони пешқадаму тараққихоҳи Ҳиндустон миллати моро ба падидаҳои нодири фарҳангу тамаддун, ойину суннат ва адабу ҳунари минтақа ошно месозад. Махсусан, устод Ҳабибулло Раҷабов ба масъалаи бархурдҳои мазҳабӣ ва тасвири ҳаводиси фоҷеабори тақсимшавии Ҳиндустон дар осори нависандагони муосири Ҳинд таваҷҷуҳ намуда, бар он ишора кард, ки даҳшату ваҳшати бархурдҳо, ки боиси шикасти рӯҳияи мардумӣ тайи солиёни мутамодӣ гардидааст, дар ҳеҷ давру замоне аҳли маърифат ва зиёиёну фарҳангиёнро бетараф нагузошта ва гузошта ҳам наметавонад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҳиндшинос Ҳ. Раҷабов афзуд, ки маҳз дар заминаи бархурдҳои мазҳабӣ ва ихтилофоти ақидатӣ китоби алоҳидае бо номи “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд” таълиф карда, манзури хонандагон гардонидааст, то ин ки мардум аз иттифоқоти номатлубу хунбору талхи бархурдҳои мазҳабӣ огоҳӣ пайдо намуда, баҳри ҷилавгирӣ аз ҳаводиси даҳшатбор саъю талоши фаровон варзанд.

  Баъди суҳбати устод Раҷабов, ҳамкорону дӯстон ва муҳаққиқон, аз ҷумла доктори имлҳои фалсафа Комил Бекзода, доктори имлҳои сиёсӣ Шамсиддин Карим, ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ Меҳр Собириён, ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АМИТ Нозим Нурзода, ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ Мирсаид Раҳмонов суханронӣ карда, сари монографияи устод Ҳабибулло Раҷабов нуктаҳои ҷолиб ироа доштанд. Бавежа, гузоришоти доктори имлҳои сиёсӣ Шамсиддин Карим ва ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ- Шарқӣ Меҳр Собириён дар заминаи китоби “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд”-и Ҳ. Раҷабов ихтисосӣ ва ҳирфаӣ буданд. Устод Бекзода, ки ифтихори ҳамсабақӣ ва ҳамкорӣ бо Ҳабибулло Раҷабовро доранд, доир ба сифоту вежагиҳои ҳувиятӣ, ахлоқӣ, илмӣ, ихтисосӣ ва эҷодии ҳиндшинос хотироти ҷолибе ироа дошт. Ҳамин тариқ, семинар-машварати илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои ҳиндшиносӣ ва таҳдиду чолишҳои имрӯзӣ” дар сатҳи хуби ташкилӣ ва илмию эҷодӣ ҷараён гирифт.

Мо ҳам дар семинар-машварат дар мавзуи “Воқеияти бархурдҳои мазҳабӣ дар пасманзари бозиҳои геополитикӣ (чанд мулоҳиза дар ҳошияи китоби тозаи ҳиндшиноси маъруфи тоҷик Ҳабибулло Раҷабов “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимоти Ҳиндустон дар асарҳои нависандагони Ҳинд”) суҳбат кардем, ки муҳтавои онро мухтасаран хидмати шумо арз медорем:

  Якум. Устод Ҳабибулло Раҷабов дастпарвари Шуъбаи забонҳои ҳиндӣ ва урдуи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург буда, баъди хатми донишгоҳ тайи зиёда аз 22 сол масъулияти мудирияти кафедраи филологияи Ҳинду Покистони факултаи шарқшиносӣ (ҳозира факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо)-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар уҳда гирифта, дар омода кардани кадрҳои илмию таълимӣ ва тарҷумаю интишори адабиёти Ҳинд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст. Устод дар муддати зиёда аз 50 соли фаъолияти илмӣ 20 китоб ва беш аз 200 мақолаю матолиби илмӣ ба табъ расонида, чандин асарҳои нависандагони машҳури Ҳиндро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, дар ростои равобити илмии Тоҷикистону Ҳиндустон хидматҳои шоён анҷом додааст. Китобҳои ӯ, аз ҷумла “Ин аст Ҳиндустон” (-Душанбе, 2007. -303 с.), “Таърихи адабиёти Ҳиндустон дар давраи нав” (-Душанбе, 2017), “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимоти Ҳиндустон дар асарҳои нависандагони Ҳинд” (-Душанбе, 2022) ва амсоли инҳо дар шинохти ҷуғрофиё, адаб, ахлоқ, сиришт, фарҳанг, иқтисод, оийн, суннат ва маданияти кишвари афсонавии Ҳиндустон барои доираи васеи хонандагон мусоидат мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, устод Ҳабибулло Раҷабов барои дастовардҳои назаррас, саҳми бузург ва хизматҳои шоёнаш дар самти ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахши “Адабиёт ва маориф” соли 2018 бо Ҷоизаи “Падма Шри” (“Ордени нилуфар”) мукофотонида шуд. Хурсандиовар он аст, ки мавсуф дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ аз зумраи нахустин нафаронест, ки соҳиби ин ҷоиза гардидааст. Ин навъ қадрдонӣ шоҳиди он аст, ки ҳиндшиноси миллӣ Ҳабибулло Раҷабов миёни доираҳои илмию фарҳангии хориҷӣ нуфуз ва эътибори баланд дорад.

  Дувум. Устод Ҳабибулло Раҷабов аз ҷумлаи ҳиндшиносон ва ховаршиносони миллиест, ки масоили баҳсӣ ва таҳқиқиро фаротар аз доираҳои филологӣ ва касбӣ-ихтисосӣ мавриди омӯзишу мутолеа қарор медиҳад. Ин аст, ки ӯ ҳангоми таҳқиқи осору мероси адибони Ҳинд, дар баробари арзёбии ҷанбаҳои адабӣ-ҳунарӣ (филологӣ-адабиётшиносӣ), аз назару дидгоҳҳои таърихӣ, мардумшиносӣ, фалсафӣ, ҷомеашиносӣ, равоншиносӣ, фарҳангшиносӣ, осебшиносии иҷтимоӣ ва соири равишҳои илмӣ кор мегирад. Ҳатто дар китоби илмӣ-оммавии “Ин аст Ҳиндустон” (-Душанбе, 2007. -303 с.), ки хусусияти иттилоотӣ-информатсионӣ, оммавӣ-публитсистӣ ва ташвиқӣ-таблиғотӣ дорад, устод Ҳабибулло Раҷабов меъёрҳои илмӣ-фаннӣ ва вежагиҳои ихтисосиро риоят кардааст. Ба сухани дигар, устод Ҳ. Раҷабов сабку салиқаи хосси омӯзишӣ, нависандагӣ, таҳқиқӣ ва эҷодӣ дорад. Ба воситаи муруру мутолеаи китоби “Ин аст Ҳиндустон” мо бо сабку равиши ҷолиби нависандагӣ, аз ҷумла: ҳадафшиносӣ; пайдарҳамии мавзуӣ; ҷаззобияти иттилоотӣ; шеваи калимаву таркиборойӣ; равиши содаи ҷумлабандӣ; тасвироти орӣ аз такаллуфу таоруфи маъмулӣ; мураттабии маводи ахборӣ; рӯшанбаёнии муаллиф ошно мешавем. Ба ин маъно, устод Раҷабов таҳлилу баррасии комлексӣ-маҷмуавии масъалаҳои мавриди назарро дар омӯзишу таҳқиқ меъёри умури таҳқиқӣ медонад, ки ин гуна вежагии илмӣ-фаннӣ дар кам нафароне мушоҳида мешавад.

  Севум. Бармегардем ба китоби тозанашри устод Ҳабибулло Раҷабов “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимоти Ҳиндустон дар асарҳои нависандагони Ҳинд” (-Душанбе: “ЭР-Граф, 2022. -272 с.). Муаллиф, албатта, мавзуи бархурдҳои мазҳабиро дар меҳвари кори таҳқиқӣ қарор дода, дар ин замина масоили дигареро, ки ба мавзуи асосӣ ба таври бевосита ва ё бавосита тааллуқ гирифтаанд, арзёбӣ кардааст. Дар маҷмуъ, муҳаққиқ дар ду боб мавзуи бархурдҳои мазҳабиро дар осори нависандагони Ҳинд бозбинӣ ва баррасӣ мекунад. Дар боби якум – “Тасвири бархурдҳои мазҳабӣ дар асарҳои адибони Ҳинд” (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022. –С.12-123) муҳаққиқ дар мисоли 10 адиби маъруфи Ҳинд бо шумули Биҳишма Саҳнӣ, Иброҳим Ҷалис, Моҳан Ракеш, Миҳир Мукҳопадҳай, Раҷендра Сингҳ Бедӣ, Вишну Прабҳакар, Абдул Бисмиллоҳ, Хушвант Синҳ, Хоҷа Аҳмад Аббос, Кришан Чандар ҳаводиси даҳшатбори бархурди мазоҳибро ҳамчун фоҷеаи миллии Ҳиндустон матраҳ мекунад. Муҳаққиқ-ҳиндшинос дар феҳристи 10 адиби тараққипарвари Ҳинд исми ду нафар нависандаи мусулмон – Абдул Бисмиллоҳ (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022. С.59-62) ва Хоҷа Аҳмад Аббос (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022. С.73-100)-ро ёдовар шуда, мавзуи ихтилофоти мазҳабӣ ва бархурдҳои диниро дар зиндагинома ва мероси адибони мазкур пайгирӣ мекунад ва ба натиҷа мерасад, ки адибони тараққипарвари Ҳинд дар ҳамбастагӣ алайҳи зулму истибдоди мазҳабӣ ва хушунатҳои динӣ мубориза бурда, парчами озодию истиқлолро бо ҳам баланд бардоштаанд. Адиби Ҳинд Абдул Бисмиллоҳ (таваллудаш 1949), ки муаллифи китоб (Ҳ. Раҷабов) бо ӯ робитаи бевоситаи дӯстию ҳамкорӣ доштааст, дар ҳикояи “Кабирдаси нав” қаҳрамонеро меофарад, ки на ҳинду ва не мусулмон аст (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022. С.59). Аз ин тарзи офариниши эҷодӣ метавон натиҷа гирифт, ки нависандагони Ҳинд дар баррасӣ ва тасвири ҳаводис аслан ба тааллуқоти миллию нажодӣ, мавқеъгириҳои ҳизбию сиёсӣ ва эътиқодоти динию мазҳабӣ таваҷҷуҳ накарда, масъала, муаммо ва мушкилотро мунсифона пайгирӣ намудаанд.

  Дар боби дувум – “Тасвири бархурдҳои мазҳабӣ ва оқибатҳои он дар романи Яшпал (1903-1973) “Ҳақиқати қалбакӣ” (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022. С.124-264) муаллиф ҳаводиси мудҳиши асри гузаштаи Ҳиндро ба таври алоҳида дар романи нависандаи шуҳратёри Ҳиндустон Яшпал бозбинӣ мекунад. Ҳиндшинос Ҳ. Раҷабов ба ин нукта тамаркуз мекунад, ки Яшпал дар романи “Ҳақиқати дурӯғин” силсилаи масоилро ҷамъулҷамъ дар партави мавзуи зиддияту бархурдҳои мазҳабӣ ба риштаи тасвир бармекашад. Ин аст, ки менависад: “Яшпал маҳз ҳамин масъаларо муҳимтарин масъалаи замони зистани худ дониста, барои болои он андеша кардан қалам ба даст гирифтааст...” (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022. –С.155). Қаҳрамонони марказии романи “Ҳақиқати дурӯғин”-и Яшпал Тара, Ҷайдев Пурӣ, Асад, Бантӣ ва дигарон бар он мекӯшанд, ки бо ташаббусоту ибтикороти отифию созандаи худ сатҳи бархурдҳои мазҳабӣ ва ташаннуҷи авзоъро пойин бурда, суботу амният ва рифоҳу ҳамзистии динӣ-ақидатиро дар ҷомеа таҳаққуқ бахшанд. Аз ҳама муҳим, нависандаи романи “Ҳақиқати дурӯғин” Яшпал худ шоҳиди бевоситаи кашмакашу даргириҳо, низоъу бетартибиҳо, ваҳшату даҳшатҳо ва фоҷеаву мусибатҳои миллию мардумӣ буда, дар асоси диду бардоштҳо асари комили бадеӣ ба мерос гузоштааст. Алалхусус, панорамаи даҳшату ваҳшати даргирию бархурдҳои мазҳабӣ ва ихтилофоти фикрии дар имтидоди соли 1947 иттифоқафтода, ки сарзамини афсонавии Ҳиндро ба ҳоли парешонию карахтӣ расонида буд, хонандаро бетараф гузошта наметавонад. Бархурди хунбори мазҳабӣ миёни пайравони адёну мазоҳиби гуногун, бахусус, ҳиндувону мусулмонон, ки асрҳои аср бо ҳам дар як сарзамин зиста, чун як хонавода шудаанд, пеш аз ҳама, боиси нигаронии аҳли зиё, аз ҷумла адибон гардид.

  Ҳамин аст, ки Яшпал ва доираи васеи адибони тараққипарвари Ҳинд хома ба даст гирифта, дар тасвири воқеӣ-реалии бархурдҳои мазҳабӣ, ки дар марҳилаи тақсимоти мамлакат (соли 1947) ба вуқуъ пайваста, мусибату фоҷеаҳоеро ба дунбол доштааст, талош варзиданд. Куштори бераҳмонаи тарафайн дар замони тақсимшавӣ ва паёмадҳои ногувори он насли мутараққӣ ва пешқадами вақти Ҳинду Покистонро бетараф нагузошта, намояндагони барҷастаи адёну мазоҳиби мухталиф, бо такя ба ақли солим ихтилофоту инҳирофоти ақидатӣ ва нобасомониҳои фикриро сахт маҳкум кардаанд. Яшпал ҳам манзараи қатлу куштор ва бераҳмию мусибатзадагии табақаҳои гуногуни мамлакатро ба намоиш гузошта, тазаккур додааст, ки тӯдаҳои бемаърифат дар сатҳи ҳайвоноти даррандаанд ва на бар асоси ақлу ҳуш, балки бар мабнои ғариза амал карда, амну субот ва оромишу рифоҳи ҷомеаро ба ҳам мезананд. Намояндагони ақли солим, ки дар романи “Ҳақиқати дурӯғин”-и Яшпал дар симои Тара, Ҷайдев Пурӣ, Асад, Бантӣ зуҳур мекунанд, ба ҳақиқатҳои дурӯғини мазҳабӣ лаънату нафрин мефиристанд ва дар баробари тӯдаи ваҳшӣ бо садои баланди эътироз “Ин чӣ шармандагӣ! Лаънат бар шумо!” (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022. С.263) муқовимату мубориза мекунанд. Муҳаққиқи адабиёти Ҳинд устод Раҷабов масоили ҳассос (тақсимшавии Ҳиндустон ва авҷи ихтилофоти динию мазҳабӣ)-ро бар мабнои тасвироти Яшпал як навъ ҷамъбаст намуда, менависад, ки: “Яшпал ишора мекунад, ки барои одитарин кас бемаънӣ будани ин тақсимот равшан аст. Ронандаи мошине, ки он ҷо Тара савор аст, ба ҳамсуҳбаташ Каушаля Девӣ мегӯяд: “Ба ин тӯдаи ба ҷаннати Покистон мерафтагиҳо нигоҳ кунед. Ҳазорон одамонро бехонумон кардан ба фоидаи кӣ бошад-а?” (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022. С.262). Суоли асосие, ки ронандаи мошин матраҳ мекунад: “Ҳазорон одамонро бехонумон кардан ба фоидаи кӣ бошад-а?”, пурсиши рикторикӣ-мантиқӣ аст. Ба воситаи ин гуна суолгузориҳо қаҳрамонони романи “Ҳақиқати дурӯғин” масъалаҳои ҳассосеро аз қабили саҳнасозиҳои маснуии мазҳабӣ, нақша-сенарияҳои намоишномаҳои сиёсӣ, коргардонии ҷангу даргириҳои ақидатӣ, суъистифода аз бовару эътиқодоти мардумӣ дар бозиҳои геополитикӣ, ҷаҳлу хурофазадагии қишрию табақотӣ, камбуду навоқиси каставӣ, мушкилоти ҳувиятӣ ва ҳадафу манофеи сиёсию иқтисодии мустамликадорони аҷнабӣ ва амсоли инҳоро баррасӣ мекунанд ва роҳҳои бурунрафт аз мушкилоту муаммоҳоро меҷӯянд. Ин аст, ки қаҳрамони романи “Ҳақиқати дурӯғин” Тара бад-он талош мекунад, ки парда аз ҳақиқатҳои дурӯғин бардорад ва мардумро аз воқеияти ихтилофоти мазҳабӣ ва вусъути хатару даҳшати бархурдҳои динӣ огоҳ сохта, аз ин тариқа иттиҳоду ҳамбастагиро миёни табақаҳои иҷтимоӣ ва қишрҳои маданӣ таъмин намояд.

  Чаҳорум. Ҳадафи таҳқиқро муаллиф дар муқаддима ва охирсухани китоб мухтасар ишора мекунад ва ба ақли солими ҷомеа гӯшзад менамояд, ки дар роҳи ҷилавгирӣ аз хатарҳои глобалӣ, ки маъмулан реша дар бархурдҳои мазҳабӣ доранд, бетараф набошанд ва сарнавишти хешро ба дасти худ таъйин намоянд, на ин ки бо ҳузури бегонагони истилогар мамлакатро ба гирдоби вабою балоҳои нав гирифтор созанд (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022. –С.9). Дар маҷмуъ, хатти машйи таҳқиқии устод Ҳ. Раҷабов нишон додани миқёсу масоҳат, ҷуғрофиё, решаю иллатҳои зуҳур, паёмадҳои даҳшатбори бархурдҳои мазҳабӣ ва ихтилофоти ақидатӣ дар минтақа (манзур Ҳиндустон аст) мебошад. Албатта, муаллиф танҳо тасвири ҳаводиси соли 1947 – замони тақсимшавии Ҳиндустонро минҳайси марҷаъи таҳқиқӣ қарор дода, дар ин замина хомафарсоӣ кардааст, аммо дар доираи мавзуъ муҳаққиқ хеле фаротар рафта, бар мабнои воқеиёти имрӯзӣ ва шароити муосири бархурдҳои геополитикӣ ҷуғрофиёи баррасиҳояшро густариш бахшидааст.

  Панҷум. Ҳиндшиноси миллӣ устод Ҳабибулло Раҷабов ҳинни баррасӣ ва таҳқиқи масъалаи бархурдҳои мазҳабӣ аз нигоҳи адибони тараққипарвари Ҳинд бо қаҳрамонони асарҳо ҳамдостон мешавад ва фоҷеаву мусибатҳои мардуми минтақаро ба унвони фоҷеаи миллии тамоми мардуми тараққипарвари ҷаҳон муаррифӣ месозад. Яъне, муҳаққиқ миқёсу густураи сарнавишти талхи мардуми Ҳиндро, ки бар асари тақсимшавии мамлакат ба ду кишвари алоҳида – Ҳиндустон ва Покистон (соли 1947) ва дар ин замина тезутунд шудани бархурдҳои мазҳабӣ шакл гирифтааст, бар мабнои тасвиркориҳои адибони маъруф Биҳишма Саҳнӣ, Иброҳим Ҷалис, Моҳан Ракеш, Миҳир Мукҳопадҳай, Раҷендра Сингҳ Бедӣ, Вишну Прабҳакар, Абдул Бисмиллоҳ, Хушвант Синҳ, Хоҷа Аҳмад Аббос, Кришан Чандар ва Яшпал мушаххас мекунад. Гузашта аз ин, устод Ҳабибулло Раҷабов дар так-таки навиштаҳои китоби “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд” пурсишҳои калидиеро аз ин даста ба ҷомеа ва бавежа, насли нави интеллигенсия арз медорад:

  - чаро инсонҳо ба ин дараҷа ваҳшиянд?;

  - то ба кай ин вазъ идома меёбад?;

  - магар ба ҳам дарафтодан ва гулӯи якдигар даридан шармандагӣ нест?;

  - чаро дигарон дар баробари ваҳшоният ва беадолатӣ сукут ва хомӯширо ихтиёр мекунанд?;

  - чаро ҷиҳати ҳалли масъала ва пойин бурдани сатҳи ҷаҳолату хурофоти мазҳабӣ ҷаҳду талош намекунанд?;

  - чаро мардум ва махсусан, аҳли зиё ва фарҳанги ҷомеа ба сарнавишти мардум ва ҷомеа бетафовуту бетарафанд?;

  - чаро мардум ба таври дастҷамъӣ ва саросарӣ бо мушкилоту хатароту таҳдидоту чолишҳои имрӯзӣ, ки ҷомеа ва мардумро ба чоҳи бетаги ҷаҳолат мекашанд, мубориза намебаранд ва муқовимату муқобилият намекунанд?;

  - чаро дар баробари барномарезиҳои геополитикии хориҷӣ гузина-алтернативаҳои муосири миллӣ таҳия, коркард ва мавриди татбиқ қарор намегиранд ё ин ки ин гуна иқдомот муассир ва корсоз нестанд?

  Шашум. Ба ин тартиб, устод Ҳабибулло Раҷабов ҳаводиси тақсимшавии Ҳиндустон ва кашмакашу чолишҳои марҳилаи тақсимшавиро моддаи таҳқиқ қарор дода, дар зимн, бархурдҳои мазҳабии солҳои 1992, 2022 ва 2020-ро низ ба унвони фоҷеаҳои қораи Ҳинд мисол зада (С.267), ба ин васила аз қишри зиёӣ, табақаи маданӣ ва ҷомеаи илмию ихтисосӣ даъват ба амал меоварад, ки дар самти решашиносӣ ва ташхис-диагностикаи мушкилоти равонӣ, фикрӣ, ҳувиятӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва фарҳангӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст гирифта, ҷиҳати пойдории сулҳу субот, устувории амнияту салоҳ, таҳвияти осоишу рифоҳ, такмили донишу савод ва рушду тавсеаи иҷтимоӣ камари ҳиммат барбанданд. Аз тарафи дигар, устод Раҷабов аз ибтидо то интиҳои китоби “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд” мавзуи бархурдҳои мазҳабиро минҳайси масъалаи калидӣ ва ба унвони таҳдиду хатару чолиши миллӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ ва умумибашарӣ матраҳ мекунад (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022.  С.265-268). Ин аст, ки муҳаққиқ ва ҳиндшинос Ҳ. Раҷабов дар пасманзари ҳаводиси фоҷеабори тақсимшавии Ҳиндустон таҳдиду хатарҳои гузаштаро бо чолишҳои имрӯза қиёс намуда, дурнамои бозиҳои мазҳабӣ ва ихтилофоти ақидатиро як навъ ояндабинӣ мекунад. Муҳаққиқ ба натиҷае мерасад, ки дар шароити имрӯзаи бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ, чолишҳои мазҳабӣ ва барангехтани ихтилофоти динӣ ҷузъи муҳимми барномарезиҳои геополитикӣ ба ҳисоб меравад ва сенаристону коргардонон ва ба истилоҳ, геостратегҳои хориҷӣ аз эҳсосоти динӣ ва ангезаи мазҳабии табақаҳои нодону гумроҳи манотиқи мавриди назар истифода намуда, манофеи сиёсӣ, мафкуравӣ ва иқтисодии худро пиёда мекунанд. Ба ин маънӣ, аз ҳаводиси даҳшатбори гузашта, ки ғолибан бар пояи ихтилофоти мазҳабӣ рӯ задаанд, бояд ибрат гирифт ва дар роҳи ҳамзистии ақидатӣ ва ҳамбастагии миллию мардумӣ гомҳои устувор бардошт.

 

Нозим Нурзода

пажӯҳишгар

23 декабри соли 2022, ҷумъа, соати 16:58

БОЗГАШТ