АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ВОҚЕИЯТИ ТОЛИБОН ДАР ЧИСТ? ИФРОТГАРОӢ Ё ШИНОХТ?

Муаллиф: Қудратов Комрон

Расм

  Ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва сепаратизм зуҳуротҳое мебошанд, ки дар қатори терроризм, бешубҳа ба силсилаи таҳдидҳо ба амнияти миллӣ шомил мешаванд. Ин зуҳуротҳои манфӣ ба амнияти шахс, ҷомеа ва давлат таҳдид намуда, миллатро ба нестӣ мерасонанд ва якпорчагии давлатро халалдор месозад.

  Масъалаи мубориза ба ифротгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир на танҳо муҳимияти худро аз даст надодааст, балки давлат ва аҳли ҷомеаро ба ташвиш оварда, яке аз таҳдидҳои асосӣ ба амнияти миллӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

  Дар «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз соли 2020 мафҳуми «ифротгароӣ» муайян карда шуда, гуфта мешавад: ифротгароӣ (экстремизм) - ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст [4].

  Қайд бояд кард, ки мафҳумҳои ифротгароӣ ва фаъолияти ифротгароӣ, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи муқовимат ба экстремизм» баён ёфтаанд ва фаҳмиши гуногунро доранд: фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) - фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд фаҳмида мешавад [4].

  Ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, асосан вазъи дар Афғонистони ҳамсоя ба амал омада таҳдиди бештар дорад. Дар ин ҷо ҳаракати Толибон 15 августи соли 2021 пас аз фирори Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳукуматро ғасб намуда, ифротгароиро пеша доранд ва ин пеш аз ҳама ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таҳдид дорад.

  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи таъмини мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм дар мутобиқат бо Конститутсияи мамлакат, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба экстремизм, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба терроризм, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва як қатор қонунҳову санадҳои меъёриву ҳуқуқии дигар ба роҳ монда шудаанд.

  Чунон ки зикр шуд вазъи мураккаби сиёсии Афғонистон ба амнияти миллии Ҷумҳурии Точикистон ба таври ҷиддӣ таҳдид мекунад. Дар ҳудуди Афғонистон якчанд гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ҷой гирифтаанд, ки бевосита ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид доранд. Дар баробари ҳаракати “Толибон”, ҳаракатҳои “Ансоруллоҳ”, “Хуросон”, “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳо диққати ҳукуматдорони на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ҳукуматдорони кишварҳои Осиёи Марказиро ҷалб сохтаанд. Дар сафи ин ҳаракатҳои ифротгаро дар баробари террористони байналмиллалӣ шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият доранд. Инҳо намояндагони “Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон”, “Акрамия”, “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”, “Ҷамоати муҷоҳидони Осиёи Марказӣ”, “Тоҷикистони озод”, “Лашкари Тайиба”, “Ҷундуллоҳ”, “Ҳаракати исломии Тоҷикистони Шарқӣ” ва ғайраҳо мебошанд, ки фаъолияти ин ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дар аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ, тибқи қонун мамнуъ гардидааст.

  Фаъол шудани намояндагони ин ҳаракатҳо дар Афғонистон вобаста аст ба хориҷ шудани Неруҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон, оғоз гардидани амалиётҳои низомии Толибон дар забти қудрат, бад шудани вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии ин кишвар ва суқут кардани сохтори сиёсии давлатӣ.

  Заминаро барои чунин нигаронӣ Толибон фароҳам кардаанд ва ҳифзи посгоҳҳои марзии Афғонистонро дар сарҳади Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷангҷӯёни ҷунбиши “Ансоруллоҳ” супурдаанд ва ин дар ҳоле, ки ин созмон дар Тоҷикистон ҳаракати террористӣ эътироф шудааст.

  Ҳарчанд сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ин маълумотро рад мекунад, хадамоти махсуси Тоҷикистон таъкид кардааст, ки онҳо наздик ба 200 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар канори Толибон меҷанганд, мушаххас кардаанд [1].

Коршиносон дар он ақидаанд, ки аз Афғонистон муҳоҷир шудани ҷанговарон метавонад, боиси муттаҳид шудани онҳо бо иштирокчиёни ҳаракатҳои маҳаллии динӣ-сиёсӣ гардад ва набардҳои алоҳидаи яроқнок характери ҷанги партизаниро гирад, ки инро дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон таҷриба кардаанд.

  Андрей Казантсев дар як мақолаи худ ба масъалаи “муҳоҷирати террористӣ”-и ҷангҷӯёни минтақа ишора кардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд аз Шарқи Наздик ба кишварҳои худ баргарданд ё ба Афғонистони ҳамсоя барои ҷанг бираванд.

  “Ҷангҷӯёни Осиёи Марказӣ на танҳо дар минтақа, балки дар миқёси ҷаҳон низ хатари содир кардани ҳамлаҳои террористиро доранд. Танҳо дар соли 2017 онҳо дар Амрико, Туркия, Шветсия ва Русия чаҳор ҳамлаи бузурги террористӣ анҷом додаанд. Аз ин рӯ, кишвари мо мисли тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ манфиатдор аст, ки нагузорад ин гурӯҳҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон реша давонанд” [1].

  Бояд зикр намуд, ки ифротгароии динӣ барои Точикистон хос мебошад ва дар лаҳзаҳои буҳронии таърихи мамлакат ҷой доштанд. Дар ҳақиқат дар давраи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 – 1997 омили динӣ нақши манфии худро бозидааст, ки оқибатҳои он ҳоло ҳам дар фаъолияти ташкилоти террористии ҳизби манъшудаи наҳзати ислом зуҳур меёбад.

  Миллатгароӣ низ сарчашмаи зуҳуроти ифротгароӣ мебошад. Дар як вақт ҳал кардани масъалаи миллӣ ва барқарорсозии иқтисодиёт барои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ниҳоят мушкил буд. Ҳоло берун аз ҳудуди мамлакат (бе баҳисоб гирифтани тоҷикони Тоҷикистон) беш аз 45 млн тоҷикон иқомат доранд.

  Ба қудрат расидани “Толибон” дар Афғонистон ва сиёсати қавмпарастиро пеш гирифтани онҳо вазъи халқу миллатҳои бумии онро муташанниҷ гардонидааст ва дар ин самт давлатҳои минтақа ва ҷаҳон хомӯширо ихтиёр намуданд. Тоҷикистон мавқеи худро нисбати сарнавишти тоҷикони Афғонистон эълон дошта, вокуниши миллӣ низ анҷом додааст.

  Омадани фоҷеаи қавмӣ болои тоҷикони Афғонистон ва арзишҳои миллию таърихию фарҳангии онҳо тақозо мекард, ки Пешвои миллати тоҷикони тамоми дунё, нисбат ба он вокуниши худро дошта бошанд. Зеро ҳамагон ба таври табиӣ интизор доштанд, ки дар ин лаҳзаи фоҷеаи миллӣ болои тоҷикони Афғонистон Пешвои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ вокунише хоҳад дошт? Мавқеи қатъию ҷасуронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала ва танҳо нагузоштани тоҷикон дар ин фоҷеа бори дигар ба он мақоми муаззам мазмуни амалӣ бахшид.

  Ба ҳамагон маълум аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда мавқеи кишварро вобаста ба вазъи баамаломадаи Афғонистон чунин изҳор намуданд: "Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 дарсади мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.

  Баъдан дар сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.

  Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.

  Таъкид гардид, ки тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афгонистон ва ҳарчӣ тезтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фавриро бинад.

  Беэътиноии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрӯзаи Афгонистон метавонад ба ҷанги давомноки шаҳрвандӣ ба ин кишвар оварда расонад" [5].

  Албатта, дар ин масъала тоҷикони Панҷшер, ки ба муқовимат бархостанд, тамоми тоҷикони Афғонистон набуда, ҳамагӣ ҳудуди 1%-и онҳоро ташкил медод. Зеро ҳавзаҳои бисёр бузургтари сукунати тоҷикони Афғонистон дар Кобулу Балху Бадахшон ва Ҳироту Тахору Қундузу Парвон ва бахшҳои дигари Афғонистон мавҷуданд, ки аз онҳо камтар ном бурда шудааст. Аммо дар ин қазия Панҷшер ба рамзи мубориза ва муқовимат табдил шуда, ҳимоят аз он маънои ҳимоят аз тамоми тоҷикони Афғонистонро гирифт [3].

  Вале нуктаи муҳимтар ин буд, ки мавқеъгирии расмӣ, масъалагузорӣ ва истодагии қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳуқуқу ҷойгоҳи тоҷикон дар Афғонистон бори аввал ба ин масъала расмияти ҷиддӣ дода, онро ба мавзӯи баҳсҳои калони байналмилалӣ табдил намуд.

  Маҳалчигӣ ба ақидаи В.Н. Пластун амалан дар ҳама ҷо нақши на камтар аз исломгароӣ ва миллатчигиро дорад ва яке аз сарчашмаҳои зуҳур ёфтани ифротгароӣ дар Афғонистон ба шумор меравад.

  Яке аз шартҳои асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ин буд, ки дар Афғонистон ҳукумати ҳамашумул таъсис дода шавад. Баъди ғасби Афғонистон “Толибон” ваъда дода буданд, ки ин шартро иҷро мекунанд, аммо дар саросари ҳукумат қориву муллову мавлавии қавми паштуро вазиру сарпарасту фармондеҳ ва ҳатто масъули корҳои техникиву хоҷагидорӣ таъйин карданд, ки натиҷаи он фалаҷи идоравӣ чизи дигаре буда наметавонад. Ба ғайр аз ин Толибон дар Афғонистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро манъ карданд, ҷое барои фаъолияти сохторҳои маънавию фарҳангӣ боқӣ намонданд, мактабҳоро бастанд, ба ҷойи муассисаҳои фарҳангӣ тамрингоҳҳои ҷиҳодиву муассисаҳои таҳсилоти низомӣ таъсис доданд. Артиш ва пулиси миллиро комилан аз байн бурданд ва то ҳол аъзои артишу пулиси собиқро мавриди таъқиб қарор додаанд. Ба ҷойи он афроди таълимнодида ва мактабнарафтаро қабул кардаву духтаронро аз рафтан ба мактаб манъ ва кӯдаконро пушти курсиҳои таълими ҷиҳодӣ шинонидаанд. Ҳосили ин сиёсати қавмӣ ин буда, ки Афғонистонро фақру бекории саросарӣ, гуруснагии фалокатбор, заҷру шиканҷаи мардум, таъқиб ва қатли оммавӣ, худсариву беқонунӣ, норизоятӣ ва фирор аз кишвар фаро гирад [2].

  Инчунин имрӯзҳо дар фаъолияти толибон унсурҳои ифротгароии динии характери байналхалқӣ дошта мушоҳида мешаванд. Чанде пеш зимни суханронӣ дар назди уламои ислом Мавлавӣ Ҳайбатулло Охунд, роҳбари Толибон гуфт, “ҷиҳоди ҷангҷӯёнаш танҳо дар қаламрави Афғонистон хотима нахоҳад ёфт ва истиқрори шариат дар Афғонистон танҳо марҳалаи аввали ҷиҳоди муваффақи Толибон аст”. Ба гуфтаи вай, дар оянда Толибон ва уламои афғон муваззафанд, ки тамоми ҷаҳонро ба сӯи мудирияти шариат раҳнамоӣ кунанд.

  Иддае аз коршиносон дар ин андеша буданд, ки Толибон танҳо Афғонистонро мехоҳанд, ба ҳамсояҳои худ, махсусан кишварҳои Осиёи Марказӣ кор надоранд ботил гардид ва аз изҳороти амири Толибон ҳаминро метавон пай бурд, ки онҳо ҳадафҳои ҷаҳонии ҷиҳод доранд.

  Нуктаи дигари муҳим дар суханронии Мавлавӣ Ҳайбатулло ин инкори таъсиси “ҳукумати фарогир” дар Афғонистон буд. Мавлавӣ Ҳайбатулло возеҳ чунин иброз доштааст: “Ҳушдор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ: Моро ба расмият шиносед!”

  Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили Афғонистон бо ишора ба он ки бо гузашти 1 солу 7 моҳ ҳукумати Толибонро ҳеҷ кишваре ба расмият нашинохт, мегӯяд, роҳбари ин гурӯҳ ба қудратҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор дод, ки агар ҳукумати Толибонро ба расмият нашиносанд, онҳо дар фикри интиқоли ҷиҳод аз марзҳои Афғонистон хоҳанд буд. Ҳамчунин, ӯ ишора намудааст, ки набояд интизори ташкили ҳукумати фарогир шуд. Ҳамин ҳукумате, ки толибон доранд, онро фарогир медонанд ва мехоҳанд бо он ҷомеаи ҷаҳон созиш кунад [6].

  Бо дар назардошти вазъ дар Афғонистон ва изҳороти амири Толибон ҷиҳати ҷаҳонӣ кардани ҷиҳод, кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, ки паёми роҳбари Толибонро нодида нагиранд, зеро фаъолияти толибот собит намуда истодааст, ки дар ҳолати комёб гардидани онҳо дар Афғонистон ба Осиёи Марказӣ сар хоҳанд халонд ва аҳдофи худро барои ҷиҳод ва эҷоди Хилофати исломии ҷаҳонӣ пайгирӣ хоҳанд кард.

  Бояд гуфт, ки Толибон то ҳол чеҳраи воқеъии худро ба ҷомеа ошкоро нишон надодаанд ва паси парда андешаи ҷаҳонии ҷиҳод ва ташкили “Хилофати исломӣ” доранд. Изҳороти амири толибон яке аз ошкорсозиҳои андешаҳои пасипардагии онҳо дониста мешавад.

  Аз ин бармеояд, ки манфиатҳои сиёсии баъзе мамлакатҳо, ташкилотҳои ҷинояткор, террористӣ ва ифротгаро дар ин ҷо бархӯрд мекунанд. Баъзеи онҳоро дар Афғонистон барои рӯзи мабодо нигаҳдорӣ ва идора мекунанд. Ғайр аз ин махфӣ нест, ки баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо “Толибон” ҳамкории фаъол доранд, сари мизи музокирот нишастаанд ва дар интизори шинохти ҳукумати “Толибон” ҳастанд.

  Барои идомаи қудрати “Толибон” дар Афғонистон мушкилоти зиёде вуҷуд дорад ва ин гурӯҳ ба ин нигоҳ накарда кӯшиш доранд қудрати худро нигаҳ доранд. Яке аз мушкилоти асосӣ ба даст овардани қонунияти байналмилалии қудрати “Толибон” дар ҳокимияти Афғонистон аст, яъне эътирофи давлати “Толибон” ба унвони намояндаи ҳукумати Афғонистон аз ҷониби кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. То ҳол ягон ҳукумат ё созмони байналмилалӣ аморати “Толибон”-ро эътироф накардааст. Ҳукуматҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ барои эътирофи аморати “Толибон” шартҳо пешниҳод кардаанд. Таъсиси ҳукумати фарогир, эҳтироми ҳуқуқи башар ва занон, иҷозаи тарки Афғонистон, қатъи равобит ва мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ тақозои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа мебошад.

  Бо дувумин мушкилоте, ки ҳукумати “Толибон” рӯ ба рӯ аст, мушкилоти иқтисодӣ аст, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии мардуми Афғонистон бо он алоқаманд аст. Иқтисодиёти Афғонистон комилан ба кӯмаки кишварҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ вобаста аст. Баъди ба қудрат расидани “Толибон”, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бонки Ҷаҳонӣ, Сандуқи Байналмилалии Асъор ва аксари кишварҳои аврупоӣ кӯмакҳои худро ба Афғонистон қатъ кардаанд. Ҳамчунин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пулҳои ҳукумати Афғонистонро бастааст. Аз нигоҳи амалӣ, “Толибон” ҳукумати Афғонистонро ташкил медиҳанд ва барои таъмини ниёзҳои аслии мардум масъуланд. Бо гузашти рӯзҳо мардуми Афғонистон фақиртар шуда, “Толибон” барои ҳалли ин мушкил ҳеҷ коре ҳам карда натавонистанд ва интизори фаъол шудани кӯмакҳои байналмилалӣ ва Амрико ҳастанд. Мушкилоти иқтисодии Афғонистон замоне ҳал мешавад, ки “Толибон” аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак бигиранд.

  Агар ҳукумати «Толибон» барои эътирофи шартҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа ба миён гузоштааст, иқдомоти ҷиддие биандешанд ва кӯмакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон идома ёбад, имкони таъмини сулҳу амнияти нисбии Афғонистон имконпазир аст. Дар акси ҳол, дар баробари талафоти калони инсонӣ, ки бар асари фақру гуруснагӣ ба вуқуъ пайвастааст, эҳтимоли дубора ба лонаи терроризм табдил ёфтани Афғонистон, ишғол шудан ва дучори ҷанги шаҳрвандии дигар гардидани он низ вуҷуд дорад. Ҳоло дар Афғонистон дар қудрат “Толибон” ҳастанд ва аз назари фаъолони дохилӣ ва хориҷӣ интихоб дар дасти “Толибон” аст ва онҳо Афғонистонро ба кадом самт мекашида бошанд, вақт муайян мекунад.


АДАБИЁТ

  1. “Толибон” дар кохи президенти Афғонистон. Сарнавишти "толибони тоҷик" чӣ мешавад? https://www.ozodi.org/a/31411776.html
  2. “Толибон” дар ҳолати омодабоши ҷангӣ бо Тоҷикистон қарор дорад https://www.imruz.tj/tj/articles/27882/
  3. Абдуллоҳи Р. “Мавқеъгирии Тоҷикистон вокуниши табиӣ ва зарурӣ буд” http://javonon.tj/news/politics/abdullo-i-ra-namo-mav-egirii-to-ikiston-vokunishi-tabi-va-zarur-bud/
  4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи муқовимат ба экстремизм». ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1655.
  5. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мулоқот намуданд https://mfa.tj/tg/kobul/view/8474/prezidenti-jumhurii-tojikiston-emomali-rahmon-bo-vaziri-korhoi-khorijii-jumhurii-islomii-pokiston-mahdum-shoh-mahmud-qureishi-muloqot-namudand
  6. Ҳушдор ба ҷаҳон ва таъсиси хилофат. Изҳороти Амири Толибон чӣ паём дорад? https://www.asiaplustj.info/tj/news/world/20230331/ushdor-ba-aon-va-tasisi-hilofat-izoroti-amiri-tolibon-ch-payom-dorad

 

Қудратзода Комрон Абдунабӣ

н.и.т., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва

Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ