Вохурӣ бо директори Донишгоҳи Карл Август Готиннген профессор Ева Ортманн

Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону

Расм

Бо ташаббуси шуъбаи Аврупо ва Амрико санаи 28 сентябри соли 2023 директори Донишгоҳи Карл Август Готиннген профессор Ева Ортманн бо директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ д.и.ф Ниёзӣ Ё.Б мулоқот намуд. Зимни сӯҳбат директори Донишгоҳи Карл Август Готиннген профессор Ева Ортманн қайд намуданд, ки ман барои ҳамкории тарафайн омода ҳастам. Дар навбати худ Ниёзӣ Ё.Б қайд намуданд, ки мо омода ҳастем, ки “Курсҳои тобистона”-ро дар Институти худ ташкил намоем. Донишҷӯёни олмонӣ метавонанд аз таърих ва фарҳанги тоҷикон аз наздик ошно шаванд. Барои рушди ҳамкориҳои минбаъда ҷонибҳо ба чунин самтҳо таваҷҷуҳ намуданд:

-Омода намудани санади ҳамкории байни Донишгоҳҳо;

-Барои баланд бардоштани савияи дониши хеш хуб мешуд, ки таҷрибаомӯзии кутоҳ муддатро ташкил намоем;

-Чопи мақолаҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи Олмон (бо ҳаммуаллмифӣ);

-Тарафҳо барои тадқиқотҳои имлии минбаъда сӯханрони намуда, барои таҷрибаомӯзи ва семинарҳо дуҷониба ба мувофиқа расиданд.

- Барои навиштани мақолаҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ барои кормандон Институт профессори олмонӣ дарс хоҳад дод.

Рӯзи дигар барои кормандони Институт семинари илмӣ аз ҷониба профессор Ева Ортманн оид ба фаъолияти Донишгоҳи Карл Август Готиннген баргузор гардид. Аз тарафи кормандони Институт ба меҳмон саволҳо оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзи дар Олмон, барномаҳои илмӣ, самтҳои ҳамкориҳо ва ғайра дода шуд. Профессор Ева Ортманн тавонистанд зимни сафари хеш аз осорхонаи Мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз китобхонаи миллии Тоҷикистон, майдони Истиқлолро дидан карда бисёр “ҳайратангез” номиданд, хеле афсус хурданд, ки аз меҳмоннавозии тоҷикон ин солҳо бехабар монданд. Бо як таасуроти аҷоибот ба кишвари тоҷикон Самарқанд сафар карданд.

 

Воҳидова Санавбарбону

доктори илмҳои таърих, профессор

Мудири шуъбаи Аврупо ва Америка

 

БОЗГАШТ