АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Забони ашъори Асадулло Ҳабиб

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

“Забон ин силоҳи адиб аст. Ин ҳамон навъе, ки яроқ дар дасти сарбоз мебошад” гуфтааст нависандаи рус Максим Горкий (1868-1936). Маълум аст, ки хонанда, маъмулан, аз равониву хушсадоии асари назмӣ лаззат мебарад. Вале агар як зарра васеътар андеша кунем, пас диққати моро ҳатман мазмун ҳам ҷалб менамояд. Чун ин сифатҳоро дида қаноат ҳосил кардем, пас навбати дидани чигуна ороиш ва ё гулпӯш шудани шеър меояд, зеро баёни мазмун бе ороишҳои бадеӣ аз як хабари оддӣ, аз як матни ягон хусусияти лаззатбахш надошта фарқе надорад.
Ба забони асари бадеӣ, дар айни ҳол асарҳои манзум нигоҳ карда, дақиқтараш забони асари бадеиро бо тафсил таҳлил намуда, ба шахсияти адиб аз нуқтаи назари забондониаш ва чи тавр онро моҳирона истифода бурдааст, то ин ки хонандаро дилгир накунад, баҳо дода метавонем. Маҳал ва оилае, ки он ҷо адиб таваллуд шуда тарбия гирифта ба воя расидааст, мактабе, ки он ҷо адиб таҳсил кардааст, муҳите, ки ҳангоми кору фаъолият кардан адибро иҳота кардааст ва ниҳоят вазъи сиёсиву иқтисодиву фарҳангии замони зистану эҷод кардан, ҳамаи ин бевосита ба дилу димоғи қаламкаш бетаъсир намемонад. Албатта, боз омилҳои дигаре низ ҳастанд, ки ба фаъолияти ҷамъиятиву адабии шоир ва забони офаридаҳои ӯ нақше мегузоранд. Агар адиб огоҳона талош кунад ҳам аз ин чизи табиӣ худро тамоман халос карда наметавонад.
Ҳусну латофати забон, аз ҷумла забони асари бадеӣ ба пуррагӣ, бо ҳашамати чашмрасу ҷолиб ва нақши таъсиргузор ҳамон вақт ифшо мегардад, ки ба воситаи ҳунармандона сухан гуфтан сурат гирифта бошад. Ҳар як забон нерӯи таъсирбахшу мафтункунандаи худро, маъмулан ба воситаи асарҳои бадеии арзишманди адибони барҷаста ошкор месозад. Ин албатта, дар ҳамон ҳолате, ки адиб аз нозукиву тобишҳои гуногуни забони барои истифода интихоб кардааш чун шахси дар ин самт заҳматкашида ва устоди сухан шуда бохабар бошад ва хонандаи сухандону серталаби худро, ки довари асосӣ ҳамон аст, фаромӯш накарда, завқи ӯро зери назар дошта бошад.
Адабиётшиноси тоҷик шодравон Зоҳир Аҳрорӣ роҷеъ ба ҳунари ғазалофарии яке аз шоирони номии асри VIII-и Эрон Саидаҳмади Ҳотиф сухан ронда, оид ба забони шево ва содаву пурлатофати ӯ чунин гуфтааст: “Гуфтугӯ ва фикру андешаҳои шоир дар ғазал зинда ва воқеӣ буда, бидуни ҳар гуна ороиш, тафсир ва шарҳи зиёдатӣ, печу хам ва нишебу фарози хастакунанда ифода гардид, аз ибораороиҳои зӯр ва зӯракӣ, васлаҳои бемавқеъ, хусусан мушкилписандиҳо ва ғарибхаёлиҳо озод мебошад”.[1]
Албатта, шеър бе ороиш шеърият ва назокати худро гум мекунад ва ба як навъ насри маъмулӣ наздик шуда, аз хусусияти хеле муҳими худ -мафтунсозӣ бенасиб мегардад, вале, албатта, он чи “зӯр ва зӯракист”, тавре дар таъкиди Зоҳир Аҳрорӣ дидем, ҳусни шеъри хуб, ки писанд ояд, шуда наметавонад. Замоне, ки ободист, хушҳолист, оромист, шукуфонист, мардумро дороӣ афзуну муҳаббату дӯстдориро фазои хуб ҳукумфармост, ҳамаи ин ба шоир ҳар рӯз тоза ба тоза илҳом мебахшад ва ба офаридани ашъори орӣ аз ғаму андӯҳ менамояд. Ва агар баракси ин мушоҳида шавад, гумон аст аз шоирон, хусусан аз шоири ғамхори ҷомеа, садои холӣ аз ғаму андӯҳ ва дилсардӣ аз айём ба гӯш расад.
Асадулло Ҳабиб, тавре ки маълум аст, асарҳояшро ба забони дарӣ эҷод кардааст. Забони дарӣ дар сарзамини Афғонистон яке аз ду забонҳои расмӣ ба шумор меравад. Назми дарӣ бо хушоҳангӣ ва ширинтабиатии худ фарқ мекунад ва дар вақти бо шавқ ӣо ҳафсала замзама кардан аҷаб ҳаловате мебахшад. Дар давоми асрҳои зиёд ба ин забон ҳазорҳо шоирон шеър гуфта, хазинаи назми дариро хеле ғанӣ гардонидаанд. Садҳо шоирони даризабони Афғонистон чи дар гузашта ва чи дар замони муосир беҳтарин асарҳо офарида, дар саросари Афғонистон ва берун аз он шӯҳрат пайдо кардаанд. Дар асри ХХ Халиллулоҳ Халилӣ (1913-1988), Муҳаммадиброҳим Халил (1896-1988), Сулаймон Лоиқ (1930-2020), Бориқ Шафеӣ (тав.1932), Зиё Қоризода (1922-1989)      барин адибони боистеъдод бо ашъори гаронбаҳои худ ба забони дарӣ хазинаи назми дариро дар Афғонистон ғанӣ гардондаанд. Асадулло Ҳабиб ҳамчун шоири замони нав кӯшиш кардааст, ки шоири асри ҷадид буданаш дар навиштаҳояш маълум шавад, лекин аз ҷониби дигар эҳсос карда мешавад, ки вай ба анъанаҳои адабиёти классикии дарӣ пайвастагиро аз даст надодааст, анъанаҳое, ки ҳеҷ гоҳ лаззату назокату аҳамияташон беқадр нахоҳад шуд. Асадулло Ҳабиб пас аз он, ки Инқилоби Савр бо ғояҳои инсондӯстиаш ба нестӣ бурда шуд, ҳамчун яке аз тарафдорони асили ин инқилоб дучори таақиб гашт ва аз таҳдиди ин хатар мисли Сулаймон Лоиқ (1930-2020) ва бисёр дигар чунин адибон ва шахсиятҳои ақидаҳои пешқадаму ҳомии мардуми бенаво буда, ноилоҷ тарки Афғонистон намуда, дар Олмон ва дигар давлатҳо паноҳгоҳ ҷустааст. Ва ҳамин дурафтодагӣ аз ватан ба фикру андешаҳои адиб бе таъсир намондаанд, инчунин ҳамин дурафтодагӣ боиси он шудааст, ки дар даҳсолаҳои охир шоир чӣ офаридааст ва дар куҷо нашр шудааст, дастраси мо нест. Барои ҳамин мо аз шеърҳои ду маҷмӯаи ашъри адибро, ки яке “Хати сурх” ва дигаре “Қандили моҳтоб” унвон гирифтаанд истифода хоҳем бурд.
Тавре маълум аст, Асадулло Ҳабиб ҳам шоири баркамол асту ҳам нависандаи боистеъдод ва аҷиб ин аст, ки забони Асадулло Ҳабиби шоир аз забони Асадулло Ҳабиби нависанда каме фарқ дорад ва ҳоло шарҳ медиҳем, ки барои чӣ? Асадулло Ҳабиб ҳамчун нависанда бе такя ба он, ки чиро аз усулу забони наслҳои пешини насрнависон гирифтааст, асарҳои мансури худро офаридааст ва аз тариқи ҳамин усули хоси худ зиёдтар адиби замони нав буданашро собит кардааст. Дар офаридани асарҳои манзуми адиб низ ин кӯшиш дида мешавад, вале Асадулло Ҳабиб чун намояндаи мардуме, ки таърихи назмофариаш хеле ғанӣ ва куҳан аст, табиист, ки наметавонад аз усулу қолаби шеърофарии асрҳо шӯҳрати адаби Афғонистонро баланд бардошта, даст бикашад. Барои ҳамин ҳам мо ашъори дар даст доштаамонро ба ду гурӯҳ ҷудо намудем. Ба гурӯҳи якум ҳамон шеърҳоеро шомил кардем, ки шартан ба усули назми классикӣ навишта шудаанд мегӯем. Ин ҷо зиёдтар ғазалҳои адиб мисол шуда метавонанд. Ба гурӯҳи дувум бошад ҳамон шеърҳое, ки ҳам аз лиҳози услуб ва ҳам аз лиҳози сохтору мазмун онҳоро то андозае шеъри имрӯз мегӯем, дохил шудаанд.
Дар мисоли аввал - “Ғазали ток” вақте чунин калимаву ибораҳо ба мисли мӯи парешон, наргиси кофар, ҳеҷ мусулмон нашудан, раҳи хумхона, ринди ҷафопеша ва мисли инҳоро мебинем, нигоҳи адиб ва самти баёни ӯро ҷониби хазинаи суханҳои дар ашъори классикони адабиёт бисёр ба кор рафта мебинем ва бояд моҳиронаву мафтункунанда истифода шуданашонро таъкид кунем. Лекин дар паҳлӯи ин боз ин гуна калимаву ибораҳоро ба мисли Мушкили ишқ ба як-ду қадаҳ осон нашавад, Ин гиреҳ боз ба сарпанҷаву дандон нашавад, Ман надонам, ки чаро ҷом ғазалхон нашавад, Тӯтӣ аз мактаби тақлид сухандон нашавад, гарчанде то андозае ин низ ба услуби шеъргӯии классикӣ наздик бошад ҳам, оҳанги замони нав доштанашон пӯшида намемонад.
Мо ҳар вақт шеъри классикӣ мегӯем, бо ҳамин классикӣ гуфтан, аллакай баҳои баландро ба назми бенуқсон ва хусусиятҳои олӣ дошта додаем. Дар воқеъ, тавре Ҳофизи Шерозӣ тавоно таъкид кардааст шеър гуфтан ин дур суфтан аст. Ғайр аз ин тавре Мирзо Солеҳов зикри шарҳи назмро кардааст: “Дар истилоҳи адабӣ назм каломи мавзун (дорои вазн) ё манзум (дорои радиф) буда, эҷодкори онро нозим ва ё шоир гуфтаанд. Пешиниён калимаҳои назму шеърро ҳамчун муродифи ҳамдигар ба кор бурдаанд. Чунончӣ, Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ мегӯяд:
Ҳасад чӣ мебарӣ ай сустназм, бар Ҳофиз,
Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст.”[2]
         Ҳамин тариқ, истеъдоди худодод ва заҳмати дур суфтан шоирро шоири асил месозад. Вобаста ба масоили имрӯз ба души мардум бор шуда, офарандаи назм бояд дар хотир дошта бошад, ки вазъу талаботу дигаргуниҳои вақтро, хусусан воқеияти замони муосирро ба инобат нагирифта, шеър гуфта намешавад, агар гуфта шавад пас вай шеъри ин замон нест, шеъри ягон замони дигар аст. Ба забони ин гуна ашъори Асадулло Ҳабиб баъдтар боз бармегардем.
Замони Асадулло Ҳабиб замони гӯшаи оромеро интихоб намуда, фақат аз зебоиву ишқу, сӯзу гудозу васлу ҳиҷрон наво гуфтан нест. Барои ҳамин ҳам шеъри имрӯзи Асадулло Ҳабибро ҳам дар пайвастагӣ бо шеъри классикӣ мебинему ҳам баёнгари замони нав, ки бо ташвишу парешониҳои худ фарқ мекунад. Ҳоло вазъияте, ки дар саросари Афғонистон чун нооромиву ҷангу таркишу куштор барин хатарҳо ба чашм мерасаду поёнёбиашро тахмин ҳам кардан душвор менамояд, гумон аст ин ҳолат шоирони ин сарзаминро ором гузораду мавзӯҳои доғи вақтро як тараф монда, ба садои гулу булбул бештар гӯш диҳанду бештар фориғбол шуда иншо кунанд. Лекин бояд гуфт, ки бо вуҷуди ҳамаи нооромиҳо, талафоти моливу ҷонӣ, парешониву ноумедиҳо ва ғайра, аҳли қалам сукут ихтиёр накардааст, зеро зиндагӣ ба ҳар ранге, ки бошад, ҷараён дорад. Модоме, ки ҷараён дорад, пас олами хомӯшӣ нест. Ишқу муҳаббат, меҳрубониву бадбинӣ, шодиву андӯҳ, хайрхоҳиву ҷоҳилӣ ва орзуву умед қалби одамонро тарк накардааст, фақат дар пайвастагӣ бо иллатҳои мавҷуда табиати худро тағйир додааст. Дар шеъри аввал, ки намунаи ғазал аст, шоир талоши онро накардааст, ки онро ба як мавзӯъ бахшад.Талоши онро низ накардааст, ки ба он пероҳани сергул пӯшонад. Аз калимаву ибораҳои кам истеъмолшаванда низ канораҷӯӣ кардааст. Дар он ягон ишорае аз мушкилот ва ё ягон рӯйдоди замони нав дида намешавад, ҳатто дар поёни он ягон таърихе гузошта нашудааст, ки аз тариқ он даъво шавад, ки ин офарида маҳсули ҳамин давр мебошад. Ин гуна ғазал ягон паҳлӯи ғайриоддӣ надорад. Содагиву равонии забон бараъло намоён аст. Фақат як зарра ба андеша ин чиз мебарад, ки чаро ин ғазал номи “Ғазали ток”-ро гирифтааст. Агар ин ғазал номи махсус ҳам намедошт, аз он ҳусни мазмуну тарзи баён коҳиш намеёфт, зеро таваҷҷуҳро пеш аз ҳама ном ба худ ҷалб кунад ҳам мазмун дар ин озмун ғолиб меояд.
Акнун менигарем ба шеъри “Марги қиссаҳо”. Ин манзума низ ба худ ном дорад – “Марги қиссаҳо” ва ном доштанашро асос ҳаст, зеро ба ҳар як навишта ном гузоштан ин ҳам ҳадаферо дар назар дошта, ба ҳамон ҳадаф мавзӯъро мувофиқ кардан аст. Вақте калимаи марг дида ё шунида мешавад, ҳеҷ гоҳ он эҳсоси хуширо қосид нест. Боз ин ҳам эҳсос мешавад, ки марг аслан ба чизи зинда, дақиқтараш, ба фавти чизи зинда алоқаманд аст. Дар ҳолати дигар нест шудан, аз байн рафтан ва поён ёфтани коре ё чизеро ифода мекунад. Ва табиист, ки забони гӯянда ҳангоми аз марг сухан оғоз намудан оҳанги маҳзун дорад. Ин манзума аз ҳашт қисм иборат аст. Қисмҳо ду, се, чор, панҷ ва шаш мисраӣ мебошанд.
 Асадулло Ҳабиб як лаҳза ҳам наметавонад вазъи мушкили кишвар ва мардуми дар вазъияти хеле душвор мондани Афғонистонро фаромӯш кунад. Шоҳини андешаҳои ӯ ба кадом самту ба кадом сатҳе, ки парвоз накунанд, зери болашон харобиву нооромии ҳамин Афғонистон аст. Тозабаёние, ки дар ин манзума дида мешавад, аллакай аз унвону аввалин мисраъҳо маълум мешаванд. Дар қисмати нахуст, ки панҷ мисраъро дар бар гирифтааст ба истиснои мисраӯи аввал “Мапурс аз ман”, ки чун як гапи маъмулӣ садо медиҳад, чор мисраи дигар хусусияти тозабаёнӣ ва баробари ин сифати таъсиргузорӣ доранд:
Мапурс аз ман:
“Чаро бар дашнаи лабҳои занголудаву сардат,
         Сиришки ханда хушкида?!
Чаро дар ҳафраи чашмат,
Нигоҳи гарм ҳамчун мурдаи дерина пӯсида!”
         Шоир ҳоли табоҳи худро дар ҳамин саволе, ки ба ӯ додаанд, хеле фишурда ва бе истифодаи рамз, ба таври маъмулӣ пурра баён кардааст. Агар бодиққат бошем, пас мебинем, ки дашнаи лабҳои занголудаву сард, хушкидани сиришки ханда, ҳафраи чашм ва мурдаи дерина пӯсида барин ибораҳо ҳамчун нишони забони хосе ба назар мерасанд. Ин гуна баёни шоир, ороста кардани шакли зоҳирии шеър набуда, кӯшиши он аст, ки таъсири маъноии шеър бештар гардад. Шоир баробари нигоҳи гармро ҳамчун мурдаи пӯсида гуфтан, хомӯшии хандаи худро ба санги хомӯши гур ташбеҳ додааст. Ба иллатҳои дар натиҷаи бо ҳам ноҷур будани қавмҳои Афғонистон бо дили пурсӯзу дард нигоҳ карда, ҳолати тоқатфарсои худро дар мисраҳои “Ман он фарёди гирёнам, Ман он гирёни ноҷурам” ба забон овардардааст.
         Баъзе хусусиятҳои ҷолиби забони ашъори Асадулло Ҳабибро қариб дар ҳамаи шеърҳояш дида метавонем. Яке аз ҳамин гуна шеърҳо “Чашмҳо” ном дорад, ки 27 ҷадии соли 1343 (1965) иншо шудааст. Ҳадаф аз овардани соли эҷоди шеър ин аст, ки мо тавонем тахмин кунем, ки он вақт шоир чанд сол умр дошт ва дар Афғонистон вазъи сиёсиву фарҳангӣ чи гуна буд, зеро ин ду чиз ҳеҷ мумкин нест, ки ба андеша ва амали аҳли адабу санъат бетаъсир монад. Ба ин саволҳо ҷавоб гуфтан, албатта душвор нест, чунки на замони дур аст ва на далел норавшан. Асадулло Ҳабиб он вақт ҳамагӣ 24 сол умр дошт ва Афғонистон Афғонистони шоҳӣ буд. Дар Афғонистони шоҳӣ зиёиёни равшанфикр гирифтори ноумедиҳо шуда, ҳамеша дар андешаи он буданд, ки чи тавр дар кишварашон ба мушкиливу ақибмонӣ хотима гузоштан мумкин бошад. Натиҷаи ин гуна андешаҳо боиси пайдо шудани чунин шеърҳо ба мисли “Чашмҳо” шудааст. Дар ин навъ шеърҳо ҷустуҷӯ ва истифодаи калима ва ибораҳое дида мешаванд, ки баёни матлабро зарбдор ва равшанибахш месозанд. Менигарем ба шеъри “Чашмҳо”, ки чунин аст:
                            Дар чашми ман фиганда нигоҳашро,
                            Мехонд ин китоби парешонро.
                            Мехонд ӯ ба сафҳаи чашмонам,
                            Афсонаҳои ранҷи фаровонро.
                                      Мехонд ин, ки рӯҳи парешонам,
                                      Шӯрида асту пой ба занҷир аст.
                                      Мебинад ин, ки умре фаромӯшам,
                                      Ҷоми шароби талх гулугир аст.
                            Мебинад ин бахти гурезонам,
                            Сарду сияҳ чу сояи девор аст.
                            Чашмони зиндагонибезорам,
                            Дар интизори ҳодиса бедор аст.
                                      Мехонад ӯ ба дафтари чашмонам,
                                      Шарҳи талоши рафтану буданро.
                                      Мебинад ӯ ба ҳар варақаш гӯё,
                                      Тасвири лаҳзаҳои фусурданро.
                            Дар чашми ман фиганда нигоҳашро,
                            Дар чашми ман, ки хаставу гирён аст.
                            Мебинад ин, ки абри сияҳе боз,
                            Девонавор дар пайи тӯфон аст.
                                      Дар чашми ман фиганда нигоҳашро,
                                      Бо хеш ӯ бор-бор мехонад.
                                      К-ин нохудое дил ба сеҳр дода,
                                      Дар тундбоди ҳодиса меронад.
Китоби парешон, афсонаҳои ранҷи фаровон, рӯҳи парешон, шароби талх, бахти гурезон, сарду сияҳ чу сояи девор, хаставу гирён, абри сияҳ, девонавор дар пайи тӯфон аст ва тундбоди ҳодиса дар табиати худ, албатта, калимаҳои ғайриоддӣ наменамоянд ва онҳоро махсус ҷустан ҳоҷат нест. Аҳамияти хос доштани онҳо дар содагиву равониашон ифшо мешавад. Лекин дар ин шеър бори асосии маъниро маҳз онҳо бардоштаанд, ки шоир тавонистааст хуб ва баҷо истифода намояд.
Барои ҳар як офарандаи каломи бадеӣ яке аз воситаҳои тақвият додани баён, ё пурқувват кардани сухан, истифодаи калима ва ибораҳое мебошад, ки хусусияти пурмаъноӣ ва фасоҳат доранд. Адиб аз якчанд муродифи ифодакунандаи ягон чиз, ҳолат, амал, эҳсос ва ғайра ҳамон муродиферо интихоб менамояд, ки зиёдтар ҷавобгӯи азму ҳадафаш бошад. Дар асарҳои мансур аз уҳдаи ин кор баромадан осонтар аст. Дар асарҳои манзум, ки ба худ талаботи хос доранд ва нигаҳдории вазни лозимбударо дар ҳар як мисраъ ҳатман тақозо менамоянд, аз муаллиф зиёдтар заҳмату маҳорат талаб карда мешавад.
Калимаи “зиндагӣ”, тавре маълум аст, калимаи ниҳоят серистеъмол мебошад. Агар мо муродифи онро ҷустуҷӯ намоем, пас калимаҳои зеринро пайдо карда метавонем: зист, зиндагонӣ, ҳаёт, умр, ҷон. Лекин ҳамин чор муродифи дигар дар муқоиса бо калимаи “зиндагӣ” камтар истфода шудаанд, зеро онҳо бо ин калима ҳамсангӣ карда наметавонанд.
Мо дар зербоби чоруми боби дувуми ҳамин кор Ғазал чун воситаи баёни андешаҳои иҷтимоӣ”, роҷеъ ба ғазали “Зиндагӣ ва набард” чанд суханн гуфта будем. Он ҷо ҳадаф ин аст, ки аз набард иборат будани зиндагӣ собит шавад. Барои тасдиқи ин андеша, ки зиндагӣ бе набард аз хушиҳо орист, шоир муродифи калимаи зиндагӣ “ҳаёт”-ро ба кор бурда ин байтро гуфтааст:
Ҳаёт бе такопӯ ҳалқаҳои сарди занҷир аст,
Хушо пошидани занҷирҳо дар пойи ормонҳо.[3]
Дар маҷмӯаи ашъори “Қандили моҳтоб” низ як манзумае бо номи “Зиндагӣ” дида мешавад, ки дар шакли дубайтиҳо омадааст. Дар дубайтии нахуст калимаи “зиндагӣ” се дафъа истифода шудааст:
                   Эй мардум! Ин чи гуна зиндагист?
                   Зиндагӣ бе шуру шавқу ҷонгудоз.
                   Зиндагӣ бе ҳамдилӣ, бе ҳамдамӣ,
                   Аз муҳаббат холиву аз сӯзу соз.[4]
Дар ҳамин манзума, ки аз ҳашт дубайтӣ иборат аст, калимаи зиндагӣ боз панҷ маротибаи дигар вомехӯрад ва ҳар дафъа мақомеро соҳиб шудааст, ки онро пай набурдан мумкин нест:
                   Эй мардум, ин чигуна зиндагист!
Зиндагӣ бе дарду доғи ҷонгудоз.
Зиндагӣ бо бе раҳе, бе ҳамраҳе,
Пои хоболудаву дасти ниёз.[5]
 Шоир калимаи умрро низ истифода бурдааст, вале вай ҳам фақат як дафъа ва бояд гуфт, ки бо ҳамон навъе мебинем, калимаи “умр” баробари калимаи “зиндагӣ” таъсирпазир нест:
Ман чу селобам тапиш омӯхта,
Умри шати хомӯшам даркор нест.
Зиндагӣ бе шӯру бе ғавғои ишқ,
Ҷуз шабеҳ, ҷуз сояи девор нест.[6]
         Равшан аст, ки ин ҷо калимаи умрро бар ивази зиндагӣ ҷой додан имкон надорад, чунки вазн хароб мешавад. Албатта, роҳи дигари дар мисраи дуюм ба кор бурдани калимаи зиндагӣ ҳаст, вале шоирро зарур будаст, ки дар муқоиса бо дигар калимаҳои ҳаммаъно, бештар нерӯ доштани калимаи зиндагиро нишон диҳад.
         Барои ифодаи мақсадҳои гуногун адибон ба тасвири зебоӣ, чолокӣ, ҳушёрӣ, чашмони мафтункунанда ва нигоҳи маъсумонаи оҳу барин ҳайвони ҷангалӣ пардохта, бо ин васила ба суханҳои худ маънии ҷозибанок медиҳанду забони баёнро бо ороиши хос дилписанд месозанд. Дар адабиёти шифоҳии мардум низ образи оҳу бо хислату намуди зоҳириаш бисёр ба назар мерасад. Асадулло Ҳабиб яке аз ғазалҳои худро “Оҳӯи кӯҳӣ” номгузорӣ кардаасту дигарашро “Нигоҳи оҳувона”. Душвор аст гуфтан, ки ибораи “нигоҳи оҳувона” сухани маъмулии серистеъмол аст. Зуд саволе пайдо мешавад, ки шоир зери мафҳуми нигоҳи оҳувона чиро изҳор мекардагӣ бошад? Эҳсоси зебоиро, маъюсиро, оромиро, хушҳолиро ва ё баракс эҳсоси тарсу парешониву ташвишро?
 Ба ҳар навъ асари бадеӣ, агар номи ҷолиб гузошта шавад, ин аллакай нисфи бурди муаллиф шуда метавонад ва барои ба дили хонанда зуд роҳ ёфтан ва муддате дар он ҷо маскан гирифтани шеъру муаллифи он, ин бешак воситаи хубест. Бо гузоштани номи мувофиқу ҷолиб ҳатто ҳанӯз ба худи шеър пурра шинос нашуда, аллакай муваффақ шудани шоирро пешгӯӣ кардан мумкин аст ва ҷавобгӯи ҳар табъ шудани шеър, аз эҳтимол дур нест. Лекин бояд ба эътибор нагирем он номҳое, ки танҳо барои бозоргир шудани ин ё он асар гузоштаанд, ки шояд ҷавобгӯи номи ҷолиби худ набошанд. Акнун менигарем, ки Асадулло Ҳабиб бо ин гуна унвон ба шеъраш то чи андоза муваффақ шуда бошад, албатта дар пайгирии забони ашъори адиб. Ғазали “Нигоҳи оҳувона” ин аст:
                            Нигоҳ мекунад имшаб чӣ оҳувона ба сӯям,
                            Фитод ларза ба дастам, парид май ба гулӯям.
                            Зи изтироби ман ӯ хандаҳо кунад, ки надонад,
                            Ман аз замони азал ошиқи нигоҳи накӯям.
                            Рамӯзи ишқ зи бас рӯзгор бурда зи ёдам,
                            Надонам ар ки биояд чӣ бишнавам, чӣ бигӯям.
                            Ишора мекунадам бо нигоҳи ринди диловар,
                            Чу нест фаҳми ишорат сазост тири адӯям.
                            Биё даме ба канорам хамӯшу гӯш фурӯда,
Ки ман таронаи ношунидаи ҷӯям.
Нишонаест зи подориву вафову сабурӣ,
Намуд тори сапедӣ ба шоми тираи мӯям.
Бувад, ки панҷараи ишқ тоза бкашанд,
Ҳазор дар чу фурӯ баст бахти хуфта ба рӯям.
Ту номи ман зи фурушандагони ишва чи пурсӣ,
Ки ман на ҳарза гиёҳам ба ҳар сароча нарӯям.
Махоҳ аз мани ошиқ ҳикояте, ки наёбӣ,
Шикоят зи ёрони нимароҳ ва ду рӯям.
Тамоми умр ғами синаҳои пора кашидам,
Ба сони сӯзани захмам, ба сони тори руфӯям. (ямоқ)
Нигоҳ кун ба ман имшаб чун он ситораи тобон,
Ки аз инояти сад моҳтоб даст бишӯям.[7]
         Вақте шоир дар ҷавоби як нигоҳи оҳӯвона “Фитод ларза ба дастам, парид май ба гулӯям” мегӯяд, нигоҳи оҳувона чӣ таъсире доштааст зуд ва равшан эҳсос мешавад. Ларзидани дастҳо ва паридани чизеро ба гулӯ худ дида ва ё аз касе шунида метавонем, вале истифодаи ин навъ ибораҳоро дар назм шояд аз Асадулло Ҳабиб касе пештар таҷриба накарда бошад. Шоир бо ин нуқтароро гуфтан, аз нигоҳи оҳувона то чӣ андоза дасту по гум кардааст, онро мо фавран пай мебарем ва бо баёни матлаби “Чу нест фаҳми ишорат сазост тири адӯям” боз ҳам мебинем, ки шоир ҳанӯз ҳам захмии тири нигоҳи оҳувона аст. Истифодаи “фаҳми ишорат” ва “тири адӯ” барин ибораҳоро бошад, ҳамчун ороиши забони ашъори адиб гуфтан ҷоиз аст. Ҳамин гуна ороиш барои боқуввттар сохтани “нигоҳи оҳувона” ба кор рафтаанд.
Дар мисраи дигар “Ки ман таронаи ношунидаи ҷӯям” низ талоши адибро барои ягон чизи наву аслӣ гуфтан дида метавонем. Таронаи ношунидаи ҷӯй аслӣ баромадааст ва сеҳрангез ҳам менамояд.
Мисраи “Намуд тори сапедӣ ба шоми тираи мӯям” ҳам ишора ба он мекунад, ки Асадулло Ҳабиб метавонад боигарии забонро бо ҳунаре, ки хоси устодони сухан аст, истифода барад. Маълум аст, ки торҳои сафеди мӯй дар оғоз миёни торҳои сиёҳ ягог-ягон пайдо мешаванд ва онҳо хабари дар таърихи умр расидани як давраи дигарро гуфтанианд. Шоир барои ба ҳамин давр махсус таваҷҷӯҳ кардан аз тори мӯйи сафед ва шоми тираи мӯй ёдовар шудааст. Вай ҳарчанд таъкид намудааст, ки инро чун натиҷаи подориву вафову сабурӣ (албатта, сабурии хеле зиёд) бояд фаҳмид, вале танҳо бо ҳамин он чи адиб дар назар дорад поён намеёбад, яъне адиб ба хотири як матлаб хуро маҳдуд карданӣ нест. “Шоми тираи мӯй” гуфтан ҳам матлаби хоси худро дорад, яъне нишон додани имконияти ташбеҳи мӯйи сиёҳ бо торикӣ.
Тавре маълум аст бисёр шоирон мӯйи сиёҳро бо шаби тор ташбеҳ медиҳанд, албатта, маъмулан мӯйи сиёҳи дилбаронро, маъшуқаҳоро. Адиб дар мисоли тақдири худ ин ташбеҳро ба кор бурдааст, ки онро беҷо ё кӯшиши бебарор гуфта наметавонем, баракс хеле ҷолиб менамояд. Нисбати байти поёнӣ низ ҳамин андешаро гуфтан мумкин аст:
Тамоми умр ғами синаҳои пора кашидам,
Ба сони сӯзани захмам, ба сони тори руфӯям.
         Матлаъ ва мақтаи ғазал, ки ишора ба зикри пайвастагии маъноии ҳадафи ин ғазалро гуфтани муаллиф аст, мисоли сухани зеборо санҷида гуфтани шоир мебошад. Дар мисраи охирин, ки адиб “ аз инояти сад моҳтоб даст бишӯямгуфтааст, ғарази шоирро аз иншои чунин ғазал дар чист равшантар месозад.
         Як силсила ғазалҳои Асадулло Ҳабиб ба мисли “Чароғони шукуфа”, “Рагбори оҳан”, “Боми дунё”, “Эхтитоми ҷаҳон”, “Дили девона”, “Умри дубора”, “Оёти дилдорӣ”, “Дафтари шабҳо” ва ғайра аз лиҳози шакл ба ғазалҳои анъанавӣ шабоҳат дошта бошанд ҳам, аз лиҳози мавзӯю мазмун ва тарзи баён дорои забону услуби хосе ҳастанд, ки аз бисёр тобишҳо доштани ҳар сухани шеършуда гувоҳӣ медиҳанд:
                            Гар ишқ сӯхт решаи моро сӯхт,
                            Ин кура то ба ҳашр фурӯзон бод.
                            Хӯбони шаҳр яксара бад аҳданд,
                            Моро нигаҳдори паймон бод.[8] (“Чароғони шукуфа”)
                                               ***
         По бараҳна кӯдаке дар барф гирён дидаам,
         Хотирамро ашки он кӯдак парешон кардааст...
         Войи он хона, ки пеши ҳар касе дорад калид,
         Ҳар калидеро касе дар нифа пинҳон кардааст.[9] (“Рагбори оҳан”)
                                               ***
 Дорам дили девонае аз ман гурезон дар бағал,
 Меояд аз гумгаштагӣ сад захми пайкон дар бағал...
 Бисёр ин ошуфтахӯ бо ман барояд рӯ ба рӯ,
 Бандад раҳам бо гуфтугӯ шамшери урён дар бағал.[10] (“Дили девона”)
                                      ***
 Чӣ ғам гар дӯстиро дигарон бозича пиндоранд,
 Ту аз оёти дилдорӣ сабақомӯзтар бошӣ.
 Равони дардманди ман ҷароҳатзори навмедист,
 Ту эй дасти навозишгар ҷароҳатдӯзтар бошӣ.[11] (“Оёти дилдорӣ”)
                                      ***
 Эй рӯзгор! Заҳр бирезон ба ҷоми мо!
 Аммо на об аз сари миннат ба коми мо.
 Ҳарчанд ба сиёҳиву шаб душманем мо,
 Равшан макун зи хонаи ҳамсоя шоми мо. [12] (“Эхтитоми ҷаҳон”)
Асадулло Ҳабиб зиёд воситаҳои тасвириро дар ашъори худ назаррас истифода намояд, вале гоҳе ошкору гоҳе ниҳон ба онҳо муроҷиат менамояд:
                   Як Ҳирот абрешим он зулфи пари зоғи шумо,
                   Як Ҷалолободноринҷ аст дар боғи шумо.
                   Эй, сапедорони шуғнонӣ саронатон сабз бод,
                   Кокаҳои Кобулиро дар бағал доғи шумо.[13]
Дар иқтибоси поёнӣ ташбеҳҳои тоза бофтаи Асадулло Ҳабиб дар ғазали “Ҳарири бӯса” ориши чашмрасе барои ин манзума шудааст:
                   Хушо ба соғри оғӯши ту шароб шудан,
                   Ба чашмасори лабат ашки офтоб шудан.
                   Ба ёди моҳи тану домани шабосоят,
                   Чу шамъ сухтану то саҳар об шудан...
                   Хушо зи ёди ту рафтан, ба хотират мурдан,
                   Зи куштагони фаромӯшат ҳисоб шудан.[14]
Тавре мебинем ибораҳои “ба соғари оғӯш шароб шудан”, “ба чашмасори лаб ашки офтоб шудан” ва “домани шабосо” хеле моҳирона бофта ва истифода шудаанд, ки наметавонем ташбеҳоти тоза буданашонро зикр накунем.
Нависандаи маъруфи рус Максим Горкий (1868-1936), вақте сухан аз он меравад, ки адиб ҳангоми интихоби калимаҳо худ чӣ ҳунаре дошта бошад, чунин гуфтааст:
“Барои нависанда - “қаламкаш” зарур аст, ки бо ҳамаи захираи калимаҳои луғати бойтарини мо ҳаматарафа шинос бошад. Инчунин муҳим аст, ки вай худ тавоноии аз он интихоб намудани калимаҳои дақиқ, фаҳмо ва пуртаъсирро дошта бошад”.[15] Дар пеши Асадулло Ҳабиб, фикр мекунем мисли ҳар як адиби дигар, ҳангоми иншои асарҳои бадеӣ, ду гурӯҳ хонандаҳо намудор аст. Яке аҳли адаб, ки бисёр серталаб аст ва ҳар навъ офаридаҳои ноқису хомро писанд намекунад ва ҳатто ба танқид ҳам лоиқ намебинад ва дигаре ин хонандаҳои маъмулӣ, ки ба табақаҳои мухталифи ҷомеа тааллуқ доранд. Асадулло Ҳабиб сатҳи завқи зебопарастии ҳамин ду гурӯҳро хуб медонад ва ба эътибор гирифта, кӯшиш дорад дар сухангӯӣ табъи ҳар ду гурӯҳро шод намояд. Дар асарҳои мансури адиб ба инобат гирифтани ин ҳадаф равшан дида мешавад. Дар асарҳои манзум низ ин ният дар эътибор аст, вале бояд гуфт, ки он бештару маълумтар дар ғазалҳои адиб, ки хусусияти ғазали анъанавиро нигоҳ доштаанд, мушоҳида мешавад.
Дар ашъори шоирони классик чашм, абрӯ, мижгон лаб, қомат, кокул, зулф, рӯй ва камари машуқа ниҳоят зиёду зебо ва ҳунармандона тасвири худро ёфтаанд. Дар ин гуна тасвирҳо низ нақши муҳимро пурфусунии забони шоир иҷро менамояд. Дар ашъори ишқии Асадулло Ҳабиб ин навъ тасвирҳо хеле кам ба назар мерасанд ва агар пайдо кунем, мебинем, ки барои баёни ягон ҳадафи махсус ба кор рафтаанд. Дар ин маврид ҳам, тавре дар болотар дар шеъри “Чашмҳо”.дидем, баъзе хусусиятҳои забони адиб намоёнтар мешаванд.
Ҳамин тариқ, мо ба хулосае омаде, ки Асадулло Ҳабиб камтар аз паси ороиши сухан шудааст ва бештар нерӯмандии забони худро дар дарҷи мавзӯҳои доғи вақт сарф кардааст на дар ҳадиси дилбарони симтан.
 
Назира Ваҳобова
 
 
[1] Зоҳир Аҳрорӣ. Адабиёти Эрон дар қарни VIII. Душанбе, 2005, с. 312.
[2] Солеҳов М. Арӯз ва омӯзиши он. Душанбе, 2016, с. 7.
[3] Асадулло Ҳабиб. Хати сурх, Кобул, 1362 (1984), с. 67.
[4] Асадулло Ҳабиб. Қандили моҳтоб. Бургас (Булғория), 1389 (2010), с.39.
[5] Асари номбурда, с. 40.
[6] Ҳамон ҷо, ҳамон саҳ.
[7] Асадулло Ҳабиб. Қандили моҳтоб. Бургас (Булғория), 1389 (2010), с. 41-42.
[8]  Асадулло Ҳабиб. Қандили моҳтоб. Бургас (Булғория), 1389 (2010), с.140.
[9]   Асари номбурда, с. 138-139.
[10] Асари номбурда, с. 150.
[11]   Асари номбурда, с. 148.
[12]   Асари номбурда, с. 148-149.
[13] Асари номбурда, с. 97.
[14] Асари номбурда, с. 96-97.
[15] Горький М. Собр. Соч. В тридцати томах, 1949-1956, т.27,  стр.5.

БОЗГАШТ