Мувофиқи назари ҳиндшиноси тоҷик профессор Ҳабибулло Раҷабов ва мушоҳидаҳои нависандаи сатрҳо дар шаҳри Колкаттаи Ҳиндустон 5 то 6 рӯзномаҳои форсӣ-тоҷикӣ бо шумули "Султон-ул-ахбор" ва "Дурбин" дар миёнаҳои асрҳои 18 ва охирҳои асрҳои 19 мураттаб нашр мешуданд, ки арзишу шуҳрати забонро дар минтақа нишон медиҳад. Бо ташаббус ва дастгирии устоди забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ Доктор Муҳаммад Исҳоқ (1898-1969) анҷуман барои рушду нумӯи адаб дар соли 1944 таъсис дода шуда, аввалин маротиба рӯзномаи "Мирот-ул-ахбор" дар шаҳри Калкутта дар санаи 1822-23 зери роҳнамоии Раҷа Рам Моҳан Рой ба чоп расид.
Бояд зикр кард, ки он дорои утоқи коллексияи шахсии Доктор Муҳаммад Исҳоқ, толори китобхонӣ ва маҳфилу семинарҳои илмӣ ва китобхонаи арзишмандест, ки саршор аз китобу дастхатҳои нодир, қадима ва муосир ва маҷаллаи илмӣ ду забона (англисӣ ва форсӣ-тоҷикӣ) зери унвони "Индо-ироника" мебошад, ки муҳаққиқон метавонанд аз он истифода намоянд.