Забон яке аз вижагиҳои бунёдии ҷомеаи башарӣ, ки ба одамон имкон медиҳад мубодилаи афкор, эҳсос ва донишро фароҳам орад. Он дар ташаккули фарҳанг, шахсият ва сохтори иҷтимоӣ нақши марказӣ мебозад. Забон на танҳо воситаи муошират, балки барандаи фарҳанг низ мебошад. Забон урфу одат, таърих, арзишҳо ва ҷаҳонбинии мардумро ифода мекунад. Забон на танҳо як воситаи муошират аст,балки он организми зинда буда, моҳияти тамаддун ва маданияти башарро инъикос мекунад.
Забони тоҷикӣ - забони адабӣ ва миллии тоҷикон ва забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад.
Забон аз Рӯдакӣ оғози худ ёфт,
Зи Фирдавсӣ пари парвози худ ёфт.
Забони тоҷикӣ аз дасти Айнӣ.
Басо зебу фару эъҷози худ ёфт.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Қаҳрамони миллати тоҷик мебошанд, бо ин забон басо зебо ва бо эҳтироми баланд дар минбарҳои фахрӣ аз қабили минбари СММ суханронӣ намуда, башарро ба сулҳу дустӣ ва ба пайравӣ аз ташаббусҳои нотакрорӣ худ даъват менамояд.
Ҳамчунин бо дастгирии Пешвои миллат, тақдими шоҳасар бо номи “Шоҳнома” ба ҳар хонадони миллати тоҷик карда мешавад ва гувоҳ аз он медиҳад, ки ин абармарди бузург ва нотакрор ба забони ниёгон ва бузургони хеш эҳтироми баланд дорад.
Ҳамчунин бо дасгирии Ҳукумати кишвар ва бо дастуру супоришҳои Пешвои Миллат озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили “фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ба роҳ монда шудааст. Мақсад аз озмунҳо саводноккунии ҷомеа, насли наврас, ҷавонон ва калонсолон мебошад.