АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Забони тоҷикӣ ширин аст

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Бардошти устоди донишгоҳи Ҳумболдти шаҳри Берлин Томас Лой дар мавриди Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ.

Дар доираи курси интенсивии омӯзиши забони тоҷикӣ донишҷӯён аз Ҷумҳурии Федеративии Германия се ҳафта дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе буданд. Омӯзгорон ҷаноби Томас Лой ва хонум Барно Орипова ба онҳо дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ забони тоҷикиро омӯзонданд. Дар зер бардошти устоди донишгоҳи Ҳумболдти шаҳри Берлин ҷаноби Томас Лойро дар мавриди забони тоҷикӣ пешкаш менамоем:

Маҳз забони тоҷикӣ

Дар Германия шумораи ками донишҷӯён забони тоҷикиро меомӯзанд, аммо ин шумора дар ҳоли афзоиш аст. Донишҷӯёни мо ба минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ доранд. Онҳо ба омӯзиши забони нав майл доранд. Аллакай баъзеи онҳо каме бо забонҳои форсӣ ва дарӣ сўҳбат мекунанд. Инро онҳо барои омӯхтани забони тоҷикӣ истифода мебаранд. Инчунин онҳо майли бо “ягон чизи наве” шинос шуданро доранд.

Мо мехоҳем донишҷӯёнро бештар ба омӯзиши забон талқин намоем ва бо минтақаи Осиёи Марказӣ шинос кунем. Агар якчанд донишҷӯ минбаъд низ бо омӯзиши забони тоҷикӣ ва Тоҷикистон машғул шаванд, муваффақияти бузурги мо ба ҳисоб меравад. Дар оянда мо ният дорем боз курси интенсивии омӯзишии “Забони тоҷикӣ барои навомӯзон” ва пешниҳоди наве барои касоне, ки аллакай ин забонро хуб медонанд дошта бошем.

Шарикони ҳамкор

Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD) барои 20 нафар идрорпулӣ медиҳад. Иловатан ҳамеша як ё ду ҷой барои “худмаблағгузорон” ҳаст.

Ҳамаи донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Германия таҳсил мекунанд, метавонанд дар ин курс иштирок кунанд. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Маркази иттиллотии Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моро дастгирӣ мекунанд. Қисми зиёди маблағро Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD) дар Германия ва боқимондаашро Семинари Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин ба уҳда мегирад.

ДДОТ - робитаи хуби илмӣ

Донишҷӯён ҳудуди се ҳафта дар оилаҳои тоҷик зиндагӣ намуданд. Курси таълимӣ ба таври интенсивӣ гузаронида шуд. Дарсҳо аз рӯзи душанбе то шанбе, аз соати 9 то 16 баргузор гардид. Ҳамчунин, лексияҳо оид ба кишваршиносӣ ва саёҳатҳо, боздид аз осорхонаҳо ва масҷидҳо пешбинӣ гардида буд. Мо дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил намудем. Мо бо ин донишгоҳ робитаи хуби илмӣ дорем. Дар пойтахт ҳамаи диалект ва вариантҳои забони тоҷикӣ ҷамъ омадаанд.

Забони тоҷикӣ ширин аст

Нахуст камина ба омӯзиши забони дарӣ  пардохтам ва аз соли 1998 дар Берлин имкони омӯзиши забони тоҷикиро бо як соҳибзабон пайдо кардам. Инчунин, таваҷҷӯҳ ба ҳамин минтақа ва имкони доштани омӯзгорони хеле хуб дар Семинари Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин ба ман имконият дод, ки боз ҳам хубтар ин забонро омўзам. Забони тоҷикӣ ширин аст.

Бардошт аз Тоҷикистон

Таассуроти ман аз Тоҷикистон  хуб аст. Инҷо ба ман хеле писанд омад. Ба ғайр аз ин инсонҳои зиёдеро ин ҷо медонам, ки барои ман азизанд.

Мо хориҷиён забони тоҷикиро бо мутолиаи зиёди китобҳо ва сафарҳои пайваста ба Тоҷикистон метавонем, омўзем. Аз ҷумла мутолиаи асарҳои Садриддин Айнӣ (1878 – 1954) ва Абдурауф Фитрат (1886 – 1938) ба мо имконият медиҳад, ки боз ҳам хубтару беҳтар оид ба забони тоҷикӣ маълумот пайдо намоем ва онро аз худ кунем.

 

Таҳияи

Зуҳро Абдураҳмонзода

БОЗГАШТ