АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Заминаҳои исломгароӣ ё панисломизм дар Туркия

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Муқаддима
Дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва барқарор кардани робитаҳои мутавозин ва судманд бо кишварҳои ҷаҳон, як идда масъалаҳое мавҷуданд, ки аз тарафи муҳаққиқони дохилию байналмилалӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифта, ҳалли ин масоил аз як тараф дар доираи муҳиммияти сиёсию идеологӣ ва аз тарафи дигар дар доираиманфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зарурат ба бознигарӣ ва таҳлилу баррасӣ дорад.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки то ҳол зарурати омӯзиш ва бознигариро дорад, ин таҳлилу баррасии ҳизбу ҳарактҳои исломӣ дар Шарқи Миёна ва Наздик мебошад. Ҷунбишу ҳаракатҳо ва ҳизбҳои исломӣ ё ҳизбҳое, ки дар заминаи таълимоти ислом сиёсӣ шуда, аз тарафи сиёсатмадорон барои ба даст овардани манфиатҳо ва ҷалби бештари қувваҳо дар дохил ва хориҷи кишварҳо ва барои ба вуҷуд овардани низоми нави сиёсӣ дар Шарқи Миёна ва Наздик ва Осиёи Миёнаю Африқо баъди солҳои 50 – уми асри XX бо идеологияҳои мухталиф ва ҳадафмандона шакл гирифтаанд, панислмизм ё ҳизбу ҳаракатҳои исломгаро номида мешаванд.
Панисломизм таърифҳои мухталиф дошта, то ҳол таърифи ягона[6,21-26; 6,121-122] дар ин мавзӯъ дода нашудааст. Аммо ҳамчун масъала аз тарафи муҳаққиқони зиёде мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҷанбаҳои гуногуни он таҳлилу баррасӣ шудааст. Яке аз ҷанбаҳои муҳиме, ки зарурат ба таҳқиқ дорад ва имрӯзу оянда ҳамчун падидаи таҳаввулёбанда ба шумор меравад, ҷунбишу ҳаракатҳои исломӣ дар Туркия ва таъсири он ба кишваҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.
Масалан, Яъқуб Кепенек муҳаққиқи турк навиштааст, ки исломи сиёсӣ торафт афзоиш меёбад ва дар дохили худ - аз имконоти мулоим (исломи нарм. Н.Ё.) то ба бераҳмии шадид, аз арабҳои пинҳон то миллатгароии кушодаи турк тақсим мешавад. "Вай аслан наметавонад барои ҷомеа дурнамои нав, бо як барномаи фарогири иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии асри 21 кушояд."
Кепенек дар айни замон муътақид аст, ки «исломи сиёсӣ ҳар рӯз бештар ва зудтар ҷомеаро ба дасти худ мегирад. Бо дастгирии ошкори мансабдорони давлатӣ ва сохторҳои давлатӣ хизматчиёни давлатӣ ба кадрҳои шариат интиқол дода мешаванд. ... Ин дар ҳама ҷо рух медиҳад - аз таълим то амният, аз тандурустӣ то постҳои волиҳо ва қоим мақомон. Ба наздикӣ як падидаи дигар аён шуд - ҳаёти маънавии Туркия ба таври куллӣ ба ислом бештар ҷалб мешавад" [5,368].
"Ҳадафи ин гуруҳҳо, - ба гуфтаи Матин Каплан (яке аз ташкилкунандаи гуруҳи террористӣ дар Олмон), - як давлати исломӣ аст; қудрати мо аз они Худост; конститутсияи мо Қуръон аст... Туркия имрӯз Макка аст» [7,113-117].
Яъне  аз ин бинишҳо ба хулосае мерасем, ки ҳаракатҳо ва ҳизбҳои сиёсишудаи исломӣ имрӯзҳо низ дар Туркия фаъол шуда, барои тағйири низоми ин кишвар низ таҳдиду хатарҳоро ба вуҷуд оварда, барои ташкили як давлати исломӣ кушишҳо шакл гирифта истодаанд.
 
Заминаҳои исломгароӣ ё панисломизм дар Туркия
 
Заминаиасосии исломгароиро ба назари бештари муҳаққиқон дар Туркия Империя ё хилофати усмонӣ ташкил медиҳад, ки ислом садсолаҳо идеологияи расмии табақаи ҳоким ба ҳисоб мерафт. Идеологияи исломи суннӣ ҳокимияти пурқудрати Усмониёнро соли 1289 аз роҳи мубориза ё ғазавот ё ҷиҳод асос гузошта, қудратманд намуд. Душманони ин ҳокимият ғайридин, бидъаткорон ва бединҳо буданд, ки кофир шуморида мешуданд.
Баъдан барои ҷалби бештар ба ҳокимият аз фаъолони воизони дарвеш, шиаён ва дигар халқияту миллатҳое, ки дини исломро қабул мекарданд истифода шуданд. Пас аз барқарор кардани "тартиботи дохилӣ", идеологияи ғазавот дар ниҳоят гурӯҳҳои ҷангии мусалмононро дар мубориза бо масеҳият ба авангарди ислом табдил дод. Лекин таъқиби доимии шиаҳо дар Туркия, ҳарчанд пӯшида бошад ҳам, то имрӯз қатъ нашудааст [5,9].
Дар замони Султон Муҳаммади IIФотеҳ (1444-1446, 1451-1481) мазҳаби суннат ва ҷамоат (равияи ҳанафӣ) ҳамчун мазҳаби расмӣ пазируфта шуда, дар баробари ин мазҳаб дигар ҷараёнҳои динӣ низ мисли шохаи дини масеҳӣ, проваславӣ - юнонӣ, армиянӣ - григорянӣ ва дини яҳудӣ озодона фаъолият доштанд. Чунин таркиби гуруҳҳои динию миллӣ, то аз байн рафтани хилофати Усмонӣ маълум буданд [8,7].
Империяи Усмонӣ аз асри XVI бартарии иқтисодӣ ва ҳарбии худро нисбат ба Аврупо аз даст дод ва дар охири соли оянда фарқиятҳои сиёсии он бо зуҳуроти мушкилоти иқтисодӣ, ки ногузир бо “давраи истодагарӣ” оғоз ёфта буданд, муайян гардиданд [5,16]. Инчунин таназзули фарҳанг ба назар мерасид, аҳолӣ тақрибан бесавод монданд ва амалан ягон таҳсилоти дунявӣ вуҷуд надошт ва танҳо шумораи ками донишҷӯён дар мактабҳои исломӣ (мадрасаҳо) таҳсил мекарданд [5,22]. Ҷоҳилияти асримиёнагӣ ва фанатизми динӣ ҳукмфармо буд. Барандагони "исломи халқӣ" - орденҳои дарвешӣ, хурофот ва таассубро дар байни мардум тақвият мебахшиданд. Орденҳо ва манзилҳои онҳо дар тамоми империя, дар асри XVIII паҳн шуданд, танҳо дар Истамбул, се ҳазор дайр буд ва бештари мардум онҳоро қабул мекарданд ва дар баробари чунин амалҳо аз тарафи давлат ҳамаҷонибадастгирӣ меёфтанд.
Адабиёт ва санъат, ки қаблан монополияи як табақаи хурди синфи ҳукмрон буданд, асолати худро гум карданд ва аксар вақт ба тақлиди кӯр-кӯронаи зоҳирӣ аз Эрон ё Аврупо андармон буданд.  Асарҳои "divan edebiyata" (девони адабиёт)-ро танҳо элитаи болоииусмониҳо дарк мекард ва ба забоне иҷро мешуд, ки танҳо ба забони туркии номафҳум шабоҳат дошт. Боварӣ доштанд, ки навиштан бо забони туркӣ "маънои нишон додани ҷаҳолати шумо, паст задани шаъну шарафи худро дорад" [5,23].
Ба назари баъзе аз муҳақиқон яке аз омилҳои пасрафт ва аз байн рафтани давлати Усмониҳо дар нимаи дуюми асри 18 низ дахолати рузафзуни ҳалқаҳои динӣ дар масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвар буд. Догмаҳои динӣ ба таври қатъӣ тамоми фаъолиятҳои муносибатҳои иҷтимоиро зери назорати қатъӣ қарор дода, аз роҳи маҳдудиятҳои динӣ соҳибкорону тоҷирон фаъолияти озодона карда наметавонистанд. Дар ин давра муносибатҳои капиталистӣ миёни миллатҳои ғайритуркӣ (арманӣ, юнонӣ, славянӣ ва яҳудӣ) инкишоф ёфт. Дар арсаи муносибатҳои хориҷӣ низ хилофати Усмонӣ бештари ҳудудҳои худро дар ҷанг бо Россия аз даст дода, ҳамчунон дахолати кишварҳои аврупоӣ дар умури дохилии кишвар ҳалқаҳои ҳокимро водор месохт, то барои ислоҳот фикр кунанд. Ин кушишҳо ба он оварда расонид, ки консепсияи ягонаи идеологӣ дар бораи дину мазҳабҳо ва қавмҳо дар асоси баробарӣ сурат гирад. Дини исломи ҳоким дар баробари дигар фирқаҳо, дар ҳоле ки онҳо итоат ва ҳазинаи андози муйяншударо сари вақт месупоранд, таҳамулпазир буд.
Ҷаҳони Ғарб ба ташаккули иқтисоди бозории саноатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институти моликияти хусусии капиталистӣ шурӯъ кард. Ҷойгоҳи монархияҳои феодалиро системаи парлумонии конститутсионӣ иваз кард. Албатта дар асри XIX пойдор гардидани принсипҳои демократӣ дар ҳаёти ҷомеаи Ғарбҳануз такмил нашуда буданд. Боқимондаҳои муносибатҳои анъанавӣ дар бисёр кишварҳо боқӣ монда, мушкилоти иҷтимоӣ ва миллӣ шаддат мегирфтанд. Дар мавриди Империяи Усмонӣ бошад, дар аввали асри XIX қисми пешрафтаи элитаи он афзалияти илмӣ-техникӣ ва мутаносибан бартарии ҳарбии Ғарб ва зарурати баромадан аз асрҳои миёнаро дарк карданд. Ин фаҳмиш пеш аз ҳама дар соҳаи ҳарбӣ паҳн шуд ва то ҳадде ба иқтисодиёт, илм ва маориф, дар идоракунии як империяи азим таъсир расонид.
Мусаллам аст, ки ҳокимон ва идеологҳои империяи фавтидаистодаи Усмонӣ ду орзуи ба ҳам зид ва истисно доштанд, ки мисли Аврупо тавоно шаванд, то дар ҷаҳони муосир бо муваффақият муқовимат кунанд ва арзишҳои пешинаи худро дар қалб, яъне тафсири асримиёнагии дин, ғазавот, мафҳуми моликият, нақши давлат ва ғ.-ро «ҳифз» кунанд [5,24].
Дар давраи Маҳмуди II бо фишори ҳаракатҳои миллӣ - озодихоҳӣ ва кишварҳои аврупоӣ зоҳиран дар сатҳи қонунӣ ҳуқуқи мусалмон ва масеҳӣ баробар карда шуд. Туркҳо худро усмонӣ меномиданд. “Гулхонаи хатти ҳумоюн” барномаи ислоҳотии навусмониҳо соли 1839 шуруъ ба ислоҳот карда, низоми роҳбарӣ, молиёт, низоми андоз, хизмати ҳарбӣ, тарзи либоспушӣ, таълимоти дунявӣ, чопи китобҳо ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро тағйир кард. Баробарии қавмҳою динҳо дар идеологияи расмии усмонизм ҳамчун консепсияи ягона дар баробари фирқаҳои гуногуни диндор пазируфта шуд, ки бо қоидаҳои исломи анъанавӣ мувофиқат намекард, зеро дар шариат баробарии мусулмон ба масеҳӣ мавҷуднабуд. Ин идеология дар замони Танзимат (1838 - 1871) кушиши модернизатсияи хилофати исломиро, мисли кишварҳои аврупоӣ ба роҳ монда буд. Дар охири соли 1839, сиёсатмадори барҷаста, дипломат ва ислоҳотгари он замон, бешубҳа, як ғарбгаро Мустафо Решид Пошо (1880-1858) ба Султон ҳуҷҷатеро бо пешниҳоди ислоҳоти қатъии давлат ва ҷомеа пешниҳод кард, дастгоҳи империя, ки пас аз он бо тасдиқи Султон, санади мувофиқ дар шакли манифест таҳия карда шуд. Аврупоисозӣ мебоист омили асосии рушд мешуд, илова бар ин, пешниҳоди Решид Паша, ки онро суд ҳамчун “Гулхонаи хатти ҳумоюн” тарроҳӣ кардааст, бояд ба ҷои султони нав Абдулмаҷид (1839-1861) татбиқ карда шавад.
 Маросими бошукӯҳ ба ин муносибат бо эълони оммавии 3 ноябри соли 1839 аз ҷониби Решид Паша аз номи подшоҳ матни фармон бо номи "Гулхонаи хатти-хюмаюн" (дар маҷмааи қасри Гулхона) оғоз ёфт. Ин амал як марҳилаи муҳим дар таърихи Туркия гардид. Эълони ислоҳоти танзимат ҳодисае буд, ки бояд на танҳо дар таърихи туркӣ-усмонӣ-исломӣ, балки дар таърихи башар низ нуқтаи гардиш ҳисобида мешавад. Ин эъломия тағйири низомро талаб мекард, ки асосан тағирнопазирӣ ва бартарии он дар тӯли 12 аср боқӣ монда буд ва дар ҷои худ муқаррар намудани принсипи баробарӣ ва амнияти ҳамаи мардуми империяро қайд мекард. Принсипҳои Инқилоби Фаронса камтар аз ним аср пас ва ҳатто пештар аз баъзе кишварҳои Ғарб, дар қаламрави Империяи Усмонӣ таъсис дода шуданд. Вазифа аз он иборат буд, ки бо ин роҳ Хилофат ба сатҳи тамаддуни Ғарб ноил шавад [5,39].
Принсипи баробарии мусалмонон ва ғайримусалмонон махсус дар ин фармон зикр карда шуд: "тибқи қонунҳои шариат, мо ба тамоми мардуми кишвар кафолат медиҳем, ки ҳамаи шаҳрвандон, бидуни истисно, ин чораҳоро барои ҳифзи ҳаёт, шаъну шарафи ҳам мусулмонон ва ҳам дигар миллатҳо (ҷамоаҳои динӣ) истифода бурда шавад" [2,250-251].
Тавре ки муаррихи рус Н.А. Дулин қайд мекунад : «принсипҳои Хатти Гулханаӣ маънои шикастани тамоми тарзи ҳаёти муқарраршудаи ҷомеаи Усмонӣ, анъанаҳо ва ҳатто идеологияи онро дошт. Онҳо маънои барҳам додан ё вайрон шудани як қатор муассисаҳои ҷомеаи асримиёнагии феодалӣ,маҳдуд кардани қудрати Султон, танзими давлатӣ ва як қатор муқаррароти ҳуқуқии шариат ва ғайрародоштанд. Дар баробари ин, онҳо фароҳам овардани шароити заруриро барои рушди муносибатҳои капиталистӣ, ҷорӣ намудани институтҳои буржуазӣ ва паҳншавии тафаккури буржуазӣ дар назар доштанд, ки ба ин шартҳо судҳои шаръӣ ва полиси ҳарбӣ, мадрасаҳо, системаҳои андоз ва замину моликият, қудрати олӣ, ки хусусияти деспотӣ доштанд ва бо самти навовариҳо буржуазӣ ё сармоядорӣ тағйир дода мешуд розӣ набуданд. Ин ду идеологияи пешвоёни танзиматро зарур донистанд, ки ба гунае муттаҳид шаванд, то зиддиятҳоро ҳамвор кунанд" [3,138].
 Баъдтар, аллакай дар соли 1850, Кодекси Тиҷоратӣ қабул карда шуд, ки аз Кодекси тиҷоратии Фаронса дар соли 1807 бисёр муқаррарот гирифта шуда буд. Бо қабули муқаррароти фоизҳо, ин кодекси нав бо қонунҳои ислом мухолифат кард [5,41].
 Ҳамзамон муқовимату зиддиятҳо ва ҷудоихоҳӣ миёни халқиятҳои масеҳӣ [5,64] бо фишори тамоми мусулмонҳо ва догмаҳои Қуръон боло мерафт ва имкони ислоҳотро ба пуррагӣ намедод, то ислоҳоти замони Танзимат ба амал биёяд. Ислоҳоти Танзимат бо шариати ислом мувофиқат намекард, зеро он ба баробарии мусулмон ва ғайри мусулмон иҷозат медиҳад, ки масеҳиён роҳбарии ҳокимиятро ба даст гирифта шариати исломро маҳдуд созанд. Аз ин ру “баробарӣ” хусусияти эъломию зоҳирӣ дошта, маҳдудиятҳо ҷорӣ мешуд [3,58].
Тағйироти 1870 дар ҳаёти сиёсии хилофати Усмонӣ гуруҳи ислоҳотхоҳони танзиматро аз ҳокимият дур сохта, гуруҳи муҳофизакорону суннатгароёнро бар сари қудрат овард ва тамоми ислоҳоте, ки аз тарафи Ғарб оварда шуда буд бекор карда шуд. Муҳаққиқи турк М.Кара раванди Ғарбгароиро чунин тавзеҳ медиҳад: "Ғарбгароӣ ё Ғарбсозӣ, ки бо пайдоиши асри XIX оғоз ёфт, ки дар он омезиши ду ҷаҳони комилан мухталиф шабеҳ ёмонанд ба кӯшиши ду сари гуногун ба як шахс буд" [1,265-268].
 Маҳз дар маҳалҳо муноқишаҳое, ки байни барандагони танзимат ва уламо ба вуҷуд омаданд, охирин тарафдорони танзиматро ба атеизм муттаҳам карданд ва баъзе миллатгароёни тундрав онҳоро барои хидмат ба Ғарб ва ҳукмронии принсипҳои туркӣ-исломӣ ба манфиати ғайри мусалмонон, ба хотири таҳти фармони қудратҳои аврупоӣ қарор додани кишвар мазаммат мекарданд. Ин доираҳоро Садразам Хусрав Паша (Хоҷа) ва дигарон фаъолтар намояндагӣ мекарданд [1,52].
 Дар ин давра “усмониҳое” ки дар Ғарб таҳсил карда буданд, фаъолона таълимоти панисломизмро истифода карда, муқовимат ба густариши ислоҳотхоҳии Аврупоӣ дар кишварҳои Шарқ ва идеологияи панславиянҳо мекарданд.
Ҳаракатҳои конститутсионии “усмониҳо” ҳаракати миллӣ - озодихоҳиро дар Балкан бедор сохта, вазифаи аввалиндараҷаи худро ягонагӣ ва истиқлолияти империяи усмонӣ медонист. Панисломистон таълимоти баробарии пайравони фирқаҳои динии навусмониёнро бекор карданд. Эҳёи саноати бумии миллӣ ва худшиносии туркон таълимоти усмониҳоро барканор карда, роҳро барои миллигароии туркӣ ва идеяҳои панисломистӣ кушод. Конститутсия с 1870 бо фишори навусмониҳои аз тарафи Абдулҳамиди II қабул шуда, дар баробари уҳдадориҳои худ, ҳамчун султони тамоми мусулмонони ҷаҳон муаррифӣ мешуд. Дар давоми ҳукмрони шадид ва тӯлонии Абдулҳамиди II (1876-1909)  дар соҳаи сиёсати дохилӣ яке аз вазифаи асосӣ - ҳифзи худкомагии худ ҳамчун падари миллати усмонӣ, халифагии тамоми мусулмононро дунбол мекард. Дар ин нақш, ӯ метавонист ба дастгирии ҷиддии доираҳои муҳофизакори империя, панисламистҳо ва шумораи зиёди мусулмонони оддӣ, сарфи назар аз фазои бераҳмӣ, ки дар кишвар муқаррар карда буд, сиёсати шовинистӣ, яъне таъқиби аҳолии ғайримусулмонро низ пеш гирифт [5,73].
Панисломистон бештар тамоюли ғарбситезиро дар хилофати усмонӣ дошта, таъсироти худро дар кишварҳои мусулмоннишини Закавказияи Россия, Крим, Повелже ва Осиёи Марказӣ густариш медоданд. Панисломизм барномаи асосии муассисаҳои мусовотиёни ҳаракати миллӣ - озодихоҳии Бухорои амирии Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон низ буд. Ин ҳаракат тамоми дигари ҷунбишҳоро фишор оварда, ба онҳо садама мерасонд. Махсусан соли 1890 ҳаракати озодихоҳии армиянҳоро бо истифодаи курдҳои суннимазҳаб пахш карда, бештар аз 300 ҳазор арманиҳоро ба қатли ом расонид ва бештари онҳо ба Ғарби Армения муҳоҷират карданд. Панисломист Абдулҳамиди II бо зурӣ тамоми дороиҳои армиянҳоро кашида гирифта, ба пайравони худ иҷозат дод, ки аз роҳи дуздӣ, ғоратгарӣ, куштори армиянҳо ва дигар амалҳои ваҳшиёна ин қавмро несту нобуд созанд.
Дар охири асри XIX нотавонии мақомот ва хусусияти сатҳии ислоҳоти он аён гардид; шакли аврупоисозӣ, ки онҳо оварданд, ба афзоиши ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ дар минтақаҳои ғайритуркии давлат табдил ёфт. Усмонизм, тавре ки фармонҳо ва ваъдаҳои дигари онро ифода мекарданд, нишон дод, ки  қобили зиндагии онрӯза набуд. Дар ин замина, мудохилаи қудратҳои бузург маҳдуд нашуда, балки тавсеа ёфт ва бо шикастҳои бузурги низомӣ, талафоти қаламравӣ (Руминия, Булғористон, қисматҳои Сербия, Босния-Герсеговина, Крим, Кипр, Тунис ҷудо гаштанд) ва вобастагии молиявию иқтисодӣ ба охир расид. Ҳамаи ин бо зулм ва аз байн бурдани ҷисмонии эҷодкунандагони асосии конститутсияниз ба анҷом расид [5,76].
Албатта, боздоштани пешрафти ҷомеа, ҷараёнҳои пешрафте, ки бо фаъолияти конститутсионалистҳо ё усмониёни нав, шарикону ворисони онҳо, сарфи назар аз чораҳои ҷазои қудратнуму карда буданд, ғайриимкон буд. Бо вуҷуди шароити мушаххаси зулму истибдоди ҳукумат, онҳо хусусияти мусолиҳакорӣ доштанд ва эътирозоти худро на дар дохил, балки ошкоро танҳо дар муҳоҷират, асосан дар кишварҳои Аврупо, қисман дар Миср метавонистандэълон кунад. Ҳамин тавр ҳам шуд, ки вориси усмонии нав, конститутсионалистҳо ташкилоти нави  ҳизби Ваҳдат ва тараққиро таъсис доданд. Вай ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷа ба фаъолият оғоз кард.
 Дар аввал, ин як гурӯҳи хурди махфии донишҷӯёни Мактаби ҳарбии тиббии Истамбул буд, пас қисмҳои махфии он дар дигар мактабҳои олии Истамбул ва Румелия (Туркияи Аврупо) пайдо шуданд, бо ташкилотҳои шабеҳе, ки он замон дар Аврупо ба вуҷуд омада буданд, робитаҳо барқарор карданд. Яке аз шохаҳои ҷунбиши пайдошуда дар Ҳарбия - Академияи ҳарбӣ пайдо шуд. Зимнан, Мустафо Камол солҳои 1899-1902 дар он ҷо таҳсил карда буд, ки раҳбари ояндаи Туркияи ҷумҳурихоҳӣ интихоб гардид. Лейтенанти ҷавон таҳсилоти ҳарбӣ гирифта, ҳамзамон ҳиссиёти ватандӯстӣ ва озодӣ, рӯҳияи эътироз ба режими деспотиро аз худ кард [5,76].
 Дар мавриди вазъи сиёсии дохилии солҳои аввали аср ХХ ҳаракати ҷавонони турк, ки дар ташкилоти Ваҳдат ва тараққӣ (EIP) ташаккул ёфта буданд, аз ҷониби Абдулҳамид пахш карда нашудааст. Дар ин аср бузургтарин ҷунбиши иҷтимоӣ ва сиёсӣ буд, ки ба режими султон муқобилиятмекарданд.
 Сарфи назар аз зиддияти байни роҳбарон ва таъқиботи онҳо аз тарафи мақомот, он мустаҳкамтар ва васеъ ҳам дар худи кишвар ва ҳам дар хориҷа гардид. Зери чунин шиорҳое, ки барои ҳама мухолифони режим бидуни баҳс буданд, аз қабили барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва даъвати парламент онҳоро муттаҳид кард.
 Омадани ба қудрат дар соли 1908 ҳизби Ваҳдат ва тараққӣ унсурҳои усмонизм ва панисломизмро ба ҳам оварда, мавқеи асосиро ба миллатароии туркӣ бахшид. Аввалин бор миллигароии туркӣ дар фарҳанг ва адабиёт, мисли дигар миллатҳои асри XIX - XX зуҳур кард. Туркизм дар омезиши пантуркизм ва панисломизм ташаккул ёфта, нисбат ба дигар қавмҳои хилофати усмонӣ фишор меовард. Шарти асоси ҷавонтуркон ин буд, ки қавмҳои дигари хилофат метавонанд аз ҳуввияти мусулмонӣ пуштибонӣ кунанд, аммо аз забонҳои худ даст кашида, ба забони туркӣ авлавият диҳанд. Ҷавонтуркон асолати худро ба Турон нисбат дода, ҳамзамон исломро яке аз ҳуввиятҳои миллии худ медонистанд. Шиддати баланди миллигароии туркӣ ба дараҷае авҷ гирифт, ки бояд қавмҳои ғайритуркӣ ё турк мешуданд ё кишварро тарк мекарданд, зеро онҳоро нобудӣ таҳдид мекард [4,126].
 Инъикоси ин тағйирот ва ҳаракатҳо дар ҳудуди хилофат ба кишварҳои Россия, Аврупо ва махсусан ба Осиёи Марказӣ нуфуз пайдо карда, ҳамчун таҳдид ё паёми таҳаввулоти минбаъда интишор ёфтанд. Муҳаққиқ ва таърихнигори нуктасанҷи тоҷик Садриддин Айнӣ инъикоси чунин воқеаҳоро дар Осиёи Марказӣ, ки бештари ҳудуди онро Аморати Бухоро ташкил мекард, бо чунин тарз баён намудааст: “Ҳукумат ба фикри худ хаёл мекард, ки “Дар мамлакати Туркия инқилоб воқеъ  шуд ва султон Абдуҳалимро халъ карданд. Сабаби умда тарбиятёфтагон ба тартиби нав буданд. Агар султон Абдулҳамид мактаби алифбохониро манъ мекард, ба ин бало гирифтор намешуд”. Муҳокимаи арбоби ҳукумати Бухоро ба ин ҷо намерасид, ки “Агар султон Абдулҳамид панҷ-шаш адад мактаб таъсис намекард, агар панҷ-шаш адад ҷавонтурконе, ки имрӯз ҳастанд, намерасиданд, то ҳол дар рӯи дунё на мамлакати Туркия мемонд, на инқилоби он, на Хилофати Исломия мемонд, на масъалаи халъу насби халифа”. Султон Абдулҳамид дар таъсиси макотиб хато накардааст. Хатои он дар ин ҷост, ки ба истибдод мағлуб шуда, ба қавли одамони хоин фирефта гардида, тарбиятёфтагонро тазйиқ кард. Ба хуфиябозӣ ахлоқи уламову умароро фосид намуд. Фидокорони рашидро қатлу нафй фармуда, маҳв кард. Чанд нафар фидокоре, ки аз чанги истибдоди султон Абдулҳамид амон ёфта буданд, ба кӯшишҳои фавқуттоқа дар майдони сиёсат бозӣ карданд ва бақияи ватанашонро аз дасти истибдоду аҷониб халос намуданд. Агар султон Абдулҳамид  тарбиятёфтагонро тазйиқ намекард ва ба таксири афроди эшон мекӯшид, хоинонро аз дарбор дур мекард, ҳароина ин ҳама фалокат ба сари давлати Туркия намеомад ва ватан порча-порча намегардид; муҳорибаи Таробулус ва фоҷиаи Балкан рӯй  намедод; ҷавонтуркон ба султон Абдулҳамид амният пайдо мекарданд ва ҳаргиз дар сари халъ намеомаданд; Султон Абдулҳамид то охири умр ҳофизи Хилофати Исломият ва ҳомии олами Ислом шуда, ба шараф ва ифтихор зиндагонӣ мекард. Аммо ин нуктаҳо ба хаёли ҳукумати  Бухоро намегузашт, ҳамаи ҳимматашро дар манъи мактаби алифбохонӣ сарф мекард. Лиҳозо, тараққихоҳони Бухоро ислоҳоти макотибро бе ислоҳи асоси идораи ҳукумат мумкин намедонистанд, “ҳар чӣ бодо бод” ва бо ҳамаи нуқсони асбоб, дар ислоҳоти идора мекӯшиданд. Валҳосил, аз ғайри ихтиёр, маслакашон, ки  илмӣ буд, дар маслаки сиёсии хонумонсӯз мунқалиб гардид. Ҳақиқатан ҳаракати ҳукумати  Бухоро эшонро ба тадохул дар сиёсиёт маҷбур намуд”.
Яъне ба назари Устод Садриддин Айнӣ агар раванди ислоҳот бо маром идома пайдо карда, барномаи ислоҳотхоҳии ҷавонтуркон пуштибонӣ меёфт, давлатҳои онрӯза ба пешрафтҳо ноил мешуданд.
 Усмонизм ба унвони қобили қабултарин идеологияи давлатӣ муддатҳои дароз боқӣ монд. Он дар нахустин фармони танзимат соли 1839 эълон шуда, дар дуввумаш дар соли 1856 такмил дода шудааст. Ин ҳуҷҷатҳои манифест ҳамзамон шариат ва аврупошавӣ ва баробарии миллатҳо ва шукуфоии империяро  истиқбол мекард. Усмонизм аксар вақт бо панисламизм ҳамзистӣ мекард ва ҳатто як қисми элитаи ғайритуркиро низ дар хидмат нигоҳ медошт.
Ҳамин тариқ агар дар муқоисаи ҳодисаҳои таърихие, ки дар Туркия ва дар Аморати Бухоро рух дод, назар кунем, ба ин натиҷа мерасем, ки ин ду низом натавонистанд ба тағийру таҳаввули вақт пешрафти худро дар сохторҳои низомию ҳарбӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳагӣ мутобиқат намуда, бақои минбаъдаи худро таъмин намоянд.Он таҳаввули ба вуҷудовардаи ҷавонтуркон дар Туркия бо вуҷуди таъқибу фишорҳои султон Абдулҳамид натиҷа дода, кишвареро бо номи Туркия ташкил кард. Дар барқарор сохтани кишвари Туркияи имрӯза саҳми ҳаракатҳои миллигароӣ ва исломгароӣ ё пантуркизм ва панисломизм зиёд аст, ки дар бахши дигари ин таҳқиқот онро таҳқиқ ва пажӯҳиш менамоем.

Адабиёт:
  1. Kara М. Din hayat, sanataisindantekkelervezaviyeler. Istanbul, 1980, - С. 265 - 268.
  2. Yucel Y., SevimA. OsmanliDonemi. 1730-1861. Ankara,1992, - С. 250 - 251.
  3. Дулина Н.А. Танзимат и МустафоРешид Паша. М.: Издательство «Наука», Главная редакция восточной литературы, 1984. 177 с. - С.
  4. Киракосян Д. Младотурки перед судом истории. Ереван, 1986. С. 126.
  5. Киреев Н.Г. История Турции XX век / - Москва: ИВ РАН:Крафт+, 2007. - 608 с. – С. 368.
  6. НиёзӣЁ. Б. Назарҳоимухталифдарфаҳмишимафҳумиисломисиёсӣ ва шинохти муътадил ва ифротии ислом. // Осиё ва Аврупо № 2, 2019. С 21-26.,Сулаймонова Ф.Р. Эволюция понятия панисломизм. Вектор науки ТГУ, Казань (Россия) № 4 (18), с 2011 121-122. Садик Дж. аль-Азм. Что такое Исламизм?
  7. ТуранС.Г. Turkiye'de Din TerorU. Измир, 1996, саҳ. 113-117.
  8. Фадеева И. Л. Официальные доктрина в идеологии и политике Османской империи (османизм - панисломизм) XIX-начало XXв. М.,1985. – С 7.
  9. Htth//word/lib/ru/a/amusja_m/0600222_amper-islam/shtml.
 
 
Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо,
Директори Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ