АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Заминаҳои рушди иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  То расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин нимфеодалӣ ва ниммустамликавӣ буд, ки бо суръати ниҳоят паст рушд мекард. Дар солҳои 1901—1950 суръати миёнаи солонаи афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (минбаъд ММД) ҳамагӣ 0,6 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба сатҳи ҷаҳонӣ (2,2 дарсад) 3,7 маротиба паст буд[5]. Дар солҳои 50-уми асри гузашта, Ҷумҳурии Мардумии Чин бо дастгирии ИҶШС ва истифода аз модели иқтисодии он саноаткунонии босуръатро шуруъ намуда ба ин васила суръати афзоиши ММД-и мамлакат каме боло бурда шуд. Масалан, дар давоми панҷсолаи 1-ум (солҳои 1953—1957), дар як сол ба ҳисоби миёна 7,8 дарсад ММД-и кишвар афзуд. Аммо авантюраҳои минбаъдаи сиёсии «Ҷаҳиши бузург ва коммунаҳои халқӣ», «инқилоби маданӣ» боз ҳам динамикаи иқтисодии Ҷумҳурии Мардумии Чинро хеле суст карданд: дар солҳои 60-ум он ба 0,6 ва дар солҳои 70-ум ба ҳисоби миёна дар як сол то 3,1 дарсад суръати рушди иқтисодиёт ба чашм мерасид, дар ҳоле, ки дар ҷаҳон ин нишондод ба 4,6 ва 3,5 дарсад баробар буд.
 
  "Ҷаҳиши бузург"
  Ҷаҳиши бузург як маъракаи иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Чин аз соли 1958 то соли 1960 буд, ки ҳадафи он таҳкими заминаи саноатӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар тавассути моликияти коллективӣ буд. Дар натиҷа аз 20 то 40 миллион нафар ҳалок гаштанд.
  Дар охири соли 1957 Мао Тзэ-дун қарор дод, ки барои мустаҳкам намудани иқтидори сотсиалистӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти Чин чораҳои зарурӣ андешида шавад. Аз соли 1958 то соли 1962 ислоҳот «Ҷаҳиши бузург» ном гирифта, ба сари мардуми Чин ашк ва андуҳи зиёд овард. Моҳияти нақшаҳои ҷаҳиши бузург:
  • сохтани танурҳои махсус барои коркарди пулод;
  • нест кардани пашша, парранда, каламуш ва ҳашарот;
  • аз ҳисоби деҳқонон зиёд кардани ғалла дар анборҳои давлат.
  Дар он вақт Ҷумҳурии Мардумии Чин мамлакати комилан аграрӣ буд, сафарбар намудани деҳқонон ба сохтан ва кор кардан дар танурҳои махсуси пулодгудозӣ, кори хоҷагии қишлоқро хеле суст мекард. Одамон ҳам дар саҳро ва ҳам дар истеҳсолот меҳнат карданд, дар натиҷа ҳосили ғалла зарар дид. Аз гудохтани метал дар 700 ҳазор танурҳои саросемавор сохташуда натиҷае ба даст наомад, чунки метал бесифат буд. Зарари иқтисодӣ 2 миллиард юанро ташкил дод.
Чиниҳо нест кардани гунҷишкҳоро барзиёд иҷро карданд, тақрибан 2 миллиард парранда аз байн рафт, ки боиси вайрон шудани муҳити зист гардид, малахҳои зиёд пайдо шуданд ва дар ниҳоят боқимондаи ҳосилро нобуд карданд.
Деҳқонон саҳми заруриро дар анборҳои давлат супурданд ва худашон тамоман бе чиз монданд. Дар давоми якчанд сол зиёда аз 45 миллион нафар чинӣ аз гуруснагӣ ва беморӣ ҳалок гардиданд.

  Ну
қтаҳои асосии дигаргунсозӣ ва ислоҳот дар давраи Ден Сяопин
  Аз охири соли 1978 Дэн Сяопин дигаргунсозӣ ва ислоҳотро оғоз кард, ки он ду самти асосӣ дошт:
  • ҷалби васеи сармоягузориҳо;
  • афзоиши содирот.
  Ден Сяопин боварӣ дошт, ки тараққиёти Чин аз рӯи модели сотсиалистӣ давом мекунад, ислоҳот танҳо ба системаи куҳнаи иқтисодӣ таъсир мерасонад ва чунин ҳам шуд:
  Ислоҳоти кишоварзӣ - замин ба деҳқонон дода шуд, савдои озоди маҳсулоти кишоварзӣ иҷозат дода шуд.
  Саноат — ба корхонахои хурду калон имконият дода шуд, ки буҷети худро худашон ба нақша гиранд, ба худтаъминкунӣ гузаранд, аммо корхонаҳои калон ҳанӯз дар зери назорати давлат мемонданд.
  Андозҳо ва низоми бонкӣ - андоз аз арзиши иловашуда, андози ягонаи даромад ҷорӣ карда шуд, низоми бонкӣ ба вуҷуд омад, қурби ягонаи асъор таъсис дода шуд.
  Такмили низоми нави хоҷагидорӣ — механизми бозорӣ ташаккул ёфт, ММД-и Чин дар як сол аз 12 то 14 дарсад (то 9 дарсад боздошта шуд) меафзуд, ки ин ҳоло иқтидори мамлакатро мустаҳкам намуда, сатҳи зиндагонии аҳолиро баландтар кард.
  Дар натиҷа пас аз тай кардани роҳи душворе, ки чаҳор даҳсола тӯл кашид, Чин ба як қудрати тавоно дар ҷаҳон табдил ёфт. Тадриҷан амал карда: бо роҳи ташаккули бозор, барқарор намудани иқтисодиёт ва ҷорӣ намудани технологияи нав, хитоиҳо нишон доданд, ки танҳо сиёсати ба нақша гирифташуда ва ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳо ба муваффақият оварда мерасонад.
  Азнавсозии Чин дар якчанд марҳила татбиқ шуда, дар ҳар яки он вазифаҳои стратегии муайян ҳал гардида, чорабиниҳои пештар банақшагирифта саҳеҳтар мегаштанд. Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки роҳбарияти Чин на танҳо дар масъалаи муайян намудани мақсаду вазифаҳои ислоҳот, балки дар хислати уҳдабароёнаи интихоби василаву механизмҳои дастёбӣ ба ҳадаф усули эҷодкорона ва илман асоснокро истифода намудаанд [7].
  Барои он ки Ҷумҳурии Мардумии Чин аз як кишвари ақибмондаи аграрӣ ба як абарқудрати иқтисодӣ, бузургтарин содиркунанда ва дорои захираҳои тиллову асъор дар ҷаҳон табдил ёбад, каме бештар аз чиҳил сол лозим шуд. Яъне Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз чил сол пеш ба кишварҳои ҷаҳони сеюм тааллуқ дошт, он бо иқтисоди заиф, камбизоатӣ ва ақибмондагии аҳолӣ фарқ мекард.
  Мувофиқи Конститутсия Ҷумҳурии Мардумии Чин давлати сотсиалистӣ мебошад [3], вале қариб 60 дарсади ММД-ро корхонаҳои хусусӣ ташкил медиҳанд [8]. Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таври расмӣ системаи иқтисодии ҳозираи худро «сохтмони сотсиализми нав бо махсусиятҳои Хитой» меномад.
  Бино ба маълумоти Бюрои миллии омор, ММД-и Чин дар соли 2021 ба 114 триллион юан (18 триллион доллар) расид. Иқтисодиёти мамлакат аз нақшаҳои давлатӣ яъне 6 дарсад бештар рушд карда, афзоиши умумии иқтисодиёт 8,1 дарсадро ташкил медиҳад [2].
  Сохтмони иқтисодиёти бозорӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии Ҳизби Коммунистӣ дар асоси нақшаҳои панҷсола ба амал бароварда мешавад. Ҷолибият дар он аст, ки иқтисод гуногунрангии худро нигоҳ медорад.
  Дар тӯли мавҷудияти худ Ҷумҳурии Мардумии Чин таҷрибаи хориҷиро барои рушди иқтисодӣ истифода намуд ва аз ин ҷараён натиҷагирӣ намуда, модели дохилии хешро низ бунёд намуд, ки он аз махсусиятҳои чинӣ асос ёфтааст Дар баробари истифодаи моделҳои гуногуни рушди иқтисодӣ Ҷумҳурии Мардумии Чин тавонист, ки баландтарин рушди иқтисодиро ноил гардад, ҳамзамон модели омӯзиш барои кишварҳои ҷаҳон бошад.
  Модели иқтисодии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои он ҷолиб аст, ки вай ба муносибатҳои бозаргонӣ бо нақши роҳбарикунандаи сектори давлатӣ ва таҳти назорати идеологии Ҳизби Коммунистӣ асос ёфтааст. Ин таҷриба дар таърихи иқтисодиёти ҷаҳон падидаи нав аст.
  Сохтори модели иқтисодии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба се принсип асос ёфтааст, ки бо ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд ва якдигарро пурра мегардонанд:
  1. Идоракунии нақшаи давлатии иқтисодиёт ва танзими хоҷагии халқ:
  • сармоягузории давлатӣ ва ҷалби сармоягузорони хусусӣ;
  • назорати хоҷагии халқ аз тарафи мақомотҳои соҳавии давлатӣ;
  • қабули қонунҳое, ки дар иқтисоди бозорӣ тартиботро таъмин мекунанд;
  • нигоҳ доштани устувории нархи мол ва хизматрасонӣ;
  • бо кор таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат.
  1. Содироти мол:
  • ҷамъ овардани захираҳои асъорӣ;
  • рушди истеҳсолоти илмталаб;
  • истихроҷи ангишт.
  1. Афзалияти рушди саноат:
  • корхонаҳои саноатии хусусӣ;
  • металлургия, энергетика ва маҳсулоти спиртӣ.
  Дар асоси гуфтаҳои боло, аз ҷумлаи омилҳои пешбарандаи барқарорсозии иқтисоди Ҷумҳурии Мардумии Чин, мувофиқи мақсад аст, ки омилҳои зеринро ҷудо намуда, батафсил шарҳ диҳем:
  1. Хусусиятҳои сохтории истеҳсолот. Саҳми ҳалкунанда дар рушди иқтисодии Ҷумҳурии Мардумии Чинро сохтори ибтидоии иқтисодиёти он гузоштааст. Яъне ҳиссаи пасти саноат ва ҳиссаи баланди кишоварзӣ дар ММД-и кишвар. Лозим ба ёдоварист, ки чунин нишондод дар солҳои аввали ислоҳот буд. Айни ҳол бошад соҳаи кишоварзӣ ҳамагӣ 7 дарсади ММД-и Ҷумҳурии Мардумии Чинро ташкил медиҳад.
  Имрӯз дар сохтори ММД саноат 32,6 дарсад = 5,9 трлн $, амволи ғайриманқул 6,9 дарсад = 1,2 трлн $, хизматрасониҳои тиҷоратӣ 3,1 дарсад = 0,6 трлн $, сохтмон 7 дарсад = 1,3 трлн $, савдои якулхт ва чакана 9,2 дарсад = 1,7 трлн $, кишоварзӣ, ҷангал ва моҳипарварӣ 7,6 дарсад = 1,4 трлн $, молия 1,4 дарсад = 8 трлн $, барномасозӣ ва хизматрасониҳои марбут ба он 3,9 дарсад = 0,7 трлн $-ро ташкил медиҳад [2]. Яъне рушди босуръати иқтисодии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо навсозии сохтории истеҳсолот ҳамроҳ мешавад.
  1. Хусусиятҳои миллӣ. Натиҷаҳои беҳамтои тараққиёти иқтисодиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин ба захираи зеҳнӣ, махсусияти характери миллии Чин, аз он ҷумла, меҳнатдӯстӣ, фидокорӣ, қаноатмандӣ (шикастанафсӣ), дақиқият (покизакорӣ), сарфакорӣ, масъулиятшиносӣ ва эътимоднокӣ вобаста аст. Аммо дар як назари умум, мушоҳида мегардад, ки чунин хислатҳо на танҳо ба фаҳанги чинӣ, балки ба ҳама фарҳангҳо мувофиқат мекунад[6]. Дар баробари ин маҳз хислатҳои хоси халқи Хитой, ки бо рӯҳи Конфутсий мустаҳкам карда шудаанд ва дар баробари ба роҳи тараққиёти капиталистӣ дохил шудани мамлакат нақши ҳалкунанда бозиданд. Ин нуқта дар Конститутсияи Ҷумҳурии Мардумии Чин (4 декабри соли 1982) дарҷ гардидааст: Ҳамаи халқҳое, ки дар Хитой истиқомат мекунанд, якҷоя фарҳанги бузургеро ба вуҷуд оварда, анъанаҳои пуршарафи инқилобӣ доранд [4].
  2. Сарватҳои табиӣ. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Мардумии Чин қариб ҳамаи 150 намуди сарватҳои табиии машҳур мавҷуданд, ки дар муддати дароз ба онҳо барои истихроҷ ва худтаъминкунӣ имконият медиҳанд.
  3. Сиёсати ошкорбаёнии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин. Ҷумҳурии Мардумии Чин ба системаи ҷаҳонии муносибатҳои иқтисодӣ ба дараҷаи баланд ворид шудааст. Он ҳамчун содиркунандаи пешбари мол дар ҷои 9-ум ва ҳамчун воридкунандаи мол 11-ум аст. Ҷумҳурии Мардумии Чин тақрибан 10 дарсади сармоягузории мустақими хориҷиро аз худ карда, ҳамчун сармоягузор 40 дарсади сармоягузории мустақими хориҷӣ дар ҷаҳон аз тарафи ин кишвар сурат мегирад.
  Инро мегӯянд аз изолятсионизм то сиёсати «дарҳои кушод». Дар давоми 30 соли аввали баъди ташкил ёфтани Ҷумҳурии Мардумии Чин аз сабаби хусусиятҳои вазъияти байналхалқӣ ва муҳосираи иқтисодӣ Ҷумҳурии Мардумии Чин маҷбур шуд, ки танҳо ба қувваҳои худ такя намояд, амалан бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ алоқа надошта бошад.
  Дар солҳои 70-ум вазъият тағйир ёфт. Муносибатҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин босуръат инкишоф ёфта, дар охири асри ХХ ҳиссаи савдои берунӣ қисми зиёди ММД-и кишварро ташкил намуд. Баромад аз вазъияти бунбастӣ такони аввалини рушди динамикии иқтисодӣ гардид.
  1. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ. Мавҷудияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши назаррас доштанд. Айни замон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 минтақаи махсуси иқтисодӣ - Шенҷен, Чжухай, Шантоу, Сямэн, 14 минтақаи савдои озод (озод аз боҷ), 53 минтақаи технологияҳои аълосифат ва нав (аз ҷумла водии калон ва муосири хусусии «силикон») мавҷуд аст. Зиёда аз 70 минтақаи илмию техникӣ барои мутахассисони дар хориҷи кишвар таҳсилгиранда, 38 минтақаи коркарди маҳсулоти содиротӣ мавҷуданд. Ба ғайр аз минтақаҳое, ки номбар гардиданд, инчунин миқдори зиёди минтақаҳое мавҷуданд, ки бо хусусиятҳои хоси худ аз имтиёзҳои гуногун бархурдоранд.
  Дар ин робита барои мисол метавон вилояти Шенчженро номбар намуд, ки дар моҳи августи соли 1980 аввалин шуда мақоми расмии “минтақаи озоди иқтисодӣ”-ро гирифт. Минтақаи озоди иқтисодии Шенчжен минтақаи босуръат рушдёбанда мебошад, ки афзоиши миёнаи солонаи ММД дар байни солҳои 1979 ва 2008 31,2 дарсад буд. Шаҳр аз ҷиҳати савдои берунӣ дар Хитой ҷои якумро ишғол мекунад.
  1. Суръати баланди захиранамоӣ ва сармоягузорӣ. Дар миёни кишварҳои бузург баландтарин сатҳи захираҳоро Ҷумҳурии Мардумии Чин дорад. Меъёри умумии захираҳо, ки пасандозҳои давлатӣ ва шахсиро дар бар мегирад, тақрибан 50 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад. Баръакси ин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сатҳи пасттарини захираҳоро дорад, ки тақрибан 10 дарсади ММД мебошад. Боқимонда кишварҳои ҷаҳон дар миёни ин ду рақам қарор доранд.
  Яке аз самтҳои асосии фаъолияти иқтисодии берунии Хитой дар давраи ислоҳот ҷалб намудани сармояи хориҷӣ буд. Дар аввал грантҳо ва қарзҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ (Хитой соли 1980 ба Хазинаи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ дохил шуд) ва давлатҳои хориҷӣ бартарӣ доштанд [1]. Тақрибан 80 дарсад тамоми сармоягузорони хориҷӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин чиниҳои этникӣ (хуатсяо) мебошанд, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд.
Модели сармоягузории Чин бо хусусиятҳои асосии модели "шарқӣ" тавсиф мешавад. Дар баробари ин, иқтисоди Чин нисбат ба дигар кишварҳои нимкӯраи шарқӣ бештар ба сармоягузорӣ такя мекунад. Чунин самти фаъолият инъикоскунандаи нақши ҳукумати Чин ба сармоягузории хориҷӣ дар сиёсати макроиқтисодӣ ва минтақавии кишвар мебошад. Дар солҳои аввали ислоҳот Ҷумҳурии Мардумии Чин барои рушди иқтисодиёти дохилии давлат сармояи хориҷиро ба худ ҷалб мекард, имрӯз бошад барои рушди итисодиёти хеш дар кишварҳои хориҷ сармоягузорӣ мекунад.
  Дар хотима метавон гуфт, ки дараҷаи рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин, бо омилҳои гуногуне, муайян карда мешаванд. Сиёсати оқилонаи кишвар, вижагиҳои миллати Чин ва сарватҳои табиии давлат ва мавқеи ҷуғрофӣ аз ҷумлаи ин омилҳост. Ин омилҳо минбаъд низ рушди иқтисодии Чинро муайян хоҳанд кард, ки далели он рушди иқтисодиёти кишвар ҳатто дар солҳои 2020-2021, вақте ки тақрибан тамоми иқтисоди ҷаҳон дар ҳолати рукуд қарор доштанд, идома ёфт.
  Ҷумҳурии Мардумии Чин дар тараққиёти иқтисодиёт ба туфайли он ба муваффақиятҳои азиме ноил гардид, ки вай на аз вайрон кардан ва танқид кардани низоми пешина, балки ба ислоҳоти ҷиддӣ тамаркуз кардааст. Дар солҳои ислоҳот дар системаи иқтисодии Ҷумҳурии Мардумии Чин дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад. Иқтисодиёти омехта ташаккул ёфт, ки дар он ҳаракат ба сӯи бозор тадриҷан сурат мегирифт. Халқи Хитой ислоҳотро дастгирӣ кард, зеро афзалияти ин ислоҳот қонеъ гардондани талаботи асосии аҳолӣ буд. Ҳамин тариқ, иқтисоди Ҷумҳурии Мардумии Чин ба суръати рекордии рушд расид ва ҳукумати Чин мақоми кишварро дар арсаи байналмилалӣ ба таври қобили мулоҳиза боло бурд.
  Роҳи тараққиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин гуногун, мураккаб ва баҳсбарангез аст, вале он дар лагери сотсиалистӣ ягона мамлакатест, ки идеологияро вайрон накарда, ба ин гуна муваффакиятҳои иктисодӣ ноил шуда тавонист. Роҳбарияти Ҷумҳурии Мардумии Чин аз идеяи коммунистӣ даст накашидааст, зеро муваффақиятҳои мамлакат имкониятҳои онро исбот мекунанд. Халқи Хитой дар зарфи 70 соли мавҷудияти давлат дар сохтмони сотсиализм муваффақиятҳои калон ба даст оварда, Чини куҳнаи камбағал ва қафомондаро ба мамлакати нави сотсиалистӣ, ки системаи мутараққии индустриалӣ ва иқтисодӣ дорад, табдил дод.
  Ҷараёни ислоҳоти иқтисодиро пас аз дарёфти истиқлолияти Ҷумҳурии Мардумии Чинро таҳлил намуда, бояд қайд кард, ки таъминоти идеологии ин ислоҳот самти муҳими фаъолияти ҳукумат дар роҳи ба даст овардани натиҷаҳо гардид. Роҳбарияти Чин роҳ надод, ки муносибатҳо ва арзишҳои идеологие, ки аз замонҳои қадим дар ҷамъият ҳукмрон буданд, вайрон карда шаванд, Мао Тзэ-дун онҳоро тағйир дод, онҳоро бо консепсияҳои азхудшудаи марксизм-ленинизм, ки ба ҷамъияти Чин мувофиқ карда шудаанд, пурра намуд. Дэн Сяопин дар Чин ба сохтмони «сотсиализм бо хусусиятҳои хитоӣ» ташаббус нишон дода, идеяҳои Мао Тзэ-дунро нигоҳ дошта, унсурҳои либерализмро ба иқтисодиёт ҷорӣ намуд. Ҳамин тариқ, идеологияи инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ дар Чин мувофиқи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ ва мақсадҳое, ки роҳбарияти Ҳизби коммунистии Чин дар назди давлат гузошта буд, ислоҳ карда шуд. Устувории идеология имкон дод, ки дар ҷомеа ҳисси эътимоднокӣ ва роҳи интихобкардаи рушд ҳифз карда шавад.
 
                                                                Адабиёт
  1. Владимир Яковлевич ПОРТЯКОВ доктор экономических наук, профессор - Политика внешнеэкономической открытости в китайской Народной Республике: основные итоги и перспективы –электронной библиотеке КиберЛенинка (cyberleninka.ru)- (санаи дастрасӣ07.2022)
  2. Инфографика: Экономика Китая по секторам с ее 18 триллионами долларов (tempting.pro) – (санаи дастарсӣ07.2022)
  3. Конститутсияи Ҷумҳурии Мардумии Чин - 4 декабри соли 1982. саҳ. – 2. Боби 1, моддаи 1, банди 1-ум.
  4. Конститутсияи Ҷумҳурии Мардумии Чин - 4 декабри соли 1982. саҳ. – 1. Муқаддима.
  5. Китай: догоняющее развитие как антикризисный фактор (mgimo.ru) – (санаи дастрасӣ – 21.07.2022)
  6. Меҳр Собириён. Дар ҷустуҷӯи омилҳои рушд (ravshanfikr.tj) – (санаи дастрасӣ07.2022)
  7. Сосковец Л.И. Социально-политическая система КНР. Учебное пособие // ТОМСК- 2008– С- 11
  8. Частные предприятия обеспечивают более 60% ВВП Китая - вице-премьер | 06.09.21 | finanz.ru – (санаи дастарсӣ07.2022)
 
Талбаков Саидаҳтам Исроилович
ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ