АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ЗАМИНАҲОИ РУШДИ РОБИТАҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА МОЛИЯВИИ ТОҶИКИСТОН БО ТУРКИЯ ДАР СОЛҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ (1991-2016)

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Туркия яке аз давлатҳои дорои фарҳанги қадимтарини юнонӣ, форсӣ, румӣ, византиявӣ ва усмонӣ буда, дар қисмати ҷанубу шарқии Аврупо ва ҷанубу ғарбии Осиё ҷойгир аст. Ин кишвар дар ҷануб бо Сурия ва Ироқ, дар шарқ бо Эрон, дар шимолу шарқ бо Арманистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон ва дар шимолу ғарб бо Булғория ва Юнон ҳамсарҳад мебошад.
  Туркия яке аз аввалин давлатҳоест, ки бо эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 январи соли 1992 муносибатҳои дипломативу сиёсии худро барқарор намудааст. [4, с. 186].
  Бо ташаббуси Туркия ҳанӯз тобистони соли 1993 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия Созишнома “Дар бораи усули равобити дӯстона” ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқию шартномавии ҳамкориҳои байни ду кишвар гардид.
  Собиқ Президенти Ҷумҳурии Туркия Сулаймон Демирел аз миёни роҳбарони давлатҳои хориҷӣ, дуюмин шахсе буд, ки дар оғози моҳи сентябри соли 1995 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи расмӣ овард. Охири соли 1995 ва аввали соли 1996 давраи оғози ҳамкориҳои густурдаи Тоҷикистон бо Туркия ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ин давра моҳи майи соли 1996 сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия сурат гирифт, ки дар ҷараёни он 10 санади муҳим ба имзо расонида шуд. Шуруъ аз ин давра (соли 1996) дар шаҳри Душанбе Агентии туркӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалиИ ТИКА ба фаъолият пардохт. Дар моҳи августи соли 1996 баҳри таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи ваҳдати байнипарлумонӣ намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар кори ҷаласаи 95-уми ваҳдати байнипарлумонӣ дар Истамбул ширкат намуд [5, с.19].
  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки онҳо ба ин сафар аҳамияти хоса медиҳанд ва умедворанд, ки он заминагузори марҳалаи сифатан нави равобити дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни ду кишвар мешавад. Туркия ба эътидоли иҷтимоиву иқтисодӣ ва фазои мусоиди инвеститсионии Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки татбиқи амалии лоиҳаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика ва алоқа на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад. Аз ин хотир, иштироки мутахассисон ва сармояи Ҷумҳурии Туркия дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайати ин кишвар амри зарурӣ ва манфиатбахш арзёбӣ гардид. Баъди мулоқоти ҳайатҳои васеи ҷонибҳо маросими ба имзо расидани санадҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия баргузор гашт.
  Бо иштироки бевосита ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Аҳмед Неҷат Сезар 3 санади ҳуқуқӣ аз қабили:
  - Созишномаи муштараки ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия;
  - Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодӣ ва нақшаи татбиқи он миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия;
  - Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба фаъолияти Идораи ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА)
ба имзо расиданд.[11]
  Боиси таъкид аст, ки соли 2009 дар таърихи равобити сиёсӣ - дипломатии кишварҳо давраи сифатан нав ва дорои хусусиятҳои хос мебошад. Тасдиқи гуфтаҳои боло ин сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия дар таърихи 15-16-уми марти соли 2009 ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул 28-30-юми майи соли 2009 ба кишвари мо мебошад.
  Дар шаҳри Анқара 15-уми марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ҳайати кормандони онро бо ин рӯйдоди арзишманд табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки бо ифтитоҳи бинои нави Сафоратхона ва муҳайё гаштани шароити хуби корӣ самараи фаъолияти намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия боз ҳам бештар мегардад.
  Бинои нави сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дорои китобхона, гӯшаи кӯмакрасонӣ ба донишҷӯёни тоҷик, намоишгоҳи санъати тасвирии тоҷикон, намоишгоҳи лоиҳаҳои инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шароитҳои зарурӣ мебошад.[12]
  21-уми сентябри соли 2013 муовини сарвазири Туркия Алӣ Бобоҷон ҳангоми ташрифи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари кишвар мулоқот намуд. Зимни мулоқоти самимӣ бо Муовини сарвазири Ҷумҳурии Туркия оид ба иқтисодиёт ва молия Алӣ Бобоҷон муносиботи дӯстию бародарӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Туркия дорои дурнамои умедбахш номида шуд.
  Дар доираи иштирок дар Иҷлосияи 13-уми Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар шаҳри Исломобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот намуданд.
  Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷабҳаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
  Барои рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир гардид ва таъкид шуд, ки дар давоми 30 соли барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия бо талошҳои муштарак ҳамгироии байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, илмӣ - фарҳангӣ бемайлон густариш ёфта, сатҳу зинаҳои беҳтару хубтареро касб кардаанд.
  Ҷонибҳо ҷиҳати рушди муомилоти иқтисодию тиҷоратӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави беҳтарсозии нишондиҳандаҳои гардиши савдои берунии байнидавлатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
  Тақвияти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои энергетикаву алоқа, ҷалби доираи соҳибкорию сармоягузории Туркия дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкории манфиатбори дуҷониба дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёти байналмилалӣ ва туризм, аз самтҳои афзалиятнок ва ояндадори робитаҳои густурдаи байнидавлатӣ арзёбӣ гардид.
  Чи тавре ки аз таҳлилҳо мушоҳида мешавад, муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия беш аз пеш рушд ёфта, тамоюли дар оянда густариши боз ҳам бештарро доранд. Аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ки тиҷорати дуҷониба дар соли 2005 165,3 то соли 2008 500,5 млн. доллари ИМА расидааст.
  Воридот аз Туркия ба Тоҷикистон дар с. 2008 ба 118,1 млн. доллари ИМА расидааст, ки дар муқоиса бо с. 2007 ба 150% баробар аст. Воридот аз Туркия аз номгӯи маҳсулотҳои гуногун иборат мебошад. Аз онҳо фоизи калонтаринро 21,7 % (38,3 миллион доллар) маҳсулоти бофандагӣ - қолинҳо ташкил дода, дар байни 1 сол воридоти ин маҳсулот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблаги 8,68 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Маҳсулоти саноати кимиёвӣ дар воридоти умумӣ 16,4 %-ин баробар ба маблағи 28,8 миллион доллар буда, маҳсулоти хӯрокворӣ бошад 15,9% бо маблағи 28,1 миллион доллар, таҷҳизот ва мошинҳо 11,6 % бо маблағи 22.0 миллион долларро ташкил медиҳад.
  Афзоиши воридоти молҳои туркӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 ба 150,0 % рост меояд. Ин бештар аз ҳисоби баланд шудани воридоти маҳсулотҳои зерин: маҳсулоти пластмаса 199,9%, шакар ва маҳсулоти он 192,8%, қоғаз ва маҳсулоти коғазӣ 190,6%, масолеҳи сохтмонӣ, 183,7%, маводи озуқа 157,7%, пойафзол 156,7%, либоси тайёр 145,0%, маҳсулот аз металл 144,9% ва қолинҳо 128,8% амалӣ гаштааст.
  Қайд кардан лозим аст, ки содироти молҳои Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия дар соли 2008 низ афзоиш ёфта, ба 147,7 миллион доллари ИМА расидааст, ки ин нисбат ба соли 2007 103%-ро ташкил медиҳад. Дар номгӯи молҳое, ки аз Тоҷикистон ба Туркия содирот мешаванд 94,3 %-ро алюминий, 4,4%-ро ресмон ва партови пахта, 0,85%-ро пусти коркардашуда ва чарм, дигар молҳо бошанд танҳо 0,37 %-ро ташкил доданд[13].
  Ширкатҳои сохтмонии Туркия тибқи қарордодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 600 миллион доллар шартнома бастаанд. Ҳаҷми тиҷорати байни Туркия ва Тоҷикистон 200 миллион долларро дар бар гирифта, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 88 ширкатҳои туркӣ ба қайд гирифта шудааст. Форуми тиҷоратии «Тоҷикистон-Туркия»-ҷонибдори густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмӣ ва техникии Тоҷикистону Туркия мебошад. [2].
  Мақсади Форуми тиҷоратӣ муҳайё сохтани заминаи мусоид барои мубодилаи таҷриба байни соҳибкорони ҳарду кишвар, беҳтар намудани ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ мебошад. Дар кори Форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Тургул Туркеш, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид, ҳамраиси қисмати туркии Шӯрои кории «Туркия- Тоҷикистон» Маҳмуд Эр, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва соҳибкорони тоҷику турк иштирок доштанд. Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Неъматулло Ҳикматуллозода зикр намуд, ки Туркия иқтидори бузурги иқтисодӣ дорад ва иқтисодиёти ин кишвар дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Тургул Туркеш, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия иброз дошт, ки ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ бо Тоҷикистон барои Туркия хеле муҳим мебошанд. Бино ба гуфтаи Шариф Саид, Раиси Палатаи савдо ва саноат аз рӯзи ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркия беш аз 60 созишнома ба имзо расидааст. Мақсади асосии ташкил намудани ин форум густариш додани ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ мебошад. Дар доираи форуми тиҷоратӣ байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия мулоқоти хосса доир гардид, ки дар доираи он созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
  Мубодилаи мол байни ду кишвар дар соли 2010 назар ба соли 2009 ду маротиба афзуда, 437 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз он содирот ба 377 миллион ва воридот ба 60 миллион доллар иамрикоӣ баробар шудааст.
  15-16 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нуҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва ҳайати Ҷумҳурии Туркияро муовини Сарвазири ин кишвар Йлдирим Туғрул роҳбарӣ намуданд.
  Дар ҷаласа зикр гардид, ки Туркия дар даҳ соли охир дар самти ислоҳоти иқтисодиёт ва рушди саноат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, ба содиркунандаи азими молу маҳсулот табдил ёфтааст. Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Туркия дар заминаи принсипҳои шарикии ҳамаҷониба ва мутақобилан судманд асос ёфтааст, роҳбарони ҳайатҳои ҳарду ҷониб аҳамияти рушди ҳамкориро дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, хизматрасонии фармоишӣ, бонкдорӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ, танзими техникӣ, стандартизатсия, меҳнат, тандурустӣ ва маориф таъкид доштанд.
  Ҷонибҳо ҳамчунин татбиқи Протоколи ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркияро оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ки 29-30 ноябри соли 2012 дар шаҳри Анқара баргузор гардида буд, баррасӣ намуданд [1].
  Ҳамин тариқ, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат новобаста аз таъсири буҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ устувор арзёбӣ гардида, тақвияти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ташкилу гузаронидани Форуми соҳибкорон ва фаъол гардонидани Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Туркия ҳамчун воситаҳои муассири таҳкимбахшандаи муносибатҳои дуҷониба маънидод мешавад[7].
   
  Гардиши савдои хори
ҷӣ байни Тоҷикистон ваТуркия дар солҳои 2016-2020. (млн. долл. ИМА)
 

 

2016

2017

2018

2019

2020

2021

 

Савдо боТуркия

315,3

338,6

401,4

377,3

322,6

390,5

 

Содирот

200,8

233,2

276,5

233,8

203,0

232,2

 

Воридот

114,5

105,4

124,9

143,5

119,6

158,3

 
 
  Ҷадвали 1. Гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Туркия барои солҳои2016-2020. (миллион доллари ИМА)[10, с. 51].
  (Манбаъ: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
  Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар давоми сол ҳаҷми умумии содироти мол ба Ҷумҳурии Туркия ба 103% афзудааст хусусан содироти металҳои ранга (алюминий) ба 105,4% зиёд шуда, фурӯши ресмон ва партови пахта 3 маротиба густариш ёфтааст.
  Туркия яке аз муҳимтарин шарикони тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Гардиши савдо бо Туркия дар соли 2013 ба 656,0 миллион доллари ИМА ё 12,4% аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии мамлакат ташкил дод. [6].
  Дар баробари ин, дар солҳои 2010-2013 Туркия шарики пешбарии афзалиятнок барои содироти Тоҷикистон боқӣ монд. Дар соли 2013 маҳсулоти воридотии Туркия ба Тоҷикистон ба маблағи 473,4 миллион доллар буд, ки ин 40,7% аз ҳаҷми умумии содироти мол маҳсуб ёфтааст. Дар ҳоле ки воридот 182,6 миллион доллар ё 4,4% аз ҳаҷми умумии воридоти кишвар ба ҳисоб мерафт ва маблағи содирот аз воридот 290,8 миллион доллар зиёд буд[8, с. 12].
  Дар давоми соли 2013 моли асосии содиршаванда ба Туркия: нахи пахта ва алюминийи аввалия буд. Воридоти мол, маҳсулоти хӯрока аз Туркия ба Тоҷикистонро дар ин давра гӯшти парранда, гушти чорпоёни калон, мева, ҳамчунин молҳои ҷомашӯӣ, қолин ва дигар намуди ашёҳои дӯзандагӣ, маҳсулоти пластикӣ ва резинӣ, металлҳои сиёҳ ва дигар таҷҳизоту техника ташкил додааст.
  Дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорат, нассоҷӣ, чопӣ ва дигар корхонаҳои саноатӣ таъсис дода шуданд.
  Соли 2018 дар Вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи истеҳсолии “Арча мебел” ба фаъолият оғоз кард, ки ин коргоҳ низ дар доираи ҳамкориҳои самарабахши соҳибкорони тоҷику турк бо харҷи 9 миллион сомонӣ бо технологияи муосир бунёд гардидааст. Корхона ба истеҳсоли навъҳои гуногуни мебел барои хона, коргоҳ, боғча, муассисаҳои таълимӣ ва ғайра машғул аст. [9, с. 63 - 71]
  Байни ду кишвар фаъолияти парвозҳои ҳавоӣ мустақим тариқи ширкатҳои ҳавоии “ТоҷикЭйр” ва “Turkish Airlines” амалӣ карда мешаванд.
  Мубодилаи мол байни ду кишвар дар соли 2020 назар ба соли 2016 афзоиш ёфта, зиёда аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз он содирот дар соли 2020 ба 14% ва воридот ба 3,8 % расид.
  Бояд тазаккур дод, ки ба таваҷҷуҳи нисбатан бештари ҷониби туркӣ ба кишварҳои туркзабони ҳамсоягони мо нигоҳ накарда, дар солҳои охир тамоюли назарраси афзоиши муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия, мушоҳида мешавад. Дар муқоиса бо солҳои аввали истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар муносибатҳои Тоҷикистону Туркия пешравӣ дида мешавад. Тавре зикр гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Туркияро заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқӣ ташкил дода то ин ҷониб зиёда аз 70 санад ба имзо расид, ки то он замон дар Тоҷикистон чанд корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия аз ҷумлаи «ТоҷСера», Ҷамъияти саҳомии байналмилалии Тоҷикистону Туркия, «Шарифтурк», «Нӯшокиҳои Тоҷикистон ЛТД» ва ғайраҳо фаъолият мекарданд. Самти асосии фаъолияти ин корхонаҳои муштарак бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва фаъолияти тиҷоратӣ мебошад. Намунаи олии ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Туркия ин бунёд ва ба истифода додани Корхонаи муштараки банду баст ва истеҳсоли автобусҳои “Акиа Авесто индастри электроникс” мебошад, ки дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намуд. Ин коргоҳ дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ автобусҳои мусофирбар истеҳсол менамояд, ки айни замон дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ ба таври васеъ истифода мегардад.
  Боиси хушнудист, ки дар соли 2021 тиҷорати дуҷониба байни кишварҳои мо 12 фоиз афзоиш ёфта, 59,5 фоизи ҳаҷми умумии он ба содироти Тоҷикистон рост меояд.
  Ҳамин тариқ метавон хулоса кард, ки равобити иқтисоди миёни ин ду кишвар дар ҳоли афзоиш аст. Кумитаи омори Тоҷикистон табодули мол миёни ин ду кишварро ба наздики як миллиард доллари амрикоӣ баробар кардааст. Дар бозорҳои Тоҷикистон тавлидоти саноатӣ ва маҳсулоти ғизоии Туркия дар баробари тавлидоти кишвари Чин ва Эрон ҷойгоҳи хосеро ишғол мекунад.
  Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат новобаста аз таъсири буҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ устувор арзёбӣ гардида, тақвияти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ташкилу гузаронидани Форуми соҳибкорон ва фаъол гардонидани Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Туркия ҳамчун воситаҳои муассири таҳкимбахшандаи муносибатҳои дуҷониба маънидод мешавад.
  Дар маҷмӯъ муносибатҳои Тоҷикистону Туркия хеле хуб роҳандозӣ шуда, ҳамасола дар ҳоли густариш мебошанд.
                                                             
                                                                                         РУЙХАТИ АДАБИЁТ
  1. Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ http://www.tajembankara. to-ikiston-va-turkiya/munosibati-tisod (10.2021)
  2. Муносибатҳои Тоҷикистон бо Туркия https://mfa.tj/tg/main/view/25/munosibathoi-tojikiston-bo-turkiya(01.03.2013)
  3. Робитаҳои иқтисодии тоҷикистону туркия https://osiyoavrupo/robita-oi-i-tisodii-turkiyavu-to-ikiston (18. 05 .2018)
  4. Сатторзода А. , Назаров Т.“Дипломатияи муосири тоҷик” Душанбе – 2006 С.-186
  5. Саидов З. Внешняя политика РТ на современном этапе (1992-2005 гг.)- Душанбе, 2006.560 с.
  6. Фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ – сентябр соли 2013 https://mfa.tj/tg/main/view/79/faoliyati-iqtisodii-khorijii-jumhurii-tojikiston-dar-mohhoi-yanvar-sentyabr-soli-2013(01.03.2013)
  7. Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣhttps://mfa.tj/tg/main/view/8855/jalasai-komissiyai-bainihukumatii-tojikiston-va-turkiya-oid-ba-hamkorihoi-iqtisodi (10.2021)
  8. Шкваря Л.В., Русакович В.И., Лебедева Д.В Внешнеэкономические связи Республики Таджикистан с государствами Азии: современные тенденции // Управление экономическими системами: электронный научный журнал. 2015. № 6 (78). С. 12.
  9. Шарофов Э.У. Развитие культурных взаимосвязей Республики Таджикистан с Турецкой Республикой //Актуальные проблемы взаимоотношений Таджикистана с соседними странами / Э.У. Шарофов. /Материалы республиканской научной конференции. - Душанбе, 2012. - С. 63-71.
  10. Шарофов Э.У. История таджикско – турецкого сотрудничества (1991- 2011) – Душанбе, «Издательство РТСУ», 2015, 171 с.
  11. http://www.president.tj/guzorishho Tyrkiya.html(санаи муроҷиат 10.03.2022)
  12. president.tj (санаи муроҷиат 18.03.2022)
 
СОАТОВА КОМИЛА АБДУЛМАЖИТОВНА
магистранти курси 2 – и ИОМДОА- и АМИТ

БОЗГАШТ