АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Замони Эҳёи асримиёнагии миллӣ ва зарурати имрӯзии эҳёӣ (гузориши масъала)

Муаллиф: Нозим Нурзода

Расм

Ҳар як миллат тайи таърихи мавҷудият давра ва мароҳили бозсозию бозофаринии зеҳнию ақлониро пушти сар мекунад, ки дар қолаби Эҳё ё Ренессанс (Ренесса́нс  аз забонҳои фаронсавии “Renaissance”, италиявии “Rinascimento” ва лотинии  “renasci” ба маънои  “навтавлидшавӣ, эҳёшавӣ”)  мунсаҷим мешавад. Эҳё ё Ренессанс раванди бозтавлидӣ ва азнавофаринии илму ҳунару фарҳанги классикию намунавӣ дар таърихи башарӣ мебошад. Ба ин маъно, халқияту миллиятҳои пешрафта ва мутамаддин ба хотири таъмини манофеи миллию фарҳангӣ намунаҳои баланди фалсафӣ, маданӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва эҷодии худро аз нав зиндаю эҳё мекунанд. Дар олами ислом, ки дар асрҳои миёна қаламрави ҷуғрофиёию фарҳангии мо таҳти тасаллути он қарор дошт, низ замони эҳё вуҷуд доштааст ва он дар китоби донишманди урупоӣ Адам Метс (ниг.: Адам Мец. Мусульманский Ренесанс. Москва: Наука, 1973) муфассал шарҳу баён ёфтааст. Дар он давра, ки истилоҳан Эҳёи мусулмонӣ номгузорӣ шудааст, тӣаҳаввулоти фикрӣ ва тағйироти назарию маданӣ дар қаламрави хилофати исломӣ ба мушоҳида мерасад. Назар  ба  ќавли   манобеъи   асримиёнагии   исломї,   дар  давраи  яке  аз   сарафрозтарин   халифањои     Аббосї  Маъмун  (786 - 833)   роњи  гуфтугў     ва    муколамањои  фарњангї  байни    ќишрњои   гуногуни  динї,   мазњабї,   сиёсї  ва  иљтимої кушода   шуд.  Маъмун  барои    гуфтугўйи  тамаддунњои   ѓайриарабї    ва  ѓайриисломї  дар  миќёси  хилофат   фазо  ва  шароити  мусоиди   фарњангї  ба  вуљуд   овард. Дар  ин  давра,  кор   то  ба  љойе  расида  буд,  ки    бархе  аз     намояндагони    шадидтарин     њаракати  миллигаройии  иронї -  шуубия  дар  “Байтулњикма” - и  Маъмун    маќому  мансабе  доштанд (ниг.: Зарринкўб, Абдулњусайн.   Ду  ќарни  сукут.  Тењрон,  1381.  С. 289-301). Ба ин тартиб, дар давраи амири Аббосї Абўљаъфар Мансур (754-775) нањзати тарљумаи осори юнонї, мисрї, њиндї шурўъ шуда, ин раванд дар замони ҳукуматдории Њорунаррашид (786-809) ва Маъмун (813-833) густариш ёфта, муносибати амирони Аббосї ба илму њикмат ва олимону донишмандон муътадил гардид ва шароити бози фарњангї барои тарвиљи илму фалсафа дар ќаламрави хилофат ба вуљуд омад. Дар ин давра китобҳои Уќлидус, Афлотун, Арасту, Буќрот, Љолинус ва соири донишмандону файласуфони юнонию румї тарљума шуданд ва майдони бањсу муљодилањои илмї-фалсафї густарда гардид (ниг.: Сафо Забењуллоњ. Таърихи улуми аќлї  дар тамаддуни исломї то авосити ќарни панљум. Муљаллади аввал.Тењрон:Интишороти Донишгоњи Тењрон, 1371. -С.44-45).

       Вале замони Эҳёи мусулмонӣ дар мароҳили дигари таърихӣ ва салтанати амирони минбаъда варшикаста ва роњи илму маориф аз тариќи омўзиши улуми фалсафї ва табиї-риёзї баста мешавад. Амир Мутаваккил (847-861) ба ањли њадис ва суннат эътиќод карда, хуни ононеро, ки ба бањси холиќ будан ё набудани Ќуръон иштиѓол меварзиданд, мубоњ кард.  Ў таълиму тарбияи мутавассити ањли замма (яњудиён, масењиён, зардуштиён)-ро мамнўъ эълом дошта, хондани фарзандони ононро дар мадориси мусулмонон ќатъиян манъ кард. Њамчунин китобфурўшонро савганд дод, ки китобњои фалсафї ва соири осореро, ки дар хусуси масоили каломї ва љадалї иттилоъ медоданд, нафурўшанд (ниг.: Султонзода Њусайн. Таърихи мадориси Ирон аз ањди бостон то таъсиси Дорулфунун. Тењрон, 1364. –С.71).

      Қатъи назар аз фишору таарӯзи сиёсию мафкуравӣ мардуми форсу тоҷик ба сӯйи пеш гом бардоштанд ва дар бозсозии фикрию маданӣ ва ба вуҷуд овардани Эҳёи миллӣ саҳми муносиб гузоштанд. Донишманд ва файласуфи тоҷик устод Акбар Турсон нимаи аввали солҳои ҳаштодуми асри бист доир ба Давраи Эҳё ё Ренесанси тоҷик китоби махсусе таҳти унвони “Эҳёи Аҷам” (ниг.: Турсунов, Акбар. Эҳёи Аҷам: руҷӯи таърихию публисистӣ. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 208 с.) таълиф намуда буд, ки миёни ҷомеаи илмию мадании вақти миллӣ ҳамсадоӣ пайдо кард. Муаллифи китоб кӯшидааст, ки бар мабнои манобеи таърихию адабӣ ва илмию фалсафӣ Даврони Эҳёи миллиро таъйин намояд ва тавассути мисолу намунаҳои мушаххаси илмию назарӣ ва адабию ҳунарӣ раванди бозофаринии миллиро дар шароити нави таърихӣ нишон диҳад. Воқеан, замони салтанати сулолаҳои миллии Тоҳирӣ, Саффорӣ ва Сомонӣ майдони муборизоти сиёсию фикрӣ ва маъанвию маданӣ боз шуд ва шароити муътадили бозофаринии забонию фарҳангӣ фароҳам омад. Албатта, дар фароҳам омадани чунин шароите нақши амирони хирадпарвари Тоҳирӣ, Саффорӣ ва Сомонӣ бузург мебошад. Аз ҳама муҳим, асрҳои нуҳуму даҳуми мелодӣ дар қаламрави сиёсию фарҳангии Сомонӣ даврони Эҳё ё Ренесанси миллӣ муаррифӣ гардидааст.

       Дар давраи салтанати Сомониён ба забони миллӣ ҳамчун унсури ҳувиятсозӣ ва эҳёгарии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд ва забони миллї, таҳким ва густариши он ба унвони асли давлатдорӣ ва мафкурасозӣ авлавият пайдо намуд. Амирони хирадпарвари Сомонї бевосита дар ин раванд саҳм мегирифтанд ва љараёни омўзишу густариши забони миллиро љиддї назорат мекарданд. Дар он давра забони арабї, ки он замон забони  илму маориф ва дин маҳсуб мешуд, тавассути сиёсати фарҳангии амирони дурандеши Сомонї ба маҳдудият мувољеҳ гардид, то љое, ки бо амри Мансур ибни Нўҳи Сомонї (961-984) «Тафсири кабири Табарї» ба забони дарї, яъне забони миллї тарљума карда шуд. Уламо ва фақеҳони миллатдўсти Мовароуннаҳр дар ин амр ба чунин фатво љасорат карданд: «Раво бошад хондан ва набиштани тафсири Куръон ба порсї мар-он  касро, ки ў тозї надонад» (ниг.: Малоирї  М. Таърих ва фарњанги Эрон дар даврони интиќол аз асри Сосонї ба асри исломї. Љилди аввал. -Тењрон, 1372. -С. 138). Ин навъ ибткорот аз ҷуръату љасорати фарзандони барӯманди миллат дар замону макони мушаххасти таърихӣ дарак медиҳад.

         Мутафаккирон ва шоироне, ки дар давраи салтанати хонадони Сомониён зиндагї ва эљод кардаанд, дар фазои бози фарҳангї аз силоҳи муқаввои фикрӣ – забони миллӣ истифода намуда, онро ба забони илму ҳикмат табдил дода, бо ин забон  љомеаро аз фарҳангу маънавиёти миллї огоҳ гардониданд. Рўдакї, Шаҳиди Балхї, Абўшакури Балхї, Кисоии Марвазї, Фирдавсї ва Носири Хусрав барин абармардони майдони сухан, забон ва ҳикмат, бо андешаи баланди фалсафї раванди таҳаввули андешаи миллї ва бедории фарњангии љомеаро такмил, таҳким ва густариш дода, саҳифаи тозаи Давраи Эҳёи миллиро рақам заданд. Бозгашт ба фарҳанги пешазисломӣ ва эҳёи тамаддуни бостонии миллӣ, ки тайи ду қарни тасаллути сиёсати арабӣ ба сукут гироида буд, аз мушаххасоти Эҳёи Сомонӣ мебошад. Ҳамчунин, аз таъсири мафкураи бегона тадриҷан раҳонидани зеҳни мардум ва дар айни замон, ба фарҳанги пешинаи аҷдодӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардани аҳли адабу фарҳанги миллии замон аз ибтикорот ҷиддии замони Сомонӣ маҳсуб мешуд. Виҷдони озод ва интихоби мустақилонаи адёну ақоид, ки дар даврони Сомониён машрӯият касб карда буд, вежагии дигари Эҳёи миллӣ ба шумор мерафт (ба ёд меоварем Дақиқии зардуштӣ, Абусаҳли Масеҳӣ ва соири адибону донишмандони замонро, ки озодона ба мазоҳиб ва боварҳо мегаравиданд ва аз тариқи истиқлоли гироишоти фикрию мазҳабӣ фазои озоди фарҳангӣ ҳифз карда мешуд). Хуллас, давлатмардони Сомонӣ бо ба вуҷуд овардани фазою шароити мусоиди сиёсию фарҳангӣ неруҳои миллиеро рӯйи кор оварданд, ки дар бедории фикрї ва  таҳаввули андешаи миллии љомеаи давр саҳми калидӣ гузоштанд. Лекин ин вазъи солими сиёсиву фарҳангї, ки дар партави сиёсати миллии фарҳангї ба вуљуд оварда шуда буд, бо васвасаи дастгоҳи таљассусии хилофати Бағдод тавассути Қарахониёну Ғазнавиёни бегона тағйир дода шуд ва боиси ба вуљуд омадани таассубу хурофоти динї, мазҳабї, иљтимої ва сиёсию мафкуравӣ гардид.

        Бегонапарастӣ ва раванди беҳувиятӣ, ки бо “ташаббуси” пешвоёни мазҳабӣ ва фурсатталабони сиёсӣ ташаннуҷ пайдо карда буд, оқибат ба сустӣ ва заъфи давлатдории Сомонӣ мунҷар гардид ва Даврони пурбори Эҳёи миллиро ба шикаст мувоҷеҳ сохт. Академик Бобоҷон Ғафуров дар мавриди шикасту заволи давлати Сомониён таваққуф намуда, дастнависеро, ки марбут ба нақли шоҳиди воқеа ва ҳол Ҳилол-ас-Сабӣ буда, ҳикояти ӯро аввалин маротиба В.Р.Розин овардааст, мисол зада, аз забони Ҳилол-ас-Сабӣ (ки шоҳиди ҳол будааст) менависад: “Вақте ки лашкари Хон (манзур Қарахониён аст – Н.Н.) сар даровард, ман дар Бухоро будам. Он вақт хатибон ба минбари масҷидҳои ҷомеъ баромада, мардумро ба ҷиҳод даъват мекарданд ва аз номи Сомониён мегуфтанд: “Охир шумо медонед, ки мо чӣ тавр ба шумо муносибати хуб доштем ва чӣ тавр ба нармӣ муомила мекардем. Инак, акнун душман ба мо таҳдид мекунад, шуморо лозим аст, ки ба мо ёрӣ кунед ва барои мо биҷангед. Барои ба мо мадад расонидан ва пуштибонӣ кардан аз Худо баракат бихоҳед”. Қисми зиёди аҳолии Бухороба мисли (умуман) сокинони Мовароуннаҳр бо худ силоҳ доранд. Мардум инро шунида, ба назди онҳое, ки фақеҳ мехонанд, рафтанд ва хоҳиш карданд, ки дар бобати ҷанг кардан ё накардан (ниг.: Ғафуров, Бобоҷон. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. –Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. С.388) ба онҳо фатво диҳанд. Лекин онҳо ҷангиданро манъ карда, гуфтанд: “Агар Хониён (бо Сомониён) дар роҳи дину мазҳаб низоъ медоштанд, бар зидди онҳо ҷангидан савоб мебуд. Чун ҳоло байни онҳо дар талоши неъмати дунё задухӯрд ба амал омадааст, худро нобуд кардан ва сар ба теғ додани мусулмон гуноҳ аст, тариқи зиндагии ин мардум (яъне Хониён Б.Ғ.) хеле хуб ва эътиқоди онҳо бенуқс аст. (бинобар ин) беҳтар аст (ба ҳама гуна мудохила) худдорӣ кард”. Ин буд яке аз сабабҳои асосии ҳокимиятро ғасб кардани Хониён ва фирору нузули Сомониён” (ниг.: Ғафуров, Бобоҷон. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. –Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. С.388-389).

          Бавежа, дар давраи Абдумалик ибни Нуњ (954-961) нуфузи сиёсии сардорони турк дар давлати Сомониён меафзояд ва онњо амалан соњиби комили мамлакат гардиданд. Дар ин замон сардори гвардия ва феодали калон Алптегин њољиби бузург шуд, ки њамроњи вазир Абўалии Балъамї тамоми њокимиятро ихтиёрдорї мекард. Рўњониён ва ашрофони ќаламрави Сомониён, махсусан Бухоро њангоми бурузи мушкилоти сиёсї ва тањољумї амири охирини Сомонї Абуиброњими Мунтасирро дастгирї накарданд (ниг.: Нўъмон Неъматов. Давлати Сомониён: тољикон дар асрњои 1Х-Х. –Душанбе: Ирфон, 1989. -С.143-149). Охирин амири Сомонӣ амир Мунтасир (Абуиброҳим Исмоил ибни Нуҳ ибни Наср) дар баробари амир ва найзавар будан  шоири ватанпараст низ будааст. То соли 1004 алайҳи туркону аҷнабиён ҷангида, барои барқарории давлати Сомониён талош варзидааст. Ба ин порашеъри ӯ таваҷҷуҳ мекунем, ки саршор аз ҷасорат ва меҳанпарастист:

Бо наъраи гурдон чӣ кунам лаҳни муғаннӣ?

Бо пӯяи аспон чӣ кунам маҷлиси гулшан?!

Ҷӯши майю нӯши лаби соқӣ ба чӣ кор аст?

Ҷӯшидани хун бояд бар ғайбаи ҷавшан.

Асп асту силоҳ аст маро базмгаҳу боғ,

Тир асту камон аст маро лолаву савсан.

(ниг.: Султон, Ҳасан. Забони давлати Сомониён. –Душанбе: МН “Дониш”, 2020. С.57)

      Ҳамин тариқ, баъди сари қудрат омадани сулолаҳои турктабор ва муғулнажод  дар минтака як навъ халои фарњангї њукмфармо гардид ва неруҳои аќлонї ва зеҳнї, ки масъулияти рафъи заъфу зулми фарҳангиро бар уҳда доштанд, пароканда ва ё гирифтори мушкилоти шахсии худ шуданд. Ҳарчанд  равшанфикроне буданд, ки  бо забони буррову гиро талош варзиданд, ки мардуми  минтақаро аз љаҳлу нодонї ва бегонапарастӣ наљот диҳанд, вале ба таври куллї, раванди такмил ва таҳкими андешаи миллї ва Эҳёи суннатҳои аҷдодӣ аллакай ба бунбаст мувољеҳ гардида буд.

      Дар муддати ҳазор сол, ки тоҷик аз давлат ва ҳукуматдорӣ бенасиб буд, Эҳёи миллӣ ба нокомӣ мувоҷеҳ гардид ва тасмимоту ибтикороти мутафаккирону адибони миллӣ дар доираҳои маҳдуди иҷтимоӣ тадовум пайдо карду халос. Дар садаи бист устод Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода барин фарзандони фарзонаи миллат роҳи Эҳёи фарҳангу тамаддуни тоҷикиро тай намуда, дар ин масир устуворона қадам бардоштанд. Вале ҷанги ҳамватанӣ, ки ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта ба вуқуъ пайваст (солҳои 1992-1997), тамоми ибтикороту ташаббусоти миллиро ба ҳам зад ва давлату ҷомеаро дар ҳоли карахтию беҳаракатӣ нигоҳ дошт.

         Аз нимаи дуюми солњои навадуми асри гузашта тасмимоти раҳбарияти давлат ва Њукумати Тољикистон бештар сари Эҳёи миллӣ ва фарњангикунонии љомеа аз тариќи таљлили солрўзи бузургтарин чењрањои  илмї, адабї, фарњангї, сиёсї ќарор гирифта, дар заминаи омўзиш ва тањќиќи осори гузашта солгардњои шоирону мутафаккирони бузурги миллї Мир Сайид Алии Њамадонї, Њаким Умари Хайём, Мавлоно Љалолуддини Балхї, Абуабдуллоњи Рўдакї, Камоли Хуљандї, Мавлоно Абдурањмони Љомї, Муњаммад Закариёи Розї ва дигарон дар сатњи баланди сиёсї ва фарњангї доир гардид. Баргузории Соли бузургдошти тамаддуни ориёї ба унвони тадбири сиёсї ва фарњангї (ниг.:Тамаддуни ориёї ва худшиносии миллї. //Маљмўаи маќолањо. –Душанбе: «Деваштич», 2008. -С.3), ки таљлили саросарии он дар соли 2006 иттифоќ афтода буд, таӯйиру таҳаввулотеро дар самти шинохт ва муаррифии мероси арзишманди фарҳангу тамаддуни ориёї дар марњилаи давлатсозии миллї ба вуљуд овард. Илова бар ин, дар замони тањкими вањдати миллї ва пойдории суботу амнияти иљтимої таљлили ҳадафмандонаи љашну маросимоти бостонии миллї, назири Наврўз, Мењргон ва Сада аз авлавиятњои давлатї шинохта шуд. Бавижа, таљлили љашни бостонии Наврўз дар саросари кишвар ва ба љашни байналмилалї бадал шудани он њодисаи нави таърихї дар масири фарњанггустарї ва давлатдории миллї мањсуб меёбад.

      Бо ба вуљуд омадани шароити хуби омўзишї ва тањќиќї масъалаи муаррифї ва тарѓиби ѓояњо, арзишњо ва маросимоти милллию мардумї дар сатњи ба талаботи замон љавобгў ба миён омада, дар ин замина, тадбирњои судманд андешида шуда истодаанд. Таљлили љашнњои бостонии Наврўз Сада, Мењргон, Тиргон, Ялдо ва амсоли инњо, ки дар хотираи таърихии миллати мо њифз шуда, ба умри миллат ва мардум баробаранд (ниг.:Разї Њошим. Гоњшуморї ва љашнњои Ирони бостон. –Тењрон: Бењљат, 1380. -С.17), таќозои замон мебошад ва дар раванди љањонишавї бозсозї ва ба сатњи миллї ва фаромиллї расонидани иду маросимоти мардумї аз авлавиятњои сиёсати давлатї ба шумор меояд. Дар баробари таљлили саросарии љашну маросимоти миллї, масъалаи њифзи мерос ва арзишњои фарњангї ба масъалаи умдаи сиёсати давлатї табдил ёфта, дар марњилаи вањдатсозї ба ин самти муњим ањамияти зарурї дода шудааст. Њанўз баъд аз он ки соли 2003 Конвенсия (Муоњада)-и ЮНЕСКО «Дар бораи њифзи мероси фарњангии ѓайримоддї(маънавї)» ќабул гардид, Љумњурии Тољикистон соли 2010 ба узвияти ин Муоњада пазируфта шуд. Бо таваљљуњ ба муњиммияти масъала, Њукумати Тољикистон 31 майи соли 2012, тањти №263 «Барномаи њифзи мероси фарњангии ѓайримоддии халќи тољик барои солњои 2013-2020»-ро ба тасвиб расонд, ки дар он мушаххасоти таълиму тадвин, тарѓибу ташвиќ, тањияву интишор ва билохира њифзи мероси фарњангии миллї матрањ гардидааст (ниг.:Донишномаи фарњанги мардуми тољик.-Љилди 1. –Душанбе: Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тољик, 2015. -С.6). Бар мабнои он, таваљљуњ ба мероси гузаштаи фарњангї, љиддитар аз ин, њифзу нигањдошти он аз газанди рўзгор ва аз ин тариқ Эҳё ва Ренесанси миллӣ аз силсилаи тадбирҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар давра ва марҳилаи соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ба сухани равшантар, раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи нави таърихӣ ибтикороти давлатмардони Тоҳирӣ, Саффорӣ, Сомонӣ, Ғурӣ Куртӣ, Сарбадориро, ки бар асари бетаваҷҷуҳӣ ва саҳлангории мардумӣ ба шикаст мувоҷеҳ гардида буд, пайгирона идома дод.

             Муҳимтар аз ҳама, дар замони соҳибистиқлолӣ бозгашти фарҳангӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ дар мисоли суннату маросимоти дерпойи аҷдодӣ зарурати таърихӣ ва имрӯзӣ ба шумор меравад. Аз тарафи дигар, бо чашми ибрат нигаристан ба ғалату иштибоҳоти гузашта, андӯхтани таҷрибаи рӯзгор, ташхиси мушкилоту уқдаҳои фикрию равонӣ, ба назар гирифтани воқеиёти сиёсию геополитикии имрӯзӣ ва дар ниҳоят, дар ростои манофеи миллӣ иқдом намудани қишри фарҳангию рӯшангарии миллӣ рисолати таърихӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, эҷодӣ ва инсонии мост. Афзун бар ин, бархӯрдҳои шадиди сиёсиву тамаддунӣ, ташаннуҷи ифротгариии мазҳабию беҳувиятӣ миёни табақоти гуногуни иҷтимоӣ ва афзудани иштиҳои геополитикии қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳадафи стратегии эҳёи миллиро машрӯият мебахшад. Ин аст, ки роҳро барои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ ҳамвор бояд кард ва дар ин роҳ пешгомии интеллигенсия миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик шарти аввалӣ ва калидӣ маҳсуб мешавад. 

             Нозим Нурзода

             пажӯҳишгар

БОЗГАШТ