АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Зан дар таъриху фарҳанги башарият аз Бӯрондухт то Клара Секин

Муаллиф: Мадимарова Гулҳаё

Расм

Аз ҳакиме пурсиданд маънои зан чист? Бо табассум гуфт:

«Он лавҳе аз шишае аст, ки шаффоф буда ва ботинашро метавон бубинӣ. Агар бо мадоро ӯро ламс кунӣ, дурахшҳояш афзун мешаванд ва сурати худро мисли ин ки дар он пинҳон шуда мебинӣ, аммо агар рӯзе онро шикастӣ, ҷамъ кардани шикастҳояш бар ту сахт мешавад ва агар аҳёно ҷамъаш кардӣ, беҳис бинӣ байни шикастҳояш фосила мемонад ва ҳармавқеъ даст ба марҳалаи шикастагӣ бикашӣ, дастат захмӣ мешавад. Зан инчунин аст, пас онро нашикан».

Вожаи зан дар сарчашмаҳо

Шакли ҷомеаи башарӣ дар гузари рӯзгорон равиш ва маниши ҳар миллате ахлоқи писандида ва нописандида ҳар фарҳанге, оин ва русуми ҳар қавме, дин ва биниши мазҳабии ҳар гурӯҳе, навъи фармонравоӣ ва назари сиёсии ҳар кишваре дар як сухан, фарҳанги ӯ таърихи ҳар сарзамин дар адабиёти он сарзамин падидор мегардад.

Зан дар луғатҳо ба маънои «зиндагӣ» ва «зояндагӣ» аст.  Ин вожа дар муқобили вожаи «мард» ба маънои «миро» ва «маргпазир» қарор мегирад. Вожаи зан аз решаи зан ба маънои зоиш ва зоидан, ки дар забони паҳлавӣ ба сурати zan (жан) wanarig, дар забони суғди waeth дар забони форсии бостон wadu ё wad, дар забони авестоӣ vantay ва дар забони санскритӣ ба шакли vadhu, дар забони ҳинди қадим ҷан (jaan) ва дар англисии бостон wifman (вифмен) ба маънии инсони мода будааст, (дар баробари верман ба маънои инсони нар) ба кор рафтааст. Инчунин қадимтарин корбурди ҳаммаънои (синоним) зан, яъне бону дар яке аз сангнавиштаҳои тахти Ҷамшед ба хати тиллоӣ ба сурати Банука (Ba-nu-ka) аст, ки духтари Куруш, ҳамсари Дорувиш ва модари Хушоёршоҳ будааст. Дар порсии миёна ва портӣ ба шакли «бонуг» дида мешавад. Чандин бор дар Катибаи Шопури аввал дар каъбаи Зардушт, дар унвони занони дарбор ва ба унвони лақаби ноҳид (Яздбонуи нигаҳбони об Аноҳита) омадааст.

Зан дар таърихи ниёгон

Дар таърихи бостонии тоҷику форс зан мақоми арҷмандеро доро буда, дар тамоми паҳлуҳои ҳаёт бо мард баробар будааст. Дар эътиқодоти қадим дар сарзамини кишварҳои мо ҳақи зан ва мард дар хонавода яксон ташаккул ёфтааст. Дар замони Сосониён, ки дини зардуштӣ аҳамияти аввалияи худро ёфт, хостори баробари комилии зан ва мард буд. Дар «Авесто» китоби динии зардуштиён ҳама ҷо номи зан бо мард якрадиф зикр шудааст ва корҳои диние, ки занон бояд анҷом диҳанд, яъне дуоҳое, ки бояд бихонанд, занро бо мард баробар шуморида аст, ҳатто ҷое, ки муъбад ҳузур дошт, мумкин буд, ки зан бо мақоми тақозо бирасад. Гарчи роҳбарии ҷомеаи мазҳабиро дар тӯли таърих мардон ба уҳда доштанд, аммо дар осори сухан аз нақши муассири бонувон дар ҷомеаи динии он рӯзгор низ будааст. Дар миёни портҳо шароиту ҳуқуқи занон ба таври куллӣ фарқ мекард. Ба ин сарзамин агар нигарем, занон бо мардон тамоман яксон буданд. Дар он ҷо занон аз омӯзиш баҳраманд мешуданд ва метавонистанд мусиқӣ, рақс, омодагии ҷисмонӣ, варзишҳои по ва маҳоратҳои низомӣ монанди тирандозӣ, партоби диск ва ғайраро фарогир бошанд. Дар он сарзамин дида шудани занони савор бар асп ва ё дар ҳоли ёдгирии фунуни низомии бисёр маъмул пазируфта шуда буд. Портиён бар он бовар буданд, ки танҳо занони мустаҳкам ва нерӯманд метавонанд фарзандони нерӯманд дошта бошанд.

Дар таърих ҳикоятҳои бисёре дар хусуси иқтидори сиёсии занон ва манзалати онон дар амириву шоҳӣ вуҷуд дорад. Аз ҷумла аз Бӯрондухт духтари Хусрави Парвиз, ки дар Исфаҳон тоҷи шоҳӣ бар сар ниҳод ва Динаг, ки модари Ҳурмузи савум Парвиз аст, ӯ низ дар Исфаҳон салтанат мекард. Хотуни Бухоро, 15 сол ҳукмронӣ намудааст ва ё занони ҷангҷӯе, ки баҳри дифои хонавода ва сарзаминашон паҳлавонона набард менамуданд. Ҳузури чунин чеҳраҳои таърихӣ муҷиб шуд, ки то фарҳангу ҷомеаи он рӯзгори арҷманд мақоми занро дар таърихи фарҳанги мо сабт кунад.

Таърихчаи рӯзи байналмилалии занон

Дар соли 1857 занони коргари корхонаи бофандагӣ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико хостори афзоиши дастмузд ва коҳиши соати корӣ шуданд ва шуҷоатмандона дар муқобили полис истодагарӣ карданд. Бисёре аз онҳо дастгир ва ҳатто кушта шуданд. Баъдан ба хотири ин ҳодиса ва ҳамчунин озод будани занон соли 1908 аъзои ҳизби демократии Олмон Клара Сеткин дар шаҳри Ню-Йорк бо иштироки 15 ҳазор нафар зан гирдиҳамоӣ ташкил кард. Соли 1909 Клара Сеткин дар Конфронси 2-юми байналмилалӣ аз ҳуқуқу озодиҳои занон суханронӣ намуд. Саркардаи ин гурӯҳи занон Клара Сеткин, ки идеяи ҷашнгирии байналмилалии рӯзи занонро пешниҳод кард, мақсади ин пешниҳодро аз муборизаи занон барои озодиҳои хеш арзёбӣ намуд.  Асоси ҳамаи ин шӯриши занони корхонаи бофандагӣ буд, ки дар Ню-Йорк ба вуқӯъ пайваст.

Ҳамин тавр, соли 1911 нахустин бор дар Олмон, Австралия, Дания ва Шветсария 19 март рӯзи байналмилалии занонро ҷашн гирифтанд. Ибтикори Клара Секин буд, ки 8 марти соли 1914 ба унвони рӯзи байналмилалии озодии занон номгузорӣ шуд. Ин саҳна, яъне 8 март аз ҷониби СММ соли 1975 ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии зан» ба расмият шинохта шуд.

Зан дар Қуръон

Ҳуқуқи зан ва мард дар Қуръон низ баробар ва яксон тасвир ёфтааст. Яъне, сиришти зан ва мард аз як нақш падидор гаштааст ва ин боиси он шуд, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо нисбат бар дигаре бартарӣ надоранд. Ин гуфтаҳоро бо далели мазкур метавон собит кард:

"Эй мардум аз Парвардигоратон парво кунед, Он ки шуморо аз як нақш офарид ва аз он нақши воҳид ҳамсари ӯ ва аз он ду мардону занони бисёреро падид овард». (Сураи Ниссо, ояи 1). Ва ё дар сураи дигари Қуръон занро мояи оромиш нидо кардаанд:

«Ӯст, ки ҳамаи шуморо аз як тан офарид ва аз он як тан занашро офарид, то мояи оромиши ӯ бошад».(Аъроф,189).

Симои зан дар фарҳангу адабиёт

Бозтобии чеҳраи зан ҳамчун ҷаҳонбинии мавқеи иҷтимоӣ сиёсӣ ва фархангии онҳо дар дар осору афкори абармардон ва донишмандони тоҷику форс, аз ҷумла «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ,«Маснавии маънавӣ» -и Мавлоно, Саноӣ, Саъдӣ ва томоми шоирону нависандагони дигари ин миллат дарҷ ёфтааст. Фирдавсӣ дар асари безаволаш, ҳар гоҳе, ки аз занон сухан меовард, васфҳои саршор аз эҳтиром ва таҳсинро низ бо он  ҳамроҳ кардааст. Нигоҳи муҳтарамонаи Фирдавсӣ ба меҳрубонии зан, ки ҷуфти некишинос аст, баръало дида мешавад. Ин образҳои неки занон дар оғози достонҳои«Шоҳнома» чашмгир аст. Ӯ ҳамсари Рустам Таҳминаро «хирадманд» ва «покдоман» мешиносонад. Ва ё ин ки Фарангис аз забони Пирон чунин муаррифӣ шудааст:

Ҳунарҳову дониш з-андоза беш,

Хирадро парастор дода ба пеш.

Синдӯхт ҳушмандтарин шахсияти «Шоҳнома» аст. Зане, ки на танҳо дар мақоми модар ва ҳамсар, балки дар равобити иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ сафири муваффақ аст. 

Саноии Ғазнавӣ низ гоҳ дар қолаби тамсилҳо дар «Ҳадиқа-ул ҳақиқа» нигоҳи неке ба зан дорад. Ӯ аз зане сухан мекунад, ки ба ин васф шиносонда мешавад:

Ман ғуломи зане, ки аз сад мард,

Бигзарад рӯзбору бурдобурд

 

Зан ҷойгоҳи волое дар ирфони исломӣ дорад. Ибни Арабӣ занро симои холиқияти парвардигор медонад. Бисёре аз боварҳои Ибни Арабӣ дар осори ирфонии форсу тоҷик таҷаллӣ ёфтааст. Мавлоно низ дар ин бора фармудааст:

Гуфт Пайғамбар, ки зан бар оқилон,

Ғолиб ояд сахту бар соҳибдилон.

Партави ҳақ аст зан, маъшуқ нест,

Холиқ аст, гӯиё махлуқ нест.

Саъдии Шерозӣ низ дар васфи зан сухани бисёр гуфтааст. Дар ғазалҳои хеш, ки бисёраш дар хитоб ба занон суруда шудаанд, васфи зебоӣ, волоӣ ва жарфои эҳсос нисбат ба зан дорад. Саъдӣ дар ҳикояти Бӯстон, яке духтари Ҳотам, ки асири сипоҳи расул мегардад, тасвири шоиста аз зан меофаринад ва дар ҳикояти дигаре низ аз зани оқила сухан мегӯяд:

Ба деҳқони нодон чӣ хуш гуфт зан,

Ба дониш сухан гӯй ё дам мазан.

Дар девони Ҳофизи Шерозӣ низ абёте вуҷуд доранд, ки маҳз ба зан бахшида шудаанд:

Зан нигоҳдорандаи нори ҳаёт,

Фитрати ӯ лавҳи асрори ҳаёт.

Оташи моро ба ҷони худ занад,

Ҷавҳари ӯ хокро одам кунад.

Арҷи мо аз арҷмандиҳои ӯ,

Мо ҳама аз нақшбандиҳои ӯ.

 

На фақат дар осори назм симои зан ва чеҳраи ӯро тасвир додаанд, балки дар осори мансур низ образи ӯ ҳувайдо аст. Дар таърихи Байҳақӣ тасвири мондагори модар бо суханони дилнавозу хирадмандонааш бисёр чашмнавоз аст. Ҳамчунин модари Абдуллоҳ Забир дар тавсифи Байҳақӣ ба ростӣ монданӣ ва эҳтиромомез аст. Дар «Калила ва Димна» модари шер ва бархурдҳои бохирадона ва огоҳии ҳамаҷонибааш нисбат ба замон, макон ва шахсиятҳо ва навъи раҳнамоии фарзандаш дар рӯёрӯӣ бо Димна нишон аз дороият ва дарки зан дорад. Ба ҳар ҳол, ҳайвонҳои достони «Калила ва Димна», ҳар як истиора аз ҷинсият шахсият ва гувоҳи иҷтимоӣ аст.

Ҳамин тавр, шоирони муосири мо низ чеҳраи зан-модарро бо тамоми зебоӣ ва муҳаббатомезу накӯӣ васф кардаанд. Образи модарро Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ба дараҷаи баланд тасвир намудааст, ки онро метавон ба «Модарнома»-и шоири Эронӣ Эраҷ Мирзо мутавассит донист. Устод Лоиқ мефармояд:

Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,

Як байт ҳам наарзад, андар санои модар!

Дар замони имрӯз ҳам зан -модар, махсусан дар Тоҷикистони мо аз ҳуқуқу озодиҳои фаровоне бархурдор буда, баробар ба мардон кору фаъолият доранд. Албатта, ин ибтикор ва хирадмандии Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар аст, ки зан-модар озод ва ҷойгоҳи волоеро сазовор гаштааст. Ҳароина, имрӯз занони мо на танҳо дар корҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, балки сиёсат низ хеле фаъол ҳастанд. Ин боиси хушбахтист, яъне ҷашн гирифтани Рӯзи Зан-Модар дар ҷомеаи мо хеле ба маврид ва қобили қабул аст.

 

Гулҳаё Мадимарова,

ходими пешбари илмии

шуъбаи Аврупо

 

    

БОЗГАШТ