АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Зан ё модар-сарчашмаи обрӯву латофату садоқат барои башарият

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

Замине, ки мо инсонҳо дар он зиндагӣ ва кору фаъолият мекунем дорои хусусияту нормативҳои хоси худ аст, ки тавассути онҳо  мо танаффус ва нашъунамо меёбем. Дар ҳақиқат агар ин нормативҳову моддаҳо муҳайё набошанд ва назорат нашаванд, барои мо инсонҳо дар чунин сайёра зиндагӣ карданд, номумкин ва душворпазир хоҳад буд. Ҳамин хусусиятҳову нормативҳои мададрасони замин дар рушду нумуи инсоният кӯмак расонида, гувоҳи онанд, ки ҳаракатҳояш доимо назорату арзёбӣ мегарданд. Дар даруни ҳамин сайёраи зебову гуворо мавҷудоти бешуморе дида мешаванд, аммо байни ҳамаи онҳо якеаш олияест, бо дасташ  онро меҷунбонад ва бо латофату кароматаш сокинони онро маҷзубу маҷнуни худ месозад. Номи  ин олияи ҳусну муҳаббат, шарофату каромат, саодату садоқат зан ё  модар номида шудааст, ки ҳамасола дар санаи 8-ум март чун "Рӯзи Модарон" дар бештари  мамолики дунё аз ҷумла Тоҷикистон ба таври хос арҷгузорӣ мешавад.

Дар ҳақиқат модар ё  зан мавҷудест, ки вуҷудаш саршор аз муҳаббат, меҳр, каромат, шарофат ва латофат буда, барои ҳастии сайёра чун ҳомиву пуштибони он бори зиндагиро таҳаммул менамояд. Ӯ дорои сиришту сармояест, ки ҳар ҳар лаҳза инсониятро ба сӯи такомули ҳаёт ҳидоят менамояд ва  чун фаришта боли пурмеҳру нозашро  барои башарият боз мекунад. Зан арзишмандтарин ва қиматтарин неъмати  дунёст, ки манбаи муҳаббати  беканору чашмаи мусаффояш ҳамчун махзани ганҷ барои башарият бахшида шудааст. Бо ҳамин хусусиятҳову хосиятҳояш  меҳри бепоён ва зебоиву навозишҳояш моро бо меҳру муҳаббати оламу одам ошно месозад. Мо дар канори ҳамин фариштаи замин  бо олами рангинмоя ба воя мерасему аз вай дарси меҳру латофат, садоқату инсондӯстӣ, каромату шарофат  меомӯзем.

Дар васфи  ӯ хеле аз шоирону нависандагону мо ва дигар мамолики олам навиштаанду боз менависанд ва хоҳанд навишт. Месазад гуфт, ки тамоми адибону нависандагон ва адабиёти олам бо ҳар забону гӯишҳо дар бораи симои модар, зан ва мавқеи ӯ дар ҷомеа  мисолу масъалаҳои хуберо бо фасоҳату латофат ва халлоқона баён кардаанд, ки дар байни онҳо олимону суханварони минтақаи  қораи Ҳинду Покистон низ мавҷуданд. Ифтихори мо тоҷикон аст, ки қораи мазкур пур аз суханварону шоироне мебошад, ки тарвиҷгару таблиғгари забон ва адабиёти мо  буда, тавассути эҷодиёти шоирона, адибона ва пурмояи худ тамаддуну маърифати илмиро боз ҳам ғанитару бойтар мегардонанд.

Мавриди зикр аст, ки  маъруфтарини онҳо Муҳаммад Иқбол (1877-1938) шоир ва файласуфи шуҳрати ҷаҳонёфта мебошад. Бо ҳамин муносибат дӯст доштем, то назару андешаҳои Муҳаммад Иқболро дар шинохт ва эҳтироми зан оварем, то ёди ин олиҳаи ҳусну ёри меҳрубон ва шарику амонатдори   мардон дубора эҳёи хотирмон шавад. Муҳаммад Иқбол  дар осораш ҷойгоҳи занро бо меҳру латофат баррасӣ карда, дар маҷмӯаи ашъораш хусусан дар қисмати  урдуи он зери унвони «Аврат» (зан) сурудаҳоашро тахсис додааст, ки аз бузургӣ, фарзонагию шарофати зан моро огоҳ мекунад. Иқболи Лоҳурӣ шарафу қадру қимати ин олиҳаро дарк карда,  дар шеъраш  занро бо забони тараннумовари урду чунин васф мекунад:

         Вуҷуди зан си ҳе тасвири коинот ме ранг,

         Иси ка соз си  ҳе зиндаги ка сузи дарун.

Аз вуҷуду будани  зан тасвири  коинот рангин мешавад ва аз ҳамин олиҳаи ҳусн зиндагиву сӯзи дарун  пайдо мегардад. Муҳаммад Иқбол ҳусну зебоии ҷаҳонро дар симои ин ҷинси нозуку латифу меҳрубон мебинад ва ёдрас мекунад, ки ӯ тавлидкунандаи ҳаёт барои  башарият мебошад. Вай занро чун хазинае медонад, ки дар дарунаш ҷавоҳироти пурарзишу пуразамат нуҳуфтаанд.

Вай дар шеъри дигараш занро  чун модар ва тарбиятгар дониста, мардонро вазифадор месозад, ки муҳофизатгари он бошанд, то ба ӯ зарару осебе нарасад, зеро ҷомеаи хубу солим ба мавҷудияти  занони покдоман вобастагӣ дошта, ононро чун асосу сутуни хонавода ва ҷамъият медонад. Мо бояд дониста бошем, ки барои зан ҳамчун модар таваллуди фарзандони солиму бардам ва тарбияи онон дар зинаи аввал меистад. Инро асли воқеа дониста Муҳаммад Иқбол дар байте ба забони  тоҷикӣ-форсии ширину форам барои аҳли башар чунин хитоб мекунад:

         Қавмро сармоя, эй соҳибназар,

         Нест аз нақду қимошу симу зар.

         Моли ӯ фарзандҳои тандуруст,

         Тардимоғу сахткӯшу чоқу чуст.

Муҳаммад Иқбол  ба инсоният хитоб карда, таъкидан мегӯяд, ки сармояи аслӣ дар ҷомеа  доштани фарзандони солиму тандуруст мебошад. Бо доштани фарзандони ҳушёру сахткӯшу чоқу чуст метавон сармояи  миллатро фароҳам оварад, вагарна  симу зар барои қавми соҳибхирад манфиати ҳамешагӣ намеорад.

Фақат  ин фарзандони солиму тандуруст метавонанд сармояҳои нуҳуфтаеро кашф намоянд, ки дар рушду нумуи ҷомеа  кумак ва фоидаи башарият гардад. Беҳуда нест, ки Президенти кишвар дар пайёмоҳояшон ҳамеша таъкид мекунанд, ки ҷавонони солиму ҷасур ояндаи миллату ватани мо ҳастанд, ки пешравии корҳову тараққии мо  бо онҳо вобастагии наздик  дорад.

Дар ҳақиқат домону оғӯшаш дар даврони тифлӣ биҳиштеро мемонанд, ки замони ба синни булуғ расидан шахс аз набудани он гумкардаву саргардон монад ва ба қавли шоир:

        Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

        Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Дар ниҳоят метавон аз  суханони пурарзиши Муҳаммад Иқбол  чунин хулосабарорӣ кард, ки зан чун модар  ягона олиҳаест, ки бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад ва ҳамеша хоҳони он аст, ки тифлаш бе нуқс ба воя расида, ҳимоятгари вай гардад. Модар дар ҳама ҳолат оромиву сиҳатмандӣ ва хушгуфтории фарзандро дида, рӯҳияи тоза гирифта, меболад. Вале, мутаассифона, на ҳама вақт мо ба шарафу иззати ин ганҷи бебаҳо расида метавонем.

Дар ҳақиқат қадршиносӣ, арҷгузорӣ ва эҳтироми зан ё модар қарзи инсонӣ буда, моро лозим аст то ҳамеша  омодаи ёриву хидмати ӯ буда, арзишашро бидонему барояш сари таъзим оварем, то соҳиби биҳишти ҳақиқӣ гардем.
 

   Таҷлили Рӯзи Модарон муборак ба Шумо!


          Ҷаннат ки ризои мо дар он аст,

          Дар зери қудуми Модарон аст.

 

          Хоҳӣ, ки ризои мо биёбӣ,

          Он кун, ки ризои Модарон аст.

 

Мирсаид Раҳмонов,

ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Манобеъ

  1. Куллиёти урду ва форсии Аллома Муҳаммад Иқбол

  2. Сайти расмии Академияи Иқбол Лоҳур Покистон

  3. Маҷаллаи Фирӯза

  4. Китоби "таронаҳои ҷовидон" Вазорати Маорифи Афғонистон

БОЗГАШТ